Бо зарурате хонаи як шиносам рафтам. Дар хусуси масъалае суҳбат доштем, ки синҳораш кӯдаке сари даст хона даромад. Писараке тахмин яксола ғаш мекарду фиғон дошт. Модараш, ҳарчанд кӯшиш мекард, ки тифлак ором гирад, аммо беҳуда. Чизе ба хотираш расид магар, ки телефон ба даст гирифт, онро ба дасти тифлак дод. Гумонам, наворе буд, ки кӯдакро ба худ ҷалб кард…
Як дӯстам набераи чандмоҳаашро ситоиш намуд:
— Бубин, набераам чандмоҳа аст, вале телефонро нағз мефаҳмад. Ман мулоимакак оқибати хуб надоштани телефонбозиро ба дӯстам фаҳмондам, ки ранҷид, вай хаёл кард, ки ман ҳам «зӯр» будани набераашро тавсиф мекунам… Ҳамаи мову шумо бо ин падидаҳо ҳар рӯз дучор мешавем. Телефонбозии ҷавонону калонсолон агар ба як одати ҳангомаомез табдил ёфта бошад, телефонбозии кӯдакону хонандагон шакли оммавӣ гирифтааст.
Модари ҷавонеро медонам, ки пеши тифлаки ду – семоҳааш навори телефонро мегузошт, дигар он тифлак ба телефон одат кард. Натиҷа ин аст, ки имрӯз он кӯдак се – чорсола шудааст, вале гунгу лол аст, ҳоло ҳам забон набаровардааст. Яъне, телефонбозӣ рушди табиии тифлакро боздошт, онро халалдор намуд ва ин модари ҷавони «доно» имрӯз пеши табибон давуғеҷ дорад.
Ин мисол бофта нест, худ ба чашми сарам дидаам. Агар як тифлак бо телефонбозӣ ба ин ҳол расида бошад, шумо тасаввур кунед, ки мо бо ин телефонбозии худ чӣ қадар кӯдакро бо дасти худ ба ин ҳолу аҳвол овардаем. Охир, аз ин мисол равшан мегардад, ки майнаву асаби тифлак халал дидааст, ки то имрӯз забон набаровардааст. Акнун тасаввур кунед, ки бо ин телефонбозӣ майнаву асаби чӣ қадар тифлакон зарар дидаанд, маълум нест. Ба андешаи ман, ҳамин оморро бояд аз сохтору шифохонаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар дастрас кунем, вагарна ҳол ҳамин тавр рафтан гирад, баъд дер мешавад. Дер мешавад ва вақте як мушкили бузург будани он рӯ мезанад, дигар «гунаҳкорон»-ро кофтан мегирем, ҳол он ки ин айби ҳамаи мост. Ба дасти тифлакону хонандагону наврасон додани телефон бояд расман манъ ва барои ин кирдор ҷаримаҳои сахт пешбинӣ карда шавад.
Имрӯз телефонбозӣ барои ҳама танҳо ба одат не, балки ба як зарурат, ба як рукни ҳаётамон табдил ёфтааст. Ин ҷо мо тамоси телефониро дар назар надорем, мо телефонбозиро маҳкум мекунем. Ҳар ҷо ки равӣ, мебинӣ, ки ақлу ҳуши аксари мардум ба телефон банд аст. Ҳамин қадар ақлу ҳуши моро ин телефони зормонда рабудааст, ки мавридҳое салом додану алайк гирифтанро фаромӯш мекунем. Ба ҳадде моро ҷазб кардааст, ки гоҳо ҳатто анҷом додани кори ниҳоят зарурро аз ёд мебарорем. Ҳолатҳое ҳам воқеъ мешавад, ки агар касе аз мо чизе пурсад, ҳуши моро телефон ҳамин қадар дуздидааст, ки чӣ пурсидани он шахсро сарфаҳм намеравем, яъне, «мавҷгирак»-амон намеқапад.
Бояд иқрор кунем, ки телефонбозӣ на танҳо ба як одати бад, балки ба як навъ беморие табдил ёфтааст, ки онро метавон «телефономания» ё «телефондард» гуфт. Худи мо, фарзандонамон, ҳар рӯз чандин соат бо телефон бандем, қиматтарин, ноёбтарин гавҳар – вақт, умри азизро аз даст медиҳем. Бисёр одамон, ҳатто, хоби шабро қурбон карда, то рӯз телефонбозӣ доранд, яъне, имрӯз бисёр фарзандонамон бандаи телефон шудаанд. Иддае ҳамчунон ба телефонбозӣ дода шудаанд, ки агар одами наздикашон онҳоро танбеҳ доданӣ шавад, даррав асабӣ мешаванду аз гиребони кас мегиранд. Ин ҳол аломати он аст, ки майнаву асаби ин одамон осеб дидааст. Табибони асабшиносу равоншинос агар ин нафаронро аз ташхиси тиббӣ гузаронанд, ман сад фоиз бовар дорам, ки чунин натиҷае ба даст меояд.
Дар бораи тамошои наворҳои фаҳш, хондани «осор»-и аз адабу ахлоқ дур бисёр навиштаанд, барои ҳамин, ниёз ба такрори онҳо нест, фақат таъкид ба ин нукта аст, ки ҳамаи ин ба тарбияву адабу ахлоқ сахт латма мезанад.
Телефонбозӣ хоҳ-нохоҳ ба раванди таълиму тарбия низ таъсири манфии ҷиддӣ мерасонад, раванди табиии ин ҷараёнро халалдор месозад. Имрӯз бисёр донишомӯзон бе фикр кардану андешидану дарёфтан ҳама чизро аз интернет кофтаву пайдо карда, муфтакак баҳо мегиранд, аниқаш, ба телефон баҳо мемонем. Аз ин рӯ, зарурате пеш омадааст, ки бо худ овардану истифодаи телефон дар мактаб қатъиян манъ карда шавад.
Ҷангибеки УЛФАТШОҲ,
«Омӯзгор»