Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии мамлакат буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва таҷзияи ҳокимияти давлатиро муайян мекунад. Конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, набояд хилофи Конститутсия бошанд.
Ин санади ҳуқуқӣ асосҳои рушди муҳити давлатдории навинро фаро мегирад. Аз тарафи дигар, қабули Конститутсия рамзи соҳибистиқлолӣ ва мустақилияти давлат буда, давлатро ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад.
Соҳаи илму маориф низоми калидии пешрафту тараққиёти давлату миллат буда, дар Конститутсия ба он таваҷҷуҳи бевосита равона карда шудааст. Ҳамин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода, пайваста чоаҳо меандешад. Маҳз бо ин васила сатҳи донишу маърифатнокии аҳолӣ баланд ва мустаҳкам карда мешавад.
Бояд гуфт, ки инсоният ба асри нав бо дастовардҳои назарраси илмӣ ва технологӣ ворид гардид, ки он тарзи ҳаётро ба куллӣ тағйир дода истодааст. Истифодаи самарабахши натиҷаҳои илми бунёдӣ ва амалӣ омили муҳимми рушди устувор дар ҳар як давлат мебошад. Вобаста ба ин, вазифаи муҳим барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардани самт барои табдил додани илми ватанӣ ба омили муҳимми рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавии кишвар, суръатбахшии неруи иқтисодии он, таъмини рақобатпазирии иқтисодиёт ва амнияти миллии давлат тибқи афзалиятҳои стратегии дарозмуддати ҷумҳурӣ мебошад.
Таҳким ва рушди соҳаи илм дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат қарор дошта, заминаи асосии онро маҳз муқаррароти бунёдии Конститутсия ташкил менамояд.
Дигар муқаррароти Конститутсия, ки баҳри рушди соҳаи илм нақши муассир мегузорад, ин моддаи 40 Конститутсия ба шумор меравад. Тибқи муқаррароти моддаи мазкур ҳар шахс ҳуқуқ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунад. Ҳамчунин, дар қисми сеюми моддаи болозикр таъкид гардидааст, ки моликияти зеҳнӣ таҳти ҳимояи қонун аст.
Бояд гуфт, ки фаъолияти озодона ва афзалияти истифодаи мақсаднок аз дастовардҳо дар соҳаи эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ба ҳар як шаҳрванд маҳз дар сатҳи Конститутсия кафолат дода шудааст. Ин муқаррароти конститутсионӣ заминаи муҳимро баҳри рушди бомароми самтҳои гуногуни соҳаи илм дар мамлакат ба вуҷуд овард.
Моддаи 41 Конститутсия, ки ҳуқуқи ҳар шахсро ба таҳсил кафолат медиҳад, заминаи муҳимми рушди соҳаи илм дар мамлакат маҳсуб мегардад. Дар таҳкими ин раванд муқаррароти моддаи мазкур пешбинӣ менамояд, ки таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун, дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад.
Ҳуқуқ ба таҳсил, ки заминаи асосии таҳаввули илмӣ ба ҳисоб меравад, дар асоси Конститутсия мавқеъ ва аҳамият пайдо карда, кафолати амалинамоии он дар зинаҳои муайян ҳатмӣ пешбинӣ шудааст. Аз ин рӯ, ин муқаррароти Конститутсия заминаи дигари асосӣ баҳри рушди соҳаи илм дар мамлакат мебошад.
Дар заминаи муқаррароти бунёдии Конститутсия дар низоми қонунгузории ҷумҳурӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд баҳри танзими ҳуқуқӣ ва рушди соҳаи илм бевосита қабул гардидаанд. Аз ҷумла, чунин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баҳри рушди соҳаи илм дар мамлакат муқаррароти асосиро пешбинӣ менамоянд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ», «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ», «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», «Дар бораи Парки технологӣ» ва ғайра.
Дар мамҷуъ, таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки доир ба танзими масъалаҳои вобаста ба соҳаи илм 6 қонуни бевосита қабул гардида, дар зиёда аз 15 санади қонунгузории дигар чунин муносибатҳо ба таври умумӣ танзим ёфтаанд ва дар ин замина даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ қабул карда шудааст.
Ҳамзамон, дар мамлакат Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳо таъсис дода шуда, якшанбеи сеюми моҳи апрел дар қонунгузории ҷумҳурӣ расман «Рӯзи илми тоҷик» эълон гардид. Вобаста ба ин, тамоми ниҳодҳои ҷумҳурӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ дар рушди илм ва ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеа саҳм гузоштанд.
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ сиёсати ягонаи назорати давлатиро дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, тибқи Низомнома, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2020, №1557 тасдиқ гардидааст, фаъолият менамояд ва дар фаъолияти худ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.
Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм агентӣ иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стандартҳои давлатии таҳсилотро дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти ташкилотҳои илмӣ, самаранокии татбиқи таҳқиқоти илмӣ-техникӣ, тайёр намудани мутахассисон ва кадрҳои илмиро новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравии онҳо назорат карда, инчунин, дар раванди банақшагирӣ ба ташкили ҷараёни таълиму тарбия, сатҳи сифати дониши хонандагон, донишҷӯён, магистрон, аспирантону докторантон, тайёр намудани мутахассисон ва дигар самтҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ баҳо медиҳад.
Айни замон агентӣ назорати давлатиро дар соҳаи илми кишвар дар шакли аккредитатсияи давлатӣ ба роҳ монда, дар оянда бо дарназардошти мутобиқкунонии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ назоратро дар шаклҳои иҷозатномадиҳӣ ва таъмини назорати санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи илм амалӣ менамояд.
Бобати тақвияти меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузорӣ дар соҳаи илм ба мақсад мувофиқ аст, ки олимону муҳаққиқон ва пажуҳишгарони муассисаҳои таълимию илмӣ ба масъалаҳои зерин боз ҳам бештар таваҷҷуҳ намоянд:
1) Бо мақсади рушди илми ватанӣ, баррасии масъалаҳои мубрами илмӣ бо дарназардошти нишондодҳои ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои афзалиятноки илмӣ ва илмию техникӣ» зарурати таҷдиди мавзуи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҷой дошта, муҳаққиқонро зарур аст, ки мавзуъҳои таҳқиқотие интихоб намоянд, ки ба рушди низоми иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву сиёсӣ ва ҳуқуқӣ бештар муҳим ва мубрам бошанд.
2) Ба мақсад мувофиқ аст, ки марҳала ба марҳала ихтисосҳои илмие, ки барои кишвар нодиранд ва аз рӯйи онҳо таҳқиқотҳои илмӣ анҷом дода нашудаанд, мавриди таваҷҷуҳи муҳаққиқон қарор гиранд Аз рӯйи чунин ихтисосҳо рисолаҳои илмӣ ҳимоя намуда, давра ба давра ба таъсиси чунин Шуроҳои илмӣ таваҷҷуҳи бештар равона карда шавад.
3) Ҷиҳати боз ҳам дар амал татбиқ гардидани дастовардҳои илмӣ тақвияти фаъолияти паркҳои технологӣ муҳим аст, зеро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии ин масъала пурра мавҷуд аст. Бахусус, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» қабул гардидааст, ки зарурати ҳамкории олимону муҳаққиқон бо паркҳои технологӣ, дар амал татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ ва бо ин васила дастгирии муҳаққиқон ҳарчи бештар зарур аст.
Хурсанд СОДИҚЗОДА,
муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон