Истифодаи оқилонаи об яке аз масъалаҳои асосӣ дар тамоми гӯшаю канори кураи арз, аз ҷумла, Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Бо васеъ гардидани доираи истифодаи он дар ин минтақа ва навоҳии дигари сайёра на танҳо барои обёрии боғу зироатҳо, балки ҳамчун қувваи таҳрикдиҳандаю пешбарандаи саноату истеҳсолот, минҷумла, тавлиди неруи барқ, коркарди фулузот дар корхонаҳои саноатӣ, қиммат ва вазифаи об хеле афзуд.
Боиси сарфарозист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми беш аз ду даҳсола аст, ки дар саросари ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускор дар пешбурди масоили об эътироф гардидааст. Дар ин муддат чандин иқдоми ҷаҳонии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, на танҳо барои кишвари мо, балки ба манфиати тамоми сокинони сайёра татбиқ гардиданд. Ташаббусҳои зиёди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу экология ва иқлим ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардида, ҷонибдорию пуштибонии дастҷамъона ёфтаанд. Бо мақсади ҳалли мушкилоти обу экология Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999 дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ пешниҳод намуданд, ки барои аз байн бурдани мушкилоти норасоии об ва рафъи мушкилоти экологии марбут ба об, соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» эълон карда шавад. Дар асоси ин ташаббус 20-уми сентябри соли 2000, зимни Иҷлосияи 55-уми созмони мазкур қатънома дар бораи эълони соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза» қабул гардид. Бо натиҷагирӣ аз татбиқи «Соли байналмилалии оби тоза» қарор дода шуд, ки солҳои минбаъда низ дар ин самт тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд. Бо дарки ин, ки мушкилоти норасоии оби тозаи нӯшокӣ барои садҳо миллион аҳолии кураи арз масъалаи ҷиддӣ ва дорои аҳамияти ҳаётӣ мебошад, Президенти Тоҷикистон зимни Форуми сеюми ҷаҳонии об дар шаҳри Киотои Ҷопон, Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза дар Душанбешаҳр ва Иҷлосияи 58-уми Маҷмаи Умумии СММ пешниҳод намуданд, ки солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон карда шавад ва иқдоми мазкур на танҳо аз ҷониби ширкаткунандагони форумҳо, балки аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ якдилона пазируфта шуд. Дар асоси Эъломияи Душанбе СММ Қатъномаи дахлдорро қабул намуда, солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» расман эълон кард. Иқдоми мазкурро 141 давлати ҷаҳон якдилона пазируфтанд, ки рӯйдоди мазкур дар таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик ва давлатдории навини мо падидаи нави таърихӣ арзёбӣ мегардад. Татбиқи даҳсолаи мазкур низ ба баргузории чорабиниҳои сатҳи гуногун, чӣ дар миқёси ҷаҳон ва чӣ дар Тоҷикистон боис гардид. Танҳо давоми солҳои 2005-2015 дар пойтахти кишвар – Душанбешаҳр 3 чорабинии сатҳи баланд баргузор гардид.
Бо ташаббус ва пешниҳоди Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон гардид. Маросими оғози Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж 11-уми феврали соли 2013 баргузор гардид, ки дар ин чорабинӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари муаллиф ва ташаббускор иштироки бевосита дошт.
12-уми апрели соли 2015 дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об баргузор гардид, ки дар рафти он даҳсолаи аввалини ҳалли масоили вобаста ба обу иқлим таҳти унвони «Об барои ҳаёт» натиҷагирӣ карда шуд. Ин ташаббус низ аз тарафи Маҷмаи Умумии СММ бо қабули Қатънома расман эълон гардид. Тибқи қатъномаи мазкур, солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон шуд.
Масъалаи таъмини аҳолии ҷаҳон бо оби нӯшиданӣ сол то сол ба мушкилоти аввалиндараҷа табдил меёбад. Ба гуфти коршиносон, баъди соли 2030, ки теъдоди аҳолии ҷаҳон аз 10 млрд мегузарад, ин масъала боз ҳам печидатар мегардад.
Захираҳои оби Осиёи Марказӣ, ки беш аз 55%-и онҳо аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд, миёни кишварҳои минтақа тақсим шудааст. Шуруъ аз соли 2017 ва минбаъд, соли 2018 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талош намуд, то таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро боз ба ин масъала ҷалб намояд. Ҳамин тавр, аз 22-юми марти соли 2018 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба таври расмӣ оғоз гардид. Дар ин рӯз, дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии СММ ба муносибати оғози даҳсолаи болозикр аз рӯйи ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сатҳи баланд баргузор шуд. Ин чорабинии муҳим ва сатҳи баланд ба санаи 25-уми март баргузории Рӯзи байналмилалии захираҳои об рост омад ва таъкид карда шуд, ки ҳамоиши мазкур ба фаъолияти пурвусъати СММ дар самти ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳҳои ҳалли яке аз мушкилоти глобалии марбут ба истифода ва ҳифзи захираҳои об саҳифаи наверо боз хоҳад кард. Ҳамзамон, дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар шаҳри Душанбе солҳои 2018, 2022 ва 2024 се конференсияи сатҳи баланд ва дар шаҳри Ню-Йорк соли 2023 Конференсияи дуюми СММ оид ба об баргузор гардид.
Тавъам ба ин, боиси ифтихори бузург аст, ки 14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии СММ зимни Иҷлосияи 77-ум Қатъномаи дигареро таҳти унвони «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» (соли 2025) бо иттифоқи оро қабул намуд. Ташаббуси навбатии Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд. Ва тибқи ин қатънома, аввалан, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, сониян, аз оғози соли 2025, минбаъд ҳамасола рӯзи 21 март чун Рӯзи байналмилалии пиряхҳо таҷлил карда мешавад. Инчунин, мутобиқи ташаббус ва қатъномаи болозикр СММ таҳти ҳамоҳангии Дабири кулли он Фонди байналмилалии мақсаднок оид ба ҳифзи пиряхҳоро таъсис медиҳад. Ва чаҳорум, соли 2025 дар Душанбешаҳр Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба масоили ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.
Ҳамин тавр, ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк менамояд, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи сарчашмаю захираҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Бинобар ин, қабули қатъномаҳо дар заминаи иқдомҳои ҷаҳонии Пешвои миллати тоҷик гувоҳи боз ҳам баланд гардидани обрӯю эътибори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ буда, собит менамояд, ки масоили ҳифзи кураи арз дар меҳвари сиёсати дурандешона ва инсонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Лолагул РАҲИМЗОДА,
омӯзгори МТМУ №113-и ноҳияи Сино,
Хубон НАЗИРӢ,
магистранти ДДФСТ
ба номи М. Турсунзода