ФАЪОЛИЯТИ СЕРҶАБҲА ВА МАНФИАТБОР

Мактабдору рӯшан­гаре, ки дар солҳои 60-уми асри гузашта, замоне ки донишгоҳро хатм мекард, декани факултааш ҳар қадар хоҳиш кард, дар мактаби олӣ бимонад, розӣ нашуд. Ӯ ба зодгоҳаш баргашт, то дар рушди мактабу маориф саҳм бигирад, аммо ғофил аз ин буд, ки сарнавишт ӯро бо чӣ ҳаводисе санҷиш мекунад. Замоне мудири шуъбаи маориф шуд, ки се солаш дар поёни ҳукумати Шуравӣ буд ва се солаш дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ. Аммо ӯ ба ҷанг нафрат дошт ва дар муқобили он донишро истифода кард. Чӣ гуна?

Ширинҷон Дамдоров, ки ин шабу рӯзҳо ба синни 90 наздик мешавад, соли 1953 мактаби 8-соларо дар деҳаи Бунайи ноҳияи Ванҷ хатм карду барои хатми мактаби 10-сола ба маркази ноҳия рафт. Он қадар ташнаи илму дониш буд, ки бо чанд ҳамсолаш ҳар рӯз 24 км роҳро тай мекарданду ба маркази ноҳия ба мактаб рафта меомаданд. Мегӯяд, он солҳо азоби бисёре буд: аз нимсерию нимгуруснагӣ, то мушкили либосу китобу дафтару асбоби хониш. Аммо ин умед вуҷуд дошт, ки хондану илм гирифтан инсонро ба мақсуд мерасонад. Умеде, ки Ширинҷони наврасро фиреб надод.

Соли 1956 мактабро хатм карду ба Душанбе омад. Донишҷӯйи факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии  омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (Институти педагогии ба номи Т. Г. Шевченко) шуд. Баъди хатми таҳсил садорати факулта аз ӯ хостанд, ки дар донишгоҳ бимонад ва устод шаваду олим. Аммо танҳоии падару модар нагузошт, ки як ҷавони рустоӣ шаҳрӣ шаваду роҳаш барои мақомҳои иҷтимоӣ бозтар бошад. Ба русто баргашт.

Дар деҳа, дар мактабе, ки таҳсил карда буд ва орзу дошт, донишгоҳ мехонаду омада онро обод мекунад, муаллим шуд. Замоне дар ин мактаб мехонд, чун муаллим намерасид, мактаб шароити хуб надошт ва курсиву миз намерасид.

Ширинҷони ҷавон ҳам муаллими мактаби 8-солаи деҳа буд ва ҳам муаллими мактаби шабона барои калонсолон, ки рӯзона дар соҳаи кишоварзӣ кор мекарданду шабона барои маълумоти миёна гирифтан таҳсил мекарданд. Бархе аз шогирдонаш ҳамсоли падару модараш буданд. Дар мактаб ба ҷуз забони хориҷӣ, фанҳои дигар, аз ҷумла, забону адабиёти тоҷик ва забони русиро низ тадрис медод. «Мактабе, ки дар он солҳо мо кор мекардем, бинои куҳна дошта, болопӯши он танҳо аз гил буд. Заминаи моддӣ-таълимии мактабҳо ниҳоят суст буда, мизу курсӣ намерасид. Дар як парта се-чорнафарӣ нишаста, таҳсил мекарданд. Қувваи барқ тамоман набуд ва чароғҳои керосиндорро истифода бурда, то соатҳои 10-11-и шаб дарс медодем. Ҷаво­ноне, ки маълумоти миёна (синфи 9-10) надоштанд, рӯзона дар колхоз кор ва шабона таҳсил карда, соҳиби маълумоти миёнаи пурра мегардиданд»,-ба ёд меоварад солҳои нахустини омӯзгорияшро Ш. Дамдоров.

Соли 1961 ба далели нарасидани мутахассиси забони хориҷӣ омӯзгори ҷавонро ба мактаби маркази ноҳия ба кор даъват мекунанд. Пас аз як сол дубора ба мактаби деҳа бармегардад ва то соли 1964 ҳамчун муовини директори мактаб кор мекунад. Соли 1964 ба хидмати сарбозӣ меравад ва баъди як сол бо рутбаи капитан бармегардад. Соли 1965 директори мактаби №3-и деҳаи Бунай таъйин мешавад. Нахуст дархост дода, барои сохтани бинои нави мактаб иқдом мекунад ва дар 1,5 сол бинои онро месозад. Ин ҳама бо ҳашари омӯзгорон ва аҳли деҳа сурат мегирад. Пас аз 4 соли роҳбарии мактаб, ба унвони як мутахассиси барҷастаи соҳаи маориф мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳия таъйин мешавад ва ду сол заҳмат мекашад. Мақо­моти раҳбариву ҳизбии ноҳия дониш, маҳо­рат ва кордонии ӯро ба назар гирифта,  соли 1970 ӯро ба корҳои ҳиз­биву маъмурӣ ҷалб мекунанд. Ду сол дастурдиҳандаи кумитаи ҳизби ноҳия кор мекунад.

Чун ҷавони ташнаи илму дониш буд, борҳо дархост мекунад, ки барои таҳсил ба Мактаби олии ҳизбӣ ба Тошканд биравад, аммо бо баҳонаҳои ночизе ин орзуи ӯро бароварда намекунанд. Ин аст, ки соли 1972 раиси Ҷамоати деҳоти Жовуди ноҳияи Ванҷ (ҳоло Ҷовидон) таъйин мешавад ва 15 сол дар ин мақоми масъул кор мекунад. Дар баробари дигар бахшҳо, Ширинҷон Дамдоров дар ин мақом ба масъалаи мактабу маориф диққати ҷиддӣ медиҳад. Худаш мегӯяд, «дар ин солҳое, ки ман ба вазифаи раиси ҷамоат интихоб шудам, дар аксари деҳаҳо заминаи моддӣ-таълимии мактабҳо хеле суст ва биноҳои алоҳидаи мактабҳо фарсуда буда, дар деҳот шароити муассисаҳои фарҳангӣ ниҳоят суст буд. Дар ин давра 23 адад бинои таълимӣ, маданӣ-маишӣ дар деҳаҳои Потов, Убго, Баравн, Рав, Жовуд ва биноҳои мактаб бунёд мешавад. Дар ҳамин давра барои таҳкими пояҳои моддӣ-таълимии мактабҳо бо нишони «Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии То­ҷикистон» қадрдонӣ карда мешавад.

Аз соли 1987 то соли 1993 дар вазифаи мудири шуъбаи маорифи халқи ноҳияи Ванҷ кор мекунад. Дар сар то сари Иттиҳоди Шуравӣ давраи ошкорбаёнӣ оғоз шуда буд ва мактабу маориф дигар дар қайду банди мақомоти ҳизбиву сиёсӣ набуд. Аз сӯйи дигар, бо оғози солҳои 90-ум авзои сиёсӣ бад шуд, ки саранҷом ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Дар ҳамин давраи мушкил: поёни умри як низом ва оғози давраи сохти нав, ки кашмакашҳои сиёсиву ҷанги таҳмиливу бемаънии шаҳрвандӣ ҳамроҳ буд, Ширинҷон Дамдоров масъулияти мудирии шуъбаи маорифи ноҳияро ба дӯш мегирад. Ба эътирофи худаш «ҳангоми шиносоӣ бо низоми кори таълиму тарбия ва шароити кори мактабҳо маълум гардид, ки сифати таълим, шароити кори омӯзгорон ва заминаи моддӣ-таълимии мактабҳои алоҳидаи ноҳия он қадар хуб набуда, назорату беҳбудиро талаб мекард».

Корро мудири тозатаъйин аз  бартараф кардани масъалаи нарасидани омӯзгорон оғоз кард. Бо талошҳои худ, дастгирии омӯзгорон ва ҳашари мардум 51 синфхона месозад. Ҳамчунин, дар ин давра 7 бинои мактаби нав бунёд мешавад. Шумораи хатмкардаҳои мактабҳони ноҳия, ки ба макотиби олии кишвар ва берун аз он шомил мешаванд, меафзояд.

Ш. Дамдоров солҳои 1993-1995 дар мақоми муовини  раиси Шурои намояндагони халқи ВМКБ кор карда, амалан дар кори ба эътидол овардани вазъи амниятиву сиёсӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдат ширкат кардааст. Ӯ борҳо комиссияҳои вилоятии вакилонро раҳбарӣ карда, барои ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ талош кардааст. Соли 1993 дар шаҳри Душанбе бо раиси вақти Шурои Олии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидор дошта, бо дастури Роҳбари давлат дар раъси як комиссия барои сулҳу ваҳдат ва равобити дӯстӣ ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сафар мекунад ва бо мардуми ин минтақа дидору мулоқот гузаронида, салому паёми сулҳу бародарии мардуми Бадахшонро мерасонад.

Баъдан боз дар мақомҳои роҳбарии ноҳияи Ванҷ кор карда, ҳоло бознишаста аст. Ин марди фидоӣ шогирдону фарзандони зиёдро тарбия карда, ки теъдоде аз онҳо то сатҳи академикӣ расидаву фарзандонаш дар мақомҳои хидмативу дипломатӣ барои миллату давлат кор мекунанд.

И. Салоҳ,
барандаи Ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим  Лоҳутӣ