ШЕВАИ ТАЪЛИМ ВА ТАҲЛИЛИ ДАРС

Дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» аз 19 декабри соли 2024, (№51 (12484)) мақолаи Ҷангибеки Улфатшоҳ зери унвони «Иштирок ба дарс ва аҳаммияти он» чоп шудааст. Муаллиф қайд мекунад: «Лозим аст, ки иштирок ба дарс чун як василаи муассиру самарабахш дар тадрису таълим мавқеашро дубора пайдо кунад, зеро ин амал яке аз роҳҳои баланд гардидани сатҳу сифати таълиму тарбия ба шумор меравад». Андешаи муаллиф қобили қабул аст. Зеро иштирок дар дарс ва таҳлили дурусти он яке аз намудҳои асосии назорати сифати таълиму тарбияи дохилимактабӣ ба шумор меравад, ки он бевосита раванди ҳақиқии таълимро муайян месозад. Дарс амалиёти ди­дактикӣ, фаъолияти педагогии омӯзгор дар ҷараёни таълим аст. Аз ин лиҳоз, аз тарафи роҳбарони муасси­саҳои таълимӣ ва омӯзгорон ба дарс иштирок кардану таҳлили ҳамата­рафа намудани воқеии он раванди таълимро муайян месозад.

Таҳлилгар ҳангоми иштирок бо­яд ба дарс ва мушоҳидаю баррасии он ба ташкили кори мустақилонаи хонандагон, истифодаи аёният, алоқамандии байни фанҳо, истифодаи самараноки вақт, инкишофи фикрию зеҳнии хонандагон, ҷамъбасту хулосабарории дарс эътибори хоса диҳад. Ба таҳлилгар тавсия дода мешавад, ки то оғози дарси навбатӣ ба ҳолати синфхона, кабинети фаннӣ, озмоишгоҳ шинос шавад, мавҷудият, ҳолат ва сифати воситаҳои аёнию маводи дидактикии таълимро мувофиқи меъёрҳои муқарраршуда санҷад. Инчунин, таҳлилгар бояд ба китобҳои дарсӣ, ҳолати дафтардорию рӯзномадорӣ, вазъи санитарию беҳдоштии синф, давомоти хонандагон, омодагии омӯзгору хонандагон, усули истифодаи таҷҳизоти техникии муосир, ашёи хониш, ҳусни хат, тозанависӣ, мавҷудияти нақшаи дарсӣ ва муво­фиқати он ба нақшаи тақвимӣ диқ­қати ҷиддӣ диҳад.

Таҳлилгарро зарур аст, ки ба ҳадафи асосии дарс таваҷҷуҳи хосса зоҳир намояд. Бубинад, ки оё ин ҳадафҳо ҳаллу фасли худро ёфтанд ё на:

а) аз тарафи омӯзгор самаранок омӯзонидани маводи таълимии нав;

б) ташаккули неруи зеҳнӣ, рушди маҳорату малакаи хонандагон;

в) санҷиши сатҳу сифати дониш ва маҳорати эҷодкории шогирдон, равонию саҳеҳии нутқи шифоҳии онҳо;

г) ҷанбаи тарбиявии дарс, дар шогирдон парваридани хушахлоқӣ, хушмуомилагӣ ва хушрафторӣ;

ғ) ташаккул додани ҷаҳонбинӣ, меҳанпарастӣ ва ҳувияти миллии хонандагон.

Санҷишгар ҳангоми мушоҳида бояд мазмун ва мундариҷаи дарсро ба риштаи таҳлил кашад, ки он дорои чунин талабот мебошад:

1) аз нуқтаи назари илмӣ, амалӣ ва методӣ ба хонандагон дастрас гардонидани маводи таълимӣ;

2) мувофиқ будани мавзуи дарс ба талаботи барномаи фаннӣ;

3) алоқамандии дарс бо ҳаёти воқеӣ;

4) проблемагузорӣ дар дарс;

5) пайдарпайӣ ва муназзамӣ дар дарс;

6) алоқаи назария бо амалия дар таълим;

7) алоқаи мавзуи нав бо мавзуъҳои гузашта;

8) ҳусни баёни омӯзгор ва дараҷаи таъсирнокии он ба шогирдон;

9) одоби муоширати омӯзгор;

10) маҳорат ва санъати педагогии омӯзгор дар фаҳмонида додани маводи таълимии нав;

11) мустаҳкамӣ, буррогӣ, пурра­гӣ ва давомнокии нутқи хонандагон;

12) риояи меъёрҳои забони адабӣ аз тарафи омӯзгору хонандагон.

Ҷамъбаст ва натиҷагирӣ аз дарс яке аз самтҳои асосии кори таҳлилгар мебошад. Ҳангоми мушо­ҳида бубинад, ки оё омӯзгор чунин корҳоро ба сомон расонида тавонис­тааст ё не:

  1. Дар рафти дарс диққати аҳли синфро ба худ ҷалб карда тавонист ё не?
  2. Хонандагон ҳангоми дарс фаъол гардонида шуданд ё не?
  3. Аз усулҳои фаъоли таълим истифода карда шуд ё не?
  4. Шогирдон ба саволҳои китоби дарсӣ ва омӯзгор ҷавобҳои саҳеҳу қонеъкунанда гардонида тавонистанд ё не?
  5. Вазифаи хонагӣ дар вақташ ва аз ҷиҳати методӣ дуруст супорида шуд ё не?
  6. Оё дарс ҷанбаи тарбиявӣ пайдо кард ё не?

Баъди ба ҳар як дарс иштирок кардан таҳлилгарон ба омӯзгор суҳбат мегузаронанд, дарси ӯро аз ҷиҳати педагогию психологӣ, методӣ, илмӣ ва тарбиявӣ муфассал таҳлил, фикру мулоҳиза ва таклифҳои худро баён намуда, камбудию норасоиҳои ошкоршударо қайд мекунанд ва баҳри бартараф намудани онҳо маслиҳатҳои судманд медиҳанд.

Б. ҲАЙДАРОВ,
корманди МҶТМ