Имрӯз «беморӣ»-и нав, яъне, «телефонкасал» ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Истифодаи барномаҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ, албатта, аз фоида холӣ нест, вале зарар ҳам дорад. Дур нарафта, ба хонаи худ, ҳамсояи худ, дохили мусофиркашҳо нигаред, ҳолатҳои аҷибро мебинед. Яке бо телефони мобилиаш дод зада, шунаваандаашро ҳарфи қабеҳ мегӯяд, дигаре бо худ раҳ ба раҳ гуфтугӯ мекунад, сеюмӣ мусиқӣ мешунавад.
Ман ҳуқуқи ба технологияи навин эрод гирифтанро надорам, вале…
Имрӯз ба куҷое назар накунед, хурду калон, зану мард, мактабхону наврас ба телефонбозӣ машғуланд. Аз телефонбозӣ вақте надоранд, ки ҳатто ба саволи падару модар ҷавоб гӯянд, кореро сидқан ва бехато иҷро намоянд. Бинед, бечораи корафтода пушти дар, сардор машғули телефонбозӣ.
Аз «телефонкасал» чӣ қадар ғоратгариҳо, хонавайроншавиҳо, ангезишҳо, бадбахтиҳои дигар чун заҳрпечак афзоиш ёфтааст. Ба шахси «телефонкасал» гапи ҳеҷ кас таъсир намекунад. Роҳбар ва зердаст, падар ва писар, модар ва духтар, муаллим ва шогирд-ҳама банди телефон. «Телефонкасал» касро фаромӯшхотир, камҳунар, беҳуш, гаронгӯш, асабонӣ ва камҳавсала мекунад.
Телефони мобилӣ кори касро дар зиндагӣ осон мекунад, вале ин маънои онро надорад, ки шабонарӯзӣ ба он машғул шавӣ. Кӯдакони 2-3-сола чунон майл ба телефон доранд, ки дар ҳайрат мемонед. Падару модар пеши роҳи кӯдакашонро гирифтанӣ шаванд, бобо ё модаркалон: — «Монед, бозӣ кунад, шумо, хондагиҳо, чӣ шудед, ки ин кӯдак шавад», — гуфта монеъ мешаванд. Агар ба хонандаи мактаб муаллимаш насиҳатомез гӯяд, ки бачаҷон, ба ҷои телефонбозӣ дуруст кор кардани ҳисобро ёд гир, аз забон ҳиссаҳои нуқтро, аз кимиё формулаҳо ва аз география қитъаҳои оламро омӯз, ба падару модараш аз ин «танбеҳ» хабар мебарад.
Имрӯз ба мо, одамон, зарур аст, ки ҳам ба муҳити атроф ва ҳам ба технологияи навин ҷиддан муносибат кунем. Агар ба муҳити зистамон хунукназарона муносибат намоем, муҳити зист вайрон мешавад. Ё ба технологияи навин ҳам хуб муомила накунем, «телефонкасал» ба ҷони мо қасд мекунад.
Ҷавонону наврасон, мактаббачаю донишҷӯйро лозим аст, ки дониши шифоҳӣ, хаттӣ, зеҳнии хешро пурқувват кунанд, тавассути мутолиаи китоб дониш афзоянд.
«Телефонкасал» на танҳо касали ҷисмонию руҳӣ, балки садамаҳои вазнини зиндагиро низ ба амал меорад. Онҳое, ки зеҳни баланд, дониши хуб доранд, медонанд, ки телефонро чӣ гуна истифода баранд. Вале онҳое, ки соатҳо ба телефонбозӣ машғуланд, имрӯз ё пагоҳ ба дарди чашм, хасташавии бадан, вайрон шудани кори асаб, номуътадил шудани кори дил, гардиши хун, бад шудани нафаскашӣ, дарди сар, дилбеҳузурӣ ва таъсири равонӣ мубтало мешаванд. Олимони тиб муайян карданд, ки истифодаи барзиёди телефон, компютер ва телевизор на танҳо ба кӯдакон, ба калонсолон низ хатари руҳӣ ва ҷисмонӣ дорад. Таъсири манфии асбобҳои номбурда ба асаби калонсолон 20 дар сад бошад, ба кӯдакон 80 дар сад аст!
Қурбони ҶОМӢ,
собиқадори мориф,
ноҳияи Файзобод