Адабиёти тоҷику форс дар дарозои таърих дар ақсои олам паҳнову густариши васеъ дошта, ҳамчун намунаи барҷастаи ганҷинаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба ин маънӣ, метавон гуфт, ки адабиёти тоҷику форс фаротар аз марзу бум дар ҷаҳон паҳн шудаву осори гаронбаҳову мондагори ин адабиёт дар ганҷинаҳои ҷаҳон маҳфуз аст ва омӯзиши ҳамаҷонибаву фарогири онҳо аз муҳимтарин вазифаҳои муҳаққиқону пажуҳишгарон ва адабиётшиносон маҳсуб меёбад. Мероси адабиёти гузаштагонамон доманадор буда, ба гумони мо, ғановатмандиву фарогирии он дар адабиёти миллату халқиятҳои дигари ҷаҳон ба мушоҳида намерасад. Имрӯз осори даҳҳо шоиру мутафаккири форсу тоҷик ба таври бояду шояд мавриди таҳқиқ қарор нагирифтаанд, аз ин рӯ, баррасиву таҳлил ва дарёфти осори онҳо метавонад саҳифаи навро дар адабиёти тоҷик боз намояд ва дар муаррифии бештари чеҳраҳои нави адабии тоҷик мусоидат кунад. Дар замони ҷаҳонишавӣ ҳар чи бештару беҳтар омӯхтан, чопу нашр ва муаррифӣ намудани чеҳраҳои адабиёти форсу тоҷик метавонад ба шинохти бештари адабиёт, фарҳанг, таърих ва ҳувияти миллӣ такон бахшад. Дар ин самт, хидмати муҳаққиқону адабиётшиносон бузург мебошад.
Адабиётшинос, доктори илми филология, профессор, шодравон Аҳмад Абдуллоев аз ҷумлаи пажуҳишгаронест, ки бо таҳқиқу пажуҳишҳои бунёдӣ тавонистааст дар рушди илми адабиётшиносӣ ва муаррифии ашъори шоирони тоҷику форс хидмати арзанда намояд. Мавсуф бештар ба таҳқиқу пажуҳиши адабиёти то садаи XV машғул гардида, асарҳои арзишманд таълиф кардааст. Аз ҷумла, дар рисолаҳои бунёдии «Адиб Собири Тирмизӣ» (1979), «Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи аввали асри XI» (1979), «Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи дуюми асри XI ва аввали асри XII» (бо ҳамқаламии С. Саъдиев, 1986), «Масъалаҳои рушди адабиёти тоҷик дар нимаи аввали асри XV (доираи адабии Самарқанд) масоили шинохти рӯзгор ва муайян намудани услуби фардӣ, ҷанбаҳои ҳунарӣ ва тамоюлу ҷараёнҳои адабиро мушаххас кардааст. Дар зимн, китоби муҳаққиқ А. Абдуллоев «Адабиёти форсии тоҷикӣ дар Озарбойҷони асри XII» (Душанбе: Дониш, 2024. – 102 с.) аз муҳимтарин таҳқиқот дар шинохти ҳавзаи адабиёти муҳити адабии тоҷику форс дар ин давра маҳсуб меёбад.
Дар китоби мазкур муҳаққиқ доир ба рушди адабиёти тоҷику форс дар ин давра таваҷҷуҳ намуда, ҳангоми таҳлилу пажуҳиш бо далоилу арқоми муътамад раванди ташаккул ва бозёфти ин давраро бозгӯ кардааст. Дар пешгуфтори китоб муаллиф менигорад: «Адабиёти форсу тоҷик пас аз дусад соли рушди худ дар вилоятҳои шарқи ин кишвар, аз асри XI сар карда, дар ноҳияҳои ғарбӣ ривоҷ ёфт. Беҳтарин дастоварди адабиёт дар асри XI эҷодиёти Қатрони Табрезӣ буд. Баъдтар дар миёнаҳо ва нимаи дуюми асри XII ин шохаи он шуҳрати босазо пайдо намуд. Симои барҷастаи ин адабиёт Низомии Ганҷавист».
Муаллиф нахуст вобаста ба вазъи иҷтимоию сиёсии давр, ҳаёти адабӣ суханронӣ намуда, зина ба зина вазъ ва омилҳои рушду пешрафти адабиёти ин ҳавзаро бозгӯӣ кардааст. Аз ҷумла, вобаста ба ҳукмронии ҳокимон, муносибати онҳо бо шоирон ва аҳли илму адаб, дастгирии шоирон ва шароити маишати онҳо, нақши онҳо дар рушди адабиёт, мазмуну муҳтавои ашъор ва амсоли инҳоро мавриди пажуҳиш қарор додааст. Маълум мегардад, ки дар он давра шароит ва имконоти шоирон дар дарбор он қадар хуб набудааст ва ин ҳолатро метавон дар ашъори онҳо бармало эҳсос намуд. Ба ин мазмун, муҳаққиқ А. Абдуллоев зикр мекунад, ки «… дар эҷодиёти адибони доираҳои ғарбӣ бисёр масъалаҳои адабӣ ва мавзуъҳо ба таври умумӣ ва ҷамъбаст ривоҷ ёфтаанд. Вазъиятҳои номусоиди дарбори сулолаҳои хурд, авҷ гирифтани ҷангу кашмакашҳои байниҳамӣ, парокандагии аҳли назм ва ҳаёти сарсариёнаи онҳо, хидмат дар доираҳои мухталиф адибонро ниҳоят ошуфтаву дилгир намуда, изтиробу ҳаяҷони онҳоро аз таъсири бади муҳити иҷтмоӣ як бар чанд афзудааст. Ҳамаи ин илова ба гуфтаҳои боло домани танқиду шикояту ҳасби ҳолро боз вусъат додаанд».
Мусаллам аст, ки профессор А. Абдуллоев таърихи адабиёт ва рушди ҳавзаҳои адабиро ба таври дақиқ омӯхтааст. Аз ин рӯ, пеш аз он ки ба эҷодиёти онҳо таваҷҷуҳ намояд, ибтидо ба муҳити иҷтимоиву сиёсии он замон диққат медиҳад, ки омили мазкур бевосита ба ашъори онҳо таъсири амиқ дорад. Ба ин маънӣ, фаъолияти эҷодиву адабии шоирони ҳавзаи адабии Озарбойҷони асри XII, аз қабили Абулъалои Ганҷавӣ, Иззуддини Шарвонӣ, Муҷири Байлақонӣ, Фалакии Шарвонӣ ва Хоқонии Шарвониро мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор додааст. Воқеан, қисми зиёди шоирони номбаршуда аз ҷониби муҳаққиқони кишвар ба таври бояду шояд таҳқиқу омӯзиш ва осори онҳо дастраси хонандагон нагардидааст. Омӯзиши фаъолияти эҷодӣ ва таҳлили ашъори онҳо қадами устувор дар шинохти бештари чеҳраҳои адабӣ маҳсуб меёбад. Зеро қисми зиёди шоирони мазкур дар давраи фаъолият ва бо эҷодиёти хеш дар он замон ба мартабаи маликушшуароӣ расида буданд. Аз ин маълум мегардад, ки онҳо соҳибдевонанду бо маҳорати баланди эҷодӣ дар доираи адабии замон ҷойгоҳи муҳим доштаанд, ки Абулъалои Ганҷавӣ аз ҷумлаи онҳо ба ҳисоб меравад. Дар асари мазкур доир ба ин шоир маълумоти муфид пешниҳод гардидааст. Маълум мегардад, ки бо шуҳрат ёфтан дар дарбор ҳасудону бадбинон ба ӯ туҳмат бинмудаву мавқеи ӯро танг кардаанд ва ин ҳолатро хонанда аз абёти шоир дармеёбад. Аз ҷумла:
Замирам абру сухан гавҳар асту дил дарё,
Замон мунодии ин гавҳару замона баҳо.
Ба чун мане, ки зи ақрони худ сабақ бурдам,
Гар аҳли Ганҷа тафохур кунанд, ҳаст сазо…
Абулъалои Ганҷавӣ истеъдоди фавқулода баланди шоирӣ доштааст, аз каломи бадеию вижагиҳои ҳунарӣ ба таври комил бархӯрдор будааст. Ба таъкиди А. Абдуллоев, «Абулъало шоири пурқувват буда ва осори бой боқӣ гузоштааст. Вале девони ӯ ҳоло дарёфт нест. Порчаҳои ками ашъораш дар тазкира ва луғатҳо боқӣ мондаанд, ки қасидаи мазкур («Фахрия ва табарро аз таҳният ба мадҳи Шарвоншоҳ» – дар назар аст) аз қабили онҳост».
Аз шоирони дигари гумном, вале шинохтаи давр, ки дар китоби мазкур дар бораи ӯ маълумот ироа гардидааст, Иззуддини Шарвонӣ маҳсуб меёбад. Дар бораи ин шоир, ки истеъдоди баланд ва тахайюлоти ҷолиб дорад, муҳаққиқ дар заминаи омӯзиш ба таври мухтасар маълумот додааст. Таҳлили абёти ин шоир гувоҳи онанд, ки мавсуф маҳорати баланди суханварӣ дошта, дар муҳити адабии давр мавқеи шоиста доштааст.
Дар бораи фаъолият ва эҷодиёти Муҷири Байлақонӣ дар асари мазкур муаллиф маълумоти омӯзанда пешниҳод гардидааст. Дар ин замина, аз таҳлилу баррасии муҳаққиқ бармеояд, ки Муҷири Байлақонӣ низ мавқеи баланд доштаву табъи баланди шоирияш ӯро соҳибэҳтирому соҳибмартаба гардонидааст. Ӯро низ ба туҳмату буҳтон ва мисли Абулъалои Ганҷавӣ дар «ифшои сирри мамлакат» гунаҳгор мекунанд ва аз дарбор меронанд ва ин омилро аз абёти зерин метавон дарёфт:
Нагуфтаму нагузаштаст бар дилам ҳаргиз,
Накарда ҳеҷ кас аз банди ин сухан исғо.
Ҳадиси ман зи мафоилу фоилот бувад,
Ман аз куҷо, сухани сирри мамлакат зи куҷо?!
Ба як дурӯғ, ки ҳосид бигуфту шоҳ шунид,
Зи хашми шоҳ фитодам зи садри шоҳ ҷудо.
Ба таъбири А. Абдуллоев, Муҷири Байлақонӣ шоири соҳибдевон аст ва аз рӯйи таъйини Забеҳулло Сафо, девонаш панҷ ҳазор байт доштааст. Аммо нусхаҳои девонаш ниҳоят камёбанд.
Доир ба шоири дигари номвари давр Фалакии Шарвонӣ низ дар китоб маълумоти судманд пешниҳод шудааст. Муаллиф дар мушаххас намудани нақши ин адиби номвари замон такя ба пажуҳишҳои адабиётшиносиву муҳаққиқон бинмудааст. Тахаллуси шоир дар заминаи омӯзиши фарогир вобаста ба илми нуҷум мебошад. Ба таъкиди муаллиф, «Аз девони Фалакӣ бармеояд, ки ӯ баъзе қасидаҳояшро дар руҳия ва пайравии Хоқонӣ гуфтаст ва Хоқонӣ ба сифати пурқувваттарин шоири аср ҳамоно ба Фалакӣ таъсир гузоштааст». Маълум мегардад, ки Фалакӣ аз шоирон ва олимони намоёни замони худ будаву аз илмҳои дунявӣ, алалхусус, нуҷум омӯзиши фарогир доштааст. Ин омил ва руҳия дар шеъри шоир таъсиргузор будааст ва истилоҳоти илми нуҷумро дар ашъораш бамаврид истифода кардааст. Дар баробари ин, як давраи муайян бо туҳмату иғво ба зиндон афтодааст ва ба навиштани ҳабсиёт машғул гардидааст. Дар адабиёти тоҷику форс аввалин намунаи ҳабсиёт ба Масъуди Саъди Салмон тааллуқ дорад ва ин равандро Фалакӣ низ идома додааст. Чанде аз абёти ҳабсиётии шоир далели ин гуфтаҳост:
Ҳеҷ кас чорасози корам нест,
Чӣ кунам, бахт созгорам нест?!
Куштаи сабру интизораму боз,
Чора ҷуз сабру интизорам нест.
Чӣ аҷаб, гар зи бахт навмедам,
Дилаке бас умедворам нест…
Дар идома ба таври муфассал дар бораи яке аз шоирони шинохта Хоқонии Шарвонӣ таҳлилу таҳқиқ анҷом дода шуда, муҳаққиқ дар очерки илмию таърихӣ фаъолият ва эҷодиёти ин адибро мавриди бозтоби илмӣ қарор додааст. Муаллиф фаъолият ва камолоти эҷодиёти адибро марҳала ба марҳала барои хонанда ошно кардааст. Дар асоси ашъори шоир ҳасби ҳол, шароити зиндагӣ ва волидайни адибро мушаххас намудааст. Дар давраи зиндагии худ шоир азобҳои зиёд мекашад, Шарвонро тарк мекунад, фарзанд ва завҷаашро аз даст медиҳад ва ин ба руҳияи ӯ таъсири амиқ мерасонад. Ба таъкиди адабиётшинос А. Абдуллоев, «Аз рӯзҳои охири умри Хоқонӣ маълумоти кофӣ дар даст нест. Албатта, вай дар танҳоӣ бо хорию зорӣ ва дарду алам ба сар бурдааст. Бештар ашъори мавъиза навишта, дунёро мазаммат карда, ба ин тарз худро таскин дода ва аз ҷониби дигар, домани шикояту танқиду пандро вусъат додааст».
Аз таҳлилу баррасии муаллиф дар очерки мазкур бармеояд, ки Хоқонӣ дар баробари назм дар наср низ дасти тавоно доштааст, ки шеъри мазкур далели ин гуфтаҳост:
Подшоҳи назму насрам дар Хуросону Ироқ,
К-аҳли донишро зи ҳар лафз имтиҳон овардаам.
Мунсифон устод донандам, ки аз маънию лафз
Шеваи тоза, на расми бостон овардаам.
Мусаллам аст, ки Хоқонии Шарвонӣ бо маҳорати баланди суханварӣ ва тахайюлоти бою ғанӣ тавонистааст бо ҳунару маҳорати баланд ашъори мондагор ба мерос гузорад. Имрӯз дар муҳити адабии кишвар таҳқиқу омӯзиш дар ин замина ҷараён дорад ва гумон мекунем, очерки илмии мазкур аз муҳимтарин таҳқиқот маҳсуб меёбад.
Дарвоқеъ, китоби арзишманди профессор Аҳмад Абдуллоев аз ҷиҳати илмӣ фарогиру доманадор буда, омӯзиши он метавонад ба хонанда маълумоти амиқу дақиқ доир ба як давраи муайяни адабиёти тоҷику форс бидиҳад ва аз таҳқиқоти бавусъату бунёдии ӯ метавон ба чунин хулоса расид:
Якум, муаллиф ҳангоми таҳлилу таҳқиқ ва баррасии ашъори шоирони мавриди назар, ба адабиёти илмӣ ва тазкираҳои адабӣ таваҷҷуҳ кардааст ва барои тақвияти андешаҳояш аз онҳо бамаврид истифода намудааст.
Дуюм, маълум аст, ки дар муайян намудани махсусиятҳои эҷодии шоирон нақши муҳити иҷтимоию сиёсӣ ва таърихи давлатдории сулолаҳо муҳим мебошад. Аз ин рӯ, дар оғози рисола маълумоти дақиқ доир ба вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ва муҳити адабӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки омилҳои мазкур дар ашъори шоирон таъсири амиқ доштааст.
Сеюм, мусаллам аст, ки густариши адабиёти тоҷик дар дарозои таърих, аслан, дар дарбор маншаъ ва ташаккулу такомул ёфтааст ва нақши ҳокимон ба муҳиту шароити иҷтимоии онҳо низ таъсиргузор будааст. Лиҳозо, муаллиф дар муайян намудани фаъолият ва эҷодиёти шоирон ба раванди давлатдории ҳокимони вақт таваҷҷуҳ намудаву вазъи замонро бозгӯ кардааст.
Чорум, муаллиф дар мушаххас намудани вазъи замон ва шароити зиндагии шоирон ба таҳлилу баррасии абёти онҳо диққати махсус додааст ва шеъри иҷтимоиро дар ашъорашон ҷӯё гардидааст. Зеро шеъри иҷтимоӣ аҳаммияти баланди омӯзишӣ дорад. Агар, аз як тараф, вазъи замон дар он таҷассум ва муайян гардад, аз ҷониби дигар, мушкилот ва давраи муайяни таърихӣ бозтоби бадеӣ меёбад.
Панҷум, муҳаққиқ ҳангоми таҳлилу баррасии ашъори шоирон аз усули муқоиса корбаст карда, таъсирпазирӣ аз шоирони пешин, маҳорати эҷодӣ ва мавқеи онҳоро аз дидгоҳи илмӣ муайян кардааст.
Шашум, тафсиру баррасии ашъори шоирони мавриди назар аз муҳимтарин вижагии таҳқиқоти мазкур маҳсуб меёбад. Муаллиф ҳангоми таҳлили абёти шоирон, ба ҳар як калимаву ибора диққат дода, онҳоро шарҳу тавзеҳ бахшидааст ва ҳадафу мақсади шоиронро ба ин васила бозгӯ намудааст, ки ин омил, аз як тараф, дар шинохти анвои шеърӣ, аз ҷониби дигар, ба дарку маърифати ашъори ин шоирон мусоидат мекунад.
Ҳафтум, андешаву афкори муҳаққиқ дар заминаи истифодаи асарҳои олимони номвари тоҷику форс ва хориҷӣ сурат гирифта, ҷанбаи қавии илмӣ доранд ва натиҷаи омӯзишу пажуҳиши чандинсолаи ӯро дар бар мегирад.
Дар маҷмуъ, омӯзишу мутолиаи китоби «Адабиёти форсии тоҷикӣ дар Озарбойҷони асри XII» дар шинохти бештари шоирони мавриди назар барои доираи муҳаққиқону адабиётшиносон ва алоқамандони илму адаб муфид буда, ҷиҳати пажуҳишҳои минбаъда заминаи қавии илмӣ фароҳам меорад.
Эҳсон САФАРЗОДА,
номзади илми филология,
Насриддин ОХУНЗОДА,
номзади илми филология