ТАТБИҚИ ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОНӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28.12.2024) ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконоти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шавад.

Ин даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо–кормандони соҳаи маорифро водор менамояд, ки ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконоти технологияҳои рақамӣ нақшачорабиниҳо таҳия намуда, корҳои арзандаро сомон бахшем.

Истилоҳи инноватсия, ки ҳарчанд онро имрӯзҳо хоси забони англисӣ медонанд, дар асл аз калимаи лотинии novatio – навсозӣ (ё худ, дигаргунсозӣ) ва пешоянди in – ба самти гирифта шуда, агар ба таври таҳтуллафзӣ баргардонем, innovatio равона­созӣ ба сӯйи дигаргуниҳои пеш­қадам мебошад.

Ҳарчанд мафҳуми innovation бори аввал дар пажуҳишҳои илмии олимони асри ХIХ пайдо шуда бошад, вале дар таҳқиқоти илмии олими австриягӣ Йозеф Шумперт дар солҳои аввали асри ХХ ин мафҳум мазмуни навро касб карда, чун натиҷаи ташхиси усули инноватсионӣ ва тағйирот дар рушди иқтисод қабул гардид. Асосан, на ҳамаи навгонию навоварӣ ё тағйирот инноватсия буда метавонад; инноватсия он аст, ки сифату самаранокии соҳаи мавҷударо чандин маротиба боло мебарад.

Инноватсия фаъолиятест, ки ба навсозии шакл ва усули мавҷудаи таълим нигаронида шуда, мақсад ва воситаи нави татбиқи он ҷустуҷӯ карда мешаванд. Муассисаи таълимие, ки дар андешаи ба навҷӯйӣ ва навоварӣ ворид намудани коллективи омӯзгорон дар ҷараёни таълим ва тарбия набошад, саҳрои холиро мемонад.

Фарқи асосии муассисаҳои инноватсионии таълимӣ аз муассисаҳои анъанавӣ дар муҳайё сохтани шароит барои инкишофи ҳамаҷонибаи иқтидорҳои шахсӣ зоҳир гардида, барои дар вазъияти нав худро мутобиқ сохта тавонистан аён мегардад.

Фаъолияти инноватсионӣ дар илми педагогика ҳамчун самти мақсадноки фаъолияти педагогӣ фаҳмида шуда, дар дарк ва татбиқи таҷрибаи пешқадами педагогии шахсии омӯзгорон асос меёбад. Сарчашмаи асосии тавлид гардидани ҷараёни инноватсионӣ дар таҷрибаи муассисаҳои таълимӣ инҳоянд:

— фаъолияти беихтиёри роҳбарони эҷодкор ва омӯзгорон;

— пайдо шудани таҷрибаи пешқадам дар муассисаи мазкур;

— тавлид гардидани таҷрибаи пешқадам дар дигар муассисаҳо;

— дуруст истифода бурда тавонистан аз ҳуҷҷатҳои меъёрӣ;

— омӯхтан ва таҳлил намудани андешаи истифодабарандагони хидматрасониҳои таҳсилотӣ;

— ба эътибор гирифтани талаботи коллективи педагогӣ бо равандҳои нави фаъолияти инноватсионӣ.

Инноватсия дар фаъолияти педагогӣ ҳамчун тарзи ҳалли мушкилоти пешомада фаҳмида мешавад. Мушкилот, пеш аз ҳама, бештар дар ҳолатҳои ғайрианъанавии таҳсилот, дар ҷараёни инкишоф ва пешрафти сифати таҳсилот мушоҳида карда мешавад.

Дар раванди фаъолияти инноватсионӣ баъзеҳо гумон менамоянд, ки онро танҳо дар литсей ва коллеҷҳо татбиқ намудан хубтару мувофиқтар аст, зеро онҳо дорои устохона, машқгоҳи техникӣ, автодром (омӯзиши пешаи ронандагӣ), озмоишгоҳҳо ва дигар дастгоҳу таҷҳизот мебошанд. Баъзеҳо ҳатто намедонанд, ки дар фаъолияти педагогӣ равандҳои инноватсиониро дар куҷо имкони татбиқ кардан мавҷуд аст. Бинобар ин, ҳаминро бояд қайд намуд, ки дар фаъолияти педагогӣ корҳои инноватсионӣ ва навоварию ихтироъкориро дар соҳаҳои зерин татбиқ намудан мумкин аст:

— дар мазмуни таҳсилот;

— дар технологияи таълим;

— дар шаклҳои ташкили таълим;

— дар санҷиши маҷмуии таълимӣ-методӣ;

— дар низоми идоракунӣ;

— дар муносибат ва боварию озодандешии устоду шогирдон.

— дар раванди корҳои беруназсинфӣ ва тарбиявӣ.

Ҳудуди татбиқи фаъолияти инноватсиониро метавон чунин ифода намуд:

а) равиягӣ (локалӣ);

б) тамсилавӣ (модулӣ);

в) пайдарҳамӣ.

Фаъолияти инноватсионӣ метавонад дар ду шакл ифода гардад:

а) нақшавӣ, мақсаднок;

б) ғайринақшавӣ, ташаббускорона, ногаҳонӣ.

Асоси фаъолияти инноватсиониро инҳо ташкил медиҳанд:

— ворид намудани дигаргунӣ ба барнома, стандарт, китоби дарсии мавҷуда ва низоми амалкунанда;

— омехтасозӣ (интегратсияи мавҷуда ба сифати нав);

— ихтироъ намудани амали навтарин, ки пеш дар фаъолияти педагогӣ маълум набуд.

Инноватсияро дар сохти идоракунӣ дар робита бо чунин омилҳо бояд мушоҳида кард:

— дар фаъолияти кафедра, иттиҳодияи методӣ, гурӯҳи эҷодӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ-илмӣ оид ба ҳалли мушкилот;

— коркарди парвандаҳои равиявӣ, тавсияҳои методӣ, барномаи инкишофи сифати таълим ва ғайраҳо.

Тавоноии инноватсионӣ – тавсифи иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва эҷодии шахсияти омӯзгор мебошад, ки дар ташаккули фаъолияти педагогии ӯ ифода меёбад.

Бедор намудани майлу хоҳиши шахсии омӯзгор ба навоварӣ талаботи зеринро дар бар мегирад:

— доштани хоҳиши баланд барои шавқовартар гардонидани ҷараёни таълим;

— фаъолияти хешро дар ҷараёни таълим дилкаш, диққатҷалбкунанда ва ҷолиб сохта тавонистани омӯзгор;

— баланд бардоштани мавқеи омӯзгор дар коллектив, шинохти дастовардҳои ӯ, ташкили ра­қобат ба он;

— васеъ гардонидани имконоти ба кор дохилшавии мутахассисони ҷавон аз рӯйи касбият ва баланд бардоштани тахассуси омӯзгорӣ.

Сарвари давлат таъкид менамоянд, ки имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии исло­ҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд.

Лутфулло НАҶМИДДИНОВ,
омӯзгори МТМУ №22-и ноҳияи Файзобод