Ҷашн гирифтани Рӯзи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷгузорӣ ба хидматҳо ва ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Таърих гувоҳ аст, ки халқи тамаддунофари тоҷик тӯли ҳазорсолаҳо садамаҳои зиёде дидааст, вале бо амри Яздон шахсияти таърихие ба арсаи сиёсат қадам ниҳоду миллати тоҷикро аз вартаи нестӣ наҷот дод ва бори дигар ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, ҳамчун Президенти мардумӣ мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт. Дар қонунгузории кишвари азизамон тибқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» (аз 14 майи соли 2016) 16 ноябр — Рӯзи Президент эълон гардидаст. Фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофашон муттаҳид сохтанд, дар кишвар Ваҳдати миллӣ пойдор гардид ва давлат ба пешрафтҳои чашмгир ноил гардид, ки шоистаи қадршиносиву арҷгузорӣ мебошанд.
Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату давлат, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумуъ ва ободии Ватан, фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудаанд. Мусаллам аст, ки ташаккули давлатдории миллии мо ва эҳёи мақому манзалати он дар арсаи ҷаҳонӣ ба заҳмат ва талошҳои пайвастаи шахсияти таърихӣ алоқаи ногусастанӣ дорад. Бидуни шак, хидмати бузурги Пешвои миллат барои Тоҷикистон — барқарор намудани сулҳу суботи комил ва таҳкими Ваҳдати миллӣ аст. Мавсуф тавонистанд дар солҳои аввали фаъолияти худ масъулияти Конститутсионии хешро ба сифати Сарвари давлат ба пуррагӣ иҷро намуда, чун кафили сулҳу субот ва амнияти давлат амал намоянд. Мавриди зикр аст, ки дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати комил дар Тоҷикистон нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Аз ин ҷост, ки ин хидматҳои бузургро мардуми кишвар ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард.
Сулҳи тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили мардум умед ба ояндаи нек, хушбахтӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдати ногусастаниро зинда намуд.
Дар баробари фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба масъалаҳои ислоҳоти соҳа, зиёд кардани маблағгузории соҳаи маориф, давра ба давра баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон, зиёд намудани стипендияҳо, аз ҷумла, стипендияи Президентии «Дурахшандагон» ба тарбияи кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи мамлакат эътибори аввалиндараҷа дода мешавад. Илова бар ин, бо мақсади дарёфти истеъдодҳо ва тарбияи онҳо, баланд бардоштани сатҳи худшиносиву худогоҳӣ ва саводнокиву маърифатнокии мардуми шарафманди тоҷик, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон ва тақвияти завқи зебоипарастии онҳо баргузор намудани озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» ва ғайра ба роҳ монда шуданд. Ҳадаф аз иқдомоти зикргардида ин аст, ки ҳар фарди тоҷик таърихи пурифтихори гузаштаи худ, мероси пурғановати фарҳангӣ ва дигар арзишҳои неки миллати бостониву тамаддунсози хешро хуб донад, ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ дошта бошад.
Сарвари давлат дар ҳамин робита ба омӯзгорон муроҷиат намуда, таъкид кардаанд: «Мехоҳам ба устодону омӯзгорони муҳтарам хотиррасон намоям, ки ба касби интихобкардаи худ завқ дошта бошанд, онро сидқан дӯст доранд, иродаи қавӣ ва сатҳи баланди касбият дошта бошанд ва бо рафтору кирдори неку намунавӣ эҳтироми боз ҳам бештари аҳли ҷомеаро ба даст оваранд. Яъне, иззату обрӯи ҳар шахс, аз ҷумла, омӯзгор, дар навбати аввал, аз худаш вобаста мебошад».
Воқеан ҳам, мо-аҳли маорифи кишвар бояд ин суханони Сарвари давлатро сармашқи кори худ намуда, бештар омӯзем, таҷрибаи педагогии хешро сайқал диҳем, усулҳои нави таълимро аз бар намоем ва наврасону ҷавонони шоистаро ба камол расонем.
Қурбоналӣ ЗИЁЕВ,
директори Осорхонаи маорифи
Академияи таҳсилоти Тоҷикистон