Бобоҷон Ғафуров яке аз чеҳраҳои бонуфузи сиёсӣ, адабӣ ва фарҳангии халқи тоҷик буда, маҳбуби ҳамагон гардидааст. Нуфузи Бобоҷон Ғафуров дар замони Истиқлол бамаротиб афзуд ва бо Фармони Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8-уми сентябри соли 1997 ба ӯ унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
Дар байни осори аллома китобҳои «Таърихи халқи тоҷик» ва «Тоҷикон» мақоми хос доранд, ки ба тоҷикӣ ва русӣ нашр шудаанд. Бо ташаббус ва зери таҳрири ӯ танҳо бо забони англисӣ қариб 30 асар дар мавзуъҳои муҳимми таърихи мамлакатҳои Шарқ нашр гардидааст. Дар маҷмуъ, қариб 400 асару мақолаи Бобоҷон Ғафуров оид ба таърихи халқи тоҷик ва таърихи умумиҷаҳонӣ дар нашрияҳои гуногуни дунё – Деҳлӣ, Берлин, Рим, Теҳрон, Афина, Кобул, Париж, Қарочӣ, Варшава бо теъдоди зиёд ба табъ расидаанд.
Шоҳкори Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» (1972, ба русӣ) аст. Он замон навиштани чунин асар кори саҳл набуд. Тавлиди ин китоб даъвоҳои беасоси душманони миллатро аз реша канд, тоҷиконро чун халқи соҳибтамаддун бо ҷомеаи ҷаҳон ошно сохт. Бобоҷон Ғафуров исбот кард, ки тоҷикон қадимтарин халқи Осиёи Миёна ва ориёиянд. Дар асар марҳалаҳои асосии ташаккул ва рушди тамаддуни тоҷикон, аз ҷумла, адабиёту санъат ва илму фалсафаи Аҷам зикр шудааст.
Аллома Бобоҷон Ғафуров барои навиштани шоҳасари «Тоҷикон» зиёда аз 2000 сарчашмаи дохилӣ ва хориҷӣ, монография, брошюра ва мақолаи илмиро истифода кардааст.
Шоири машҳури Покистон Файз Аҳмади Файз соли 1978 мазори Бобоҷон Ғафуровро зиёрат карда, чунин гуфта буд: «Ин фарзанди бузурги тоҷик дар асл фарзанди бузургтарини Машриқзамин мебошад».
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5-уми декабри соли 2023 дар Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 115-умин солгарди зодрӯзи аллома ба корномаи илмиву ҷамъиятиаш баҳои баланд дода, иброз намуданд, ки: «Бобоҷон Ғафуров аз миёни ходимони давлатӣ ва арбобони илми тоҷик дар баробари муайян ва собит намудани мақому манзалати таъриху дастовардҳои арзишманди давлатдории тоҷикон, дар тарғиби илму фарҳанги Машриқзамин дар арсаи ҷаҳонӣ ба пояи баланд расонидааст. Ӯ тамоми ҳаёти худро ба таҳқиқу омӯзиши таърихи давлатдории миллати куҳанбунёди тоҷик бахшида, дар тӯли фаъолияти пурбаракати хеш на фақат таърихи комили тоҷиконро ба вуҷуд овард, балки дар таҳқиқи бисёр халқҳои Машриқзамин саҳми арзанда гузошт».
Оид ба ҳаёт ва фаъолияти илмӣ-сиёсӣ ва давлатии Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби шогирдонаш ва олимони намоёни кишварҳои хориҷӣ асарҳо навишта шудаанд, ки дар онҳо ҷабҳаҳои гуногуни корномаи ин марди бузург инъикос ёфтаанд.
Ин ҷо мо чанде аз андешаҳои бузургони илму адаб ва сиёсатро дар бораи ин шахсияти бузурги таърихӣ меорем:
Индира ГАНДИ,Сарвазири Ҳиндустон: «Шахси ҳамаҷониба бомаърифат, бағоят маданӣ, равшанфикри комил ва инсони ниҳоят самимӣ – чунин як таассурот аз мулоқотам Бобоҷон Ғафуров дар қалби ман нақш бастаанд».
Мао Сзе ДУН,раиси КМ ПК Хитой: «Ман аз суҳбат бо директори Институти шарқшиносии ИҶШС Бобоҷон Ғафуров хеле шоду мамнун гардидам ва аён шуд, ки ӯ на танҳо олим, балки сиёсатмадори нуктасанҷ ҳам ҳаст».
Садриддин АЙНӢ,Қаҳрамони Тоҷикистон: «Таърихи мухтасари халқи тоҷик»-и рафиқ Бобоҷон Ғафуров қадами ҷиддӣ дар роҳи дарк ва баррасии илмии гузаштаи ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии Осиёи Миёна, пеш аз ҳама, тоҷикон аст».
Ростислав РИБАКОВ,директори Институти шарқшиносии АИ Россия, доктори илмҳои таърих: «Бобоҷон Ғафурович Ғафуров, дар ҳақиқат, инсони аср буд. Ин дар он замоне буд, ки ибораи яке аз сиёсатмадорони маъруфи ҳамон солҳо вирди забонҳо буд. Бобоҷон Ғафуров корҳои зиёдеро анҷом додааст, то ин ки сиёсати кишвари мо бо ба ҳисоб гирифтани омилҳои шарқӣ бунёд гарданд. Шарқ моро дар хотир дошт. Дар даврони фаъолияти Б. Ғафуров сохторҳои нави институт поягузорӣ шуданд, нашриёти «Адабиёти Шарқ» созмон ёфт. Шахсан ӯ маро инсони хушбахт гардонд».
Чингиз АЙТМАТОВ,Нависандаи халқии Қирғизистон: «Бобоҷон Ғафуров бузургтарин симои илми ҷаҳонӣ буда, бо ҷустуҷӯҳои доманадор, бо ғурури баланди худшиносӣ ва талошу орзуҳо тавонист миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни хеш – тоҷиконро дар саҳфаи таърихи ҷаҳон муаррифӣ созад. Дар солҳои фаъолияти ӯ (дар давраи интернатсионализми байналхалқӣ) навиштани китоби «Тоҷикон», бешак, қаҳрамонист. Ман гумон мекунам, ки на ба ҳама муҳаққиқ таълифи чунин шоҳасар насиб мекунад».
Владимир АПЛАТОВ,профессор: «Дар мавриди шахсият ва роҳбарии Бобоҷон Ғафуров дар Институти шарқшиносии Шуравӣ сухан мерафт ва сухангӯ хонум Ф. А. Тодер буд. Яке аз олимони хориҷӣ ногаҳон савол дод: «Чаро дар садри Институти шарқшиносӣ Бобоҷон Ғафуров меистад ва ӯ аз кадом зовия ба ин мартаба мувофиқ аст?» (он замон ҳанӯз китоби «Тоҷикон» чоп нашуда буд). Ӯ посух гуфт ва посух бисёр дақиқ буд: «Ғафуров ҳакими Шарқ аст ва маҳз чунин шахсият дар садри институт зарур мебошад».
Вилям ПОМРОЙ,муҳаққиқ ва нависандаи машҳури америкоӣ: «Муддати тӯлонӣ Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС-ро марҳум академик Бобоҷон Ғафуров – зодаи Тоҷикистон сарварӣ мекард. Ман ёд дорам, ки ӯ бо хислати бурдборӣ ва нармдилию самимияти худ фарқ мекард. Бобоҷон Ғафуров мутахассиси барҷаста оид ба таърих ва сиёсати кишварҳои Осиё, муборизи роҳи озодӣ, рушди иҷтимоиву иқтисодии Шурави буд».
Иржи БЕЧКА,шарқшиноси маъруфи чех: «Бобоҷон Ғафуров, дар ҳақиқат, як марди бисёр қавӣ ва бисёр доно буд. Тақрибан дар соли 1967 дар Париж як конфронс ташкил шуда буд, дар бораи таърихи Осиёи Миёна ва Бобоҷон Ғафуров раиси ин сессия шуд. Ва ман дидам, чӣ тавр моҳирона ин мард ба ин сессия роҳбарӣ ва гуфтугузорҳоро раҳнамоӣ мекард. Дар ин сессия тақрибан 30 олим аз ҳар куҷои дунё ҳузур доштанд ва ҳар якеро Ғафуров итминон мебахшид, ки Осиёи Марказӣ низ маншаи таъриху тамаддун аст».
Муҳаммад Нурӣ ОСМАНОВ, мудири шуъбаи Институти шарқшиносии АИ ИҶШС, доктори илми филология, профессор: «Ба андешаи ман, муболиға намешавад, агар бигӯям вусъати хиради давлатии Бобоҷон Ғафуров ва ҷасорати вай на танҳо маҳсули ҷумҳуриявӣ ва тоҷикӣ дошт, балки он умумидавлатӣ ва умумииттифоқӣ буд».
Борис ЛИТВИНСКИЙ,академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Хушбахтона, ба ман муяссар гардид, ки дар паҳлуи Бобоҷон Ғафуров дар давоми ду даҳсола, яъне, дар тӯли тамоми сарварии ӯ дар Институти шарқшиносии АИ ИҶШС дар Маскав кор кунам. Дар ин солҳо маро ҳамкории шахсӣ дар инкишофи робитаҳои илмии байналхалқии институт мепайваст. Ва ин вазъ ба ман имкон медод, ки фаъолияти ӯро аз наздик дар чаҳорчӯбаи ҳам институт ва ҳам хориҷ аз Иттиҳоди Шуравӣ дар созмонҳои байналхалқӣ мушоҳида кунам. Академик Ғафуров ҳамеша ба инкишофи робитаҳои байналхалқӣ ва ҳамкории байникишварҳо аҳамияти бузург медод ва ман ба хулосаи қатъӣ омадам, ки ин равияи корро ӯ аз ҳама корҳои дигари худ бартару заруртар мешумурд. Яке аз натиҷаҳои чашмраси ӯ дар Маскав гузарондани Кунгураи байналмилалии шарқшиносӣ дар моҳи августи соли 1960 буд. Ба дунболи он дар соли 1964 ӯ олимони Шуравиро дар Кунгураи шарқшиносони Ҳинд сарварӣ кард. Дар соли 1973 бошад, ба ҳайси сарвари ҳайати хеле калони олимони Шуравӣ дар кори Кунгураи ҷашнии шарқшиносон дар Порис ширкат намуд. Дар кунгураи Порис Бобоҷон Ғафуров ноиб–президенти Иттиҳодияи байналхалқии шарқшиносон интихоб гардид».
Ричард ФРАЙ,таърихнигори америкоӣ: «Беназирии академик Fафуров дар таҳқиқи масъалаҳои илмии марбут ба Осиё на танҳо аз он аст, ки ӯ фарзанди миллати тоҷик аст, балки ӯ директори Институти ховаршиносии АИ ИҶШС – бузургтарин маркази ховаршиносие низ мебошад, ки таҳти раёсаташ дар кӯтоҳтарин муддат муваффақиятҳои гӯшношунидро ноил гашт. Агар зарурати тарҷумаи англисии ягон асари русӣ доир ба мавзуи Осиёи Марказӣ пеш ояд, бешак, он «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров аст».
Назаршо ДОДХУДОЕВ,раиси собиқ Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон: «То соли 1930 сарварии КМ ПК Тоҷикистонро Ҳусейнови озорбойҷонӣ, солҳои 1930-1933 Бройдои яҳудӣ, 1937-1938 Шодунси арманӣ, Ӯктам Ашурови узбек ва то соли 1946 Протопопови рус ба уҳда доштанд. Дар соли 1946 рафиқ И. В. Сталин фармон дод, ки дар Тоҷикистон сарвари сиёсиро ба тоҷики маҳаллӣ иваз намоянд ва пешниҳод намуд, ки ба вазифа шахси дорои маърифати баланди илмӣ, фарҳангӣ ва донишманд пешбарӣ шавад. Ин шахс бояд дорои маҳорати ташкилгарӣ бошад ва тавонад мардумро муттаҳид созад, сарвари ҳақиқӣ бошад, манфиатҳои тамоми халқи тоҷикро ҳимоят намояд. Дар он замон шахси ягонае, ки ба ин талабот метавонист ҷавоб диҳад, албатта, Бобоҷон Ғафуров буд. Ӯ бо як овоз Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон интихоб гардид».
Темур ПӮЛОДОВ,Нависандаи халқии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон: «Ба ин маъно, ки гӯё ӯро барои тоҷикони аз хотирҳо фаромӯшшуда, барои дар сафҳаҳои таърихии башарият боқӣ мондан даъват карда бошанд, яъне, айнан дар ҳамон вақту замон таваллуд ёфтани Бобоҷон Ғафуров низ тасодуфӣ набуд. Ӯ тавонистааст, ки бо замони муосир ва тағйироти босуръати он дар пояҳои пошхӯрии давлатдорӣ на танҳо ба саргузашти тоҷикон, балки дар маҷмуъ ба таърих ҳамчун объект ва шакли ҳастии инсон назар афканад. Ин донишманд тавонист дар шоҳасари худ «Тоҷикон» таърихи қадимтарин, куҳан ва асримиёнагии халқи худро бо низому тартиб ба риштаи таҳрир кашад ва фирдавсивор ҳама жанрҳои зиндагӣ – шаклҳои моддию маънавии онро ба ҳам орад».
Умеда АЛИМОВА,
омӯзгори забон ва адабиёти гимназия-парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафуров