Марҳалаи нави озмун

Чанд андеша ва пешниҳод оид ба такмили минбаъдаи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

Шаш сол аст, ки озмунҳои «Фу­рӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «То­ҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм – фурӯғи маърифат» дар ҷумҳурии азизамон бо шӯру шавқ идома дорад ва ҳар сол мундариҷаи он тағйиру такмил меёбад.

Банда бар онам, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» (ва дигар озмунҳои интеллектуалӣ низ) акнун ба марҳалаи нави рушд ворид мешавад. Марҳалаи нави ин озмун аз довталабони номинатсияҳои гуногун бар замми қироати ифоданоку беғалати шеър ва баёни мундариҷаи осори насрию драмавӣ таваҷҷуҳ ба мазмуну муҳ­тавои осори бадеӣ, муҳокимарониҳои мантиқӣ ва ғоявиро тақозо дорад. Бар болои ин, зарур аст, ки озмун дар баробари нутқи шифоҳӣ таваҷҷуҳи довталабонро бо корҳои хаттӣ, беғалат навиштани матолиб ва ҳусни марғуби хат ҷалб намояд. Ба андешаи банда, дар шакли эссе ё иншои мухтасар роҳандозӣ намудани нутқи хаттӣ дар озмун зарур аст. Нутқи хаттӣ ба савод ишора дорад ва довталабро водор мекунад, ки ба тарзи дурусти навишт, ифодаи фикр ва ҳусни хат дурусттар эътибор диҳад. Ба қоидаҳои имло риоя кардан, ҳусни хати хуб доштан ва андешаҳои худро бехато ва муносиб рӯйи варақ овардан аз афзалияти инсони фарҳангӣ дар ҷомеа хабар медиҳад. Ғайр аз ин, нутқи хаттӣ хусусияти ҳуҷҷатӣ дорад ва дараҷаи саводу дониши довталабро чун дар оина ҳувайдо месозад.

Чизи дигаре, ки ба андешаи банда, дар марҳалаи нави озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» зарурати бештар дорад, истифодаи луғат мебошад. Довалабон бо ёрии муаллимон ва падару модарон шеърҳоро дуруст интихоб намуда, азёд ва аксаран бе ғалат қироат мекунанд, вале ба калимаҳои шарҳталаби он диққат намедиҳанд, бинобар ин, дар ифодаи мазмуни байтҳои алоҳидаи матн душворӣ мекашанд. Дуруст аст, ки ҳакамон шарҳи баъзе луғатҳоро аз довталабон мепурсанд, вале ин кам аст. Ба андешаи банда, пурсиши луғат ҳамчун талаботи асосии озмун дар низомнома бояд қайд гардад. Тамоми калимаҳои шарҳталаби матнҳои дар ҷузвдони довталаб овардашуда дар охири ҷузвдон бо номи луғатнома оварда шаванд. Кор бо луғат боиси ба мазмуну муҳтавои матни хонда ва азёд кардааш пурра сарфаҳм рафтани довталаб мешавад.

Лаҳзаи дигаре, ки дар ҷараёни озмуни номинатсияи адабиёти муосир ба назар расид, фаъолнокии бештар дар қисмати синфҳои 5-11 мебошад. Дар ин қисмат довталаб зиёд аст ва сатҳи омодагӣ ба озмун ҳам баланд мебошад. Бинобар ин, шояд ба ду қисмат ҷудо кардани синфҳои 5-11 зарур бошад. Аз ниго­ҳи илми равоншиносӣ ва таҷрибаи омӯзгорӣ низ хонандагони муасси­саҳои таҳсилоти миёна ба се қисмат–синни хурди мактабӣ (синфҳои 1-4), синни миёнаи мактабӣ (синфҳои 5-8) ва синни калони мактабӣ (синфҳои 9-11) ҷудо мешаванд. Дар ҳақиқат, хонандаи синфҳои 5-у 6-ро ба синфҳои 10 ва 11 дар як бахши ин ё он номинатсия гузоштан вазнинтар аст.

Марҳалаи нави озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз ҳама довталабон ва алоқамандон масъулияти баландро тақозо дорад. Хуб мешавад, ки шахсони масъули ин озмун, аз ҷумла, ҳайати ҳакамон, тавассути матбуоти даврӣ ё бевосита ба комиссияи тадорукоти назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро оид ба такмили минбаъдаи ин озмуни баландпоя иброз намоянд, зеро ба гуфти шоир:

Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад,

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад.

А. КӮЧАРЗОДА,
профессори ДМТ,
узви вобастаи АМИТ