ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Ваҳдати миллӣ – асоси пешрафти давлат

Тоҷикистон дар баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ гирифтори ҷангӣ шаҳрвандӣ гардид, ки он хисороти зиёд ба бор овард; иқтисо­диёт фалаҷ гардид, корхонаҳо аз фаъ­олият бозмонданд ва мардум гурезаву тарки Ватан карданд. Дар чунин шароити муҳлику хатарзо нафаре зарур буд, ки баҳри таъмини сулҳу субот дар кишвар чораандешӣ намояд. Иҷлосияи XVI Шурои Олии мамлакат шахсиятеро барои кишвар ҳадя намуд, ки дар роҳи татбиқи ваҳдати комил ва пайванд намудани мардуми кишвар ҳастии хешро фидо кард. Маҳз дар ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шурои Олӣ пазируфта шуданд ва дар аввалин Муроҷиат­номаи хеш ба мардуми кишвар таъкид доштанд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам! То даме ки охирин гурезаро аз хоки Афғонистон ба Ватан барнагардонам, осуда буда наметавонам. Қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила бар­қарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқат­мандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Маҳз ҷасорату матонат ва хиради фитрии Сарвари давлат буд, ки бо мухолифон дар ҷойҳои хатарзо суҳбат намуданд, бо мардум мулоқот карданд ва ниҳоят 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқ­рори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Бо имзои ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз тадриҷан сулҳу субот дар кишвар таъмин гардид, гурезагон ба Ватан баргаштанд ва сатҳи зиндагии мардум хуб шуд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки даҳсолаи аввали соҳибистиқ­лолии кишвар, асосан, ба таъмини пояҳои истиқлолу сулҳ дар кишвар равона гардид.

Муаррифии миллат ва давлат дар арсаи байналмилалӣ

Бо таъмин гардидани сулҳу субот Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷа­ҳонӣ ҳамчун кишвари сулҳофару ташаббускор пазируфта шуд. Имрӯз То­ҷикистон дар ҳалли масоили гло­балӣ, аз қабили обу иқлим дар ҷаҳон пешгом мебошад. Маҳз бо талошу пайкор ва ташаббусҳои Сарвари давлат панҷ ташаббуси байналмилалии Тоҷикис­тон вобаста ба об аз  ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуданд.

Нахустин пешниҳоди Пешвои миллат дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (1 октябри соли  1999) эълон намудани соли 2003 – «Соли оби тоза» мебошад, ки дар аснои  ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии СММ соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза» эълон карда шуд. Баъдан ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, 2005-2015» соли 2003 аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод шуда буд. Худи ҳамон сол бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии СММ қатъномаеро қабул намуд, ки тибқи он давраи солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон гардид. Дар чаҳор­чӯби даҳсолаи мазкур Маҷ­маи умумии СММ ташаббуси дигари Тоҷи­кистонро оид ба эълон намудани соли 2013 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» қабул кард. 21-уми декабри соли 2016 ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ Қатъномаи A/RES/71/222-ро зери унвони «Даҳсо­лаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028» бо иттифоқи оро ва бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул намуд.  Дар баробари ин, 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод  шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналми­лалӣ дарҷ гардидааст.

Муҳимтар аз ин, дар феҳристи осори таҳқиқотии Пешвои миллат китоб­ҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих: аз Ориён то Сомониён», «Чеҳраҳои мондагор» ва «Забони миллат – ҳастии миллат» аз зумраи асарҳои бунёдие маҳсуб меёбанд, ки маҳз ба муаррифии давлату миллати тоҷик бахшида шудаанд. Пешвои миллат дар китоби «Чеҳ­раҳои мондагор» зикр намуданд: «Шинохти таърих ва ҳикмау фарҳанги оламгири ниёгон ба хотири муаррифии мақоми ҷаҳонии миллати мо мебошад. Он дар худогоҳӣ ва ҷустуҷӯҳои таърихиву миллии тоҷикон марҳалаи комилан тозаро ба вуҷуд овардааст… Чопи китоби «Чеҳраҳои мондагор» хоннадагони азизро бо саҳифаҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик шинос намуда, аз рӯзгори шахсиятҳои номдору сарбаланди илмӣ, адабӣ ва таърихиву сиёсиамон нақл менамояд».

Ҳамзамон бо ин, Пешвои миллат дар таҳқиқоти хеш доир ба шинохти вожаи «тоҷик» низ дар дарозои таърих асарҳои мондагор таълиф кардаанд. Ташреҳи мафҳуми «тоҷик», махсусан, дар асари гаронмояи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳ­тарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат — ҳастии миллат» (дар ду ҷилд) ба таври муфассал бо такя бо асноду мадорик ва сарчашмаҳои навине, ки дар таҳ­қиқоти пешини пажуҳишгарон аз онҳо истифода нашудааст, мавриди таҳлил ва арзёбӣ қарор гирифтааст. Асари мазкур пажуҳиши амиқи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба шинохти вожаи «тоҷик» мебошад. Зеро дар замони пуртазоди ҷаҳони муосир пойдориву бақои давлат, пеш аз ҳама, ба забони он иртиботманд мебошад ва ҳамчун муаррифи миллату забон  дар арсаи ҷаҳонӣ барои шинохти бештари кишвар мусоидат мекунанд.

Таваҷҷуҳ ба илму маориф

Яке аз самтҳои асосие, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввали соҳбистиқлолӣ таваҷҷуҳ намудаанд, соҳаи маориф маҳсуб меёбад ва баҳри пешрафти ин соҳаи ҳаётан муҳим пайваста тадбирҳои судманд меандешанд. Дар ин маврид Пешвои миллат таъкид карданд: «Агар соли 2000-ум ба соҳаи маориф ҳамагӣ 42 миллион со­монӣ ҷудо шуда бошад, ин нишон­диҳанда дар соли 2005 ба 253 миллион, соли 2010 ба зиёда аз 1 миллиард, соли 2015 ба 2,5 миллиард, соли 2020 ба 5,5 миллиард ва дар соли 2024 ба 8 миллиарду 231 миллион сомонӣ расонида шуд, ки 5,7 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва 18,9 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад».

Дар зимн, пайваста бо аҳли илму маориф суҳбат менамоянд ва дар онҳо муҳимтарин масъалаҳои соҳаро мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор медиҳанд. Зеро асоси рушди давлат ба пешрафти соҳаи маориф иртиботманд мебошад. Дар мулоқоти 30 майи соли 2024 таъкид доштанд: «…аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол илму маориф дар сиёсати Ҳукумати мамлакат мавқеи меҳварӣ дошта, олимону му­ҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошанд».

Нуктаи дигар, суханронии Пешвои  миллат дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ  маҳсуб меёбад.  Дар суханрониҳои  хеш пайваста таъкид менамоянд, ки наврасону ҷавонон илму дониш омӯзанд ва аз донишҳои муосир бархурдор гарданд ва дар пешрафти давлат саҳми муносиб гузоранд.

Баланд бардоштани мақоми омӯз­горон дар меҳвари фаъолияти  Сарвари давлат қарор дорад ва дар ин самт корҳои зиёде анҷом пазируфта шудааст. Маҳз дастгирию ҳидоятҳои Пешвои миллат аст, ки тадриҷан сатҳу зиндагии аҳли маориф беҳтар мегардад. Баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон, таъмин бо заминҳои назди­ҳавлигӣ барои омӯзгорон ҷавон, қарз­ҳои имтиёзнок аз ҷумлаи он тадбир­ҳоест, ки амалӣ гардидаанд. Дар оянда низ қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯз­гор» ба тақвияти фаъолияти омӯзгорон такони ҷиддӣ бахшида, мақому манзалати онҳоро боз ҳам баландтар мегардонад.  Ба ин маънӣ, Пешвои миллат таъкид кардаанд: «Мехоҳам бо қаноат­мандиву сипос хотиррасон намоям, ки омӯзгорону устодони мо ҳамчун қишри фаъолу пешқадами ҷомеа дар солҳои душвори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини он давра содиқона фаъолият намуданд ва дар таълиму тарбияи насли наврас саҳ­ми шоиста гузоштанд».

Бунёди муассисаҳои таълимӣ аз му­ҳимтарин корҳоест, ки дар замони со­ҳибистиқлолӣ вусъати тоза пайдо кардааст ва ҳамасола даҳҳо муассисаи нави таълимӣ бунёд мегарданд ва шароити таълиму тарбия дар таълимгоҳҳо бамаротиб хуб гардидааст. Ба ин мазмун, дар давраи соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгу­зорӣ дар кишвар сохтмону азнавсозии 3 ҳазору 648 бинои муассисаи таълимӣ барои 1 миллиону 600 ҳазор хонанда анҷом дода шудааст.

Шоистаи таъкид аст, ки Пешвои миллат зимни сафарҳо ба шаҳру на­воҳии мамлакат ятимонро қадрдонӣ мекунанд. Ин амал яке аз хислати хайрхоҳонаву гуманизми баланди Сарвари давлат ба ҳисоб меравад ва ҳаме­ша таъкид мекунанд, ки ятимон ҳеҷ гоҳ танҳо нестанд ва Давлату Ҳукумат пушту паноҳи онҳост. Ба ин далел, танҳо солҳои 2020-2024 дар шаҳру на­воҳии мамлакат 60 маротиба вохӯ­рию мулоқоти Пешвои миллат бо ятимони кул сурат гирифта, зимни суҳбат­ҳо пайваста таъкид намудаанд, ки «ятимон таҳти таваҷҷуҳу дастгириҳои ҳа­мешагии Ҳукумат қарор дошта, барои онҳо шароиту имкониятҳои таҳсил ва кору зиндагии хубу шоиста то замони ба воя расиданашон фароҳам оварда мешавад».

Арҷгузорӣ ба чеҳраҳои фарҳангию адабӣ

Яке аз хидматҳои шоистаи Савари давлат дар замони соҳибистиқлолӣ арҷ­гузорӣ ба чеҳраҳои фарҳангиву ил­мӣ ва мутафаккирон мебошад. Зеро қадрши­носии чеҳраҳои шинохтаи миллат, яз як тараф, ба арҷгузории онҳо мусоидат кунад, аз ҷониби дигар, дар муаррифии бештар ва таълифу чопи асарҳои онҳо дар кишвар ва ҷаҳон мусоидат менамоянд. Ба ин маънӣ, метавон аз қадрши­носиву арҷгузории шах­сиятҳои илмию фарҳангӣ, аз қабили 1100-солагии Давлати Сомониён, 1000-солагии «Шоҳно­ма»-и Фирдавсӣ, бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Камоли Хуҷан­дӣ, Имоми Аъзам, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Сад­риддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва амсоли инҳо ёдовар гардид. Дар зимн омодаву чоп намудани асар­ҳои мутафаккирони тоҷик  аз хидматҳои мондагори Сарвари давлат мебошад. Чоп гардидани асарҳои адибони калассику муосири тоҷик дар 50 ҷилд бо номи «Ахтарони адаб» далели ин гуф­таҳоянд.

Тарбияи худшиносии  миллӣ

Яке аз нуктаҳое, ки дар Паёму су­ханрониҳои  Пешвои миллат пайваста таъкид мегардад,  пешгирӣ аз  хурофоту таассуб ва тақлидҳои кӯркӯрона ба ҳисоб меравад. Зеро таассубу хурофот ҷомеаро ба нобудӣ мебарад ва давлатро аз пешрафт бозмедорад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки наврасону ҷавононро ба омӯзиши фарогири донишҳои муосир ҳамаҷониба равона созем ва он­ҳоро дар руҳияи худшиносиву худого­ҳӣ ва ифтихори миллӣ тарбияву ба камол расонем. Зеро ҷаҳолату хурофот ба ҷуз бадбахтӣ чизи дигаре самар нахоҳад дошт. Сарвари давлат бамаврид таъкид кардаанд: «Вазъи кунунии ҷаҳон ҳар яки моро водор месозад, ки дар кишварамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам мустаҳкам гардонем ва манфиатҳои миллии худро аз таъсири пайомадҳои манфии ра­вандҳои ҷаҳони муосир ҳифз намоем. Ҳифзи ҷомеаи кишвар аз таъсири зу­ҳуроти манфии ҷаҳони муосир, аз ҷум­ла, фарҳангу маънавиёти бегона, дар рӯҳияи худшиносиву ватан­дӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, таърих, суннату анъа­наҳо, расму ойинҳо ва либоси миллӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавон қарз ва вазифаи муҳимтарини ҳар яки мо ба шумор меравад».

Воқеан ҳам, дар ҷаҳони муосир ни­гоҳдории урфу одат ва анъанаҳои миллии тоҷикон ва тарбияи насли донишманду босавод аз вазифаҳоеанд, ки аҳли ҷомеа ҳамвора бояд талош намоянд. Зеро пойдории давлату миллат маҳз бар мабнои урфу одат ва арзишҳои миллию фарҳангӣ пойдору устувор мегардад.

Бешбуҳа, хидматҳои Асосгузори сул­ҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар таъмини сулҳу субот, рушди босуботи иқти­содиёт, раванди бунёдкориҳо ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ мондагор мебошад.

Эҳсон САФАРЗОДА,
номзади илми филология