Истеъдодро дастгирӣ мебояд!

Мусоҳиба бо сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Ниёзӣ дар доираи баргузории озмуни «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон»

– Дар оғоз мехостем чанд сухан аз ҳадафҳои озмуни ҷумҳуриявии «Му­ҳақ­қиқ ва ихтироъкори ҷавон» бигӯед.

– Мақсад аз ташкил ва баргузории ин озмун миёни донишҷӯён, магистрантон, докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) ва унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму техника, рушди тафаккури техникӣ, тавсеаи ихтироъкорию навоварӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳо, дастрасии бештар ба имконоти технологии пешрафта ба шумор меравад. Тадбири зикршуда бо роҳи ҳавасмандгардонӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои пажуҳишию омӯзиш, баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба омода намудани кадрҳои болаёқат барои муассисаҳои таълимию илмии кишвар замина фароҳам меорад.

Соли 2024 дар озмун 23 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар бо корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ихтироотӣ ширкат варзиданд. Дар маҷмуъ, имсол 181 кори илмӣ ва лоиҳаҳои гуногуни ихтироотӣ ба ҳайати комиссия пешниҳод гардид.

Дар озмун донишҷӯён, магистрантон ва докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD)-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ, кормандони илмию омӯзгорӣ, ба истиснои номзад ва докторони илм, ки синнашон то 30 мебошад ва аз озмуни дохилимуассисавии пешниҳодшаванда гузаштаанд, ширкат намудаанд.

Корҳое, ки ба озмун пешниҳод шуданд, мувофиқ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инъикосгари манфиатҳои миллӣ, стратегия, барнома ва консепсияҳои давлатии дар соҳаи илм қабулшуда буданд.

– Киҳо дар озмуни бонуфуз ба пирӯзӣ расиданд?

– Имсол дар бахши илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ муҳаққиқон Муҳибаи Саймумин – донишҷӯйи курси 3-и ихтисоси биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо гирифтани 85 хол дар самти биология, Хушбахт Мирзоалиев – донишҷӯйи курси 4-уми ихтисоси механикӣ ва технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо гирифтани 98 хол дар самти технологияи иттилоотӣ, Умедҷон Азизов – донишҷӯйи курси 1-уми ихтисоси менеҷменти байналмилалии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо гирифтани 87 хол дар самти технологияи иттилоотӣ, Шерзод Улмасов – донишҷӯйи курси 2-юми ихтисоси андоз ва андозбандии Донишкадаи иқтисод ва савдои До­нишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо гирифтани 100 хол дар самти андоз ва андозбандӣ, Фарида Шомадова – донишҷӯйи курси 1-уми ихтисоси забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо гирифтани 85 хол дар самти филология, ҳамчунин, дар бахши ихтироъкорӣ ва навоварӣ Ҳаётқул Раҳимов – унвонҷӯй аз рӯйи ихтисоси металлургияи Донишкадаи кӯҳӣметаллургии Тоҷикистон бо гирифтани 95 хол дар самти технологияи хи­миявӣ ва Суҳроб Тоирзода – докторант аз рӯйи ихтисос (PhD)-и сохтмони гидротехникӣ ва иншоотии Донишгоҳи давлатии Данғара бо гирифтани 90 хол дар самти техникӣ сазовори ҷойи якум гардида, маҳсули заҳматашон беҳтарин дастовардҳои илмию ихтироъкорӣ дониста шуданд.

Бояд таъкид кард, ки натиҷа ва хулосаҳои Комиссияи экспертии озмун, барои татбиқи амалии онҳо дар истеҳсолот ба паркҳои технологии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки имконият ва иқтидори амалӣ намуданашонро доранд, пешниҳод мегардад. Корҳои ба озмун пешниҳодгардида пас аз ҷамъбаст муддати се сол дар бойгонӣ нигоҳдорӣ мешаванд.

– Буданд ихтирооте, ки аз ҷониби корхона ё соҳибкоре харидорӣ шуда бошанд?

– Сабаби асосии дар истеҳсолот кам истифода шудани корҳои илмӣ, ҳамкории сусти олимон бо ширкатҳои истеҳсолӣ ва корхонаву муассисаҳост, ки ба ин сабаб соҳибкорон ҳам аз дастовардҳои олимони мо, ки метавонанд боиси пешрафти истеҳсолоту иқтисод бошанд, бехабар мемонанд. Аз ин хотир, дар аксар маврид соҳибкорон ба ҷойи истеҳсолу коркарди захираҳои мавҷуда ва истифода аз имконот аз хориҷи кишвар маҳсулоти тайёрро харидорӣ менамоянд.

Барои рафъи ин мушкил, бояд ҳангоми маблағгузорӣ ба олимон имкон дода шавад, ки корҳои арзишманди анҷомдодаашонро дар амал татбиқ намоянд. Мо бояд илмро бо истеҳсолот пайвандем, то ки ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишварро суръат бахшем.

– Ғолибони озмун чӣ тавр ҳавасманд гардонида шуданд?

– Соли равон ба ғолибони даври ниҳоии озмун, ки ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро сазовор шудаанд, тибқи тартиби муқарраргардида, аз ҳисоби маблағҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон диплом ва мукофоти пулӣ тақдим гардид. Онҳое, ки сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд, бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Ҳамзамон, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вазифадоранд, ки ғолибони озмуни «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон»-ро ҳамроҳи роҳбаронашон дар ҷаласаи тантанавӣ бо туҳфаҳои моддиву молиявӣ қадрдонӣ намоянд.

– Аз рӯйи мушоҳидаҳоятон, кадом гурӯҳи синнусолӣ бештар ба ихтироъ­корӣ шавқ доштанд?

– Тавре гуфтем, тибқи талаботи Низомномаи озмун бояд синну соли иштирокчиён аз 30 боло набошад. Воқеан, ҳавасмандону хоҳишмандони иштирок дар доираи синну соли муайяншуда хеле зиёд буданд.

Бино ба маълумоти Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло дар кишвар теъдоди ихтироъкорон 484 нафар буда, 197 нафари онҳоро маҳз ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон, дарвоқеъ, ба дарки пурраи арзиши фаъолияти илмӣ ва ихтироъкорӣ расидаанд ва хуб медонанд, ки бо ин роҳ метавонанд дар пешрафти илму иқтисод саҳм гузошта, худро чун муҳаққиқ ва ихтироъкор муаррифӣ намоянд.

–Имрӯз мо аз ҳисоби ҷавонон ихтироъкороне дорем, ки корашон дар сатҳи давлатҳои пешрафта ҷолиб ва бозоргир бошанд?

–Яке аз самтҳои муҳим, ки Роҳбарияти олии мамлакат ба он пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, ҷалби бештари ҷавонон ба навоварию ихтироъкорӣ мебошад.

Ба иттилои Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, дар давраи солҳои соҳибистиқлолӣ 1788 ихтирои нав ба қайд гирифта шуда, ба онҳо ҳуҷҷати муҳофизатӣ барои ихтироъ пешниҳод гардидааст. Аз шумораи умумии ихтироот то моҳи декабри соли 2020 186-тои онҳо дар истеҳсолот татбиқ гардидааст, ки мувофиқи радабандӣ ба соҳаи тиб 99, кишоварзӣ 15, байторӣ 12, кимиё 16, металлургия 14, нассоҷӣ 5, сохт­мон 4, соҳаи механика 10 ва соҳаи физика 11 ихтироъ рост меояд.

– Чӣ бояд кард, ки наврасону ҷа­вонон бештар рӯ ба кашфиёту ихти­роъкорӣ оранд?

– Наврасону ҷавонони даврони Ис­тиқлол вобаста ба имконият ба соҳаи муайяне дилбастагӣ доранд. Пешрафту муваффақият нахуст аз муҳити оилавӣ сарчашма мегирад. Ҳар як падару модар бояд кӯшиш намоянд, ки барои инкишофи зеҳнии фарзандон ҳамаҷиҳата мусоидат кунанд, яъне, баҳри эшон шароити омӯзишу рушдро фароҳам созанд. Омили дигар ба му­ҳит рабт мегирад. Муҳити хуб ва шароити оилавии мусоид барои инкишофи зеҳнӣ, психологӣ ва ҷисмонии кӯдак замина мегузорад. Баъдан муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти олии касбӣ ин омилҳоро тақвият медиҳанду пурра мегардонанд.

Дар ин муассисаҳо бояд синфхо­наҳои фанни таълими меҳнат, ком­пютерӣ ва технология барои тақвияти зеҳнии насли наврас мавҷуд бошанд. Бояд роҳбарони синф, омӯзгорони фан­ҳои дақиқ бештар бо бачаҳо кор­ҳои амалиро ба роҳ монда, аз мушкилоти эшон сари вақт бохабар шуда, барои бартараф намудани он чораан­дешӣ намоянд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки наврасону ҷавонони ихтироъкор ва ба пажуҳиш майлу хоҳиш­доштаро даст­гирӣ намоянд. Ба онҳо бурсияву стипендияҳои махсус ҷудо карда, ҳан­гоми ишғоли ҷойҳои сазовор дар оз­мунҳои ихтироъкорӣ бо туҳфаҳои арзишманди пулию молӣ қадрдонӣ намоянд.

Мусоҳиб
Шаҳноз БОБОМУРОДОВА,
«Омӯзгор»