ҚАҲРАМОНҲОИ «ШОҲНОМА» ДАР РУБОИЁТИ БОЗОР СОБИР

«Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ далели бузургии фарҳанги наслҳои ориёӣ, аз ҷумла, тоҷикон ва дар масири таърих аз қадимӣ ва соҳибмаърифату соҳибадабиёт будани миллатҳои форсизабон ба шумор меравад. Таърихшиносону фарҳангшиносон, олимону адибон дар аксари маврид, барои исботи фикри худ ба ин сарчашмаи муътамад такя кардаанд. Махсусан, таъсири «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар эҷодиёти шоирони пас аз ӯ омада назаррас мебошад. Тақрибан ҳамаи адибони классик ва муосири тоҷик дар пайравӣ ба ин шоҳасар чизе гуфтаанд, ё аз он илҳом бардоштаанд.

Дар илми назмшиносӣ санъати маънавие бо номи «талмеҳ» мавҷуд аст. Маънои луғавии ин калима ишора ё нигоҳи сабук кардан ба сӯйи чизест. Агар адиб дар навиштаи худ ба қисса, ривоят, воқеаҳои таърихиву асотирӣ ва масалҳои машҳур ишора карда бошад, онро талмеҳ меноманд. Бозор Собир аз ин санъати маънавӣ фаровон кор бурдааст. Махсусан, дар рубоиёти ӯ қаҳрамонҳои «Шоҳнома»-ро вохӯрдан мумкин аст, ки тавассути истифодаи моҳиронаи санъати талмеҳ вориди мавзуъ гардидаанд.

Номи худи Фирдавсӣ ва қаҳрамонҳои «Шоҳнома»-аш, аз қабили Зардушт, Ардашери Бобакон, Куруши Кабир, Искандар, Рухшона, Рустам, Суҳроб, Сиёвуш, Маздак, Бобак, Яздигурд ва дигаронро мушоҳида мекунем:

Се ҷойи муқаддас аст дар кишвари Фурс:

Аввал сари хоки шоири Машҳади Тус,

Дуввум ба ҷануб меравӣ — қабри Куруш,

Севвум ба шимол меравӣ — ҷангали Йуш.

(Дар мисраи охир зодгоҳи саромади шеъри нави форсӣ-Нимо Йушиҷро дар назар дорад.)

Дар рубоии боло шоир ҳам ба оромгоҳи Фирдавсӣ ва ҳам ба мақ­бараи Куруши Кабир ишора кардааст, ки ҳоло ҳарду ҳам чун ҷойи муқаддасу таърихӣ, зиёратгоҳи аҳли илму сухан гардидаанд.

Дар Марв, ки Яздигурдро зору забун

Куштанд дар осиёб бо нанги фузун,

Гӯянд, ки осиёбҳо гардонанд

Умре ҳама дар вилояти Марв ба хун.

Дар рубоии фавқ қиссаи кушта шудани шоҳи охирини сулолаи Сосониён — Яздигурди Шаҳриёр бо дасти осиёббон дар шаҳри Марв тасвир ёфтааст. Шоир ин ҳодисаро дар рубоии дигар низ хеле ҷаззобу зебо баён кардааст:

Қадри аҷалам зи одамон метарсам,

Аз ҳамватанон дарақ-дарақ меларзам.

Бонигари осиёбаш одам куштаст,

З-аҳли қаламу китобашон метарсам.

Агар хонанда бо «Шоҳнома» ошно бошад, маънии ин рубоиро дарк мекунад ва медонад, ки гап сари кадом воқеаи таърихӣ рафта истодааст.

Дар ҷойи дигар ишора ба достони дигари «Шоҳнома», дар бораи фоҷеаи Маздак ва се ҳазор пайрави оинаш, ки дар як шаб сарозер ба замин гӯр карданд, шоир чунин фармудааст:

Он шаб се ҳазор маздакиро куштанд,

Фарёд, ки мардони закиро куштанд.

Монанди дарахт чаппагардон ба замин,

Аз маздакиёни кушта ҷангал киштанд.

Ишора ба қаҳрамони марказии бахши дуюми «Шоҳнома» Рустам ва фоҷеаи Суҳроб, ки қариб ҳама аз ин достон огоҳанд, Бозор Собир дар яке аз рубоиҳои худ нигоштааст:

Ту Рустаму додарони ман Суҳробанд,

Дар тахтаи пушти пуштаҳоят хобанд,

Қишлоқаки кудакӣ пур аз куштаи ту,

Дар тахтаи пушти ман бувад пуштаи ту.

Ё ин ки, ишора ба «Достони Сиёвуш», ки яке аз достонҳои машҳур ба шумор меравад ва қатли қаҳрамони марказӣ — Сиёвуш лаҳзаи аз ҳама ҳассоси он аст, шоир навиштааст:

Дар пуштазамин гули сияҳгӯш дамид,

Монанди арӯсаки сияҳпӯш дамид.

Аз хуни тағораи Сиёвуш дамид,

Тоҷи сару лоиқи баногӯш дамид.

Гузоштани номи бузурги ниёи хеш ба фарзандону пайвандон нишонаи ифтихор ва ғурури миллист. Ишора ба паҳлавониву далерии қаҳрамони дигари «Шоҳнома» Ардашери Бобакон — асосгузори сулолаи Сосониён, бо истифода аз санъати талмеҳ шоир чунин тасвир кардааст:

Ҳарчанд ки Ардашер кӯдак будаст,

Муште, ки дар ӯст, мушти мардак будаст.

Ҳар бузбалаеро зада меафтонад,

Аз решаи Ардашери Бобак будаст.

Шоир дар рубоиёташ тавонистааст, ки бо ишораҳои сабук аз қаҳрамонҳои шоҳасари Фирдавсӣ ва саргузашту ҳодисаҳои он ёдовар шавад. Барои ба умқи маънӣ расидан ва беҳтар дарк кардани мазмуни чунин рубоиҳо месазад ҳам худ «Шоҳнома» хонду ҳам ба дигарон омӯхтани онро тавсия дод.

Моҳира АШӮРЗОДА,
омӯзгори МТМУ №60-и шаҳри Ваҳдат