Фарҳанг аслу азму тавони вуҷуди мост

Андар шинохти зарфияти фарҳангӣ ва инсони фарҳангӣ

Аз бозе ки инсон худро дар баробари табиат ва ҷаҳони бекарон шинохт, ба эҷод ва офариниш машғул шуд ва аз ин тариқ нахуст мубориза ва муқови­матро барои зинда мондан ва баъдан ба вуҷуд овардани фазои мусоиди зистӣ идома дод. Дар масири шинохт ва муқовимат бо ҳаводиси табиӣ инсонро маҷмуаи донишҳою бинишҳояш, ки аз роҳи таҳрики сохтмони мағзӣ имконпазир шуда, усулан «фарҳанг» ном гирифтаанд, мадад кард. Ба ин тарз, фарҳанг қудрат ва тавоноии равонию ҷисмии инсон аст, ки ӯро дар идомаи ҳастӣ кумак мекунад ва дар бархурдҳои зиндагӣ муқовиматпазир месозад. Ба сухани дигар, инсон аз замоне ки бо кумаки абзорҳои сохтаи хеш кори иҷтимоии муфид анҷом дода тавонист, роҳи хешро аз соири ҳайвонот ҷудо карда, ба ин ҳақиқат пай бурд, ки дар ҷойгоҳи фаротар аз ҷаҳони ҳайвонӣ қарор дорад ва мавҷуде тавлидгар ва офаранда аст. Маҳз ҳамин ҳунари офарандагӣ ва тавлидгарӣ, ки аз қудрату неруи инсонӣ бармеояд, «фарҳанг» номида мешавад ва инсон бо ин навъи қудрату дониш асрҳо ҷаҳони перомуни худро ободу зебо сохта ва месозад. Ба ин маънӣ:

Инсон, ки ба доноӣ шуда  қофилапайванд,

Оварда заминрову замонро ба фарочанг,

«Фар» донишу қудрат буваду «ҳанг» мар оҳанг,

Бо ин «фар»-у ин «ҳанг» шавад  халқ бафарҳанг.

Ҷаҳони имрӯза аз ҳарвақта дида ба инсонҳои фарҳангӣ ниёз дорад. Инсони фарҳангӣ шахсест, ки бар мабнои донишу биниш ва ҷаҳоншиносии воқеӣ бо мушкилот ва масъалаҳои зиндагӣ ва рӯзгор бархӯрди мантиқӣ мекунад. Инсони фарҳангӣ нафари огоҳ ва эҷодист ва ҷасорати интиқод ва бархурд бо хурофоту таассуб ва ҷаҳолатро дорад. Ҷаҳонбинӣ, дониш ва тарзи биниши илмию мантиқӣ дорад ва гироишу такя ба илму хирад ӯро дар баробари мушкилоти фикрӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва маданӣ тавонманд месозад. Ин аст, ки инсони фарҳангӣ чашму дили бедори ҷомеа аст ва барои раҳоии мардум саъю талош меварзад ва дар баробари хурофоту таассуб, ки боиси ақибмондагӣ ва вопасгаройии халқияту миллиятҳо мегарданд, қарор гирифта, интиқоди мунсифонаро ба унвони меъёри таҳлилу баррасӣ мепазирад. Бар ин маъно, инсони фарҳангӣ пуштувонаи равшанфикрону равшангарони ҷомеа маҳсуб меёбад. Махсусан, дар шароити феълӣ, ки ҷомеаҳои камзарфият, аз ҷумла, баъзе табақаҳои иҷтимоии ҷомеаи тоҷик дар қайдубанди хурофоту таассуби мазҳабӣ гирифтор шудаанд, вуҷуду ҳузури инсони фарҳангӣ ва шахсиятҳои маданӣ зарур, балки хеле зарур мебошад. Маҳз тавассути неру ва қудрати фикрию эҷодӣ ва таҳлилию интиқодии инсонҳои фарҳангӣ ҷомеа ба сатҳи огоҳии иҷтимоӣ ва бедории фик­рӣ мерасад ва тадриҷан рушду таҳаввул ҷойи ақибмондагию вопасгаройиро мегирад. Ба ин маъно, пешравию таҳаввул ва таҷаддуду тараққӣ  ба баракати фарҳанг ва инсонҳои фарҳангӣ имконпазир мегардад.

Маълум аст, ки дар саргаҳи фарҳанг ва қудрати фарҳангӣ илму хирад, ки аз огоҳӣ сарчашма мегиранд, қарор дорад. Инсони огоҳу ҳушманд ҳамеша барои огоҳӣ бахшидани навъи башар кӯшиш кардааст ва ин навъ инсонро «фарҳангӣ» гуфтаанд ва ин унвони ифтихории иҷтимоӣ то имрӯз дар миёни ҷомеа аз маҳбубияти вежа  бархӯрдор аст. Фарҳангиён бо роҳандозӣ кардани барномаҳои фикрию маданӣ ҳувият ва натиҷатан, фарҳанг дуруст мекунанд ва муносибатҳои инсониро бар мабнои фарҳанг устувор намуда, як ҷомеаи низомманди маданӣ месозанд. Ҷомеаи низомманди маданӣ ҷомеаи озоду созанда буда, тафоҳуми фарҳангиро дар муҳитҳои иҷтимоӣ эҷод мекунад. Гузашта аз ин, ҷомеаи низомманди маданӣ фарҳанги миллиро аз гирифторию уқдаҳои гуногуни ахлоқӣ, фикрӣ, ақидатӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ эмин медорад ва роҳро барои расидан ба ҳадафҳои болои инсонӣ ва давлатсозии миллӣ ҳамвор месозад. Ин масъалаи муҳим­мест, ки матраҳ ва баррасии он дар ша­роити феълии давлатсозии миллӣ ногузир аст.

Аммо дар муқобили фарҳангу доноӣ ҷаҳолату бефарҳангӣ қарор дорад ва қудрату гурӯҳҳое манфиатхоҳ барои рахна эҷод кардан дар фазои фарҳангӣ ва аз ин тариқ ба ниёзҳои сиёсию иқтисодӣ даст ёфтан нақшаҳои шум мекашанд ва ноамнию бесуботиро дар манотиқи мухталифи сайёра ба вуҷуд меоваранд. Мутаассифона, ҷаҳони имрӯз низ дар рӯёрӯйӣ бо барномасозиҳою нақшабандиҳо ба хотири касби қудрат, тавсеаи нуфуз, аз худ намудани сарват­ҳои табиӣ ва билохира, контроли кишвару давлатҳо қарор дорад ва аз ин вазъ ҷойи гурез нест. Бар илова, талош барои тавсеаи қудрат ва ташаннуҷи бесуботию ноамнӣ танишҳоро дар миёни ҷомеаҳо ба вуҷуд оварда, неру ва тавоноиҳои фарҳангии башарро тадриҷан заиф сохтааст. Дар натиҷаи ҷангу даргириҳо бархӯрди фарҳангҳо сурат мегирад ва ин раванд имрӯз бо шеваҳои ҷадид идома меёбад. Аз ин лиҳоз, як қатор ҷомеаҳо мавриди таҳ­мили ақидатию фикрӣ ва маданӣ қарор гирифта,  бозиҳои сиёсию мафкуравиро мебозанд ва ба бозичаи дасти гурӯҳҳои манфиатхоҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил меёбанд. Дар натиҷа, ба қавли Франс Фанон, «зулми фарҳангӣ» манотиқи дар даргирӣ қарордоштаро фаро мегирад.

Дар шароит ва марҳалаи нави муносибатҳои иҷтимоию сиёсии ҷаҳонӣ, ба қавли ҷомеашиноси муосир ва муаллифи китоби машҳури «Бархӯрди тамаддунҳо» Самюэл Ҳантингтон, сиёсати глобалӣ сиёсати тамаддунҳоро ташкил медиҳад ва бар мабнои ин, рақобати давлатҳои абарқудрат дар пояи бархӯрди тамаддунҳо  сурат мегирад. Дар ин давра бархӯрдҳо шаклу намудҳои гуногунро ба худ мегиранд. Муҳаррикони асосии ин раванд миллату нажодҳо ва дину идеологияҳо мебошанд. Ин аст, ки мо дар баробари воқеиятҳои хеле ҳассоси имрӯзӣ қарор дорем. Муҳимтар аз ин, қудрат ва бозигарони сиёсати ҷаҳонӣ мехоҳанд ҷомеаи ҷаҳонӣ, бавежа, Шарқи мусулмониро дар қолаби бовару иттилооти дурӯғин қарор дода, ба ин васила, онҳоро дар ҳолати бемориҳои музмини ноогоҳӣ, ҷаҳолат, таассуб, хурофот, печидагӣ, нофаҳмӣ, дарҳамбарҳамӣ, бегонасолорӣ, дурӯғбофӣ ва дурӯғпарастӣ нигоҳ доранд. Мутаассифона, инсон бо ин гуна воқеиятҳои талхи имрӯзӣ мувоҷеҳ аст ва бо ин воқеиятҳо аз тариқи васи­лаҳои гуногун, ки дар қолаби фарҳанг мунсаҷим мешаванд, дасту панҷа нарм мекунад. Ин воқеиятҳо имрӯз бо истифода аз технологияи навини иттилоотӣ хатарноктар шудаанд ва дар қолаби бозиҳои геополитикӣ рӯ зада, ҷомеаҳои камзарфиятро ба гирдоби бало ва мусибатҳо мекашанд. Муҳимтар аз ҳама, истифода аз омил ва ё фактори дин бозиҳои сиёсию мафкуравиро тобиши дигар додааст ва ҳадди ақал дар маҳдудаи ҷомеаҳои Ховари Миёна дар сад соли ахир истифодаи абзорӣ аз мазоҳиби исломӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Ин вазъият, қабл аз ҳама, ба фарҳангҳои миллӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Бояд дар назар дошт, ки геополитика, бозиҳои геополитикӣ ва тақсимоти сиёсии ҷаҳон, агарчи дар доираи илмҳои сиёсӣ мафҳум ва истилоҳоти модерн ҳисобида шуда, мутаносибан таърихи камтар ва ё зиёдтар аз садсола дорад, дар таърихи сиёсии ҷаҳонӣ аз собиқаи тӯлонӣ бархӯрдор аст. Агар сарнавишти мамолики мусулмонӣ ва мушаххасан, Шарқи исломиро дар сад соли ахир мадди назар қарор бидиҳем, бозиҳои геополитикӣ бештар дар доираи диёнати исломӣ чарх задаанд ва чунон ки мушоҳида мекунем, имрӯз низ дар тахтаи бозиҳои ҷаҳонӣ исломи сиёсӣ минҳайси муҳраи асосӣ истифодаи абзорӣ мешавад. Ба ин тартиб, дар ибтидои садаи бист исломи сиёсӣ  ба стратегияи сиёсати хориҷии империализми ҷаҳонӣ табдил ёфта, таъсиси гурӯҳҳои муташаккили сиёсию низомӣ аз ҳисоби ифротгароёни исломӣ ва ташкил додани равияву фирқаҳои динӣ ҷиҳати дар ҳоли парешонӣ нигаҳ доштани давлатҳои вопасгарои Шарқи мусулмонӣ ва таҳти контроли ҳамешагӣ қарор додани онҳо ба ҳукми анъана даромад. Ин аст, ки тамоми созмонҳои сиррии динӣ-мазҳабӣ дар маҳдудаи мамолики Шарқи исломӣ таҳти назар, ҳидоят ва ҳи­мояти қудратҳои ҷаҳонӣ амал карда, баҳри бароварда сохтани манофеъ ва ниёзҳои сиёсию иқтисодии бегонагон хизмат карда ва мекунанд.

Ташаннуҷи хурофоту таассуби мазҳабӣ ва нуфузи ҷаҳолату нодонӣ дар ҷомеаҳо тавассути барномарезиҳои махсуси сиёсию мафкуравӣ пиёда мегардад. Бештар мавриди таваҷҷуҳу истифодаи сенариясозону коргардонони  бозиҳо ва саҳнаҳои сиёсию идеологӣ ашхоси манфиатҷӯ ва беҳувият қарор мегиранд. Аз ҳисоби инсонҳои беҳувият ва фурсатталаб созмону гурӯҳҳои ифротгаро ва даҳшатафкан ташкил меёбанд ва барои ноором ва бесубот гардонидани манотиқи мавриди назар истифода мешаванд. Гузашта аз ин, ҷомеаҳои камзарфият ва дар ҳолати заъфи фикрӣ қарордошта бештар мавриди суйиистифодаи созмону гурӯҳҳои ифротгарою тундрави динӣ ва мазҳабӣ қарор мегиранд. Дар зимн, ҳамеша ҷомеаҳои камзарфият ва камогоҳу ноогоҳ ба хатарҳои гуногун мувоҷеҳанд.  Аз ин ҷост, ки вуҷуд ва ҳузури инсонҳои фарҳангӣ ва дар айни замон фаъолияти самараноки онҳо сатҳи ташаннуҷи хурофоту таассубро дар ҷомеаҳои ақибмон­да ва вопасгаро пойин мебарад ва мушкилоти фикрию маданиро тадриҷан маҳор мекунад. 

Инсонҳои фарҳангӣ, ки дар маҷмуъ, ҷомеаи маданиро созмон медиҳанд, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон низ кам нестанд, аммо ғолибан ба авзои сиёсию геополитикии минтақа ва ҷаҳон бетафовутанд. Бетафовутӣ ва саҳлангорӣ дар умури иҷтимоию сиёсӣ ва фикрию маданӣ роҳро барои нуфузу тасаллути саросарии хурофоту таассуби мазҳабӣ дар ҷомеа ҳамвор месозад. Тамошогарӣ ва фориғболии фарҳангиёни охири солҳои ҳаштодум ва аввали солҳои навадуми асри бист боиси даргириҳо ва ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Шикасти фарҳангиёну зиёиён дар баробари хурофоту таассуби мазҳабӣ, ки ибтидои солҳои навадуми садаи гузашта иттифоқ афтода буд, таҷрибаи омӯзандаест барои фарҳангиёни имрӯзӣ. Бинобар ин, имрӯз замоне расидааст, ки инсонҳои фарҳангӣ ва ҷомеаи маданӣ фаъол бошанд ва дар баробари ҳар гуна иддаоҳои бебунёди хурофиён ва ҷаҳолатписандони дохилию хориҷӣ, ки фазои маҷозӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро пур кардаанд, қад алам намоянд ва ба ин восита, рисолати иҷтимоӣ, фикрӣ ва мадании худро содиқона ва муваффақона адо кунанд.

Дар ниҳоят, шароити муосири бархурдҳои тамаддунӣ ва саҳнасозиҳои сиёсию геополитикӣ тарбияи инсони ма­данӣ ва дар маҷмуъ, ҷомеаи тавонманди фарҳангиро тақозо мекунад. Тарбияи инсони фарҳангӣ ба кайфият ва чигунагии барномарезиҳои тарбиятӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ, илмӣ, ихтисосӣ, адабӣ, ҳунарӣ ва билохира фарҳангӣ бастагӣ дорад ва ҳар қадар ин гуна барномарезиҳо ҷиддӣ, мантиқӣ ва илмӣ-ихтисосӣ бошанд, ҳамон қадар имкони расидан ба марҳалаи нави тарбияти миллиро фароҳам оварда, сатҳи зарфияти фарҳангии миллатро боло мебаранд. Аз ин ҷост, ки боло бурдани сатҳи зарфияти фарҳангии миллат бояд дар авлавияти умури иҷтимоӣ, мафкуравӣ, илмӣ ва маданӣ қарор бигирад. Дар ин замина, фарҳанги бозарфият ва бақудрат ҷомеаи инсонӣ ва мутаносибан давлати миллиро тавонманд сохта, дар баробари чолишу таҳдиду хатароти рӯзмарра муқовиматпазир мекунад. Ба ин маъно:

Зебоии замину замон аз намуди мост,

Ин осмон масири фарозу фуруди мост,

Беазмиҳо касолату заъфу рукуди мост,

Фарҳанг аслу азму тавони вуҷуди мост,

Гуфтушунуди мост,

Пайку дуруди мост,

Шеъру суруди мост,

Чун тору пуди мост,

Пас, ҳасту буди мост!

Нозим Нурзода,

пажуҳишгар