Рушди мактабу маориф – асоси пешравию пирӯзӣ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати муҳимму сарнавиштсоз буда, ба рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мусоидат мекунад. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати муҳимму сарнавиштсоз буда, ба рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мусоидат мекунад.

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2024 ироа гардид, дар муқоиса бо Паёмҳои солҳои қаблӣ бо чанд хусусияти хос фарқ мекунад:

  1. Таъкиди махсус ба рушди технологияҳои рақамӣ. Дар Паёми имсола ба зарурати рушди иқтисоди рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ дар ҳамаи соҳаҳо ва баланд бардоштани саводнокии рақамии аҳо­лӣ таваҷҷуҳи зиёд дода шуд. Роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт, солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд. Ҳамзамон, ба таври васеъ омода намудани барномасозон, роҳандозии ихтисосҳои зарурӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз муҳимтарин вазифаҳо маҳсуб меёбад.

Дар баробари ин, таъсиси Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб ва ба он додани мақоми пойгоҳи асосии тайёр кардани мутахассисони самти мазкур барои рушди соҳа ва иҷрои Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 такони ҷиддӣ мебахшад.

  1. Таваҷҷуҳи бештар ба масъалаҳои экология ва тағйирёбии иқлим. Президенти кишвар дар Паём ба мушкилоти муҳити зист, аз ҷумла, тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва зарурати ҳифзи захираҳои обӣ диққати махсус доданд. Роҳбари давлат таъкид доштанд, ки кишвари мо соли 2025 дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид мизбони аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо хоҳад буд. Аз ин ҷост, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи байналмилалӣ дар самти обу ҳифзи пиряхҳо, баррасии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ ҳамкориҳоро таҳким мебахшад.
  2. Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ. Дар Паём ба рушди сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба ин соҳаҳо аҳаммияти хос дода шуд, ки ин омил метавонад ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат кунад.
  3. Таъкиди бештар ба масъалаҳои занон ва ҷавонон. Президенти кишвар дар Паём ба нақши занон ва ҷавонон дар рушди ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсилу кор таъкид намуданд.
  4. Таваҷҷуҳи махсус ба амнияти озуқаворӣ. Дар Паём ба зарурати таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи самараноки заминҳо диққати махсус дода шуд.
  5. Соҳаи маориф чун анъана дар Паём дар меҳвар қарор дошт ва ҷиҳати рушди ин соҳаи ҳаётан муҳим ба таври мушаххас масъалагузориҳо шуд.

Пешвои муаззами миллат бори дигар таъкид доштанд, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Ба ин маънӣ, Сарвари давлат таъкид доштанд: «Алҳол дар соҳаи маориф ду стратегияи дарозмуддат ва ҳашт барномаи давлатӣ ва 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Ин аст, ки дар доираи ислоҳоти соҳа биноҳои таълимӣ ва иловагӣ дар 3670 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд». Ҳамзамон, таъкид шуд, ки соли 2025 маоши кормандони муассисаҳои томак­табӣ ва таҳ­силоти миёнаи умумӣ 30% ва маоши кормандони дигар соҳаҳои буҷавӣ 20% зиёд карда мешавад.

Роҳбари давлат ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд ва аз ҳама муҳим ва саривақтӣ дар ин муддат, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман барои таъсис додани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳукумати мамлакат барои омода намудани кадрҳои баландихтисос ва бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, марказ­ҳои касбомӯзӣ таъсис медиҳад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои таълими калонсолон таъсис дода шудааст, ки то имрӯз дар онҳо беш аз 700 ҳазор шаҳрванд ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шудаанд. Ҷиҳати соҳибкасб намудани аҳолии кишвар ва рақобатнок гардонидани қувваи корӣ вазорату идораҳои марбута якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои сераҳолии кишвар марказ­ҳои касбомӯзиву хизматрасонӣ ва рушди малакаҳоро таъсис диҳанд ва таълимро дар ин марказҳо мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монанд.

Ҷиҳати аз ҳисоби ҷавонон омода намудани кадрҳои баландихтисос ва бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, Кумита оид ба таҳ­силоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, дигар вазорату идораҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки барномаи миёнамуҳлати барои соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисосро аз ҳисоби ҷавонон таҳия ва амалӣ намоянд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём бамаврид таъкид карданд: «Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад».

Фатҳиддин УСМОНЗОДА,
номзади илмҳои иқтисодӣ