Зи як даст садо наояд

Ҷомеаи муосир вазъи бисёр ҳассос дошта, аз ҳар фарди ватандӯст зиракӣ ва масъулияти бештарро талаб менамояд. Махсусан, насли калонсолро зарур аст, ки дар тарбияи ҷавонон масъулиятшинос бошанд, зеро дар ҷомеи имрӯз иллатҳое, ба монанди терроризму экстремизм ва ифротгароӣ мавҷуданд, ки ҳар лаҳза метавонанд хатаре ба ҷаҳони маънавии наврасон ва ҷавонон эҷод кунанд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ба пурзӯр намудани роҳҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ишора намуда, оромиву суботи кишвари азизамонро дар мадди аввал мегузоранд ва ҳифзи амнияти давлату миллатро барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим арзёбӣ мекунанд.

Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн кардааст. Ин ҳолат хатари бузурги иҷтимоиву маънавӣ барои имрӯзу фардо дорад ва ба амнияти ҳамаи минтақаҳо таҳдид эҷод менамояд. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашудаи ҷомеаи мутамаддин, амалҳои террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтаанд. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Барои мағзшӯии ҷавонон имрӯзҳо гурӯҳҳои махсуси экстремистӣ тамоми воситаҳоро истифода мекунанд ва бахусус, шабакаҳои иҷтимоиро яке аз василаҳои муҳим барои ҷалби ҷавонон интихоб намудаанд. Бештари қишри ҷомеаи моро ҷавонон ташкил меди­ҳанд ва онҳо, мутаассифона, кам андар кам огоҳии сиёсӣ доранду аз ин рӯ, як қисмашон фирефта ба суханону ваъдаҳои бебунёди ифротгароён мешаванд.

Мутаассифона, баъзе ҷавонон воқеияти таърихию фарҳангиро дарк намекунанд ва ё дарк кардан намехоҳанд. Ба ин гуна созмону ташкилотҳо ғофилона ва ноогоҳона шомил шудани онҳо нигаронкунанда аст. Бояд гуфт, ки дар тарбияи ҷавонон аҳли ҷомеаи мо муттаҳид шуда, маърифати онҳоро ҳамаҷониба такмил бахшанд.

Аслан, дар ҷомеа се ниҳоде ҳаст, ки онҳо масъули асосии таълиму тарбияи ҷавононанд: оила, ҷомеа ва мактаб. Инҳо муҳимтарин омилҳоеанд, ки дар тарбияи дурусти фарзандон саҳм мегиранд.

Тамоми хислатҳои фарзанд, ахлоқу одоби ӯ, пеш аз ҳама, дар оила ташаккул меёбад, дар мактаб ҳар як хонанда оилаи худро муаррифӣ менамояд, шарту шароит, ҳолати иҷтимоиву маънавии оила дар фарзанд инъикос меёбад. Аз ин рӯ, масъулияти бисёр баланд дар назди волидайн он аст, ки аввал бояд худи онҳо намуна ва дар таълиму тарбияи фарзандонашон сахтгиру масъулиятшинос бошанд.

Дониши қавӣ доштани ҷавонон хеле муҳим аст. Чунки асосан аз камсаводӣ ва ноогоҳӣ фарзандон ба ҳар гуна ваъдаҳои дурӯғи душманони миллат бовар мекунанд ва ҳаёти худро зери хатар мегузоранд.

Ҳар фарди огоҳ бояд арзиши ис­тиқлол, озодӣ, суботи сиёсӣ ва муқаддас будани ин неъматҳоро донад, чун бе доштани истиқлол, амнияту оромӣ, зиндагии осоишта нест.

Аз ин рӯ, дар ҷомеи мо ҳамкории мактаб, оила ва ҷамъиятро дуруст ба роҳ монда, дар тарбияи наврасону ҷавонон хеле ҷиддӣ бояд муносибат кард. Яъне, мо аз дилу ният, рафтору кирдор, амалҳо, муносибат бо атрофиён ва аз ҳар гуна ҳаракатҳои онҳо бояд огоҳ бошем, назорат кунем ва дар вақташ хатои онҳоро ислоҳ намоем.

Фирӯза ҚАЮМОВА,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академикБобоҷон Ғафуров