Дар ҷомеа омӯзгороне ҳастанд, ки ҳастии хешро ба таълиму тарбия бахшидаанд ва як лаҳза худро аз таълиму тарбия дур тасаввур карда наметавонанд. Фаъолияти ин гуна омӯзгорон шоистаи ибрату пайравист. Омӯзгори физикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45-и ноҳияи Рӯдакӣ Азимхон Малахов аз ҷумлаи омӯзгоронест, ки таълиму тарбияи насли наврасро ҳадафи якумрии зиндагӣ ва сарнавишти хеш қарор додаанд. Мавсуф соли 1958 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шуда, хатмкардаи факултети физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Баъди хатми мактаб ба сифати омӯзгор дар мактаби №95-и ноҳияи Рӯдакӣ фаъолияти худро оғоз кардааст. Дар ин байн, солҳои 1982-1984 дар вазифаҳои корманди илмии ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур, муовини директори мактаби №95-и ноҳияи Рӯдакӣ кор кардааст. Соли 1990 барои хидматҳои шоистааш дар таълиму тарбия бо нишони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.
Ӯ имрӯз аз фаъолтарин омӯзгорони физика аст, ки ба нашрияҳои соҳавӣ ҳамкории қавӣ дорад ва пайваста нигоштаҳояш ба табъ мерасанд, ки дар онҳо вижагиҳои омӯзиши ин фанни ҳаётан муҳим шарҳу тавзеҳ бахшида шудааст. Вобаста ба омӯзиши фарогири фанни физика дар муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгори таҷрибаманду фидоӣ Азимхон Малахов суҳбате оростем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.
– Солҳои зиёдест, ки ба таълими физика дар муассисаҳои таълимӣ машғул ҳастед. Аз ин рӯ, нахуст дар бораи муҳиммияти омӯзиши фанни физика чанд сухан мегуфтед.
– Мусаллам аст, ки физика яке фанҳои бунёдӣ дар омӯзишу донистани падидаҳои табиат мебошад ва дар шаклгириву рушди ҷаҳонбинии илмии хонандагон нақши муҳим дорад. Хонандагон дарку маърифат мекунанд, ки афтиши ҷисм дар наздикии сатҳи Замин ва гардиши худи Замин дар гирди Офтоб тобеи ҳамон як қонун ба ҳисоб мераванд. Дар зеҳни хонанда бояд ҷой дод, ки қонуни дуюми Нютон бо он ки шакли сода дорад, шумораи зиёди рӯйдодҳо ва ба ҳаракати ҷисмҳо алоқамандро шарҳ медиҳад. Ё худ, падидаи индуксияи электромагнитӣ, ки Фарадей ошкор карда буд, дар рӯзгори имрӯзӣ аз кори чархаи неругоҳ то хурдтарин муҳаррику лавозимоти барқӣ нақши муассир дорад. Ҳамин аст, ки физика дар раванди омӯзишу парвариши хонандагон ҷойгоҳи вижа дорад. Дар зимн, омӯзиши фарогиру ҳамаҷонибаи ин фанни ҳаётан муҳим имкон фароҳам меорад, ки хонандагон ба ҳодисаҳои табиат ва воқеоти рӯзгор бо диди амиқ ва илмӣ мусоидат намоянд.
– Бо дастури Пешвои миллат солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид. Нақши ин ташаббусро дар рушди фанҳои бунёдӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Шоистаи таъкид аст, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои тибиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид ва ин иқдом омили муҳим дар рушду такомули омӯзиши физика дар муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад. Ин дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такони ҷиддие дар рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ ва ҳамзамон, роҳнамое гардид, то мақому ҷойгоҳи ин фанҳо дар сатҳи баланд қарор гирад. Метавон гуфт, ин ҳидояти Сарвари давлат барои мо, омӯзгорон, чароғи роҳнамо ва неруи такондиҳанда гардид ва акнун муаллимони ин фанҳо эҳсос мекунанд, ки то кадом андоза кори онҳо дар назди ҷомеа ва давлат арзишманд аст. Аз ин ҷост, ки мактабҳо бо омӯзгорони физика таъминанду омӯзишу тадрис такмил ёфтааст ва ҷунбише дар омӯзиши ин фан ба вуҷд омадааст. Дар зимн, тадриҷан муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннии дорои асбобҳои зарурӣ таъмин мегарданд. Тавре мегӯянд: «Шунидан кай бувад монанди дидан». Ба ҳамин маънӣ, вақте таҷрибаҳову намоишҳои имконпазирро пешкаши шогирдон мекунем, табиист, ки дарку фаҳмиши ин ё он падида дар зеҳну тафаккури хонандагон амиқтар ҷойгир мешавад. Дастрас намудани мактабҳо ба видеопроектору абзорҳои технологӣ, ба корбурди навгониҳои муосир, мисли интернету замимаҳои компютерӣ ба тақвияти омӯзиши ин фан такони ҷиддӣ мебахшад. Набояд фаромӯш кард, ки дар замони рушди бавусъати техникаву технология, дидгоҳи хонандагон низ ба ин масъалаҳо ба самти мусбат тағйир меёбад. Аз ин рӯ, омӯзгоронро зарур аст, ки ҳам аз техникаву технология бархурдор ва ҳам донишу ҷаҳонбинии пешрафтаи илмӣ дошта бошанд.
– Барои рангину ҷолиб гузаронидани дарсҳо ва шавқманд кардани хонандагон ба омӯзиши физика аз кадом роҳу шеваҳо метавон истифода кард?
– Замони Шуравӣ маҷаллаи «Физика в школе» ҳар моҳ дастраси муаллимони физика мешуд, ки барои беҳтар ва рангину шавқовар ба роҳ мондани дарсҳо маводи ҷолиберо пешниҳод мекард. Ҳамчунин, адабиёти илмиву методӣ ва дидактикӣ фаровон буд. Ҳоло мо маҷаллаи фаннӣ надорем, аммо маҷаллаҳои «Маорифи Тоҷикистон», «Маърифати омӯзгор», «Масъалаҳои методикаи таълим» ва ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба омӯзгорон ёрӣ мерасонанд. Барои шавқовару ҷолиб роҳандозӣ намудани дарс шахсияти шогирд бояд ба эътибор гирифта шавад. Яъне, ба қавли маъруф, бо хонанда бояд кори инфиродиро ба роҳ монд. Дар ҷараёни дарс лаҳзаҳоеро биофарем, ки хонандаро ба фикр кардан водор созад. Ба назари инҷониб, бояд ҷараёни дарс бо истифодаи аёният сурат бигирад. Ҳалли масъалаҳои ҷолиб, баргузории саволу ҷавобҳои гурӯҳӣ низ хеле муфиданд. Кори дигаре, ки шавқи шогирдонро ба омӯзиши физика зиёд мекунад, барномаҳои ғайридарсӣ мебошанд. Мо машғулияте дорем, бо номи «Заковат», ки ҳамасола дар нимсолаи дуюм дар муассиса ба роҳ монда мешавад. Барои пурмазмуну шавқовар сурат гирифтани барномаи мазкур аз қабл омода мешавем. Ин барнома монанди бозии телевизионии «Что? Где? Когда?» аст. Маълум мегардад, ки бо ин усулу шеваҳо таваҷҷуҳи хонандагон ба омӯзиши физика бештар мегардад ва дар ин роҳ нақши омӯзгор бузург мебошад. Умуман, барои кор бо хонанда ва дар дили онҳо ҷой додани меҳри омӯзиши фанни физика имкон фаровон буда, дар ин самт танҳо заҳмати содиқона бояд кашид.
– Дар ин замина, нақши озмунҳои ҷумҳуриявӣ, махсусан, «Илм — фурӯғи маърифат»-ро дар густариши омӯзиши физика чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Иқдоми дигаре, ки дар омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, ба вижа, фанни физика нақши муассир дорад, роҳандозии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» мебошад. Ин озмун имкон медиҳад, ки шогирдони боистеъдод, лаёқатманд аз мадди назар дур намонанд. Мегӯянд, як вақтҳо зиндаёд, академик Муҳаммад Осимӣ шахсан ба мактабҳо рафта, чунин шогирдонро пайдо мекардаанд. Ҳамин корро акнун дар доираи васеъ озмуни номбурда анҷом медиҳад. Мо бар ин боварем, ки мисли озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм — фурӯғи маърифат» низ ҳамасола маҳбубияти бештар дарёфт карда, барои хубтару амиқтар омӯхтани физика нақши мусбате хоҳад гузошт.
– Китобҳои дарсии физика то кадом андоза ҷавобгӯйи талаботи замонанд ва дар ҷараёни дарс истифодаи дигар воситаҳои аёниву таълимӣ чӣ нақш доранд?
– Даврони истиқлол имконият фароҳам овард, ки китобҳои дарсии худро дошта бошем. Акнун барои тамоми зинаҳои мактабӣ китобҳои дарсӣ мавҷуданд. Дар мавриди ҷавобгӯ будани китобҳои дарсӣ бояд гуфт, ки ҳанӯз номувофиқатиҳое байни китобҳои дарсӣ ва барномаи таълимӣ ҷой доранд. Масалан, боби «Электродинамика» дар китоби дарсии «Физика» (синфи 10) ҷой дода шудааст, дар ҳоле ки барномаи таълимӣ омӯзиши онро дар синфи 11 пешбинӣ кардааст. Омили дигари ташвишовар аз ҳисоби соатҳои физика дар синфҳои 10 ва 11 ҷудо кардани як соати дарсӣ барои омӯзиши астрономия мебошад. Замоне дар синфҳои болоӣ омӯзиши физика то чор соат ва астрономия як соат буд. Ҳоло шогирдони равияи умумӣ дар синфҳои болоӣ ҳамагӣ ду соат физика мехонанд. Паҳлуи дигари масъалаи зикршуда, набудани ягонагии корбурди вожаҳо — истилоҳоти илмӣ мебошад. Барои мисол, якҷо барқа, ҷойи дигар заряд, якҷо ҳарорат, ҷойи дигар температура, якҷо суди мошинҳо, ҷойи дигар коэффитсиенти кори фоиданок ва ғайра омадааст.
Дар мавриди истифодаи аёният болотар ёдовар шудем. Албатта, будани кабинети физика ва низоми кабинетӣ хуб аст, аммо ҳанӯз ба таври мукаммал дастрас нест. Соли гузашта як миқдор асбобҳои аёнӣ дастрасамон гардид, ки то андозае имкон медиҳад, дарсҳоро босамару шавқовар баргузор кунем.
– Ташаккур барои суҳбат.
– Саломат бошед.
Мусоҳиб
Насриддин ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»