Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёҳои зиёде мавҷуд буда, манбаи асосии таъмини барқ ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, дар замони соҳибистиқлолӣ сохтмони НБО-ҳо вусъат ёфта, даҳҳо неругоҳи хурду бузург бунёд гардиданд, ки НБО-ҳои «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» далели ин гуфтаҳоянд. Дар ин миён, бунёди НБО-и «Роғун» бузургтарин дастоварди мардуми мамлакат аст, ки бо иродату ҷасорати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои бунёдкорӣ дар ин иншооти аср дубора оғоз гардиданд. Сарвари давлат ҳанӯз соли 2009 дар вохӯрӣ бо бунёдкорони НБО-и «Роғун» таъкид доштанд: «Бунёди неругоҳи «Роғун» барои давлати соҳибистиқлоли мо яке аз масъалаҳои стратегӣ мебошад. Рушди устувори иқтисодиёт, ободии Ватан, сатҳу сифати зиндагии шоистаи мардум ва ниҳоят истиқлолияти воқеии Тоҷикистонро бе бунёди неругоҳи Роғун таъмин кардан амри маҳол аст».
Мусаллам аст, ки дар кишвар чор ҳадафи стратегӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлоли энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар татбиқ мегардад, ки ба ҳамдигар иртиботи ногусастанӣ доранд. Бунёди НБО-и «Роғун», ки кишвари моро ба марҳалаи нави рушд ворид мекунад, имкон фароҳам меорад, ки мардум бо неруи барқи доимӣ таъмин гарданд, ба бунёди корхонаҳои азими саноатӣ замина фароҳам меорад ва Тоҷикистонро ба кишвари пурқудрати тавлидкунандаи неруи барқ дар минтақа табдил медиҳад. Пешвои миллат дар Паёму суханрониҳои хеш ба масъалаи бунёди НБО-и «Роғун» пайваста таъкид мекунанд. Зимни таҳқиқу таҳлили Паёму суханрониҳои Пешвои миллат муайян гардид, ки сохтмони иншооти мазкур дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва бунёди он заминаи асосии расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ маҳсуб меёбад. Масъалагузориҳо доир ба НБО-и «Роғун» дар Паёмҳои Пешвои миллат сурат гирифта, бунёди он аз муҳимтарин вазифаҳо маънидод гардидааст.
Бояд гуфт, ки нахустин мулоқот бо бунёдкорони НБО-и «Роғун» ба оғози дубораи корҳои сохтмонӣ соли 2008 анҷом ёфтааст. Бо сабаби вазъи ногувори иқтисодӣ ва ҷалб нагардидани сармояи хориҷӣ имкони ба таври фарогир вусъат бахшидани корҳо вуҷуд надошт. Дар ҳамин ҳолат, ягона роҳ дар татбиқи ин иншоот муроҷиат ба мардуми кишвар мебошад. Пешвои миллат нахустин маротиба, 28 октябри соли 2009 дар суханронӣ бо бунёдкорони «Роғун» мардумро барои саҳм гузоштан дар иншооти аср даъват намуданд: «… аз ҳамин рӯз эътиборан майдони сохтмони неругоҳи «Роғун»-ро ҷабҳаи заҳмати созанда ба хотири ободии Ватан эълон карда, тамоми мардуми кишвар, ҳар фарди бонангу номуси миллат, ҳар як шахси ватандӯсту ватанпараст ва ҳамчунин, ҳамватанони бурунмарзиамонро даъват менамоям, ки бо пуштибонӣ аз иқдоми давлати Тоҷикистон барои дастгирии моддиву маънавии шумо — бунёдкорони иншооти тақдирсози миллати сарбаландамон саҳмгузорӣ намоянд».
Маҳз дар ҳамин суханронӣ қатъият, ҷасорат ва иродати Сарвари давлат бармало эҳсос мегардад ва маълум мешавад, ки ҳеҷ омил ё воситае монеи бунёди сохтмони мазкур намешавад. Дар ҳамин суханронӣ ба Ҳукумати кишвар ва дигар вазорату идораҳо супориш дода шуд, ки ҷараёни татбиқи лоиҳаи сохтмони неругоҳ ва ҷиҳати ҷалби маблағҳои иловагӣ ҳамкориро бо Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ вусъат бахшанд.
Масъалаҳое, ки дар суханронӣ таъкид шудааст, воқеан, муҳим ва саривақтӣ буданд. Зеро дар он замон Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ масъалаи бехатар будани бунёди неругоҳро мавриди таҳлилу таҳқиқ ва санҷиш қарор медоданд. Ба ин маънӣ, Пешвои миллат атрофи баҳсҳое, ки дар он замон вуҷуд доштанд, бо таҳлили амиқ бунёди ин неругоҳро барои тамоми кишварҳои минтақа муҳим арзёбӣ ва таъкид намуданд, ки Тоҷикистон обанбор ва неругоҳҳоро ҳеҷ гоҳ бар зарари ҳамсояҳои худ, яъне, бо мақсади маҳдуд кардани реҷаи ҷоришавии об сохтанӣ нест, баръакс, дар ин раванд манфиати онҳоро низ ба эътибор мегирад.
Дар зимн, таъкид мегардад, ки бунёди он барои кишварҳои минтақа муфиду судманд буда, онҳо бо неруи барқи арзон таъмин мегарданд, амнияти энергетикии минтақа пойдор мешавад, ки он бар рушди бавусъати саноат ва пешрафти иқтисодии мамлакатҳои Осиёи Миёна мусоидат намуда, бунёди обанбор ва танзими ҷудошавии об имкон медиҳад, ки захираҳои об оқилонаву самаранок истифода гарданд.
Соли 2010 Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар аҳли ҷомеаро такон дод ва мардум бо ҳисси баланди ифтихори ватандорӣ дар бунёди НБО-и «Роғун» ҳиссаи худро гузоштанд. Муроҷиатномаи мазкур аҳамияти муҳимми таърихӣ дошта, аз як тараф, сохтмони НБО-и «Роғун» ва нақши он дар пешрафти давлат муҳим арзёбӣ шудааст, аз ҷониби дигар, симои шахсияти ватандӯст ва ифтихорофарин намудор мегардад. Даъват ва масъалагузориҳое, ки дар ин муроҷиатнома ба мардуми кишвар ба миён гузошта шудааст, ба раванди сохтмон такони ҷиддӣ бахшид ва мардум бо дасту дили гарм, бо хариди саҳмияҳо дар вусъати сохтмони мазкур саҳм гузоштанд.
Бояд қайд кард, ки масъалаи ташхиси бехатарии «Роғун» аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ то соли 2015 идома ёфт ва дар ниҳоят натиҷаи мусбати он эълон гардид ва тадриҷан ҷалби сармоя барои бунёди ин иншоот бештар гашт. Бо вусъат ёфтани корҳо масъалагузориҳо дар Паёмҳо бештар шудааст. Дар Паёмҳои солҳои 2018 ва 2019 ба истифода дода шудани ду чархаи НБО-и «Роғун» зикр шудааст ва ҳамчун рӯйдодҳои фараҳбахши сол барои кишвар таъкид гардидаанд.
Шоистаи таъкид аст, ки Пешвои миллат мунтазам ба НБО-и «Роғун» сафар мекунанд, бевосита аз ҷараёни корҳо шинос мешаванд ва бо бунёдкорони НБО-и «Роғун» мулоқот менамоянд ва дар суханрониҳои хеш баҳри пешрафти корҳо масъалагузориҳо мекунанд. Сарвари давлат бо бунёдкорони ин неругоҳ беш аз 10 маротиба вохӯрда, суханронӣ кардаанд, ки ҳамаи онҳо аҳаммияти таърихӣ, илмӣ ва амалӣ доранд ва вобаста ба вазъияти замон ироа гардидаанд. Ин суханрониҳоро метавон ба се қисмат ҷудо намуд:
Якум, суханрониҳое, ки дар онҳо дар баробари таъкид ба раванди корҳо дар сохтмон баҳсҳое, ки атрофи НБО-и «Роғун» сурат гирифта буданд, таҳлилу арзёбӣ шудаанд.
Дуюм, суханрониҳое, ки ба рӯйдодҳои фараҳбахш дар неругоҳ, аз ҷумла, бастани сарбанд ва истифодаи чархаҳои якуму дуюми неругоҳ иртибот доранд.
Сеюм, суханрониҳое, ки бевосита ба ҷараёни корҳо тааллуқ дошта, ба таври мушаххас вазифаҳои муайян барои коргарон ба миён гузошта мешавад.
Охирин мулоқот ва суханронии Пешвои миллат 28 сентябри соли 2024 сурат гирифт. Дар он ба таври мушаххас аз корҳои баанҷомрасида дар ин самт ёдовар шудаанд ва аз бештар гардидани маблағгузорӣ дар иншоот изҳори қаноатмандӣ карданд. Имрӯз дар ин иншооти аср коргарону муҳандисони зиёде фаъолият доранд ва НБО-и «Роғун» арсаи номусу нанг барои ҳар як шаҳрванди кишвар гардидааст. Ба таъкиди Пешвои миллат, «Ҳоло дар сохтмони иншооти неругоҳ зиёда аз 17 ҳазор нафар коргарону кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият мекунанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазор нафар зиёд мебошад. Шумораи мошину механизмҳое, ки дар сохтмон истифода мешаванд, ба 3843 адад расонида шудааст. Аз ҷумла, дар давоми солҳои 2023 – 2024 ба майдони сохтмон 400 мошину механизмҳои нави пуриқтидор ворид карда шудаанд».
Дар ин суханронӣ ба таври мушаххас масъулин ва коргарону муҳандисон ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати корҳо вазифадор карда шуданд. Ҳоло корҳо дар сохтмони мазкур тибқи нақша бомаром идома дорад, мутахассисони дохиливу хориҷӣ дар бунёди он саҳм мегузоранд.
Хулоса, дар Паёму суханрониҳои Пешвои миллат бунёди НБО-и «Роғун» дар авлавият қарор дода шудааст ва ҳамчун иншооти стратегӣ маънидод гардидааст. Бо таҳлилу таҳқиқи Паёму суханрониҳои Пешвои миллат метавон ба чунин натиҷаҳо расид:
Якум, агар дар Паёмҳои Пешвои миллат ба таври мухтасар дар бораи бунёди НБО-и «Роғун» сухан равад, дар суханрониҳо бо бунёдкорони иншооти аср раванди корҳо баррасиву таҳлил шуда, ба таври мушаххас вазифагузорӣ гардидааст.
Дуюм, дар Паёмҳои Сарвари давлат бештар рӯйдодҳои фараҳбахш, аз ҷумла, сарбанди неругоҳ ва истифодаи чархаҳои неругоҳ таъкид гардида, ҷалби сармояи хориҷӣ ба сохтмон ба миён гузошта шудааст. Дар суханрониҳо бошад, мушкилоти ҷойдошта дар самти сохтмони мазкур, вусъат бахшидани корҳо ва тибқи нақша ҷараён гирифтани фаъолият дар сохтмон зикр мешавад. Дар зимн, эътибор додан ба сифати корҳо, пайваста гузаронидани ташхис ва ҷалби сармояи хориҷӣ масъалагузорӣ мешавад.
Сеюм, дар Паёму суханрониҳо аҳаммияти сохтмони аср барои кишвар ва минтақа ба таври илмӣ таҳлилу баррасӣ гардида, таъкид шудааст, ки бунёди он барои расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат менамояд.
Чорум, суханрониҳои Пешвои миллат бо бунёдгарони неругоҳ ба вусъати корҳо такон додааст ва ба коргарон нерую тавони бештар бахшида, масъалагузориҳое, ки таъкид гардидааст, марҳала ба марҳала анҷом пазируфтаанд. Ин омил нишон медиҳад, ки ҳар як суханронии Сарвари давлат марҳалаи нави пешрафт дар сохтмон маҳсуб меёбад.
Панҷум, суханрониҳои Сарвари давлат ба тариқи таҳлилу муқоиса ва баррасии раванди корҳо сурат гирифтаанд, ки онҳо аҳаммияти таърихӣ, илмӣ ва амалӣ дошта, панорамаи раванди корҳо дар НБО-и «Роғун»-ро бозгӯ мекунанд.
Шашум, дар суханрониҳо дар баробари баррасии бунёди НБО-и «Роғун» корҳои тармиму навсозӣ дар дигар неругоҳҳо, низоми энергетикии кишвар таҳлил шудааст ва бунёди системаи интиқоли барқ дар дохил ва хориҷи кишвар таъкид мегардад.
Аз таҳлилу баррасии Паёму суханрониҳо бармеояд, ки ин сохтмони бузург натиҷаи заҳмату талош, ҷасорату иродат ва фидокориҳои Пешвои миллат мебошад ва имрӯз истеҳсоли неруи барқи он ҳар хонадони кишварро чароғон мекунад. Он рӯз дур нест, ки НБО-и «Роғун» пурра ба истифода дода мешавад ва Тоҷикистон ба бузургтарин кишвари содиркунандаи неруи барқ ва саноатӣ дар минтақа табдил меёбад.
Насриддин ОХУНЗОДА,
номзади илми филология