ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД, СИФАТИ ТАЪЛИМ БАЛАНД МЕГАРДАД

Соли 2024 барои тамоми сокинони ВМКБ, хусусан, ҳайати профессорону устодон, кормандон ва донишҷӯёну магистрантони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев соли хотирмон ва файзбор ба ҳисоб меравад. Зеро дар ин сол сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ ба вуқуъ пайваст, ки барои рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти минтақа такони ҷиддӣ бахшид. Боиси ифтихор аст, ки сафарҳои кории Пешвои муаззами миллат, муҳ­тарам Эмомалӣ Раҳмон дар ду соли охир ба ВМКБ файзу эҳсони тоза ва баракату нусрати таърихиро эҳдо намуд. Ба истифода додани корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ, биноҳои маишию хизматрасонӣ, муассисаҳои таълимию томактабӣ, муосирсозии инфрасохтори шаҳру ноҳияҳо, хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти ҳарбӣ дилгармии мардумро ба фардо бамаротиб афзун намуд. Симои шаҳру ноҳияҳо ва марказҳои маъмурӣ ҳусну таровати хосро соҳиб гашт. Хушнудию хурсандии мардум ҳадду канор надошт, зеро меҳрубонию ғамхории Роҳбарияти олии мамлакат ба сокинони вилоят ва баҳои баландро соҳиб гаштани мардум рӯйдоди таърихӣ ба ҳисоб меравад. Шоистаи таъкид аст, ки дар ду соли охир 10 нафар устоди донишгоҳ низ дар қатори дигар хизматчиён ва сокинон соҳиби хонаҳои истиқоматии хидматӣ дар шаҳри Хоруғ гардиданд.

— Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев ягона боргоҳи илму ҳунар дар ҳудуди ВМКБ ба ҳисоб рафта, аз таваҷҷуҳу меҳрубониҳо ва дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳра мегирад. Донишгоҳ худ меваи истиқлол буда, маҳз бо азму талош ва ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1992 таъсис ёфтааст, — зикр кард зимни суҳбат ректори донишгоҳ Комилбек Амид Ёрбек. — Фаъолияти донишгоҳ рӯйдоди муҳим ба ҳисоб рафта, аҳамияти бузурги сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ дошта, ҳамчун маркази илмӣ-маърифатӣ, неруи зеҳнӣ-илмиро муттаҳид намуда, ба ташаккули кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва пешрафти соҳаҳои дигари хоҷагии халқ мусоидат намуд. Чун боргоҳи илмию маърифатӣ ва фарҳангӣ омили пешрафти ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаи кӯҳистон гардида, барои тарбияи ахлоқӣ, ташаккули худшиносии миллӣ, тақвияти маънавиёт ва маърифати аҳли ҷомеа заминаи устуворро фароҳам овард.

Фаъолияти 32-солаи донишгоҳ собит намуд, ки иқдоми наҷиб ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тайёр намудани мутахассисони касбии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва рушди вилоят аҳаммияти бузург дорад. Дар ин муддат донишгоҳро зиёда аз 20 ҳазор нафар хатм намуданд, ки имрӯз дар соҳаҳои мухталиф ва ҳаёти ҷамъиятии кишвари азизамон – Тоҷикис­тон софдилонаву содиқона кор мекунанд.

Мусаллам аст, мо дар асре зиндагию фаъолият дорем, ки давраи пешрафти босуръати илму техника ва технологияи навин, пайдоиш ва пешрафти самтҳои нави илм ва дар маҷмуъ, табаддулоти ҷиддии илмиву техникӣ буда, сатҳи омӯ­зиш ва дар амал татбиқ кардани онҳо дар навбати аввал аз фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсили хубу босифати ҷавонон вобаста аст. Дар чунин шароит талабот ба фарогирии маърифату дониш торафт ҷиддӣ гардида, илм рӯз ба рӯз ба манбаи арзишманд ва сермаҳсули зиндагии аҳли башар табдил меёбад. Ҳамзамон, дар ҷаҳони муосир илму дониш ба сифати яке аз сарчашмаҳои асосии пешрафти ҷомеа табдил ёфта, аҳамияти муҳим пайдо карда истодаст.

Ба хотири таҳсили босамари донишҷӯён ва босифат тайёр намудани мутахассисони баландпоя дар донишгоҳ тамоми шароити таълимӣ, тарбиявӣ ва зист муҳайё карда шудааст. Раёсати донишгоҳ барои тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи имрӯзаи соҳаҳои муҷтамеи агросаноатии ҷумҳурӣ тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст ва дар оянда низ тамоми неруи худро баҳри ин мақсад равон менамояд.

Донишгоҳ дорои 9 факултет буда, аз рӯйи 68 ихтисос дар шуъбаи рӯзона, ки аз онҳо 24 ихтисоси омӯзгорӣ ва 27 ихтисоси соҳавӣ, дар шуъбаи фосилавӣ аз рӯйи 17 ихтисос, ки аз онҳо 8 ихтисоси омӯзгорӣ ва 9 ихтисоси соҳавӣ мебошад, мутахассисони дорои маълумоти олии зинаи бакалавр, мутахассис дар зинаи магистратура аз рӯйи 25 ихтисос ва дар зинаи доктор (PhD) тайёр карда истодааст. Дар дониш­гоҳ айни ҳол 2448 нафар донишҷӯ таҳсил дошта, ба онҳо 529 нафар омӯзгор таълиму тарбия медиҳанд.

Бо мақсади ба низом даровардани раванди таълим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва донишазбаркунии донишҷӯён ва ба талаботи бозори меҳнат мувофиқ гардонидани равияю ихтисосҳои донишгоҳ, ҳамчунин, хубтару беҳтар намудани корҳои ташкилӣ, таълимию методӣ кормандон корҳои зиёдро амалӣ намуданд.

Натиҷаи сессияҳои зимистона ва тобистонаи соли 2024 нишон дод, ки сатҳи донишазхудкунӣ дар сессияи зимистона 97,62% ва дар сессияи тобистона 97,9%-ро ташкил дода, сифати таҳсил мутаносибан 44,2 ва 44,7%-ро ташкил медиҳад. Муқоисаи нишондиҳандаҳои сифатӣ нисбат ба соли 2023 2.8% афзун гардидааст. Сифати таҷрибаомӯзӣ нисбат ба солҳои гузашта беҳтар гардида, донишгоҳ бо мақсади таъмини макони таҷрибаомӯзӣ бо корхонаву муассисаҳои таълимӣ шартномаҳо баста, ҳамаи намуди таҷрибаомӯзиҳоро ба роҳ мондааст.

Фаъолияти босамари комиссияи қабул ва беҳтар гардидани шароити таҳсил дар донишгоҳ имкон дод, ки соли ҷорӣ, дар маҷмуъ, ба курси аввали гурӯҳҳои академикии зинаи таҳсилоти бакалавр 663 нафар ва 233 нафар довталаб ба таври фосилавӣ дохил шуданд. Қабули писарон ва духтарон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ дар соли таҳсили 2024-2025 дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва берун аз он, дар маҷмуъ, 69 нафарро ташкил медиҳад. Мувофиқи қоидаҳои қабул, барои идомаи таҳсил ва таҳсилоти олии дуюм мувофиқан 86 нафар (шартномавӣ), ки аз инҳо 23 нафар маълумоти дуюм, 63 нафар идомаи таҳсилро (фосилавӣ ва ғоибона, шартномавӣ) дар бар мегиранд, қабул карда шуданд.

Дар баробари ин, соли 2024 донишгоҳро 665 нафар бомуваффақият хатм намуда, ба истеҳсолот равона карда шуданд. Шумораи гирандагони дипломи аъло дар зинаи бакалавр 30 нафар ё 5% ва зинаи магистратура 18 нафар ё 37%-ро ташкил дод.

Бояд қайд намуд, ки донишгоҳ дар таъмини муассисаҳои таълимии дигар минтақаҳои ватанамон бо устодони ботаҷриба аз ҳисоби хатмкунандагон саҳмгузор мебошад. Соли ҷорӣ, дар маҷмуъ, 20 нафар хатмкунандаи донишгоҳ дар доираи шартномаҳои чорҷониба ба ноҳияи Рашт сафарбар карда шуданд. Илова бар ин, ба мактабҳои Ҷамоати деҳоти Язғуломи ноҳияи Ванҷ низ хамкунандагон барои фаъолияти омӯзгорӣ равона гардиданд.

Масъалаҳои рушди илму пажуҳиш, таҳияи китобҳои дарсӣ, асарҳои илмӣ, ҷал­би бештари ҷавонон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, тайёр намудани кадрҳои илмӣ яке аз масъалаҳои меҳварии раёсати донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Дар ин радиф, барои суръат бахшидан ба ин самт «Нақ­шаи дурнамои корҳои илмӣ–тадқиқотии донишгоҳ барои солҳои 2023–2027» ва «Нақшаи дурнамои тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев барои солҳои 2021-2030» тасдиқ карда шуда, мавриди амал қарор доранд.

Ҳайати профессорону омӯзгорон, ходимони илмӣ, докторантҳо ва унвонҷӯёну муҳаққиқони донишгоҳ аз рӯйи 21 самт ва 32 мавзуи илмӣ, инчунин, аз рӯйи 2 мавзуи фармоишӣ корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мебаранд.

Базаи моддӣ-техникии донишгоҳ дар доираи нақшаи рушди донишгоҳ давра ба давра беҳтар гардида истодааст. Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ дар доираи «Барномаи рушди таҳсилот» ва «Барномаи мақсадноки рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2021-2025» ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам гардидани пойгоҳи моддию техникӣ, даст­гоҳу таҷҳизоти иттилоотию коммуникатсионӣ дастрас гардид. Пойгоҳи моддию техникии донишгоҳ низ сол аз сол таҳким ёфта, айни ҳол дар донишгоҳ 11 озмоишгоҳу марказҳои илмӣ-таълимӣ, 6 синфхонаи компютерӣ, 2 маркази тестӣ, 2 маркази инноват­сионӣ, маркази таълимӣ-фарҳангии Ҳиндустон ва Россия, 1 толори инноватсионӣ барои баргузории семинару конференсияҳо бо 50 ҷойи нишаст, як толори лексионии дорои 80 ҷойи нишаст, як кабинети лингофонӣ, 6 лабораторияи таълимӣ бо 443 компютер, 77 ноутбук, 32 моноблок, 130 принтер, 49 проектор, 24 тахта электронӣ, 14 телевизиони калонҳаҷм, 13 сканер, 110 камераи мушоҳидавӣ дар хизмати устодону магистрантон ва докторантону унвонҷӯён баҳри пажуҳиши самарабахш намудан қарор доранд. Соли ҷорӣ китобхонаи илмии донишгоҳ пурра азнавсозӣ карда шуда, шароити хизматрасонӣ ва дастрасӣ ба китобҳо муосир кунонида шуд. Ҳамзамон, дар махзани китобхона зиёда аз 102 ҳазор ва зиёда аз 40 ҳазор нусхаи электронии китобҳо ва маводи таълимию илмӣ маҳфуз дошта шудааст. Дар назди факултети забонҳои хориҷӣ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон синфхонаи лингофонӣ муҷаҳҳаз ва ба истифода дода шуд. Ҳамин тавр, сатҳи мустаҳкамшавии пойгоҳи моддию техникӣ давра ба давра рушд ёфта истодааст, ки 90 фоизи озмоишгоҳу марказҳо дар солҳои 2022-2024 ба истифода дода шудааст.

Ҳамзамон, тамоми синфхонаҳо ва озмоишгоҳҳои илмию таълимӣ бо камераҳои назоратии шунавоӣ таъмин карда шуд, ки барои баланд бардоштани таълиму низоми иҷрои масъулияти устодон мусоидат менамояд. Барномаи рақамикунонии тамоми раванди фаъолияти сохторҳои донишгоҳ рӯйи кор оварда шуда, бо воситаҳои иттилоотию иртиботӣ таъмин ва бонки маълумотҳо марказонида шуда истодааст. Ин бевосита барои фаъолияти босамари устодон, донишҷӯён ва кормандони сохторҳо такон бахшида, натиҷаҳо бо рақамҳо ишора карда мешаванд.

Самти афзалиятноки инкишофи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи илм ва маориф мебошад. Вобаста ба ин, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос яке аз вазифаҳои муҳимми раёсати донишгоҳ ба шумор меравад. Айни замон дар донишгоҳ ба ҳайси унвонҷӯ дар назди кафедраҳои тахассусии донишгоҳ 125 нафар дар зинаи магистратура, 173 нафар аз рӯйи 21 ихтисос ва зинаи докторантура (PhD), 38 нафар аз рӯйи 12 ихтисос ва докторантураи анъанавӣ, 7 нафар аз рӯйи 6 ихтисос таҳсили илм ва корҳои илмӣ – тадқиқотӣ дар асоси мавзуъҳои илмии тасдиқгардида фаъолият доранд.

Соли 2024 1 нафар рисолаи докторӣ ва 4 нафар рисолаи номзадиро ҳимоя намуда, 1 нафар рисолаи докторӣ ва 4 нафар рисолаи номзадиро барои ҳимоя пешниҳод карданд, ки ин нишонаи мустаҳкамшавии неруи зеҳнии донишгоҳ аст.

Донишгоҳ бо зиёда аз 30 донишгоҳи хориҷӣ ҳамкориҳои судманд дорад. Ҳамчунин, соли 2024 байни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев ва Муассисаи таҳсилоти олии давлатии федералии Донишгоҳи давлатии гуманитарии Россия, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Донишгоҳи Севилияи Испания, Донишгоҳи Залсбурги Австрия ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст.

Дар доираи ҳамкориҳо ва созишномаҳо, дар соли ҷорӣ 55 нафар устоду 2 нафар донишҷӯ барои иштирок дар семинарҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисос ба давлатҳои хориҷӣ сафар намуданд. Ду донишҷӯ дар доираи ҳаракати мобилӣ дар давлатҳои Австрия ва Ҳиндустон таҳсил намуданд. Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо донишгоҳҳои Қазоқистону Олмон ҳамкориро ба роҳ монда, ба «Шабакаи донишгоҳҳои устувор дар Осиё» — SLUN дар ҳамкорӣ бо барномаи СММ дохил шуд.

Раёсати донишгоҳ якҷо бо ҳайати профессорону устодон бо мақсади вусъат додани фаъолияти минбаъдаи хеш дар самтҳои татбиқи стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар ояндаи наздик кору пайкори назаррасро дар самти зиёд намудани кадрҳои илмӣ, илмӣ-педагогӣ аз ҳисоби ҷавонон, гузаронидани пажуҳишҳои мақсаднок оид ба мавзуъҳои муосири ҳимоятгари манфиатҳои миллӣ, иқтисодиёти сабз, иқтисодиёти рақамӣ, рушди сайёҳӣ, осори таърихӣ-адабӣ ва вобаста ба терроризму экстремизм ва роҳҳои паст намудани ифротгароӣ, таҳияи китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, монографияҳо бо забони давлатӣ, кушодани ихтисосҳои нави мутобиқ ба бозори меҳнат, ҷалби бештари довталабон ба ихтисосҳои роиҷи донишгоҳ, баланд бардоштани сифати таълим, тайёр намудани мутахассисони соҳибкасби ба бозори меҳнат рақобатпазир, бо дастгирии мақомотҳои дахлдор вусъати корҳои созандагию бунёдкориро роҳандозӣ намояд.

– Устодону донишҷӯёни донишгоҳ, кулли кормандони ин боргоҳи илму маърифат тамоми донишу таҷриба ва кӯшиши худро ба он равон менамоянд, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сифати баланд дар амал татбиқ гарданд, — зикр кард дар охир ректори донишгоҳ Комилбек Амид Ёрбек.

Эҳсон САФАРЗОДА,
«Омӯзгор»