ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО ДАР ҲАЁТИ КӮДАКОН ЧӢ ТАЪСИР МЕРАСОНАД?

Тибқи иттилои шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилояти Хатлон, дар ҳашт моҳи соли равон дар натиҷаи қатъ кардани ақди никоҳи волидон 1129 нафар кӯдаку наврас аз тарбияи падар ё модар маҳрум шудаанд. Бо мақсади баррасии тақдири ояндаи кӯдакону наврасон пас аз ҷудошавии падару модар бо мутахассисон, коршиносон, равоншиносон, омӯзгорон, ҷо­меашиносон, волидон ва худи кӯдакону наврасон суҳбате оростем.

НАҚШИ ОИЛА ДАР ҲАЁТИ КӮДАК

Коршинос Аниса Қурбонова изҳор намуд, ки оила, хусусан, падару модар дар тарбияи шахсияти кӯдак нақши асосӣ мебозанд. Албатта, инсони солим – оилаи солим, оилаи солим – ҷамъияти солим, ҷамъияти солим – давлати солимро пойдевор аст. Боиси таассуф аст, ки давоми солҳои охир бо сабабҳои ночиз оилаҳо аз ҳам ҷудо шуда истодаанд. Ин ба парокандагии хонавода ва сарсонии фарзандон оварда мерасонад. Зеро, ҳангоме ки оила ҷудо мешавад, албатта, аксаран фарзандон тақсим мешаванд ва маъмулан кӯдакон бо модар мемонанд.

НАТИҶАИ РЕЙДИ НОБОЛИҒОН

— Дар нуҳ моҳи соли равон 35 маротиба дар марказҳои дилхушӣ, бозиҳои компютерӣ ва боғҳои истироҳатию фароғатӣ рейдҳои муштараки комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар, шуъбаи маориф, шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш, бахши кор бо занон ва оила гузаронда шудааст. Дар натиҷа ноболиғони зиёде ба қайд гирифта, бо онҳо корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронда шудааст. Инчунин, нисбат ба 450 нафар падару модар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст, — гуфт сармутахассис – котиби мақомоти васояту парастории назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Хушқадам Бобоев.

– Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари кӯдакону наврасоне, ки дар натиҷаи рейдҳо ба қайд гирифта шудаанд, аз оилаҳои носолим мебошанд. Маҳз бо сабаби назорат набудан аз тарафи падару модар, ноболиғон ба беҳудагардию амалҳои номатлуб даст мезананд. Мушкилоти дигар дар он аст, ки қисми зиёде аз оилаҳои ҷавон ҷудо шуда, модар ё падар ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад, вале кӯдакро расман ба касе вобаста намекунанд. Яъне, ноболиғ ба касе вобаста нест ва васояту парастории ӯро касе ба зимма намегирад. Ҳатто ҳолатҳое ҳам мешаванд, ки ҳар моҳ такроран ноболиғро дар натиҷаи рейдҳо ба қайд мегирем. Агар тарбияи насли наврасро хубтар ва ноболиғонро аз амалҳои номатлуб ҷилавгирӣ кардан хоҳем, зарур аст, ки ҷудошавии оилаҳоро боздорем. Чунки асосан ноболиғон дар натиҷаи ҷу­дошавии волидон аз тарбия дур мемонаду ба амалҳои номатлуб даст мезананд.

ҶУДОШАВИИ 83 ОИЛА ВА ДАР ТАРБИЯИ МОДАР МОНДАНИ 84 КӮДАК

Мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Бохтар Ҳуронбӣ Мирсайзода гуфт, ки дар давоми ҳашт моҳи соли равон 84 нафар кӯдаки ноболиғ бо сабаби ҷудо шудани падару модар дар муҳити носолим ба камол мерасанд. Яъне, дар ин давра 83 оила аз ҳам ҷудо шуданд, ки дар натиҷа 84 нафар пурра дар тарбияи модар монданд. Аз ин лиҳоз, бо ҳар оилае, ки барои қатъ кардани ақди никоҳ ба шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муроҷиат мекунад, корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда мешавад. Мафҳуми оилаву оиладорӣ, таъсири манфии ҷудошавӣ дар ҳаёти фарзандонашон ба онҳо шарҳ дода мешавад.

15 ҶИНОЯТИ НОБОЛИҒОН ВА 715 ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ

Тибқи иттилои раиси Суди шаҳри Бохтар Исломиддин Бегмуродзода дар нуҳ моҳи соли равон нисбат ба 15 нафар ноболиғ парванда ворид гардидааст (бо моддаҳои 244 дуздӣ ва 237 авбошии Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон). Дар натиҷа 12 нафар ба корҳои ҳатмӣ ҷалб ва 3 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Инчунин, дар ин давра бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бемасъулиятӣ нисбат ба тарбияи фарзанд 715 протокол ворид гардидааст. 695 адади онҳо баррасӣ шуда, дар натиҷа ба 150 нафар огоҳӣ доданд. Инчунин, 427 нафарро ҷарима карда, 2 парванда қатъ карда шуд ва 116 парванда барои барасмиятдарорӣ фиристода шудааст.

ДАР АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ КӢ ГУНАҲКОР АСТ?

Ҳ. (15-сола буда, айни замон дар муассисаи таълимӣ таҳсил менамояд) дар робита ба вазъи зиндагию таҳсилаш изҳор намуд, ки 7 сол қабл пас аз ҷудо шудани падару модараш дар тарбияи модар ва бобову тағоҳояш монд. Модараш ба хотири кор кардан ва таъмин намудани Ҳ. ва 2 хоҳараш аввал ба шаҳр, баъд ба Федератсияи Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт. Давоми 4 сол 3 маротиба омад ва ҳоло дар хориҷи кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад. Ҳ. ва хоҳаронаш дар тарбия тағоҳояш буда, ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шудаанд. Либос ва ҷиҳози хониш надоранд. Тағоҳову янгаҳо ҳамеша ҷанҷол карда, онҳоро таҳқир мекунанд. Падарашро дар ёд надорад. Аллакай ду маротиба дар натиҷаи рейдҳо аз тарафи гурӯҳҳои корӣ ба қайд гирифта мешавад. Тағоҳояш гуфтаанд, ки агар як маротибаи дигар такрор шавад, ӯро бо хоҳаронаш ба хона-интернат бурда месупоранд. Модараш ҳафтае як ё ду маротиба бо телефон суҳбат ва ҳамеша ҷангу ҷанҷол мекунад. Зеро тағоҳову янгаҳо аз ӯ шикоят менамоянд. Ҳ. мегӯяд, ки агар падару модараш оилавайрон намегаштанд шояд зиндагии хубу шоистае медоштанду ба чунин рӯзҳо намерасиданд…

ТАРБИЯИ НАБЕРАҲО БЕ КУМАКИ ПАДАРУ МОДАР

Х. Н. (номи шартӣ) изҳор намуд, ки пас аз хонавайрон шудан духтараш бо 4 нафар фарзанд ба хонаи падару модар баргашт. Дили ӯ ба духтараш Ҳ. (шартӣ) ва фарзандони ӯ месӯзад ва дар нигоҳубини онҳо кумак мекунад. Ҳ. чанд сол мешавад, ки дар шаҳр кор мекунад ва тарбияи 4 нафар фарзандаш дар дасти модар ва бародаронаш дар деҳот мебошанд. Ҳ. ба тарбияи фарзандон расидагӣ карда наметавонад. Х. Н. илова намуд, ки касе ҷойи таълиму тарбияи падару модарро гирифта наметавонад. Бо як мушкили ночиз оила ҷудо шуд ва дар натиҷа кӯдакон аз тарбия ва муҳаббати падар маҳрум шуданд. Маблағи алимент, ки аз тарафи падари кӯдакон пардохт карда мешавад, ночиз буда, ба сару либос, хӯрок ва дигар харҷҳои онҳо намерасад. 4 нафар кӯдак аз дигар набераҳо фарқ мекунанд. Гапногиру дарсгурез ва шӯх мебошанд, ки ҳар ҳафта аз муассисаи таълимӣ роҳбари синф ё омӯзгоре аз дермонӣ, тайёр набудан ба дарс ва ё шӯхию дарсгурезии онҳо шикоят мекунад, ки дар ҳамаи ин, албатта, падару модари кӯдакон гунаҳкор мебошанд.

ХУЛОСА ВА ПЕШНИҲОД

Мусоҳиба ва пурсишу таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирии амалҳои номатлуб байни ноболиғон ҷилавгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо мебошад. Баҳри аз байн бурдани мушкилоти ҷудошавӣ бояд тадбири натиҷабахш андешида, марказҳои дастгирии психологиро дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ташкил кардан зарур мебошад. Мутахассисони маркази мазкур дар дарёфти роҳи ҳалли мушкилӣ, барқарор намудани муносибати зану шавҳар ва тарбияи фарзандон маслиҳатҳои муфид дода, зану шавҳарро дар печутоби рӯзгор роҳбаладӣ кунанд. Илова бар ин, масъалаи ташкили дастгирии психологӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ фаъол карда шаванд. Бояд равоншиноси мактаб ҳамарӯза бо кӯдакону наврасон суҳбатҳои инфиродӣ гузаронда, барои ҳалли мушкилӣ, нофаҳмӣ ё муносибату дарсхонии онҳо кумак расонад.

С. АЗИЗӢ,
«Омӯзгор»