Ҳама бояд масъул бошем

Бо мақсади муборизаи бевосита бо коррупсия дар мамлакат бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст.

Воқеан ҳам, коррупсия кирдори номатлуб буда, вобаста ба табиати худ  хеле мураккаб  мебошад. Порагириву порадиҳӣ, азхудкуниву исрофкорӣ, соҳиб шудани  фондҳои давлатӣ, дасткашӣ аз пардози андозҳо ва дигар пардохтҳо, ки ба қисмати даромади буҷаи давлатӣ равона гардидаанд, шаклҳои паҳнгаштатарини коррупсия дар замони муосир мебошанд. Солҳои охир ин амали нангин дар кишвар ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа таъсири манфи расондааст. Муқовимат бо коррупсияро Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ дониста, омодааст, ки самаранокии  фаъолияташро  дар ин самт  бо  иштироки тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои байналмилалӣ таъмин намояд.

Мутобиқи моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва дигар мақомот ҳамчун субъекти мубориза бо коррупсия  эътироф  гардида, вазифадор карда шудаанд, ки дар доираи салоҳияти  худ бар зидди коррупсия мубориза бурда, ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани ҷинояткорӣ дар ин самт пайвасат чораҷӯйӣ намоянд. Зикр кардан бамаврид аст, ки яке аз вазифаҳои муҳимми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муқовимат ба коррупсия ва ташвиқи ин муқовимат дар ниҳоди ҳар як хонандаву омӯзгор  ва  дигар  кормандони соҳа ба шумор меравад. Чунки беэътиноӣ ба ин масъала оқибати нохубе ба бор оварда, ба амнияти миллату давлат халал мерасонад.

Таъкид  кардан  бамаврид  аст, ки амалҳои коррупсионӣ ва даст задан ба ин амали зишт танҳо хоси  соҳаи маориф нест. Бо вуҷуди ин, дар соҳа паҳн гардидани чунин зуҳуроти манфур маориф бетараф набуда, балки ҳамеша зидди он зиддият нишон медиҳад. Ба хотири пешгирии ин амал соҳаи маориф ҳамеша дар сафи пеш буда, чунин кирдори нанговаррро маҳкум менамояд. Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 қабул гардидааст,  самт­ҳои мубориза ва роҳҳои пешгирӣ аз ин амали манфурро нишон додааст. Ҷараёни амалӣ шудани стратегияи номбурда нишон ме­диҳад, ки дар ҳамаи муассисаҳои  таълимӣ  ҷиҳати  коҳиш додани ҳар як амали коррупсионӣ заминаҳо  фароҳам  оварда  шуда, барои аз байн бурдан ва ё кам кардани шиддати он назорати ҷиддӣ роҳандозӣ мегардад. Бо мақсади пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия, ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа, пешгирӣ ва рафъи омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда аз ҷониби масъулин чораҳои зарурӣ  андешида мешаванд, ки барои аз байн бурдани ин зуҳуроти  номатлуб соҳаи маориф нақши бориз дорад. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷи­кистон ва ниҳодҳои зертобеи он ҷиҳати аз байн бурдани амалҳои ришва­ситонӣ  дар муассисаҳои таълимӣ дар ҳамкорӣ бо ҳама ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла, бо Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чораҳои дахлдор меандешанд.         

Бояд тазаккур дод, ки мақсади ниҳоӣ аз мубориза алайҳи коррупсия устувор намудани арзишҳои демократӣ дар ҷомеа, эҳти­роми  ҳуқуқи  инсонҳо ва  пешгирӣ кардани  пайомадҳои номатлуби он аст, на поймол сохтани принсипҳои демократия, нодида гирифтани ҳуқуқи инсонҳо. Аз ин нуқтаи назар, бартарӣ доштани чораҳои пешгирикунанда ва азбайнбарандаи заминаҳо ва шароити зуҳури коррупсия  бояд дар сиёсатҳои зиддикоррупсионӣ мавқеи муҳимро ишғол намоянд. 

Муқовимат бо коррупсия ва паст кардани сатҳи шиддати он аз омилҳои зиёде вобастагӣ дорад. Беҳтарини он ба таври дастаҷамъона, дар заминаи савияи баланди маърифати ҳуқуқӣ, шуурнокӣ ва фаъолнокии ҳар як узви ҷомеа муборизаи оштинопазир бурдан ба ин амали номатлуб мебошад. Бояд гуфт, ки дар кори пешгирии коррупсия ва ҳамоҳанг сохтани қонунгузории миллии мамлакат принсипҳо  ва меъёрҳои байналмилалӣ,  ҳамбастагӣ  ва  ҳамкориҳои судманд  метавонад намунаи омилҳои ҳалкунанда ва самаровар бошад. 

Албатта, мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқ  нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли  ҷомеа, ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошанд. Танҳо дар ҳамин  сурат мо метавонем  коррупсияро дар мамлакат решакан намоем.

Ҳотами  ҲОМИД, «Омӯзгор»