Маориф ва таҳкими давлатдории миллӣ

Соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ҳайси номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буданд, барномаи пешазинтихоботии пурмазмунеро барои интихобкунандагон пешниҳод намуданд, ки тамоми масоили иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоии кишварро дар бар мегирифт.

Барномаи мазкур дар доираи дигаргуниҳое, ки солҳои охир дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд ва бо дарназардошти дурнамои ҳафт соли оянда (2021-2027) таҳия шуда, ба ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷомеа, аз ҷумла, таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди неруи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардидааст.

Дар ин барнома, қабл аз ҳама, роҷеъ ба дастовардҳое, ки дар давоми ҳафт соли гузашта (2013-2020) дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал изҳори назар карда, дар мулоқоту вохӯриҳо бо аҳли ҷомеа мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва дастоварду пешравиҳои кишвар таҳлил ва баррасӣ карда шуда, қайд гардидааст, ки дастоварду пешравиҳо маҳсули заҳмати софдилонаи халқи Тоҷикистон буда, моро водор месозанд, ки дар ояндаи наздик низ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолият кунем ва барои ҳар як сокини мамлакат зиндагии шоиставу шароити беҳтарро муҳайё намоем.

Таъкид гардидааст, ки ҳоло дар кишвар ислоҳоти иқтисодӣ марҳала ба марҳала идома дошта, гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ ва расидан ба ҳадафҳои тараққиёти устувор тибқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амалӣ шуда истодааст.

Дар ин давра тибқи барнома дар бахши иқтисодӣ ба се вазифаи асосӣ афзалият дода мешавад: таъмин намудани рушди устувор бо роҳи баланд бардоштани гуногунсамтӣ ва рақобатнокии иқтисоди миллӣ, афзоиш додани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолии мамлакат, расидан ба сатҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои даромадашон миёна.

Дар асоси ин барнома таъкид шудааст, ки дар оянда барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда, пояҳои дав­латдорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо, манфиат ва шаъну шарафи шаҳрвандон тақвият бахшида мешавад, тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум, хусусан, наврасону ҷавононро вусъат бахшида, суботу амнияти ҷомеа мустаҳкам гардонида мешавад ва ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи неку­аҳволии мардум ва болоравии нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш ба харҷ дода мешавад.

Дар барномаи мазкур ҳама самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар бандбанд мушаххас нишон дода шудааст ва соли чорум аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи он амал намуда, ба як қатор дастовардҳо ноил гардидааст. Дар ин ҷо бо дарназардошти васеъ ва серпаҳлу будани ин барнома танҳо ба баррасии самти маориф ва илм иктифо мекунем, зеро чунонки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд, рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне, соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати Давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Бо дарназардошти он, ки илму маориф рушди муттасили ҳар як кишварро таъмин мекунад, мо дар ин самт амалӣ намудани тадбирҳои зеринро мувофиқи мақсад мешуморем:

Таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намудан ба соҳаҳои илму маориф, идома бахшидани ислоҳот дар ин самт, давра ба давра зиёд намудани маоши кормандон ва таҳкими пояҳои моддиву техникии соҳаҳои мазкур, аз ҷумла, таъминот бо технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ

Дар робита ба ин, ҳамасола ба рушди соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати Давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Президенти кишвар пайваста дар баромадҳои худ таъкид менамоянд, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад.

Баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълим ва истифодаи таҷрибаи пешқадам дар раванди таҳсилот

Дар робита ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ соли 2021 таъкид намуданд, ки мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем.

Амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи «Барномаи рушд ва омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Дар робита ба иҷрои ин банди барнома, бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли 2020 Президент солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯ­зиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карданд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 қабул карда шуд.

Илова бар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад.

Президенти кишвар иброз дош­танд, ки озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла, «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: «Дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро дарёфт намуда, ҳамаҷониба дастгириву ҳавас­манд гардонем».

Фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ барои фароҳам овардани шароити баробари дастрасӣ ба рушди зеҳнии кӯдакон дар деҳоти кишвар

Вобаста ба ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ дар соли 2021 таъкид доштанд, ки яке аз мушкилоти асосӣ дар соҳаи маориф норасоии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳо мебошад. Зикр гардид, ки соли гузашта  ҳамагӣ 14 муассисаи томактабӣ барои 2520 кӯдак бунёд гардидааст, ки ин нишондиҳанда ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест, зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ ва бисёрсолаи равоншиносӣ исбот сохтааст, ки кӯдакони дар боғча ва маркази инкишофи кӯдак тарбиятёфта аз кӯдакони дар хона тарбиятгирифта ба куллӣ фарқ мекунанд. Дар онҳо маҳорату малакаи суханронӣ, ҳурмату эҳтироми калонсолон, фаъолияти хоси фикрӣ, ахлоқӣ ва зебоипарастӣ баръало эҳсос мегардад. Ин ҳама беҳбудӣ меҳнати омӯзгорони зинаи аввали таълимро осон ва сифати таълиму тарбияро баланд мебардорад.

Дар ин замина, «Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» тасдиқ карда шуд, ки тибқи он фарогирии кӯдакони аз 3 то 6-сола аз 16 фоиз ба 30 фоиз бояд расонида шавад.  Зеро тибқи пешгӯиҳо, шумораи кӯдакони 3-6-сола дар кишвар дар давоми солҳои 2021-2025 беш аз 11 фоиз афзоиш ёфта, тақрибан 1 млн нафарро ташкил хоҳад дод. Таҳсилоти томактабӣ бояд ба рушди барвақтии кӯдакон мусоидат намояд ва барои оммаи васеъ дастрас бошад. То соли 2026 шумораи кӯдаконе, ки ба боғчаҳо ва барномаҳои рушди барвақтӣ мераванд, бояд то 30 фоиз афзоиш ёбад.

Амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ доир ба рушди сармояи инсонӣ, тавсеа бахшидан ба имкониятҳои зеҳнии кишвар ва навсозии низоми идораи тамоми зинаҳои таҳсилот дар шароити замони муосир

Вобаста ба масъалаи рушди сармояи инсонӣ Пешвои миллат пайваста таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, қайд менамоянд, ки рушди муосири иқтисо­диёт ва баланд бардоштани рақобат­нокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад.

Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад. Дар ин росто давоми солҳои 2021-2024 як қатор корҳо анҷом дода шудаст, ки қисме аз онҳоро дар боло зикр кардем ва қисми дигар таҳлили ҳамаҷонибаи алоҳидаро талаб мекунад.

Таъмин намудани робитаи илм бо истеҳсолот ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахш миёни муассисаҳои илмиву таълимӣ ва ширкату корхонаҳои истеҳсолии давлатӣ ва хусусӣ

Таъмин намудани робитаи илм бо истеҳсолот мушкилотест, ки ҳанӯз пурра ҳалли худро наёфтааст. Роҷеъ ба ин масъала Пешвои миллат дар суханронии худ дар мулоқот бо зиёиён нақши илму олимони кишварро дар замони соҳибистиқлолӣ бо овардани мисолҳои мушаххас мавриди таҳлил қарор доданд. Аз ҷумла, қайд карданд: «Мо дар ин марҳала барои тақ­вияти заминаҳои моддиву техникии илми ватанӣ маблағгузориро зиёд карда, ба ин мақсад 1 миллиарду 607 миллион сомонӣ ҷудо намудем, сохтори Академияи илмҳоро мукаммал гардонидем ва соли 2020 онро ба Академияи миллии илмҳо табдил додем.

Бо вуҷуди ин, солҳои охир мушоҳида мешавад, ки барои ҷоннок кардани робитаи илм бо истеҳсолот талошҳо шуда истодааст ва умед аст, ки дар ояндаи наздик натиҷаи дилхоҳ ба даст меорад».

Муайян кардани самтҳо ва равияҳои афзалиятноки илм, таҳким бахшидан ба заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ, ҳамоҳангсозии корҳои илмиву таҳқиқотии муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар

Фаъол гаштани паркҳои технологӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз таҳким бахшидан ба заминаҳои моддиву техникии муасси­саҳои илмиву таҳқиқотӣ, ҳамоҳангсозии корҳои илмиву таҳқиқотии му­ассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дарак медиҳанд.

Андешидани тадбирҳои зарурӣ барои ҳавасмандгардонии ихтироъ­корӣ ва навоварӣ

Барои ҳавасмандгардонии ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар шароити имрӯз зарур аст, ҳар коре, ки ба он мусоидат мекунад, анҷом дода шавад. Дар ин росто, ҳамасола чораҳои ама­лӣ андешида шуда, баргузории як қатор озмуну олимпиадаҳо далели ин гуфтаҳост.

Хулоса, Барномаи пешазинтихоботие, ки аз ҷониби роҳбари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои 7 соли оянда воқеъби­нона тарҳрезӣ шуда буд, имрӯзҳо зина ба зина дар амал татбиқ шуда, фазои осоишта, таҳкими волоияти қонун, ҳаёти шоиста ва дурнамои накуро барои тоҷикистониён фароҳам меорад. Дар таснифи ҳадафҳои босамари Барнома маориф ва илм дар зинаи аввал қарор дорад.

Худойдодзода Фаррух Бегиҷон,
доктори илмҳои фалсафа, профессор, декани факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи С. Айнӣ