Дар замони мо аксари муассисаҳои таълимӣ дар ҷараёни дарс аз технологияҳои наву ҳозиразамон ва шаклу усулҳои фаъоли таълим истифода карда, насли наврасро бо дастовардҳои муосири илмӣ шинос мекунанд ва ҷиҳати васеъ гардонидани дараҷаи ҷаҳонбинии онҳо кӯшиш менамоянд.
Низоми муосири таълим, ки хоси даврони истиқлол мебошад, барои баланд бардоштани сифати таълим ва бедор кардани завқу ҳаваси хонандагон ба донишомӯзӣ мусоидат менамояд. Ҳоло дар соҳаи маориф гузариш ба стандартҳои нави таълим идома дошта, зарурати ворид намудани шаклу воситаҳои нави азхудкунии илму дониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот пеш омадааст.
Вобаста ба ин, омӯзгоронро зарур аст, ки ҷиҳати омӯхтани навгониҳои илмиву таълимӣ, таҷрибаи пешқадам ва такмили маҳорату малакаи касбии худ мунтазам кӯшиш намоянд.
Дар ин раванд, тарзи тақсимоти равиявӣ, ки бо супориши Ҳукумати мамлакат дар низоми таҳсилоти умумӣ, бахусус, литсейю гимназияҳо ҷорӣ гардидааст, бояд такмил дода шавад. Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин самт ҳанӯз камбудиҳо вуҷуд доранд ва ислоҳи саривақтии онҳо боиси таҳаввулоти сифатӣ дар низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ мегардад.
Дар баробари ин, самаранок ба роҳ мондани таҳсилоти салоҳиятнок ва давра ба давра ҷорӣ намудани он дар ҳамаи зинаҳои таълим талаби замон мебошад.
Бояд ба омӯзиши фанҳои дақиқ, махсусан, риёзӣ ва табиатшиносӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, русиву англисӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад, зеро таълими самараноки ин фанҳо барои ояндаи Тоҷикистон ниҳоят муҳим буда, вусъат ёфтани тафаккури техникиву ҷаҳонбинии истеҳсолӣ шарти зарурии рушди соҳаҳои ҳаётан муҳимми иқтисоди миллӣ мебошад.
Илова бар ин, маҳз тавассути таълими сифатноки фанҳои дақиқ қобилияти навҷӯӣ ва мафкураи наврасон қавӣ гардида, майлу рағбати онҳо ба ихтироъкорӣ ва тарроҳиву моделсозӣ бештар мешавад ва интихоби ихтисосҳои техникиву технологӣ аз ҷониби хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ огоҳона сурат мегирад.
Дар асри ХХI ҷомеаро раванди гузариш ба технологияи инноватсионӣ фаро гирифтааст, ки сатҳи иқтисоди миллӣ ва истиқлоли тамоми дигар соҳаҳои ҳаётӣ ба ин сахт вобастагӣ доранд. Имрӯз пешрафти аксари соҳаҳои ҷамъияти инсонӣ, натанҳо аз тараққиёти технологияи инноватсионӣ вобаста аст, балки наметавонад бе он инкишоф ёбад, зеро таъминоти моддии аҳолии рӯйи заминро, ки рӯз то рӯз афзуда истодааст, таъмин менамояд. Аксари мамолики пешрафта, бешак, барои соҳиб шудан ба истиқлоли комил маҳз аз ин тарзу воситаҳо истифода бурдаанд. Технологияи инноватсионӣ истеҳсоли хуб ва босифати хӯрокворию либос, доруҳо, масолеҳи сохтмонӣ, воситаҳои техникӣ(имрӯзҳо фарогири ҳама самтҳои ҷомеа аст), навъҳои нави растанӣ ва дарахтони мевагӣ, зотҳои хуби чорво, таҷҳизоти электронӣ ва ғайраро таъмин намуда истодааст. Мафҳуми инноватсия дар бисёр соҳаҳо, ба монанди иқтисодиёт, технология, сиёсат ва маориф истифода бурда мешавад. Технологияи инноватсионӣ навъи технологияест, ки аз дастовардҳои навини илмӣ бархурдор буда, истифодабарии он дар истеҳсолот ва дигар соҳаҳо ҳамаҷониба муфид аст. Масалан, имрӯзҳо ба технологияи инноватсионӣ рӯй оварда, 50 килограмм семент истеҳсол намоем нисбат ба сементе, ки бо технологияи аз асри гузашта ба мо меросмонда истеҳсол мешавад, 1,7 маротиба арзон аст. Он сифати хуб дорад ва суръати истеҳсоли маҳсулот калон аст. Боз дар навбати худ ба атмосфераи маҳал аз ҷиҳати экологӣ кам зарар мерасонад. Якчанд маълумотҳоро дар бораи дастовардҳои яке аз самтҳои технологияи инноватсионӣ мисол меорем: Соли 1985 як намуди аллотропии элементи карбон, фуллерен – С60 аз тарафи се олими амрикоӣ ва ду нафар донишҷӯ ихтироъ гардид. То ҳол дар чанд институти бузурги дунё олимон ба омӯзиши хосиятҳои он ва ба ҷустуҷӯи роҳҳои татбиқи амалии он дар техникаву истеҳсолот машғуланд. Ҳоло аз фуллерен аккумуляторҳои батареӣ, ки аз аккумуляторҳои муқаррарӣ 5 маротиба энергияро зиёд захира менамоянд ва 10 маротиба сабуканд, истеҳсол намудаанд. Аз нанонайчаҳои фуллеренӣ нахҳои устувор, ки аз пӯлод 100 маротиба пурқувват ва 6 маротиба сабуканд, истеҳсол карда истодаанд. Ҳамчунин, барои сохтани наноконденсаторҳои пуриқтидор, ки дар соҳаи микроэлектроника ва асбобҳои электроникии андозаашон хеле хурд истифода мешаванд, ширкатҳои электронии зиёде машғуланд. Татбиқи наномаводҳо дар технологияи муосир такони бузург бахшид. Дар оянда ҷойи бензин (сӯзишвории муҳаррик)-ро гидроген, ки тавассути таҷзияи об ба воситаи энергияи офтоб ва нанонайчаҳои аз дуоксиди титан (метали пӯлодмонанд, аз калимаи юнонии Titanes – титанҳо; дар асотири Юнони қадим «титанҳо» фарзандони Уран (Осмон) ва Гея (Замин) буданд. Дар саноати химия (истеҳсоли лӯлаҳо, реакторҳо) дар техникаи вакуумӣ ва ҳавопаймосозӣ истеъмол мешавад), тайёр карда мешавад. Ин арзонтарин сӯзишворӣ аст ва аз ҷиҳати экологӣ камзарартарин ба ҳисоб меравад. Нанотехнология, ки ҷавҳарҳои асосии технологияи инноватсионист, яке аз самтҳои навтарини илми техникӣ буда, дар сатҳи хеле хурд (аз миллиард як ҳиссаи метр) ба омӯзиш ва сохтани маводҳои хурд машғул аст. Нанотехнология барои босуръат пешрафти тамоми соҳаҳо, бахусус илм, истеҳсолот ва тиб, нақши асосиро бозида истодааст ва инчунин, барои босамар истифода бурдани сарватҳои табиӣ, баланд бардоштани сатҳи тамоми намудҳои хизматрасонӣ дар ҷаҳони муосир хидмат намуда истодааст. Барои пешрафти илми нанотехнология, ки яке аз рукнҳои технологияи инноватсионист, Россия 70 млрд, ИМА 350 млрд, Япония 400 млрд, Хитой 150 млрд ва давлатҳои Аврупо то 100 млрд доллари америкоӣ маблағ ҷудо намудаанд, зеро дурнамои ин соҳа пурманфиат аст. Дар кишвари мо барои тайёр намудани маводи нанотехнологӣ, манбаъҳои захиравии зиёд, зиёда аз 100 элементи барои соҳаи нанотехнология истифодашаванда мавҷуд аст. Дар айёми мо яке аз роҳҳои ба мақсад расидан ба иқтисоди дорои технологияи инноватсионӣ рӯй овардан аст, яъне, ҳар коре дар ин самт оғоз мешавад, ҳатман аз технологияи инноватсионии муосир баҳравар бошад. Барои ҳалли ин масъала, пеш аз ҳама, мутахассисони ҷавон ва тафаккури наву техникӣ доштан лозим аст.
Некрӯз АКБАРОВ,
мутахассиси Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ