Фурӯғбахши илму маърифат

Бо ташаббусҳои хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакатамон чанд сол аст, ки дар баробари озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор мешавад.

Ҳадаф аз баргузор намудани ин озмун мутолиаи китобҳое мебошад, ки идеяофар ва дорои муҳтавои баланди илмӣ бошанд, яъне, китобҳое, ки барои назарияро дар амал татбиқ бинмудан мусоидат мекунанд. Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» чун қувваи бузурги таконбахш метавонад довталабонро ба хондани даҳҳо китоби илмӣ водор сохта, сатҳи дониши аҳли кишварро беш аз пеш рушд диҳад. Дар сурати мавҷудияти китобҳои илмии пурмуҳтаво дар рӯйхати китобҳои тавсияшавандаи барномаи озмун, иштирокчиён онҳоро амиқу дақиқ мутолиа мекунанд ва дар асоси азхуд кардани маълумотҳои бештари илмӣ дар зеҳнашон идеяҳои нав пайдо мешаванд. Ҳангоми мутолиа намудани тамоми китобҳои дар барномаи озмун дарҷгардида, дар зеҳни хонандагон идеяҳои нави роҳҳои ҳалли мушкилоти масъалаҳои мубрами ҳаёт пайдо мегарданд ва қадами минбаъда пайвастани ҳамон идеяҳо бо истеҳсолот мебошад.

Эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат», таъсиси ҷоизаҳои давлатӣ, пайваста зиёд намудани стипендияҳо, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, таъсиси шуроҳои диссертатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ барои олимон аз ҷумлаи иқдомҳоеанд, ки маҳз ба хотири рушди соҳаи илм ва маориф роҳандозӣ гардидаанд. Ҳадафи асосӣ аз иқдомоти зикршуда, ташаккул додани ҷаҳонбинии илмии ҷомеа, рушди тафаккури техникӣ, пайванди илм бо истеҳсолот ва хусусан, ҷалб намудани ҷавонон ба ихтироъкорӣ ва навоварӣ ба шумор меравад.

Дигар аз ҳадафҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат», пайдо намудани истеъдодҳои нав ва пайвасти илм бо истеҳсолот мебошад. Дар озмун довталабоне ба ҷойҳои намоён ноил мегарданд, ки китобҳои зиёдеро хондаву таҳлил кардаанд ва аз уҳдаи ҷавоб додан ба саволу масъалаҳои нисбатан мушкил, ки аз тарафи ҳакамон пешниҳод мегарданд, баромада метавонанд. Фикр мекунам, ки сол ба сол бояд саволу масъалаҳо нисбатан мушкилтар гарданд, то ки истеъдодҳои арзандаи ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯро пайдо намоем. Соли чорум аст, ки ин озмун аз тарафи аъзои ҳакамон ба таври шаффоф баргузор мегардад.

Ба ҳар сурат, барои дар оянда боз ҳам шаффофтар гузаштани озмун пешниҳод менамоем, ки кумитаи махсуси озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад. Дар ин асос барои сол ба сол босифаттар гузаштани озмун ва ба ҳадаф­ҳои он ноил гардидан якчанд пешниҳод дорам:

► Дар кумитаи мазкур гурӯҳи махсуси корӣ аз ҳисоби олимони варзида (аз ҳар самти илм) барои шаффоф баргузор намудани озмунҳо ташкил карда шавад, ки дар он ҷо пайваста кору фаъолият кунанд.

► Аз тарафи олимон, ки дар ин кумита пайваста дар тӯли сол фаъолият мекунанд, китобҳои ба рӯйхати китобҳои озмуну олимпиада шомилшаванда (китобҳои озмуниву олимпии пурмуҳтаво, яъне, идеяофар) ба забони давлатӣ таҳия ва пешкаши довталабон карда шавад.

►Аъзои ҳакамон, ки дар ин кумита кор мекунанд, барои масъалаҳои ҳар даври озмун нисбатан мушкил ва наздик ба масъалаҳои ҳамон китобҳоеро, ки дар рӯйхати китобҳои низомномаи озмун омадааст, интихоб ва пешкаш намоянд.

►Аъзои ҳакамон бояд дар ягон муассисаи таҳсилотӣ, илмӣ-таълимӣ ё корхо­наҳои давлатию шахсӣ кору фаъолият накунанд.

►Аъзои ҳакамон ва масъулини кумитаи тадорукоти озмун он нафароне, ки ғолиб омадаанд, барои пайвасти илм бо истеҳсолот ғолибонро ба институтҳои тадқиқоти илмии Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳаҳои гуногун сафарбар намоянд.

Инсон наметавонад бе китоб хондан маърифатнокии хешро боло барад. Омӯзгор тавассути китоб шогирдонашро соҳиби илму маърифат мегардонад, мисли оне, ки усто тавассути асбобҳои кориаш ҳунарашро нишон медиҳад. Моро зарур аст, ки бо забони давлатиамон китобҳои пурмуҳтавои дарсӣ, илмиву оммавӣ таҳия намуда, пешкаши насли наврас ва ҷомеаи хеш гардонем.

Хулоса, озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» дар баробари озмунҳои дигар, аз як тараф, барои баланд бардоштани маърифатнокии қишрҳои гуногуни ҷомеа воситаи хубе буда, аз дигар тараф, қувваи бузургеро доро мебошад, ки барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар тамоми зинаҳои таҳсилот мусоидат менамояд.

Асламбек АМИНОВ,
котиби илмии Институти математикаи ба номи Абдулҳамид Ҷӯраеви АМИТ