Бузургустоди «Омӯзгор»

Чун аз овони мактабхонӣ рӯзномаи «Маориф ва маданият» (ҳоло ҳафтаномаи «Омӯзгор»)-ро варақ мезадам (аз устодонам дастрас мекардам), номи аксар кормандони он, аз ҷумла, устод Дорои Дӯст аз он ҳангом бароям ошно буд. Ҳар навиштаашонро бо таваҷҷуҳ мехондам, меписандидам… Бо гузашти айём ба нашрияи «Омӯзгор» барои кор даъват шудаму наздик ба ҳафт сол ҳамкорӣ бо эшон насибам гашт. Тақрибан панҷ сол дар як дафтар фаъолият доштем. Устод хеле кам гап мезаданд, аксаран ба таҳриру мутолиа машғул мешуданд. Ба пурсишҳои мо низ хеле фишурда, вале бо далелҳои ҷолиб, бо овардани ҳикматею андарзе посух мегуфтанд. Аммо як мавриди истиноӣ мавҷуд буд: чун сухан аз миллату таърихи он ва аз Ватану ватандорӣ мерафт, устод гӯё дармегирифтанд ва аз он Дорои Дӯсти оромтабиат асаре боқӣ намемонд. Вале чун аз ҳодисаи хушоянду гуворое вобаста ба комёбиҳои Ватан ва фарзандони он дарак меёфтанд, мешукуфтанд, табассуми кампайдо ҳамоно зуҳур андар лабонашон мекард ва зери лаб мегуфтанд: «Ана, ин гапи дигар». Ва рӯй ба ман меоварданд:

–Писар, дар ин бора, албатта, бинависед чизи нағз бинависед. Устод собиқадору фидокори ҳафтаномаи «Омӯзгор» буданд. Дар идораи ин нашрия 42 сол (1965-2007) кор карда, пасон бознишаста шуданд…

Соли равон чаҳор бор ба аёдати устод рафтам: се бор танҳо ва боре бо сармуҳаррири «Омӯзгор» Эҳсон Сафарзода. Бо сармуҳаррир ба муносибати фарорасии Наврӯзи ҷаҳонафрӯз ба ҳузури устод расидем. Моро гарм пазируфтанд. Ҳамдигарро бо ҷашни фархундаи бостониамон табрик гуфтем. Устод дардманду хаста ба назар менамуданд, аммо чун аз Наврӯз сухан ба миён овардем, дурахше дар чашмонашон, осори нишоте дар чеҳраашон падид омад. Эҳсос мешуд, ки сухани гуфтании зиёде ба дил доранд, вале хастагию тангнафасӣ имконашон намедиҳад, ки дил холӣ бикунанд. Канда-канда, дам гирифта-дам гирифта гуфтанд, ки Наврӯз фархундатарин ҷашни миллат аст, ҷашни қаҳрамон аст ва дар эҳёи он дар солҳои 60-уму 70-уми садаи бист нашрияи «Омӯзгор» хидматҳои мондагор кардааст. Истиқлоли давлатӣ ба Наврӯз дар Тоҷикистон ҷилои тоза бахшид, ҷашни байналмилалӣ шуд Наврӯзи мо.

Бори охир миёнаҳои моҳи ноябр ба ҳузури устод расидам. Янгаи азиз гуфтанд, ки устод беморанду бистарӣ. Ҳозир хабари омадани шуморо мерасонам, кани чӣ мегӯянд. Ман дар хонаи дигари устод менишастам. Пас аз чанд лаҳза янга паёмам расонданд, ки устод ба наздатон хоҳанд омад. Тақрибан даҳ дақиқа интизор шудам. Устод андак-андак ларзида, вориди хонае шуданд, ки ман менишастам. Чеҳраашон коҳида, нигаҳашон хира, миёнашон хамида.

— Э, Абдурауф-ку, — гуфтанд устод ва даст ба сӯям дароз карданд. Устодро ба оғӯш гирифта, ба нишастанашон мадад расондам. Аз ҳамдигар аҳволпурсӣ кардем. «Аҳволи ҳамкоронат чӣ тавр? «Омӯзгор» чӣ ҳол дорад?»- пурсиданд устод ва чун ҳамешагӣ ба забон оварданд: «Чӣ навигариҳо?» Ман каме дар бораи ҳамкорон ва муҳтавои шумораҳои охири ҳафтаномаамон ба устод нақл кардам ва се нусха аз китоби тозанашри «Замоне бо «Омӯзгор»-ро ба дасташон додам. Ин китоб, ки бо ибтикори сармуҳаррир чоп шуд, як навъ сипосномаю арҷгузорие буд ба хидматҳои пурарзиши як гурӯҳ собиқадорони ҳафтанома, ки хушбахтона, дар қайди ҳаётанду давлати пирӣ доранд. Устод тавзеҳи мухтасари маро аз хусуси феҳристи китоб бо диққат шуниданду арзи сипос ба аҳли ҳафтанома, ба сармуҳаррири он карданд ва китобро бӯиданду ба дида молиданд ва ин байтро ба забон оварданд:

Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз,
То азизи дигарон гардӣ ту низ.

Дар идомаи суҳбат устод аз лаҳзаҳои фаъолияташон дар «Омӯзгор», аз таърихи чопи баъ­зе мақолаҳои «ҷангҷолӣ», аз ҷасоратмандиҳои сармуҳаррири шуҳратёри нашрия Бӯринисо Бердиева, аз нақши аҳли ҳафтанома дар таҳияи аввалин Қонуни забони давлатӣ (с. 1989), аз дӯстии бардавомашон бо устодон Лоиқу Бозор Собир… ёдовар шуда, «Ёд бод он рӯзгорон, ёд бод» гуфтанд. Қатраҳои ашк аз чашмонашон мерехт.

— Биё, ба хонаи дигар мегузарем, ба хонаи кории ман, китобҳои маро – бузургтарин дороиҳои маро мебинӣ,- даъват карданд устод. Ман устодро сабук ба оғӯш гирифта, барои то хонаи дигар гузаштанашон мадад расондам. Хонаи кори устод пуропури китоб буд. Устод гуфтанд, ки ин китобҳоеянд, ки ман дар давоми умр барчида кардаам. Ҳама китобҳои хуб, ганҷинаи хирад, беҳтарин дӯстони ман. Бо онҳо ман то ҷое дарди танҳоиямро мешиканам, ба сайри олами маънавӣ меравам. Солҳои охир бештар осори устод Айнӣ ва андарзномаи Конфутсийро батакрор мутолиа мекунам. Мехоҳам, ки китоб хонаму китоб хонам, лекин неру таркам карда.

— Биё, камтар шинему ба рафи китобҳо нигарем, — хоҳиш карданд устод.

Мо, ҳар ду, ба курсиҳо нишаста, лаҳзае чанд хомӯш ба қатор-қатор китоб нигаристем. Банди андеша устод зери лаб пичиррос заданд: — Ман ҳар рӯз қариб як соати вақтамро дар ҳамин ҳолат мегузаронам. Баъд суханашон равшантар шуд: — Умр даргузар аст. Ҳамаи мо дар ин ҷаҳон меҳмонем. Меҳмонии ман хатм шудан дорад. Дар охирин дидорамон аз Бозор Собир хоҳиш кардам, ки катибаи рӯи гӯри маро нависад. Гуфт, ки «ин тавр нагӯй, ҳоло барвақт». Бо исрори ман пас аз чанде аз шаҳри Сиэтлии Амрико ин сатрҳоро бароям ирсол кард (устод коғазпораеро аз байни китобе ба даст овард):

Рафт аз дори фано Дорои Дӯст,
Дар таги ин санг оромгоҳи ӯст.
Баски хокашро зиёрат мекунем,
Хокро аз обрӯяш обрӯст.

Хастагии устодро эҳсос карда, иброз доштам: «Вақти рафтани ман шуд, ба наздикӣ боз хоҳам омад, саломат бошед, устод!» Дар дами дар устод боз ҳам канда-канда чанд сухан ба забон оварданд: — Аз омаданат бағоят хурсандам. Чанд лаҳза дардро фаромӯш кардам. Афсӯс, ки дӯстон ба хабаргириям намеоянд, пазмонашон шудам. Ду-се маҳ пештар Одили Нозир омада буд, гоҳ-гоҳе Акбару Абдунабӣ занг мезананд… Ба ҳаминаш ҳам шукр. Аз ту як хоҳиш дорам, Абдурауф: ин дафъа ки омадӣ, бо худ диктафоне бигир. Аз таърихи дӯстию ҳамкориам бо Лоиқ сухани гуфтании зиёд дорам. Ман кам-кам ҳикоят мекунаму ту сабт мекунӣ. Ҳикоятҳои рангину ҷолибу шуниданӣ. Дар асоси онҳо ягон чизи хубе хоҳӣ навишт. Аниқтараш, диктафонро омода куну занги маро интизор бош, каме ба худ ояму неру дарёбам, худам ба ту занг мезанам. Меоию корро сар мекунем.

— Ба ҷон, — гуфтам ба устод ва бори дигар ба оғӯшашон гирифта, пойдории саломатиашонро таманно кардам. Нигоҳи ҳузнбор ва ҷисми ларзони устод хеле мутаассирам кард ва беихтиёр лаҳзае чанд аз нахустсолҳои ошноию ҳамкориям бо эшон дар навори хотиротам падид омаду чашмонам пуроб шуданд…

Рӯзи дигар ба сармуҳаррирамон Эҳсон Сафарзода дар бораи вохӯриям бо устод ва хоҳиши эшон дар хусуси сабти хотираҳояшон ҳикоят кардам. Ду рӯз пас сармуҳаррир як диктафони навро рӯйи дастам гузошт ва гуфт: — Кори хайре хоҳад шуд…

Қаламу дафтар ва диктафон дар ҷузвдон интизори даъвати устод будам…

Шоми ҳабдаҳуми ноябр хабарам расонданд, ки ҳамин ҳоло устод Дорои Дӯст аз олам даргузаштанд, фардо расми гусел.

Дареғ, чӣ инсони бузургу нотакроре буданд устод! Афсӯс, ки кам, хеле кам ба ҳузурашон расидем. Дигар қаламу дафтари ман канор монда, диктафон холӣ аз садои устод Дорои Дӯст. Ормонҳои зиёде бо худ бурданду ҳасрати фаровоне ба мо мерос гузоштанд. Ҷояшон фирдавси барин бод.

Абдурауф МУРОДӢ,
«Омӯзгор»