Дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо мақсади ба таври муназзам ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ силсилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд, ки онҳо феълан мавриди амал қарор доранд ва фаъолияти ҳамарӯзаи моро ба танзим медароранд.
Боиси тазаккур аст, ки дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавқеи махсус дошта, ба ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоии мардуми Тоҷикистон равона шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 11-уми июли соли 2017 чунин иброз доштанд:
«Бо мақсади таъмин намудани нуфузи бештари суннатҳои фарҳангиву арзишҳои мардумӣ ва боз ҳам устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ бо ташаббуси Президенти мамлакат даҳ сол пеш Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки ин санад дар самти ба низому тартиб даровардани маросиму ҷашнҳои милливу динӣ нақши барҷаста гузошт».
Яке аз сабабҳои қабули қонуни мазкур аз он иборат буд, ки бо пайдо шудани равияҳои мазҳабии дорои хусусияти ифротӣ ва вусъат гирифтани тарғиботи зарарнок тавассути баъзе шабакаҳои интернет дар кишвар зуҳуроти бегонапарастиву тақлид ва хатар ба забону фарҳанг, бахусус, расму ойинҳои миллӣ ва ҳатто, тарзи либоспӯшии мардуми мо, аз ҷумла, занон торафт қувват гирифта, таассубу зиёдаравӣ ҳангоми баргузории як қатор маросиму маъракаҳо ба ҳукми анъана даромад. Бо таъсири чунин раванд дар минтақаҳои гуногуни кишвар маъракаҳои сохтаву бофтаи ба фарҳангу мазҳаби мо бегона зиндагии табақаҳои камбизоатро, ки бе ин ҳам мушкилиҳои зиёд доштанд, вазнинтар гардониданд.
Бо дарназардошти чунин вазъ, Пешвои муаззами миллат таҳияи қонунеро, ки ба беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар мусоидат бикунад, пешниҳод карданд ва қонуни мазкур то қабули қонуни феълан амалкунанда (яъне, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 июни соли 2024, №2048) мавриди амал қарор гирифта, вазифаи таърихии хешро ба сомон расонд.
Мусаллам аст, ки қонунгузории кишвар дар заминаи рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ, ба миён омадани муносибатҳои нави ҳаётӣ ва таҷрибаҳои нав мунтазам мавриди такмил қарор мегирад. Дар ин замина, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав омода карда шуда, 22-юми июни соли ҷорӣ мавриди амал қарор гирифт.
Пешвои миллат зимни вохӯрии хеш бо намояндагони аҳли дин (9-уми марти соли ҷорӣ) иброз намуданд:
«Боиси ташвиш аст, ки вайронкунии талаботи қонунҳои миллии зикршуда бештар аз ҷониби баъзе хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорон, ходимони дин, фарзандон ва хешу табори онҳо содир мегардад. Бинобар ин, мувофиқи мақсад меҳисобам, ки бо дарназардошти таҷрибаи дар ин самт андӯхташуда қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар таҳрири нави ҷавобгӯ ба талаботи замон қабул карда шавад».
Маҳз дар ҳамин замина Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав таҳия ва қабул карда шуд ва он аз муқаддима, 6 боб ва 22 модда иборат мебошад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар тафовут аз қонуни қаблӣ дар иртибот бо номи қонун, мавзуи танзим, сохтори дохилӣ ва таҷдиди меъёрҳояш фарқ менамояд.
Агар қонуни қаблӣ таҳти унвони Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашу маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» номгузорй мегардид, пас ҳоло он ҳамчун Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал менамояд. Ҳадафи аз ном ва матни қонун хориҷ намудани мафҳуми «анъана» аз он сарчашма мегирад, ки истилоҳи «анъана» ифодакунандаи мазмуни «маросим» буда, қонунгузории мамлакат онро дар доираи як мафҳум ифода намудааст.
Дар дебочаи қонуни нав қайд шудааст, ки қонуни мазкур тартиби гузарондани ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст.
Дар боби якуми қонун (Муқаррароти умумӣ) мафҳумҳои асосӣ, доираи амали қонуни мазкур ва сарчашмаи ҳуқуқии он тавзеҳ дода шудааст.
Дар моддаи якуми қонун мафҳумҳои асосии дар он истифодашаванда шарҳ ёфтаанд.
Дар моддаи 2 доираи амали қонуни мазкур нишон дода шудааст. Тавре аз мазмуни моддаи мазкур бармеояд, қонуни зикршуда нисбат ба мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, ҳамчунин, ба шахсони воқеӣ, новобаста ба вазъи иҷтимоию иқтисодии онҳо, татбиқ мегардад.
Тибқи қонуни амалкунанда, ақаллиятҳои миллӣ дар доираи муқаррароти қонун дар баргузории анъана ва ҷашну маросими суннатиашон озод мебошанд.
Яке аз тағйироти ҷиддие, ки дар қонунгузории амалкунанда дар иртибот ба қонуни қаблӣ ба миён омадааст, муқаррароти боби 2-и қонун мебошад. Агар мо ба қонуни қаблӣ назар афканем, он «Мақомот оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим ва салоҳиятҳои онҳо» ном дошта, аз се модда иборат буд ва ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссияҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти ваколатдорро дар самти танзими анъана ва ҷашну маросим дар шакли умумӣ баён мекард.
Ҳоло боби дуюми қонуни амалкунанда «Салоҳият ва ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба танзими ҷашну маросим» ном дошта, аз 5 модда иборат мебошад ва салоҳиятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими ҷашну маросим, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба танзими ҷашну маросим, комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим ва комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросимро васеъ мавриди шарҳу тавзеҳ қарор додааст.
Боби сеюми қонун «Танзими ҷашну маросим» ном дошта, боби нисбатан мукаммал мебошад ва ҷанбаъҳои асосии қонунро дар бар гирифтааст.
Мутобиқи моддаи 9-и ҳамин қонун ҷашнҳои расмии мамлакат номбар карда шудаанд: Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Иди байналмилалии Наврӯз, Иди Меҳргон, Иди Сада, Иди Рамазон, Иди Қурбон…
Тибқи қонуни мазкур, муқаррароти қисми 2-и ҳамин модда такмил дода шудааст, ки ин меъёрҳо дар қонуни пештара ҷой надоштанд ва он бо дарназардошти таҷрибаи татбиқи қонун ба санади қонунгузории амалкунанда илова гардидааст. Аз ҷумла, дар қисми 2-и ҳамин модда қайд карда мешавад, ки дар рӯзҳои идҳои Рамазон ва Қурбон дастархони камхарҷи идона ороста шуда, исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ аст.
Тибқи муқаррароти моддаи 10-и қонун, тартиби ҷашн гирифтани зодрӯз муқаррар карда шудааст, ки он нисбат ба қонуни қаблӣ тафовут надорад.
Моддаи 11-и қонун «Хатнасур ва маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак» ном дошта, аз қонуни қаблӣ тафовутҳо дорад ва фарқият асосан дар меъёрҳои зерин дида мешавад:
Дар қисми 3-и модда қайд карда мешавад, ки хатна бо розигии падару модар дар давоми як моҳи баъди таваллуди писар дар муассисаҳои тиббии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон гузаронда мешавад.
Ин меъёр қаблан дар қонуни пештара 20 рӯз муқаррар гардида буд. Ҳоло бошад, қонунгузорӣ як моҳро муқаррар намудааст.
Маросими хатнасур ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии ҳунармандон гузаронда мешавад.
Гузарондани маъракаи ақиқа манъ аст.
Масъалаи тартиби баргузории тӯйи домодию арӯсй дар моддаи 12-и қонуни амалкунанда муайян шудааст. Мутобиқи он, тӯйи домодию арӯсӣ бо на зиёда аз ду маърака ва дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ, бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузаронда мешавад.
Ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафҳо ва хешу табори домоду арӯс ва маъракаҳои дигари бо тӯйи домодию арӯсӣ алоқаманд, ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо, манъ мебошанд.
Дар қонуни нав қонунгузор «маъракаҳои дигари бо тӯйи домодию арусӣ алоқаманд»-ро манъ кардааст, ки ин муқаррарот дар қонуни пештара ҷой надошт.
Маросими домодталбон ва арӯсбинон ба таври ихтиёрӣ дар доираи оила бо иштироки то 15 нафар гузаронда мешавад.
Дар қисми 4-и моддаи қонун гуфта мешавад, ки падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафҳо метавонанд ба ҷойи додани зиёфат ё оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардондани шароити зиндагии навхонадорон ё барои корҳои хайриявию эҳсонконӣ, аз ҷумла, таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳо сарф намоянд.
Муқаррароти моддаи 13-и қонун маросими ҳаҷ ва умраро танзим намудааст. Мутобиқи он, маъракаҳои гуселу пешвоз вобаста ба адои ҳаҷ ва ё умра дар доираи оила гузаронда мешаванд.
Ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ ва маъракаҳои дигар, инчунин, тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ аст.
Ҳамзамон, қонуни нав ба ҳоҷиён ва умракунандагон ҳуқуқ додааст, ки ба ҷойи маъракаҳои дар қисми 2-и моддаи мазкур манъшуда метавонанд корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла, таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳоро анҷом диҳанд.
Тибқи муқаррароти моддаи 14-и қонун, маросими дафну азодорӣ ба танзим дароварда шудааст. Мутобиқи он, маросими ҷаноза бе маҳдудияти шумораи иштироккунандагон сурат мегирад.
Маросими се, чил ва сол бе забҳи чорво ва додани таом гузаронда мешаванд.
Ҷойи баргузории ҷашну маросим дар моддаи 15-и қонун муқаррар шудааст. Тибқи он, ҷашну маросим дар майдончаҳо (ҳавлиҳо)-и назди биноҳои истиқоматӣ, дохили манзили истиқоматӣ, тарабхона, қаҳвахона, ошхона ё тӯйхонаҳо бо риояи тартиботи ҷамъиятӣ гузаронда мешаванд. Маросими мавлудхонӣ ба таври ихтиёрӣ танҳо дар масҷидҳо бе ҷамъоварӣ ва додани маблағи пулӣ ва таом сурат мегирад.
Вақт ва давомнокии баргузории ҷашну маросим мутобиқи моддаи 16-и қонун пешбинӣ шудааст.
Тибқи он тӯю маъракаҳо дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳатӣ аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22, дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла, шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рӯзҳои истироҳатӣ аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6 то соати 22, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22 гузаронда мешаванд.
Давомнокии тӯю маъракаҳо то се соат муқаррар шудааст.
Яъне, дар иртиботи давомнокии маросими тӯйи домодию арусӣ низ тағйирот дида намешавад.
Боби чоруми қонун «Тартиби хизматрасонӣ дар ҷашну маросим» ном дошта, аз як модда (моддаи 17) иборат мебошад. Чун муқаррароти қонуни қаблӣ, хизматрасонии ҳунармандон дар тӯю маъракаҳо дар асоси шартномаи хаттии тарафҳо бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Боби 5 уҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин, ҷалби аҳли ҷомеаро ҳангоми гузарондани ҷашну маросим пешбинӣ намудааст, ки аз ду модда, моддаҳои 18 ва 19 иборат мебошанд. Тибқи онҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд, комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросимро аз барпо намудани тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ хабардор намоянд.
Оростани зиёфат ба муносибати таъйин шудан ба мансаби давлатӣ, гирифтани мукофоти давлатӣ, рутба, унвон, ҷоиза, мукофоти дигар, дараҷа ва унвонҳои илмию тахассусӣ манъ аст.
Дар ҷашну маърака пошидан ва часпондани пул манъ аст.
Аз ҷумла, дар муқаррароти боби мазкур, махсусан, моддаи 18 меъёрҳои нав илова карда шудаанд. Тибқи онҳо:
— сархатибон, имомхатибон, имомҳои масҷидҳои панҷвақта, ходимони ғайрирасмии динӣ, раисони маҳаллаҳо ва роҳбарони мақомоти худфаъолиятии ҷамъиятӣ барои риояи талаботи қонун дар ҳудуди деҳаю маҳалли истиқомат ва ё фаъолият масъулиятманданд;
— шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд, ки рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла, забони давлатӣ ва пӯшидани либосҳои миллиро риоя намоянд. Воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо манъ аст.
Боби шашуми қонун «Муқаррароти хотимавӣ» ном дошта, дар доираи он аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, андоз ва гумрук, кормандони мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, аъзои комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим, хизматчиёни давлатӣ, шахсони мансабдори дигари давлатӣ барои риоя накардани талаботи қонун аз ҷониби онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд.
Дар муқаррароти меъёри мазкур, қонунгузор барои аъзои комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим низ ҷавобгарӣ муқаррар намудааст. Ин нукта дар қонуни қаблӣ ҷой надошт.
САЙФИДДИНЗОДА Нуриддин Сайфиддин,
нозири калони раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони адлия