Омӯзиши масъалаҳои мушовара

Як аз самтҳои асосии пешбурди назорат дар соҳаи маориф, омӯзиш ва тайёр кардани масъалаҳо барои мушовараи раёсати маориф ё шурои шуъбаи маориф ҳисоб меёбад. Аксари масъалаҳое, ки ба нақшаи мушовара дохил мешаванд, ба сифати таълим ё тарбия алоқаманданд ва аз ин рӯ, омӯзишу тайёр кардани ин масъалаҳо донишу малакаи кофиро дар соҳаи мактабшиносӣ тақозо дорад. Коршиносон пешакӣ оид ба масъалаи мавриди омӯзиш ёддоште таҳия мекунанд, ки ҳамаи ҷузъиёти масъаларо дар худ меғунҷонад, то нозир вақти омӯзиш онро ҳамаҷониба таҳлил карда тавонад. Таҳлили нозир дар шакли маълумотнома рӯйи кор меояд ва он пеш аз муҳокима дар ҷаласаи мушовара ё шурои шуъба аввал ба роҳбари сохтор – сардори раёсати маориф ё мудири шуъба манзур карда мешавад. Роҳбар онро мехонад, то куҷо ҳаллу фасл шудани масъалаи омӯхташударо муайян мекунад ва дар сурати зарурат тавсияву эродҳои худро барои такмили маълумотнома ба коршинос мегӯяд. Фаразан, агар мавзуи матраҳшаванда «Сифати дониш ва ҳолати таълими забону адабиёти тоҷик дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз» бошад, нозир нахуст ба корҳои анҷомдодаи роҳбарияти мактаб дар самти назорату роҳбарӣ диққат медиҳад. Муайян мекунад, ки вобаста ба масъалаи таълими забон ва адабиёти тоҷик чӣ корҳо анҷом дода шудаанд, таълими фан дар шурои педагогӣ ё ҷаласаи назоратии назди директор чанд маротиба муҳокима гардидааст, дар алоқамандӣ бо қарорҳои қабулгардида чӣ корҳо ба сомон расонда шудаанд. Коршинос қарору суратҷаласа ва маълумотномаҳои дахлдорро меомӯзад, ҳусну қубҳи онҳоро ба ҳисоб мегирад. Баъзан ин маълумотномаҳо сарсарӣ навишта мешаванд ва иттилои заруриро дар худ надоранд. Бахусус, иттилои мушаххасу воқеӣ дар бораи сифати дониш ва ҳолати таълими фан дар онҳо мавҷуд нест. Иттилоъ оид ба он корҳои хаттӣ дар маълумотнома, умуман, вуҷуд надорад. Аксаран чунин маълумот пешниҳод мегардад, ки дар мактаб фалон қадар омӯзгори забону адабиёти тоҷик кор мекунанд, собиқаи кории фалон омӯзгор ҳамин қадару омӯзгори фалон чунин аст. Каме дар бораи фаъолияти кории онҳо иттилоъ дода мешавад, дигар дар хусуси он чи ки ба сифати дониш ва таҳлили он, раванди таълими фан, корҳои санҷишӣ ва натиҷаи онҳо дахл дорад, ягон маълумоте дарёфт намегардад. Аслан, аз маълумотномаҳое, ки дар мактаб вуҷуд доранд, нозир бояд оид ба масъалаи омӯхташаванда иттилои пурра оид ба ин масъала пайдо карда тавонад. Дар сурати набудани чунин маълумот, нозир онро чун камбудӣ дар қисмати назорату роҳбарӣ ба қайд мегирад.

Аз чӣ бошад, ки солҳои охир маълумотномаҳои нозирону коршиносони соҳаи маориф дар омӯзиши масъалаҳои нақшавӣ ё мушовара мавридҳое аз нигоҳи касбият он қадар ҷолиб нестанд, яъне, он иттилову таҳлили муфассали масъалаи омӯхташуда дар онҳо мавҷуд нест. Гоҳе иттилову омори дуюмдараҷа меоранд, ки ҳеҷ зарурате надорад. Он маълумоте, ки меоранд, ба мавзуъ мувофиқ нест.

Беҳтарин маълумотнома оид ба таҳлили сифати дониш ва раванди таълиму тарбия аз қисмати назорату роҳбарӣ оғоз мегирад. Агар коршинос корманди раёсати маориф бошад, ӯ кори назорату роҳбариро дар шуъбаи маориф омӯхта, пасон ба омӯзиши гузоришу маълумотномаҳое мепардозад, ки ба масъала алоқаманданд. Натиҷаи корҳои санҷишӣ, тесту саволномаҳоро ба ҳисоб мегирад ва худаш онҳоро таҳлил менамояд, то ки ба дурустии баҳову натиҷаи ҳосилшуда боварӣ пайдо кунад, ё баръакс. Баъди анҷоми омӯзиш дар шуъба масъаларо бо ҳамин тартиб дар мактабҳо меомӯзад. Бо натиҷаҳои санҷишҳои чорякӣ шинос мешавад, тестҳоро меомӯзад, худ дар синфҳои интихобӣ оид ба фанни даркорӣ кори хаттӣ мегирад, саволу ҷавоб мегузаронад ва он натиҷаро бо натиҷаи санҷишҳои чорякиву корҳои хаттии нақшавӣ, дигар саволномаҳо муқоиса карда, вазъи воқеии таълими фанро мушаххас месозад. Ҳамчунин, қарору маълумотномаҳои шурои педагогиро оид ба масъалаҳои омӯхташуда таҳлил менамояд. Умуман, масъалаҳои ба мушовараи раёсат ё шурои шуъба дахлдор пешниҳодшаванда аз нигоҳи касбияту иттилоъ бояд муфассал ва таҳлилӣ иншо шаванд.

Ҷангибеки Улфатшоҳ,
«Омӯзгор»