Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди имконоти илмию техникӣ ва технологию инноватсионӣ, татбиқи барнома ва лоиҳаҳои инноватсионӣ, ташкил ва татбиқи барномаҳои инноватсионии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, мусоидат ба инкишофи технологияҳои муосир, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва молиявии муассисаҳои таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ, истеҳсолӣ ва дарёфти сармояи дохилию хориҷӣ барои рушди илм ва технология, муттаҳид сохтани неруи зеҳнӣ барои пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва ҷорӣ намудани технологияи аълосифати муосир дар истеҳсолот, ҷалби донишҷӯён, аспирантҳо, магистрҳо, ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳаққиқон барои ҳамгироии илм ва истеҳсолот, рушди корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои хурду миёна, ташкили ҷойҳои нави корӣ, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ, ҳамкории муассисаҳои илмӣ ва бизнеси инноватсионӣ дар назди як қатор муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии кишвар паркҳои технологӣ таъсис дода шудаанд. Ҳамзамон, бо мақсади танзими фаъолияти паркҳои технологӣ дар кишвар аз соли 2010 инҷониб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» ба тасвиб расидааст. Чанде пеш бо дастури роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи кории вижа рафти татбиқи қонуни мазкур дар 16 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишвар мавриди санҷиш қарор гирифт. Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки аз 16 муассисаи санҷидашуда дар 10 муассиса паркҳои технологӣ худмаблағгузор буда, 6 парки технологӣ аз ҳисоби муассиса маблағгузорӣ мешаванд.
Татбиқи илм дар истеҳсолот
Дар рафти санҷиш муайян гардид, ки татбиқи илм дар истеҳсолот ва коркарди илмӣ-инноватсионӣ дар заминаи паркҳои технологӣ дар сатҳи на он қадар хуб қарор дорад. Дар аксари муассисаҳо дар заминаи Парки технологӣ курсҳои омӯзишӣ ва дигар намуди хизматрасонӣ ба роҳ монда шудааст, ки характери татбиқи илм дар истеҳсолотро дарбар намегирад.
Новобаста аз ин, дар баъзе аз муассисаҳо татбиқи илм дар истеҳсолот ва коркарди илмӣ-инноватсионӣ дар заминаи паркҳои технологӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Аз ҷумла, бо мақсади пайванди илм бо истеҳсолот, Парки технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо 56 корхонаву муассиса ва ташкилотҳои гуногун тибқи қарордод корҳои илмию тадқиқотӣ, омӯзишӣ ва истеҳсолиро ба роҳ монда, инчунин, дар се соли охир аз ҷониби олимони донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо Парки технологӣ 11 патент ба даст оварда шудааст.
Унвонҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон О. Каримов натиҷаҳои илмии дар «ТехноПарк» ба даст овардаашро дар ҶДММ «Имон»–ширкати истеҳсолкунандаи кулчақандҳо татбиқ намудааст. Унвонҷӯи дигари донишгоҳ Ҳ. Абдуллоева кори илмӣ-тадқиқотияшро дар шароити корхонаҳои истеҳсолии ҶДММ «Имон» ва ҶДММ «Шивер Тоҷикистон» татбиқ намудааст. Ҳамзамон, аз ҷониби Парки технологии донишгоҳ макарон, ҳасиб ва мурғи обпаз истеҳсол гардида, ба ошхонаи донишгоҳ пешкаш мегардад.
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ихтироот, аз ҷумла, дастгоҳи безараркунандаи лавозимоти конселярӣ тавассути лампаи безараркунанда (ултрофеолетӣ) ва дастгоҳи безараргардонии Airfresh, дастгоҳи худкори ҷамъоварии мева «SAP» (Simple apricot piccer), дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав аз ҷониби омӯзгори донишгоҳ С.Тохтаров дастгоҳи пахтахушккунӣ ихтироъ карда шудааст, ки дар корхонаҳои пахтатозакунии минтақа мавриди истифода қарор гирифта, дорои патент мебошад. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ҷиҳати татбиқи илм дар истеҳсолот 20 намуд гиёҳҳои шифобахш коркард шуда, аз он маводи доруворӣ, хусусан, доруҳои хокаи дибазол, димедрол, поливитаминҳо, маҳлули антисептикӣ, равғани сиёҳдона дар ғилофак истеҳсол карда шуда, барои табобати беморон истифода бурда мешаванд. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бошад, кори таҳқиқотӣ – шароби дӯлонаи навъи маҳаллӣ дар истеҳсолот ҷорӣ карда шудааст. Ҳамчунин, маводи парафарматсевтии «Витиш Н»-патенти ихтирооти ҶТ, ки аз тарафи табиби амалкунандаи беморхонаи «Касалиҳои пӯст»-и шаҳри Душанбе Ҳ. Раззоқов ихтироъ гаштааст, дар якҷоягӣ бо муаллиф дар ҳаҷми майдасилсилавӣ дар заминаи Парки технологӣ истеҳсол гардида, ҳамчун маҳсулоти навъи ватанӣ барои истифода дар соҳаи тандурустӣ пешниҳод карда шудааст.
Лоиҳаҳои илмӣ-инноватсионии татбиқшаванда дар паркҳои технологӣ
Ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои илмӣ-инноватсионӣ дар назди паркҳои технологии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ корҳои мушаххас ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, дар доираи ҳамкориҳо бо Котиботи байналмилалӣ оид ба об ва Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ таъсиси озмоишгоҳи ташхиси обҳои партов ва нӯшокӣ дар назар аст. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ якчанд лоиҳаи инноватсиониро дар самтҳои татбиқи илм дар истеҳсолот коркард намуда истодааст. Аз ҷумла, бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсолоту ихтирооти истеҳсолӣ якҷо бо олимони соҳаи химияву биология лоиҳаи коркарди наздики 60 намуд моеъҳои шӯянда ва косметологӣ бо мутахассисони варзидаи Ҷумҳурии Мардумии Чин пешниҳод гардид. Лоиҳаи мазкур дар кӯтоҳтарин муҳлат дар Боғи агробиолаборатории Ромит ба кор оғоз хоҳад намуд.
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 7 лоиҳаи илмӣ-инноватсионӣ дар коркард қарор дорад. Парки технологии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент лоиҳаи инноватсионии насби системаи гармидиҳии дамии ангиштсанг дар корхонаҳоро коркард намуда, онро дар коргоҳи мевахушккунии парк ба кор андохт. Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур дар доираи ҳамкориҳои донишгоҳ бо ташкилоти байналхалқии ТICA-и Давлати Туркия бо мақсади мустаҳкам намудани пойгоҳи моддию техникии парки технологӣ дар озмоишгоҳи кишоварзии назди Парки технологӣ, воқеъ дар шаҳри Ҳисор, дар майдони 2,0 га боғи интенсивӣ бо истифода аз навъҳои дарахтони мевадиҳандаи себ, гелос, олу ва 0,5 га боғи модарӣ бо теъдоди 12500 тагпайванд бо технологияи обёрии қатрагӣ бунёд карда шудааст, ки мавриди бозомӯзии унвонҷӯён, магистрантон ва донишҷӯён қарор гирифтааст.
Дар заминаи Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пойгоҳи дорусозӣ дар шакли лоиҳаи барномарезишудаи илмӣ-инноватсионӣ ташаккул ёфта истодааст, ки ҳадаф аз он мутамарказонидан ва муттаҳид кардани фаъолияти самти дорусозии донишгоҳ дар як чорчӯба ва як занҷираи пайвастаи «илм-таълим-истеҳсолот-бозори истеъмолӣ» мебошад. Дар заминаи ин лоиҳа бо дастгирии садорати донишгоҳ ва маблағгузории лоиҳаи грантӣ аз рӯйи барномаи #Inno Response Challenge – Раунд 5 (10–2022-Grant-UNDP-DSR-@) ба маблағи 10 000 $ дар пойгоҳи парки технологӣ як коргоҳи таҷрибавӣ-истеҳсолии ҷолинусӣ барои коркади маводи растанигӣ то ба шаробу экстрактҳои доруворӣ ва платформаи рақамии «tojpharm.tnu.tj» барои таблиғи маҳсулоти истеҳсолии парк дар шабакаи ҷаҳонӣ ташкил карда шудааст.
Дар Парки технологии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои инноватсионӣ якҷо бо унвонҷӯён иҷро карда мешаванд. Лоиҳаи инноватсионии «Истифодаи рангҳои ғизоӣ дар истеҳсоли маҳсулот аз решаи ширинбуя» дар истеҳсоли махсулоти макаронӣ истифода карда шуд. Лоиҳаи «Рангкунандаи табиӣ аз решаи ширинбуя» низ мавриди баррасӣ қарор дорад.
Ҷалби донишҷӯён, магистрантон, аспирантон, профессорону омӯзгорон ва муҳаққиқон барои ҳамгироии илм бо истеҳсолот
Дар раванди фаъолияти озмоишгоҳҳои Парки технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон пурра ҷалб гардида, дар ҳолатҳои алоҳида тибқи шартнома ба кор пазируфта мешаванд. Аз ҷумла, агар соли 2022 барои гузаронидани курсҳои омӯзишӣ дар ҶСК «Азот» 23 нафар омӯзгори донишгоҳ аз тариқи шартнома бо Парки технологӣ ба кор ҷалб гардида бошанд, дар соли 2023 ин шумора 20 нафарро ташкил намуд.
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино М.Шуҳратзода – аспиранти донишгоҳ дар заминаи Парки технологӣ барои ихтирооти «Метрарги фаъолияти зиддимикробӣ зоҳиркунанда» аз тарафи Ассотсиатсияи ихтироъкорони Ҷумҳурии Корея соҳиби медали тилло гардид. Инчунин, маводи доруии дигар аз тарафи ин олим (пайвастагии якҷояи Zn (II)+Cu (II) ва албендазол) таъсири зиддипаразитӣ дошта, дар фермаҳои зотпарварии хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бошад, хатмкунандагони курсҳои робототехникии Парки технологӣ М. Маҳмудова ва С. Абдуғаниева дар озмуни миллии Enactus бо лоиҳаи худ «Коркарди шишаҳои ПЭТ барои чопи 3D» ҷойи аввалро ишғол намуданд.
Раёсати Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур ҷиҳати ҷалби донишҷӯён, магистрантон, аспирантон, профессорону омӯзгорон ва муҳаққиқони илмӣ-тадқиқотӣ барои ҳамгироии илм бо истеҳсолот тадбирҳои зарурӣ андешида, дар заминаи Парки технологӣ 34 маҳфили илмӣ ташкил намудааст. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба донишҷӯёни хоҳишманд дар сехҳои коркарди чӯб, ҷевону таҷҳизоти таълимӣ, кафшергарӣ, дӯзандагӣ, сартарошӣ, қаннодӣ, чопи шиору овезаҳо ба таври ройгон касб омӯзонида мешавад.
Дар Донишгоҳи давлатии Данғара аз охири моҳи январи соли 2024 дар маркази ҳунарҳои мардумии коргоҳи №2 курси сертификатсионии «Тарҳрезӣ ва дӯхти либоси замони нав» дар заминаи Парки технологӣ ба роҳ монда шудааст, ки шумораи иштироккунандагони ин гурӯҳ 11 нафарро ташкил медиҳад.
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон донишҷӯён дар Парки технологӣ корҳои таҷрибавии худро мегузаронанд. Ҳамзамон, аз ашёи хом намудҳои гуногуни макарон, маҳсулоти қаннодӣ, (тортҳо, кулчақандҳо), маҳсулоти гӯштӣ (пироги гӯштӣ, барак), маҳсулоти ширӣ (кефир, ҷурғот, панир) ва дигар намуди маҳсулоти ғизоиро истеҳсол менамоянд.
Фароҳам овардани шароит барои рушди инфрасохтори парк
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар 30 майи соли 2024 қайд намуданд: «…вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки ҷиҳати ба талаботи замон мувофиқ намудани фаъолияти Паркҳои технологӣ то охири соли ҷорӣ тадбирҳои дахлдор андешанд.»
Бо мақсади иҷрои ин дастуру супоришҳои Пешвои миллат раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз оғози соли таҳсили 2024-2025 Парки технологии «Фановар»-ро ба таври мукаммал аз таъмир бароварда, баъзе асбобу таҷҳизоти озмоиширо, ки фарсуда ва корношоям буданд, аз нав ба кор дароварданд. Ҳоло донишҷӯёни ихтисосҳои факултаи муҳандисӣ-технологӣ дарсҳои озмоиширо дар он ҷо мегузаронанд.
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар баробари пойгоҳҳои мавҷуда, ҳоло Парки технологӣ ба барномарезӣ ва ташкил намудани инфрасохторҳои нав, аз қабили студияи табъу нашри дохилии шабакавии худ (бо истифода аз имконоти мавҷуда), курсҳо ва сексияҳои барномарезишудаи роботехника (якҷо бо шарикон «Rob-X»), лоиҳаҳои инноватсионии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, аз қабили таҷдиди коргоҳҳои дорусозӣ (барои ду коргоҳи алоҳида), лоиҳаи таъсиси коргоҳи нави доруворӣ дар шакли қурс, дража ва ғилофакҳои дору, лоиҳаи таъсиси коргоҳи нави малҳамбарорӣ, лоиҳаи таъсиси коргоҳи собунпазӣ, лоиҳаи таъсиси дорухонаи истеҳсолӣ ва дигар фаъолиятҳоро дар самтҳои машваратхонаи ҳуқуқӣ, курсҳои омӯзиши касб, курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, нейросети фарматсевтӣ ва дигар ташаббусҳои созанда оғоз намудааст, ки дар ояндаи наздик ба кор мепардозанд.
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон айни замон барои рушди инфрасохтори Парки технологӣ бо ибтикори раёсати донишгоҳ махсус барои парк бинои дуошёнаи хушсохти замонавӣ сохта шудааст. Ҷиҳати тақвияти заминаи моддию техникии Парки технологии донишгоҳ аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ширкати Shandong Lingsheng International Education Consulting Co., Ltd. ҷалб гардидааст, ки аз ҳисоби маблағҳои грантӣ муҷаҳҳазгардонии Парки технологии донишгоҳ, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии он дар назар дошта шуда, ҳамзамон, дар заминаи он ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, хитоӣ ва англисӣ, ба роҳ мондани такмили ихтисоси кормандони мақомоти молия, андоз ва суғурта, гумрук, логистика ва нақлиёт пешбинӣ мешавад.
Корҳое, ки бояд анҷом дод
Дар баробари фаъолияти паркҳои технологии мавҷуда, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии кишвар як қатор корҳоро бояд анҷом дод. Пеш аз ҳама, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки то ҳол парки технологӣ надоранд, бояд чунин паркҳо ташкил ва аз қайди давлатӣ гузаронида шаванд. Ҳамзамон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи самти паркҳои технологӣ ба танзим дароварда шуда, маблағгузории Парки технологӣ бо мақсади харидории таҷҳизот, коркарди маҳсулот, ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ, тайёр кардани кадрҳои илмӣ барои парк, таҷрибаомӯзӣ, гузаронидани чорабиниҳои илмӣ ва ғайра сол ба сол зиёд карда шавад. Ҷиҳати татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот ва коркарди илмӣ-инноватсионӣ дар заминаи парк чораҷӯӣ карда шуда, барои омода ва пешниҳоди лоиҳаҳои илмӣ-инноватсионӣ ба сохторҳои дахлдор ва дар ин замина, васеъ намудани фаъолияти худ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Ҷиҳати ҷалби донишҷӯён, магистрон, аспирантон, профессорону омӯзгорон ва муҳаққиқон барои ҳамгироии илм бо истеҳсолот имконоти мусоид фароҳам оварда шуда, барои ташкили ҷойҳои нави корӣ дар Парки технологӣ мусоидат намоянд. Ҳамзамон, дар самти таҳким бахшидани робитаи муассиса ва бахши хусусӣ дар соҳаи фаъолияти Парки технологӣ, ҳавасманд гардонидани сохторҳои тиҷоратӣ барои ҳамкорӣ дар ин самт бо муассисаҳо тақвият бахшида шаванд.
С. НИЁЗӢ,
сардори раёсати илм ва инноватсияи
Вазорати маориф ва илм,
Э. САФАРЗОДА,
«Омӯзгор»