Неруи созандаю бунёдкор

Соли равон аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), ки воқеан, падидаи муҳимми сиёсӣ дар замони истиқлол аст ва дар доираи Конститутсия ва қонунгузории кишвар фаъолият менамояд, 30 сол сипарӣ мегардад.

Таърих ва заминаҳои пайдоиши ҲХДТ ҳанӯз аз нимаи аввали солҳои 90-уми садаи ХХ, аз давраҳои барои кишварамон ноором ва фоҷеабор ибтидо мегирад. 30 сол қабл бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади муттаҳид кардани халқу миллат ва нигоҳ доштани якпорчагии Тоҷикистон ва ривоҷ бахшидан ба созандагию бунёдкорӣ дар кишвар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки имрӯз он ба неруи пурқув­вати сиёсии ҷомеаи навини кишвар табдил ёфтааст.

Бунёди ҳар як ҳизби сиёсӣ тақозои замон аст. Агар аз ин нуктаи назар мо ба таърихи таъсиси ҲХДТ бингарем, воқеан, ин ҳизби некмаром дар даврае оғози фаъолият кард, ки Тоқикистон дар марҳалаи душвортарини таърихи худ қарор дошт. Ин давраи ҳассоси тақдирсоз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва пайдо шудани зиддияту бархурди манфиатҳои гурӯҳҳои гуногуни аҳолии кишвар буд.

Истиқлол барои Тоҷикистон дастоварди муҳиму барҷастаи таърихӣ буда, ҲХДТ дар таъмини устуворию таҳкими он нақши муҳим дорад. Ҳизб бо нақшаҳо ва стратегияи сиёсӣ, ки ба таъмини сулҳ ва осоиштагӣ равона шудааст, кумак мекунад. Он, ҳамчунин, ба татбиқи сиёсати хориҷии мустақил ва эҷоди равобити муфид бо кишварҳои дигар идома медиҳад, ки ин ба вусъати мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад.

Давраи асосии ташаккули ҲХДТ аз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Қарорҳои ин иҷлосия оид ба барқарор намудани ҳукумати конститутсионии кишвар таҳти сарварии Роҳбари дурандеш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини ояндаи неки Тоҷикистони навин нақши ҳалкунанда доштанд. Корҳои ташкиливу таъсисдиҳии ҲХДТ аз моҳҳои апрел-майи соли 1993 оғоз шуда буданд.

Аз замони таъсисёбӣ то имрӯз ҳизб дар равандҳои сиёсии кишвар ва рушди ҷомеа саҳми назаррас гузоштааст. Ташаббускор ва бунёдгузори ҳизбе, ки ба тозагӣ ташкил мешуд, Роҳбари давлати Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Аз оғози ташкилёбияш ва дар давраҳои мушкилтарини ҳаёти мамлакат мақсади асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, таъмини пояндагии сулҳу ваҳдат ва таъмини манфиатҳои мардум буд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша такя ба илму фарҳанг, арзишҳои маънавии худогоҳиву ватандӯстӣ намуда, баҳри татбиқи пурсамари сиёсати фарҳангии давлат, ки ба баланд бардоштани сатҳи маънавиёти халқ, ҳифз кардан ва ба манфиати ҷомеа истифода бурдани мероси таърихӣ ва фарҳангии миллат нигаронида шудааст, хидматҳои шоён кардааст.

ҲХДТ ба рушди иқтисодиёт диққати махсус медиҳад. Он барои азнавсозии иқтисодӣ ва рушди соҳа­ҳои гуногуни иқтисодӣ мунтазам ва марҳала ба марҳала барномарезиҳо мекунад. Ин дар шароити тағйироти глобалӣ ва муҳити ҷаҳонӣ, ки кишвар бо он рӯ ба рӯст, муҳим мебошад. Кӯшишҳои ҳизб барои рушди инфрасохтор, саноат ва кишоварзӣ, албатта, ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум ва руҳбаландии ҷомеа мусоидат менамояд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар инкишофи арзишҳои инсонӣ, демократӣ ва фарҳангӣ низ саҳмгузор аст. Ин ҳизб барномаҳои иҷтимоиро, ки ба дастгирии наврасон, занон ва ҳамаи гурӯҳҳои осебпазир равона шудаанд, дар сатҳи баланд татбиқ мекунад. Ҳамчунин, барои беҳтар кардани муносибатҳои иҷтимоӣ ва рушди фарҳанги миллӣ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Ҷавонон на танҳо ояндаи кишвар, балки қувваи пешбарандаи он мебошанд. ҲХДТ сиёсати махсуси ҷавононро амалӣ мекунад, ки барои такомули маънавии ҷавонон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар рушди соҳаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ муҳим мебошад. Ин иқдомот на танҳо барои рушди шахсият, балки барои пешрафти бомароми кишвар аҳамият доранд.

Имрӯзҳо ҲХДТ ба ҳайси неруи пешбарандаи ҷомеа аз ҷумлаи ни­ҳодҳои сиёсиест, ки 600 ҳазор узв дорад ва дар ҳалли масъалаҳои муб­рами ҳамарӯзаи ҳаёти мардум фаъол аст. Саҳми он барои расидан ба ҳадафҳои рушди миллӣ ниҳоят му­ҳим мебошад. Ҳоло ин ҳизби пешбар ҳамчун неруи асосии сиёсиву ҷамъиятии кишвар ва қувваи таъсиргузори ҷомеа дар ҳоли рушд қарор дошта, мактаби ғоявӣ ва назариявии он мунтазам такмил меёбад. Дар Барномаи ҲХДТ, ки барои солҳои 2020-2025 қабул гардидааст ва самтҳои афзалиятноки пешрафти кишварро муқаррар менамояд, ба масъалаи таҳкими ваҳдат ва ризоияти миллӣ аҳаммияти аввалиндараҷа дода шудааст.

Ҳамин тариқ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун созмони мустақил дар дарозои 30 сол рисолати таърихии худро иҷро карда, бо татбиқи барномаи мукаммали хеш дар таъмини якпорчагии мамлакат, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди иқтисод, таъмини зиндагии шоиста барои мардум ва ҳифзи даст­овардҳои Истиқлоли Тоҷикистон тавонист, ки саҳми арзанда гузорад.

Дар ин марҳалаи таърихӣ, пас аз гузаштани 30 сол, бо эътимоди комил метавон гуфт, ки ҲХДТ дар тамоми раванди таҳаввулоти сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат фаъолона иштирок карда, дар татбиқи ормони деринаи халқи Тоқикистон, яъне, истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ нақши созандаву муассир гузошт ва ҳамзамон, масъулиятеро, ки аз рӯзҳои нахустини фаъолияташ бар дӯш гирифта буд, сарбаландона иҷро кард ва хушо, ки фаъолияти созандаю бунёдкоронааш боз ҳам идома дорад.

Шодӣ САФАРОВ,
доктори илмҳои педагогӣ,
профессор, президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон