ОЁ САЛОМ АЗ БАЙН РАФТААСТ?

Чандест, мушоҳида мекунам, ки баъзе хислату рафтор ва амалҳои неку бофазилат ва муаддабона дар байни қишрҳои ҷомеа, бахусус, наврасону ҷавонон ба чашм намерасад ва ғолибан, эҳтимоли аз байн рафтани ин одоби ҳамида аёну равшан аст. Аслан, шояд дар ин боб изҳори нигаронӣ ва салои бедорию огоҳӣ баланд кардани ман ҳеҷ моҳияту маънӣ ва таъсире мондагор надошта бошад?! Олам дигар шудааст, марҳалаҳои рушду такомули ҷомеа ва фактори инсонӣ тағйир ёфтааст, арзишҳои башардӯстона ва миллӣ аз кадом сӯву самте коста гардидааст ва садҳо омиле, ки метавонанд муддаиён ҳамчун далели барҳақ ва раднопазир пешорӯям гузоранд. Дуруст, мо низ ҳангоми замонем ва ба касе фишору таъзир намеорем, қотеъона талаб намекунем, ки чаро фалону фалон одоби инсониро риоя ё баҷо наовардӣ. Аммо …охир, мо тоҷикем ва бо ифтихор пайваста такрор ба такрор ба забон меорем, ки дорои таъриху тамаддуни қадимтарин ҳастем. Арзишҳои фарҳангӣ, динӣ ва илмию адабӣ, ки дарунмояи ташаккулу таҳаввули тамаддуни миллиро дар бар мегиранд, моро ҳидоят ва роҳнамоӣ мекунанд, ки боадабу фазилат ва некрою хушхулқ бошему аз табори озодагон будани худро ҳеҷ гоҳ аз ёд набарорем. Ҳароина, инсон худ ба худ некрафтору ҳамидахисол нахоҳад шуд. Дар ин роҳ омили асосие, ки ба такомули маънавии инсон таъсири неку файзбахш мерасонад, тарбия ба шумор меравад. Вале пояҳои тарбия, аз мушоҳидаҳои мо, дар таълимгоҳҳо андак-андак сусту заиф гардидаанд. Омӯзгорону устодон метавонанд (ва ин рисолати виҷдонии онҳост!) ҳадди ақал дар машғулиятҳои тарбиявӣ дар ин боб суҳбатҳои муассиру ҷолиб ва шавқовар баргузор ва ахлоқи некро ба сифати ҳусну сирати инсон баҳогузорӣ намоянд. Аз далелу мисол дида, шоҳиди барҳақ чист?

Ҳар субҳ аз хона баромада (ман дар деҳа зиндагӣ ба сар мебарам), сӯйи шаҳр равон мегардам. Роҳи банда то истгоҳ он қадар тӯлонӣ нест ва дар ҳамин фосила бо хонандагон рӯ ба рӯ меоям, ки бо ҳамин ҷода сӯйи дабистон мешитобанд. Аз наздам мегузаранд суҳбаткунону хушҳол ва мавҷи ханда дар лабонашон ҳувайдо. Аммо бахши аъзами онҳо (асосан хонандагони синфҳои болоӣ) ҳам­замон бепарвою бетафовутанд, гӯё маро, ки синнам аз шаст гузаштааст, намебинанд ва салом ҳам намедиҳанд. Во­аҷаб! Инҳо ба мактаб ба кадом мақсад шитоб доранд? Хондану дониш аз худ кардан? Адабу ахлоқ омӯхтан? Ва ин ҳама ба хотири инсони рушдёфтаю комил гардидан? Магар ҳамин тавр нест? Пас, дар он макони илму дониш, савод, фазилату адаб чӣ омӯхтаанд, ки салом–ин рукни азалии адабро, ки сарчашмаи шинохти одамият аст ва асрҳову замонҳои тӯлонӣ ниёгони мо дар лаҳзаҳои бо ҳам дучор гардидан аввалқадам онро ҳамчун иззату эҳтироми як шахс бар шахси дигар ба ҷо меоварданд, сарфи назар намуда, гӯё ҳеҷ воқеае рух надода бошад, бепарво гузашта мераванд? Сари ин масъала бояд ҳамагон ҷиддан андеша кунем. Дар муассисаҳои таълимӣ ва му­ҳити оила ба шогирдону фарзандон пайваста, такрор ба такрор гӯшзаду хотиррасон кардан лозим аст, ки салом додан нишонаи асосии одамгарист. Шояд омӯзгорону устодон аз мо норозӣ шуда, даъво пеш оранд, ки дар ин бобат ҳамвора бо хонандагон суҳбат меороянд, маҷлисҳои синфӣ, ҷамъомадҳои умумимактабӣ, машғулиятҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои иловагии беруназдарсӣ мегузаронанд. Дуруст, аммо чун аз рӯйи ин насиҳату андарз амал мекунанд, пас мебояд шеваю василаи муассири тарбияи ахлоқии хонандагонро ҷустуҷӯ, дарёфт ва дар сатҳи нав роҳандозӣ намуд. Мешавад, ки масоили ахлоқиро вобаста ба моҳияту ҳадафи мавзуъҳои дарсӣ дар машғулиятҳои таълимӣ низ хотиррасон кард. (Аз ҷумла, дар хусуси одоби салом, эҳтироми калонсолон, некиву наку­корӣ ва ғ…).

Дар ҳар сурат, хонандаи мактаб бояд эҳсос намояд, ки салом ва одоби баҷо овардани он аз рукнҳои асосии фарҳангу арзишҳои миллӣ ба шумор рафта, хусусияти умумибашарӣ дорад.

Муҷиби нигаронист, ки ба ҷо наовардани одоби салом дар байни иддае аз донишҷӯёни макотиби олӣ низ ба мушоҳида мерасад. Рӯзҳое, ки дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба сифати довар аз номинатсияи эҷоди наср иштирок доштем, дар роҳравҳои Китобхонаи миллӣ ва бештар дар даромадгоҳи он, ҳангоми ворид гардидан ё ба зарурате берун баромадан, анбуҳи довталабонеро дучор меомадем, ки саросемаю беқарор буданд ва дар ин миён, хусусан, донишҷӯён (асосан писарон) ба мо имкон надода, бо шитоб пеш гузашта, (салом додан як тараф истад!) аз дар мебаромаданд. Ҳол он ки дар назди онҳо шоирону нависандагони шинохта, олимону донишмандони маъруф, ки бархе солманд ва ба мӯяшон сафедӣ афтода буд, қарор доштанд ва дар чунин вазъ чорае надоштанд, ҷуз он ки тааммулу дирангро ихтиёр карда, мунтазир шаванд, ки кай онҳо аз дар мебароянду аз пасашон ин шахсиятҳои шинохта. Дар ин вазъ суоле дар мағзи кас ба пайдо меояд, ки оё дар донишкадаю донишгоҳҳо ба муҳассилин дар боби одобу фазилатҳои неку ҳами­даи инсонӣ мунтазам ҷаласаҳои тар­биявӣ ва суҳбат­ҳои муассир анҷом медода бошанд? Агар «ҳа» (мо мутмаинем, ки ингуна тадбирандешиҳо ҳар сари чанд вақт дар макотиби олӣ баргузор карда мешавад), пас натиҷаи умедбахши ин амалҳо чаро банудрат ба мушоҳида мерасад?

Мо ҳоло дар хусуси осори бадеии таълифкардаи шоиру нависандагони адабиёти классикии тоҷику форс, ба вижа, «Калила ва Димна», асарҳои панду насиҳатии Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Саъдии Шерозӣ («Гулистон»-у «Бӯстон»-и ӯ), Абдураҳмони Ҷомӣ («Баҳористон») ва ашъори баландғояи шоирони нобиға дафъатан чизе намегӯему аз ин дурдонаҳои баҳри бекарони адабиёт иқтибосоти фаровон ҳам намеорем, чун ин осор борҳо, такрор ба такрор чоп гардидаву дар таълимгоҳҳо, дар дарси адабиёти тоҷик омӯзонда мешавад.

Танҳо таъкид карданием, ки ба ҷо овардани салом инсонҳоро ба ҳам наз­дик месозад, тухми садоқату самимиятро дар мазраи дилҳо месабзонад ва ингуна дӯстию рафоқат ва ваҳдати байни одамонро қавию собит месозад.

Дӯсти зираке ҳамеша иброз медорад, ки дар ҳама вазъу ҳол салом додан ба одамонро на танҳо фарзу қарз, балки мояи ифтихору шараф медонад.

-Дар роҳи деҳа, хиёбону ҷодаҳои шаҳр, ҳатто ҳангоми ба автобусу троллейбус ва маршруткаю таксиҳо савор шудан ҳатман ба мусофирон салом медиҳам,-мегӯяд ӯ ва меафзояд, ки дигар хел рафтор карда наметавонам. Охир, бе салому алайк ба чашми одамон чӣ хел нигоҳ мекунам? Самимияти байни ин­сонҳо маҳз аз салом додан сарчашма мегирад.

Ҳамин тавр, мебояд дар идораву муассиса ва ташкилоту вазоратҳо ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кард. Зеро салом надодан намои беэҳти­ромист. Хусусан, вақте ки бо кореву зарурате ба ину он ниҳод ворид мегардед, аз дарбону котибаю дигар кормандони он дарку эҳсос кунанд, ки одоби саломро ба ҷо овардан аз ҷониби як ҳаммиллаташон моҳияти амиқу васеи гуманистӣ дорад ва ҳаргиз ба ин масъала беэътиноию нописандӣ набояд кард. Тасаввур кунед, ки шумо ба касе салом додеду ӯ посухи салом нагуфт. Магар шумо худро хиҷолатзада ҳис намекунед? Магар ба ғазаб намеоед? Ҷавоби саломро барнагардондан нисбат ба шахси саломдода як навъ таҳқир ҳам ҳаст.

Дар ҳар сурат, гумон мекунем, сар­оғози ғуруру кибр, ҳавобаландӣ ва аз рӯйи таъбири «санги ман – даҳ ман» амал кардан ҳамоно ба ҳамҷинси худ салом надодану беэътиноӣ зоҳир намудан аст.

Пас, биёед, бори дигар дар ин бобат амиқ тафаккур кунем ва бикӯшем, то насли наврас ва ҷавононро дар руҳияи эҳтиром ба солмандону мӯйсафедон, некию накукорӣ ва донистани қадри ҳамдигар тарбия кунем ва ба бетафовутию аз ҳам фосила гирифтани онҳо роҳ надиҳем.

Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»