Мӯйсафед, ки синнаш аз навад гузаштааст, ҳар рӯз чандин маротиба аз хонаи хобаш берун шуда, рӯйи ҳавлиро давр мезанад. Ин ҳол одати ҳаррӯзаи ӯ гаштааст. Вай ба танаи дарахтони тут, гелос, зардолую бодом, шоҳтути бо дастони хеш шинондааш назар дӯхта, онҳоро бо дастони ларзон палмосида-палмосида, ба андеша меравад. Ҳарчанд чашмонаш равшан намебинанд, медонад, ки дар куҷо кадом дарахтро шинонда буд. Сипас бе асову бе муттако аз дарвоза берун шуда, рӯйи санги паҳне мешинад. Раҳгузарон «салом, муаллим», «салом, домулло» гӯён аз наздаш гузашта мераванд. Азбаски гӯшаш ҳам вазнин аст, саломи онҳоро намешунавад. Агар касе аз рӯйи эҳтиром наздаш меояд, кӣ буданашро мепурсаду аксаран ба нишастан даъват мекунад. Бо мӯйсафед суҳбат кардан хеле мушкил, зеро бо тамоми овоз сухан бояд гуфт. Ҳам чашм хираву ҳам гӯш вазнин.
— Шумо кӣ, нашнохтам? Баландтар гап занед, нағз намешунавам. Вақтатон бошад, як дам шинед, аз ин тарафу он тарафи дунё гап занед. Зиқ мешавам, дилам аз танҳоӣ гӯё мекафад. Газетаву журнал хонда наметавонам, телевизор ҳам намебинам, овози радиоро намешунавам. Ҳамсолонам ҳама гузаштанд, танҳо усто Исмоил мондааст. Пирӣ кори сангин будааст,-қариб ҳар рӯз такрор мекунад ин суханонро мӯйсфед.
— Ассалому алайкум, домулло. Хуб ҳастед? Саломатӣ нағз? Зиқ нашудед-мӣ?- мепурсам ӯро.
Баландтар гап занед. Ба тарафи гӯши ростам сухан гӯед, чапаш умуман намешунавад. Болои санг камтар шинед, дар дунё чӣ гапҳост? Аз вазъи боду ҳаво чӣ хабар доданд? — илтиҷоомез мепурсад ӯ ва бисёр мехоҳад, ки ман муддате бо ӯ нишаста, аз ҳар боб сухан гӯям.
— Ҳамааш хуб, дунё тинҷ, обу ҳаворо низ хуб пешгӯӣ мекунанд, борон меборидааст.
Баъде ки мо аз ҳар хусус суҳбат мекунем, устод маҷрои суханро аксаран ба сӯйи адабиёт мебарад.
Ман ба андешарониҳои ин муаллими куҳансоли риёзӣ, ки то нафақа баромадан ҳазорҳо шогирдро сабақ додааст, қоил мемондам ва дар дил аҳсан мехондамаш. Муболиға нест, агар гӯям, ки таҳлилҳо, шеърдониву шеърфаҳмии ӯ бисёр муаллимони адабиётро ба ҳайрат меовард.
Нормат Норқулзода аз нахустин омӯзгороне мебошад, ки пас аз хатми мактаби олӣ ба деҳа баргашта, ба шогирдон асрори фанни риёзиро омӯхтааст. Муаллими сахтгиру донишманд буд. Ҳама ӯро эҳтиром мекардем. Рафту мисолу масъалаҳои супурдаи устодро дар хона кор карда натавонем, ҳатман «ҳамон кори анҷомдодаатро биёр, ку бинем, дар куҷо хато кардаӣ?» – мегуфт. Агар меҳнати кардаатонро нишон дода натавонед, хуб, вагарна дар тахтаи синф рост меистодеду аз танбеҳ «баҳравар» мегаштед. Ин буд, ки ҳама дар дарси риёзӣ ором нишаста, кӯшиш мекарданд, аз муаллим чизе омӯзанд. Гоҳо мо, бачагони мактабхон, аз баъзе ҳаракатҳои вай дар тааҷҷуб мемондем. Ӯ дар тахтаи синф навишта истода «Сафар, ман туро бо чашми пушти сарам дида истодаам, ки механдиву ба дарс эътибор намедиҳӣ», — ба ин монанд таъкидҳо мекард шогирдонро. Он солҳо мо – хонандагон, дар ҳақиқат, бовар доштем, ки устод дар пушти сараш ҳам «чашм» дорад.
Ҳангоми дар синфи ҳафтум хонданам воқеаи аҷибе рух дод, ки ҳамсинфон то ҳол онро ба ёд оварда, хушҳолона механданд. Муаллим Норқулзода дар синфи мо кори хаттӣ мегирифт. Мо бояд чор мисолу як масъаларо ҳал мекардем. Ман, ки сардори синфу аълочӣ будам, пас аз ҳалли мисолҳои додашуда ба анҷоми супориши панҷум гузаштам. Мутаассифона, ба хатое роҳ дода, ҷавоби масъаларо нодуруст баровардам. Дарҳол кори анҷомдодаамро дар даруни қавс гирифтаму дар поварақи дафтар аз нав ислоҳ намудам. Ҳангоме ки устод дохили синф гашт, ман поёни корамро менавиштам. Вай синфро давр зада, назди партаи ман омаду лаҳзае ба дафтарам чашм дӯхт. Сипас оромона бо ду даст аз манаҳу паси гарданам дошта, аз ҷоям хезонд ва ба понздаҳ партае, ки дар синф гузошта шуда буд, як-як сарамро хам намуда, «инро бин, инашро ҳам бин, мана, ба ин ҳам нигоҳ кун», — гуфт. Мани аз асли ҳол бехабар худро таҳқиршуда ҳисобида, инони гиряро сар додам ва «муаллим, ман чӣ гуноҳ кардам?»-гуфтам.
— Боз чӣ гуноҳ кардам, мегӯяд? О, ту агар сода набошӣ, намегӯӣ, ки ҳамаатон мисли ман кори хаторо дар қавс нагиред. Як нафаратон дар чоркунҷа гиред, дигаратон хат занед, сеюмӣ дар система гиред ва ҳоказо. Айбат ҳамин ки туи доно коратро хато анҷом додиву дигарон ба ту пурра пайравӣ кардаанд, акнун фаҳмидӣ, гуноҳатро, — бо қатъият изҳор намуд муаллим. Ман ҳарчанд дар ин кор худро бегуноҳ меҳисобидам, аз тарси устод «дигар такрор намешавад, мебахшед» гуфта, аз дасти вай халос хӯрдам.
Ман камол ёфта, низ омӯзгор ва бо тақозои тақдир бо устод ҳамкор шудам. Дар давоми чанд соли кориам бо иродаву матонат, масъулиятшиносиву ҷиддияти муаллим Норқулзода қоил будам. Боре ҳам нашудааст, ки ӯ дарсашро партофта, ба ҷое рафта бошад, ё дар дарсгузарӣ саҳлангорӣ карда бошад. Бисёр мешуд, ҳангоми аз синфхона баромадан на танҳо дастонаш, балки шиму костюмаш ҳам аз бӯр сафед мегашт, вале ӯро ба он эътиборе ҳам набуд.
Ин дафъа суҳбати мо зери тути бедонаи бобоӣ, ки устод онро бо дастонаш сабзонидааст, идома ёфт.
— Муаллим, медонам, ки чанд боғ сабзонида, ба фарзандон бахшидед. Анвои дарахтоне, ки боғи шуморо зеб медиҳанд, дар ҳавлии дигарон нест. Сирри боғбониатон дар чист?- мепурсам аз ӯ бо овози баланд.
— Падарамро шумо нашиносед даркор. Боғи Норқулиро шунидаед ё дидаед?
— Он боғро низ медонам, дар мавзеи Сафедхокӣ, наздикии Деворбарс ҷо гирифта буд. Солҳои бачагӣ мо аз он алаф мекашондем, аз меваҳояш баҳраманд гашта, баъзан ҳангоми дашт рафтан аз ангурҳои кишмишу ҳусайниаш дуздӣ мекардем,-хандида гуфтам.
— Ҳа, дар хотиратон будааст. Ана, ҳамон боғ аз як гектра зиёд буд. Ҳама току дарахтони онро падарам танҳо худаш сабзонда буд. Ҳар гоҳ ки об бастанӣ бошад, ҷӯраҳоро ҷеғ зада, як бузғоларо кушта зиёфат медодаасту баъд ҳамаашонро барои обронӣ то Авлод қаровул мегузоштааст. Вай бо меҳнати ҳалол боғро сарсабз гардонда буд, ки он дар даври шуроҳо мулки колхоз гашт. Падарам беле дошт, ки дастааш аз заранг буд. Онро ба ҳеҷ кас намедод, барояш азиз буд.
Ман он солҳо кӯдак будам, вале ба корҳои деҳқонии падарам эътибор медодам. Чӣ тавр пайванд карданро, токбурӣ, ҷӯяккашӣ, побел карданро аз ӯ омӯхтаам. Падарам бо ҳама ниҳолу дарахтон суҳбат карда метавонист гӯям, муболиға намешавад. Медонед, ман солҳои донишҷӯйӣ дар суҳбати устодони каломи бадеъ Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар ширкат доштам. Достони «Ҷони ширин»-и Турсунзодаро азёд медонистам. О, бачаҳои ин замон чаро шеър намедонанд? Дар дасташон доимо як телефону ҳамонро кофтуков мекунанд. Ин амали хуб нест. Нағз мебуд, ки китоб хонанду адабиётро дӯст доранд. Он дар қалби инсон тухми одамият ва эҳтиром ба инсон, маърифат мекорад, — таъкид месозад ӯ.
Ман ба ин марде, ки қариб садсола асту Худованд ба ӯ ин қадар заковату иродаи мустаҳкам додааст ва ғалат намешавад гӯям, ки панҷоҳ дарсади омӯзгорони риёзии ноҳия дастпарварони ӯянд, қоил мемонаму «устод, суҳбати имрӯза кифоя, пагоҳ, насиб бошад, давом медиҳем» мегӯяму аз ҷой мехезам.
— Омада истед, бо ҳар кӣ суҳбатам қӯр намегирад. Ҳамааш гузашт, танҳоиву пиронсолӣ одамро зиқ мекардааст. Нағз медонед, болои ин ҳама машаққатҳо чор-панҷ сол муқаддам завҷаам ин олами фониро падруд гуфт. Раҳматӣ аёли хуб, ҳамеша маслиҳатгару машваратгари ман буд. Соҳиби даҳ фарзанд гаштем. Афсӯс, пеш аз ман ин ҷаҳонро тарк гуфту маро танҳо гузошт. Охираташ обод бошад.
Хостам ба мӯйсафед чанд сухани таскинбахш гӯям, аммо гулӯямро чизе фишор дода, сухане гуфта натавонистам. Хостам, ки ӯро то хонааш раҳнамоӣ кунам. Аммо вай «лозим нест, оҳиста-оҳиста худам меравам, лекин шумо пагоҳ ҳам биёед, гапҳои гуфтанӣ бисёр» гуфта, бо қомати хамида дастонашро ба чашмонаш соябон сохта, як-як қадамзанон сӯйи кулбаи хеш равона гашт. Оянда, насиб карда бошад, мо, албатта, боз суҳбати рӯйи сангро давом хоҳем дод…
Раҳматуллоҳи ШОҲИМАРДОН,
ноҳияи Бойсун,
Ҷумҳурии Ӯзбекистон