Бино ба таъкиди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷавонон ояндаи миллат буда, пешрафт ва шукуфоии мамлакат ба фаъолият ва кӯшишу ғайрати муттасили онҳо дар соҳаҳои гуногун вобастагии амиқ дорад. Тибқи омори дақиқ, имрӯз беш аз ҳафтод фоизи аҳолии ҷумҳуриамонро маҳз ҳамин қишри ҷомеа ташкил медиҳад. Беҳуда нест, ки Роҳбари мамлакат ба ҷавонон эътимоди қавӣ дошта, соли 2017-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон доштанд. Яъне, ҷавонон метавонанд ба фаъолияти рӯзмарраи хеш дар хонишу таълим, ихтироъкорӣ, иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаву форумҳои дохили кишвар ва берун аз он намуна бошанд, донишу маҳорат ва касбияти баланди хешро собит намоянд.
Бо яке аз чунин ҷавонони муваффақ, ки тайи даҳ сол дар Федератсияи Россия фаъолият менамояд, дар меҳмонхонаи тозабунёди «Фирдавсӣ»-и пойтахт вохӯрдем. Ӯ, Комрон Раҳимов, омӯзгори калони кафедраи назарияи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии ба номи Патрис Лумумбаи шаҳри Москва мебошад, ки аз ихтисоси равандҳои интегратсионӣ дар фазои АвруОсиё, таърихи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Шуравӣ (солҳои 1917-1991) дарс мегӯяд. Дар ин замина, таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва минтақашиносии хориҷӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, иқтисоди ҷаҳонӣ, дипломатияи бисёрҷониба, терроризми байналмилалӣ ҳамчун мушкилот дар муносибатҳои байналмилалӣ, амният ва низоъҳо дар минтақаи тахассусӣ, ҳамчунин, амнияти энергетикӣ дар фазои ИДМ, равандҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ дар ИДМ ва ғайра аз ҷумлаи мавзуъҳоеанд, ки аз ҷониби ӯ ба донишҷӯёни ин донишгоҳ ба тариқи дарсҳои лексионӣ ва амалӣ (ба магистрҳо ва аспирантон) омӯзонида мешаванд.
Комрон Раҳимов аз он ифтихор дорад, ки ҳамчун ҷавони муваффақ дар чунин донишгоҳи байналмилалии шуҳратёр фаъолият намуда, кишвари моро ба ҳайси мутахассиси ҷавон ва дар айни замон корозмудаву таҷрибадор муаррифӣ менамояд. Бино ба гуфти ӯ, дар ин донишгоҳ имрӯз беш аз 35 ҳазор нафар донишҷӯ аз 160 давлати ҷаҳон таҳсил менамоянд, ки дар байни онҳо тоҷикон низ кам нестанд.
Чунонки ҳамсуҳбати мо зикр намуд, вай дар баробари тадрис ба донишҷӯён, дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ низ фаъолона ширкат менамояд. Аз ҷумла, аз соли 2017 инҷониб роҳбари сектори Осиёи Марказии тадқиқоти кишварҳои пасошуравист. Ӯ дар ин ҷо зери роҳбарии устодаш Константин Курилёв ба навиштани тақриз ба монографияю диссертатсияҳо машғул буда, ҳамчунин, мақолаҳои илмӣ таълиф ва бо иштироки мутахассисони саршиноси соҳаҳои мухталиф мизҳои мудаввар ташкил менамояд. Чунин фаъолият ва ташаббуси ҷавонмардона ба таври ройгон сурат гирифта, ҳадаф танҳо омӯзондани насли ҷавон ва роҳнамоии онҳо ба роҳи илму маърифат аст.
Фаъолияти густурдаи К. Раҳимовро ба назар гирифта, аз моҳи октябри соли 2023 ӯро ба сифати ходими калони илмӣ ба тариқи озмун ҳамчун ҳамкор ва мутахассиси варзида ба Маркази тадқиқотии мамлакатҳои пасошуравии Осиёи Миёна ба кор пазируфтанд. Ин марказ дар назди Донишкадаи Чин ва Осиёи муосири Академияи илмҳои Россия фаъолият намуда, аз 18 нафар корманди он миллати моро Комрон Раҳимов муаррифӣ менамояд. Ин марказ бо иқдоми Президенти Федератсияи Россия ва дигар мақомоти қудратӣ созмон ёфтааст. Ба иқрори Каримҷон Салимзода, роҳбари кор бо воситаҳои ахбори Шурои ҷамъиятии назди сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҳамватанони бурунмарзӣ низ сару кор дорад, Комрон яке аз мутахассисони фаъоли донишгоҳ ба шумор рафта, дар корҳои ҷамъиятии ташкилот ва Марказҳои илмии Федератсияи Россия низ ширкат менамояд. Вай, аз ҷумла, соли 2017 дар Форуми байналмилалии ҷавонон бо номи «Гуфтугӯи тамаддунҳо ба хотири фардо», ки бо иштироки вазири корҳои хориҷии ФР Сергей Лавров дар шаҳри Сочӣ барпо гардида буд, ширкат ва суханронӣ намуда, оид ба масоили проблемаҳои амнияти глобалӣ ба ҷавонони хоҳишманд ҳамчун мутахассис дарс гуфтааст.
Комрон Раҳимов дар конференсияи илмие, ки моҳи августи соли ҷорӣ бахшида ба бузургдошти фарзанди шинохтаи миллати тоҷик Абуалӣ ибни Сино, ки дар Хонаи миллатҳои шаҳри Москва баргузор гардид, маърӯза кард. Дар Донишгоҳи забоншиносии шаҳри Москва ва Донишгоҳи шарқшиносии АФ ФР, дар конференсияи байналмилалӣ бахшида ба бузургдошти Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ва 100-солагии академик Бобоҷон Ғафуров низ сухан гуфта, хидмати мондагори онҳоро муаррифӣ кард.
К. Раҳимов муаллифи 4 монографияи илмӣ, 100 мақола буда, дар конференсияҳо ва ҳамоишҳои илмӣ, мизҳои мудаввари зиёде ширкат намудаву доир ба масъалаҳои матраҳгардида изҳори назар намудааст. Вай соли 2021 дар мавзуи «Саҳми созмони ҳамкории Шанхай дар таъмини амният дар АвруОсиё», зери роҳбарии устодаш Константин Курилёв рисолаи илмӣ дифоъ намуд. Мавсуф имрӯз ба шогирдон ҳамчун омӯзгори калони кафедраи назарияи муносибатҳои байналмилалӣ дарс мегӯяд. Лекин ин ҳама барояш ба осонӣ ба даст наомадааст.
Комрон Раҳимов зодаи ноҳияи Нуробод буда,19 майи соли 1993 ба дунё омада, МТМУ №1-и ноҳияро хатм намудааст. Ҳангоми таҳсил дар ҳама чорабиниҳои мактабӣ ва олимпиадаҳои фаннӣ иштироки фаъолона дошт. Ҳангоми дар синфи 11-ум хонданаш гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Худи ӯ иқрор мекунад, ки ҳангоми таҳсил забони русиро бештар ба тариқи худомӯзӣ азхуд кардааст. Баъдтар ба омӯзиши дигар забонҳо – арабӣ, англисӣ майл намуд ва алҳол метавонад, ки бо ин забонҳо ҳангоми зарурат муошират намояд. Комрон ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия дохил шуда, онро соли 2015 хатм кард. Минбаъд якбора ба ду донишгоҳ ҳуҷҷат супорид ва дар ҳарду ҳам ғолиб омаду Донишгоҳи «Дӯстии халқҳо»-и ба номи Патрис Лумумбаро интихоб кард. Онро бо ихтисоси мутахассиси муносибатҳои байналмилалӣ дар факултети гуманитарӣ – иҷтимоӣ бо дипломи аъло хатм намуд.
Соли 2017 ба аспирантура дохил шуда (то соли 2020), бо бурсияи маркази «Россотрудничество» ихтисоси ҳуқуқи байналмилалиро ба итмом расонид. Соли 2021 пеш аз муҳлат рисолаи номзадиашро ҳимоя кард. Аз моҳи октябри соли 2020 то соли 2023 ассистенти кафедраи таърихи муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ буд. Аз якуми июли соли 2023 ба тариқи озмун омӯзгори калони кафедраи назарияи муносибатҳои байналмилалӣ таъйин гардид.
Комрон Раҳимов ҳамаи ин комёбиҳояшро, пеш аз ҳама, натиҷаи заҳмат ва ҳидояти омӯзгорони мактабӣ ва хоса, мудири шуъбаи ҷавонони ноҳияи Нуробод, марҳум Саломатшо Хоҷаев медонад.
– Марҳум Саломатшо Хоҷаев дар ҳама кор бароям ҳаққи устодӣ дошт, — мегӯяд К. Раҳимов. – Албатта, дар ин самт нақши оила низ хеле бузург аст. Падарам, полковники Вазорати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Россия, собиқаи кории бистсола дорад. Модарам – хонашин бошад ҳам, сермутолиа буда, дар тарбияи ману додарам – Муҳибҷон ва ду хоҳарам саҳми бениҳоят калон гузоштааст. Муҳибҷон имсол дар синфи 11-ум мехонад ва яке аз иштирокчиёни фаъоли Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» буд. Хоҳаронам дар коллеҷи тиббӣ кор мекунанд.
Комрон Раҳимов ба ҷавонон тавсия медиҳад, ки имрӯз онҳо бояд бештар хонанду омӯзанд, забонҳои хориҷиро ёд гиранд, аз техникаву технологияи муосир бархурдор бошанду бештар ба омӯзиши фанҳои табиӣ – риёзӣ диққати ҳамаҷониба диҳанд, зеро ин ҳама талаботи замони муосир аст.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»