Забондонӣ кафолати комёбиҳост

Одамоне, ки забони русиро хуб медонанд ва ё дар пайи омӯзиши он ҳастанд, ҳамчун шахсиятҳои бомаърифат, босавод, ботарбия ва боидрок дар ҷомеа шинохта мешаванд. Бинобар ин, омӯзиши забони русӣ ва ё дигар забонҳои хориҷӣ ҳамеша муҳим ба шумор меравад. Аз кай ба забономӯзӣ бояд шуруъ кард?

Ба ақидаи ман, ба забономӯзӣ бояд аз кӯдакӣ дар оила ва ё боғча кӯдакон шуруъ намуд. Волидайне, ки худ забони русиро медонанд, бояд кӯшиш намоянд аз овони хурдсолӣ ба фарзандашон калимаҳои одӣ ва содаро омӯзонанд. Вале баъзан дар деҳаҳо ин мушкилӣ дорад, зеро аксарияти падару модарон забони русиро намедонанд.

Барои ҳамин зарур аст, ки дар деҳаҳо боғчаҳои кӯдакона таъсис дода, мураббиёни пур­таҷриба ва дорои маълумоти олӣ ба кор ҷалб шаванд. Сипас омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ бештар ба луғатомӯзии кӯдакон ва нутқи онҳо аҳаммият диҳанд. Аз роҳу усулҳои мавҷуда истифода намуда, нутқи хонандагонро буррову гӯё намоянд. Ногуфта намонад, ки аввало бояд омӯзгор худ лафзи бурро ва равон дошта бошад, яъне дар талаффузи забони русӣ ба хато роҳ надиҳад.

Шогирдонро мебояд дар дарсҳо бештар калимаҳои нав ва мушкилро аз паси омӯзгор такрор намоянд, матнҳои хондаи омӯзгорро шунаванд ва кӯшиш кунанд то ҳадди имкон ҷумлаҳоро тарҷума карда, фикрашонро баён намоянд. Дар вақти хондани матн аз тарафи хонандагон омӯзгор бояд таваҷҷуҳи онҳоро ба задаҳо дар калимаҳо бештар ҷалб намоянд, то ин ки ба хатоҳои ҷиддӣ роҳ надиҳанд. Агар дар ҳиҷои лозима задаро талаффуз накунем, калимаи забони русӣ метавонад маънои дигар гирад.

Инчунин, барои хонандагони синфҳои поёнӣ аз худ кардани шеъру тезгӯяк, чистону зарбулмасалҳо лозим аст, чунки ин амал барои мустаҳкам гаштани зеҳну нутқи кӯдакон манфиати зиёд дорад. Омӯзиш ва таълими забони русӣ дар деҳа мушкилиҳо дорад.

Нарасидани синфхонаҳо, набудани таҷҳизоти зарурӣ (тахтаҳои электронӣ, проекторҳо, ноутбукҳо) сабаб мешаванд, дарсҳои мо, омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, бетаваҷҷуҳ монанд, зеро хонандагон ҳоло ба техникаю технология мароқ зоҳир намуда, аз хондани китоб каме дур гаштаанд.

Пас чӣ бояд кард? Ин савол зеҳни ҳама омӯзгорони забони русиро банд кардааст: «Чӣ тарз омӯзонд?» ва «Чиро омӯзонд?»

Вазифаи таълими забони русӣ дар замон ва шароити кунунӣ дар он аст, ки хонандагон ин забонро ҳамчун воситаи муоширати байналмилалӣ дарк намоянд. Омӯзгорро мебояд дар вуҷуди толибилмон майлу рағбат ва шавқи зиёд ба ин фанро пайдо намояд.

Ҳамаи инро омӯзгорони ботаҷриба, эҷодкор, навовар ва бомаҳорат ба даст оварда метавонанд. Мо, омӯзгорон, бояд доимо дар ҷустуҷӯи роҳҳо ва усулҳои нав бошем, то таваҷҷуҳи ҷавононро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ бештар намоем.

Ба ақидаи ман, шахсе, ки забони модарии худро хуб медонад, барояш омӯхтан ва омӯ­зондани дигар забонҳо, аз қабили забонҳои русӣ ва англисӣ осон мегардад. Вале мутаассифона, аксар хонандагон ба забони модариашон бетаваҷҷуҳӣ зоҳир менамоянд. Ба гуфтаи онҳо, забони тоҷикӣ осон ва фаҳмост ва онро медонанд. Вале чунин нест. Ҳар як забон ба худ нозукӣ ва қоидаҳо дорад, ки онро бояд аз худ намуд. Ба нафаре, ки забони худро рӯякӣ медонад, забонҳои хориҷӣ, алалхусус, забони русиро низ омӯзондан мушкил аст. Ногуфта намонад, ки агар хонанда дар пеши худ мақсад нагузорад ва хоҳиш надош­та бошад, аз дасти омӯзгорони ботаҷрибатарин низ чизе намеояд.

Малоҳат ҚОДИРОВА,
омӯзгори МТМУ №50-и ноҳияи Варзоб