Омӯзгорӣ пешаи ифтихорист

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон бахшида ба Рӯзи дониш нисбат ба мақому мартабаи омӯзгор чунин иброз намуда буданд: «Маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чи андӯхтааст, ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд».

Муаллим, воқеан, муҳандиси руҳи инсон мебошад, ки бо фидокориҳои беандоза ба фарзандони мардум дониш меомӯзад. Аз овони кӯдакӣ то ба камолот расидани инсон, вай бо истифода аз тамоми шароиту воситаҳо, илму дониш ва маҳорати худро барои тарбияи инсонҳои комил, ки бо тафаккури сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ пешбарандаи ҳаёти ҷамъиятӣ мебошанд, равона мекунад. Ба таври дигар, мактаб муассисаи таълимие мебошад, ки муаллим муҳандиси он аст ва бо илму дониш ва маҳорати худ савод омӯзонда, ба шуури инсонҳои хурдсол таъсир мерасонад ва руҳияи онҳоро мукаммал месозад.

Вобаста ба ин мавзуъ руҷуе ба таърихи бостон мекунем ва ба мавқеи мутафаккирони сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун омӯзгор назар меафканем. Файласуфи Юнони қадим Суқрот (соли 399 пеш аз милод) бузургтарин муаллими ҷаҳон дониста мешавад. Моҳияти методикаи ӯ муколамаи дутарафаи муаллим ва шогирд аст.

Файласуфи дигари Юнони қадим Арасту (солҳои 382 — 322 пеш аз милод) яке аз шахсиятҳои асосӣ дар рушди илми педагогика ба шумор меравад. Ӯ яке аз аввалинҳо шуда, методологияи таълими кӯдаконро тартиб додааст.

Арасту муаллимони хусусиро дӯст намедошт ва бовар дошт, ки кӯдакон ҳатман бояд ба мактаб раванд ва якҷо таҳсил кунанд ва то ба ҳафтсолагӣ расидани фарзандон масъулияти тарбияашон бояд ба дӯши волидони онҳо вогузор карда шавад.

Асосгузори таълимоти фалсафаи бостонии Чин Конфутсий (солҳои 551 — 479 пеш аз милод) аз овони нав­расӣ ба омӯзгорӣ майл дошт. Конфутсийи хурдакак дар мактаб шогирди қобилиятнок ва намунавӣ гардида, ба зудӣ вазифаи ёрдамчии муаллимро соҳиб шуд. Бар хилофи файласуфони юнонӣ, Конфутсий дар таълими хусусӣ фаъолона машғул буд. Хирад ва дониши худро бо хушҳолӣ ба ҳама меомӯзонд.

Баъдтар ӯ дар дунё аввалин шуда, мактаби хусусиро таъсис дод, ки дар он зиёда аз се ҳазор хонанда таълим мегирифтанд.

Ҳерберт Спенсер (1820–1903), ҷомеашинос ва файласуфи бритониёӣ, дар кӯдакӣ бемор буд ва бинобар ин, дар хона таҳсил мекард. Спенсерро таҳсилаш хеле руҳафтода мекард, ӯ бепарво, беаҳаммият ва якрав буд. Бо вуҷуди ин, падараш кӯшиш мекард, то ба писараш таълим диҳад.

Тааҷҷубовар нест, ки Ҳерберт баъди ба камол расиданаш ба душмани ашаддии таълими классикӣ табдил ёфт ва бо ҳар роҳ кӯшиш мекард, ки системаи таълимии муқарраршударо вайрон созад. Ӯ усули аз ёд кардани маводи дарсӣ ва умуман, таълими назариявиро танқид кард. Файласуф бовар дошт, ки танҳо дарси амалӣ ба кӯдак фоидаи бештар меорад.

Ба шарофати муаллим — мутафаккири рус Константин Ушинский (1823–1870) дар системаи маорифи Россия раванди демократикунонӣ оғоз ёфт. Омӯзгор кӯшиш мекард, ки таҳсилро ба мардум дастрас гардонад ва бо беадолатиҳо, ки барои таҳсил ба табақаи ашрофзодаҳо имтиёз медоданд, мубориза мебурд. Ба Ушинский муяссар гардид, ки ҳангоми дар Донишгоҳи ашрофдухтарони болаёқати Смолний (Санкт-Петербург) ба ҳайси нозир кор карданаш як қатор ислоҳот гузаронад.

Педагоги дигари рус Антон Макаренко гуфтааст, ки ба одам чӣ тавр хушбахт шуданро омӯзондан ғайриимкон аст, аммо ӯро чунон тарбия кардан мумкин аст, ки хушбахт шавад.

Бояд ёдовар шавем, ки муаллимони барҷастаи таърихи ҷаҳон аксарият аз навоварон, ташаббускорон ва фидоиён иборат буданд. Ҳамаи онҳо муносибати бачаҳоро ба хониш тағйир дода, ба инкишофи системаи таълиму тарбия таъсир расониданд ва ҳаёти шогирдони сершуморро ба сӯйи беҳбудӣ ва комёбиҳо равона карданд.

Мақсад аз овардани сарчашмаҳои таърихӣ дар он аст, ки дар идоракунии бонизоми давлатдорӣ, рушди фарҳанг ва маърифати ҷаҳонӣ нақши муаллим, таълиму тарбия ва мактабдорӣ дар мадди аввал меистад. Тамоми симоҳои бузурги таърихиро, ки дар тамаддуни башарият саҳмгузор ҳастанд, бевосита муаллим таълиму тарбия намудааст.

Дар давраи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маориф ва мавқеи омӯзгор таваҷҷуҳи аввалдараҷа зо­ҳир карда шуд. Дар ин муддат барои ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 400 санади меъёрии ҳуқуқӣ таҷдиди назар, таҳия ва тасдиқ гардиданд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998 барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва миёнаи касбӣ идрорпулии Президентӣ ҷорӣ карда шуд. Дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2020) бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид.

Ҳамин тавр, дар солҳои Истиқлоли давлатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва мавриди иҷро қарор додани нақшаи ислоҳоти соҳаи маориф, барномаҳои давлатии компютеркунонии мактабҳои таҳсилоти умумӣ, такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, рушди соҳаи тарбияи томактабӣ, гузаштани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба шакли нави идора ва маблағгузорӣ натиҷаҳои хуб доданд. Ҳамасола дар баромадҳояшон Сарвари кишвар хидматҳои муаллимонро дар рушди ҷомеа зикр карда, барои ҳавасмандгардонӣ ва баланд бардоштани вазъи иҷтимоии онҳо қарорҳои мушаххас ба имзо мерасонанд.

Нилуфар ҒОИБОВА,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик, ноҳияи Айнӣ