Забони англисиро чӣ тавр бояд омӯхт?

Машғулияти забони англисиро бояд бо истифода аз технологияи инноватсионӣ, васоити аёнии чопӣ, наворҳои кӯтоҳмуддати тарбиявӣ ва дигар шаклу тарзҳои усулҳои фаъоли таълим баргузор кунем. Дар раванди дарсҳо мо аз кори гурӯҳӣ истифода намуда, вобаста ба мавзуи нави дарсӣ ба шогирдон саволу супоришҳои тестӣ пешниҳод менамоем. Тавре маълум аст, дар омӯзиши забони англисӣ диққати ҷиддӣ ба тарзи талаффузи овозҳои нутқ ва дурусту саҳеҳ корбаст намудани охири калима (окончание) равона карда мешавад. Яъне, ба ғайр аз он ки хонандагон хондани калимаҳо ва дар умум, ҷумлаҳоро аз худ мекунанд, онҳо бояд ба тарзи талаффуз, зарбу оҳанг ва хотимаи калимаҳо таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Интонатсия ва зада низ дар талаффузи овозҳо ва нутқи шифоҳӣ нақши калон дорад. Яке аз роҳҳои самарабахши омӯзиши забони англисӣ аз бар кардани луғат ба шумор меравад. Хонанда бояд вобаста ба синну соли худ вожаҳо ва маънои лексикии онҳоро хуб донаду дарк карда тавонад.

Дар масъалаи омӯзиши забони англисӣ мо, омӯзгорон, аз роҳҳои мухталиф метавонем истифода кунем. Баргузории машғулиятҳои иловагӣ, ҳафтаи фаннӣ, маҳфили забони англисӣ, конфронсу чорабиниҳои беруназдарсӣ ва ғайра аз ин қабил ба шумор мераванд. Бахусус, пурмуҳтавою рангоранг ва дар доираи осори бадеии адибони ватанию ҷаҳонӣ гузарондани ҳафтаи фаннӣ ба бештару амиқтар аз бар кардани ин забон мусоидат мекунад.

Инкишофи нутқи хаттии хонандагон низ аз савияи донишу саводнокии онҳо аз забони англисӣ шаҳодат медиҳад. Аз ин рӯ, ба омӯзгори фанни зикршуда зарур аст, ки бештар аз эссе, иншо, намудҳои гуногуни имло истифода бурда, масъалаи забондонии хонандагонро зери назорат қарор диҳад. Беҳтарин ва маъмултарин усули баёни фикру мулоҳизаҳои хонанда навиштани нақл аз рӯйи расм мебошад, ки ба такомулу ташаккули нутқи хаттии шогирдон такони ҷиддӣ мебахшад.

Таълими забони англисӣ аз омӯзгор тақозо мекунад, ки аз методҳои гуногуну шавқовари дарсӣ истифода намояд, сатҳи худомӯзиашро баланд бардорад, аз васоити техникии муосир дар раванди машғулиятҳо бамавқеъ ва ҳадафмандона истифода кунад. Ҳадафи асосӣ он аст, ки бо ба роҳ мондани сабку шеваҳои ҷолиби дарсӣ, хонандагон бо забони англисӣ гуфтугӯ ва муоширатро аз худ кунанд. Тарзи талаффузи овозҳо ва умуман, рушди нутқи шифоҳию хаттии хонандагон низ бояд дар мадди аввал қарор дошта бошад. Масъалаи бархӯрдор гардидан ба гунаи кофӣ аз қоидаҳои сарфу наҳв низ муҳим аст. Аз ин хотир, омӯз­горро мебояд машғулиятҳоро аз забони англисӣ на ба таври дилгиркунандаю якранг, балки бо роҳандозии методҳои мухталиф–саволу супоришҳои тестӣ, кор бо луғат, инкишофи нутқи шифоҳӣ ба василаи нақл дар хусуси ин ё он мавзуъ, гузарондани иншо (эссе), ҳикояти хурд аз рӯйи расм ва амсоли инҳо шавқовару рангин баргузор намояд. Дар ин бобат, ҳифзу аз бар кардани шеъру суруд, чистонҳо, ба роҳ мондани кори гурӯҳӣ (ба таври сабқат), аз ҷумла, амсоли «Кӣ бештар луғат медонад?», байтбарак, навиштани ҳикояҳои кӯтоҳ дар ҳаҷми 5-6 ҷумла бо забони англисӣ, ёфтани калимаҳо аз ребусу кроссвордҳо ва ташкилу гузарондани бозиҳои дидактикӣ судманд ва таъсиргузор мебошад. Тири омӯзгор он вақт ба ҳадаф мерасад, ки ҳангоми баргузории машғулиятҳо аз васоити техникии ҳозиразамон, бахусус, тахтаи электронӣ ва видеопроектор огоҳона истифода намояд. Маҳз тавассути ҷой додани матнҳои пурмуҳтавои шавқовар, расмҳо, бозиҳои гуногун ва ғайра омӯзгор метавонад хонандагонро водор кунад, ки ба саволҳо посух гӯянд, андешаи дақиқу саҳеҳро иброз намоянд. Яъне, нутқашонро такомулу ташаккул диҳанд. Яке аз роҳҳои беҳтару зудтар аз худ кардани забони англисӣ ба таври фаровон азёд намудани кали­маҳои ин забон ва дар маҷмуъ, вожаҳои нав ба шумор меравад. Яке аз роҳҳои дигари забондон гардидани шогирдон бо ҳидояти омӯзгори забони англисӣ таълифу таҳияи матолиби пурмуҳтаво аз ҳаёти мактабиён ва ҷой додани он дар рӯзномаи деворӣ маҳсуб меёбад. Барои ҳавас­манд намудани хонандагони эҷодкор ва қаламкаш дар баробари ҳикояту эссеҳои навиштаашон ҷой додани сурати онҳо мебошад. Ташкил ва баргузор намудани озмуни «Хушнависон» низ ба зебою беғалат навиштани калимаҳои англисӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар раванди омӯзиши забони англисӣ хонандагон бояд аз уҳдаи дуруст навиштани калима, ибора, ҷумла ва муоширати озодона бо ин забон бароянд, қоида ва меъёрҳои нутқи хаттиву гуфтугӯии забони англисиро донанд, матнҳои шифоҳиву хаттиро таҳлилу таҳия намоянд. Усулҳои кори мустақилонаро бо маводи лексикӣ, грамматикӣ, бо истифодаи адабиёти илмӣ, методӣ ва таълимӣ дар машғулиятҳо ба роҳ монда, дарсро пурра бо забони англисӣ гузаронанд.

Зайнура УМАРОВА,
омӯзгори забони англисии МТМУ №39-и ноҳияи Шоҳмансур