Яке аз падидаҳои номатлубу хатарзо дар ҷаҳони имрӯза коррупсия ба ҳисоб меравад. Коррупсия таҳдид ба ҷомеаи осоишта буда, метавонад теша ба решаи тамаддун занад. Бинобар ин, кишварҳои мутараққӣ, созмонҳои ҷаҳонӣ ва кулли мардумони башарпарвар ба муқобили он пайваста ва муташаккилона мубориза мебаранд.
Мавриди зикр аст, ки 31-уми октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид ба муқобили коррупсия қабул карда шуда, 9-уми декабр ҳамчун «Рӯзи мубориза бар зидди коррупсия» дар тамоми давлатҳои ҷаҳон эълон гардид.
Конвенсияи СММ ба муқобили коррупсия дорои аҳамияти байналхалқист. 25-уми сентябри соли 2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам бо иродаю хоҳиши худ ба ин ҳуҷҷати муҳимму зарурӣ имзо гузошт. 16 апрели соли 2008 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро якдилона тасдиқ кард.
Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳурии мо ба масъалаҳои марбут ба коррупсия таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (8-уми сентябри соли 1997) чунин қайд намуда буданд: «Барои мо, тоҷикон, муҳим аст, ки ҷиҳати хотима бахшидан ба порахӯрӣ, талаву тороҷ кардани амволи давлатӣ, амвол ва саҳмияҳои халқ ва дигар ҷиноятҳои вазнин ба ягон кас, ба ягон мансабдор, сарфи назар аз обрӯ ва хизматҳои қаблӣ, сустқавлӣ накунем, зеро давлат барои хиёнати иқтисодӣ, амалҳои зиддиконститутсионӣ, поймолкунии манфиатҳои халқ ягон касро намебахшад». Ин суханони арзишманди Пешвои миллатро Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътибор гирифта, 10 декабри соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-ро қабул намуд. Баъдан мутобиқ ба стандартҳои байналхалқии зиддикоррупсионӣ, соли 2005 таҳрири нави Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва 22.08.2020 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия» дар мутобиқат ба стандартҳои байналмилалии зиддикоррупсионӣ қабул гардид. Ҳамчунин, «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» қабул карда шуд. Мутобиқи қонуни ниҳоии қабулгардида ва стратегияҳои дахлдор дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент нақшаи чорабиниҳои гуногун таҳия гардиданд ва мавриди татбиқ қарор доранд. Дар ин чорабиниҳо роҳҳои пешгирӣ кардани ҳодисаҳои сӯистеъмол аз мансаб, ришваситонӣ, зуҳуроти номатлуб, тасарруфи моликияти давлатӣ ва пешгирии хавфҳои коррупсия мавриди мубоҳиса ва баррасию натиҷагирӣ қарор мегиранд…
Ҳамаи ин тадбирҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки мақсади асосии Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯйиистифода аз мансаб, ришваситонӣ, тасарруфи моликияти ҷамъиятӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини риояи қатъии арзишҳои демократӣ дар Тоҷикистон, пешгирӣ намудани рафтору кирдорҳои номатлуб дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ва устувор гардонидани равандҳои демократӣ мебошад. Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент ба масоили марбут ба коррупсия ва роҳҳои пешгирии он диққати ҳамешагӣ зоҳир мешавад. Вобаста ба ин, тадбирҳои зерин амалӣ карда мешаванд:
— баланд бардоштани сатҳи фаъолияти устодону донишҷӯён. Ташкил ва гузаронидани вохӯриҳо бо ходимони давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ. Ба устодону донишҷӯён тавзеҳ бахшидани ҳадафи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
— ошкору шаффоф ва бо риояи ҳатмии қонунҳо фаъолият кардан, ҳуқуқу озодиҳои омӯзгорону донишҷӯён ва падару модаронро ба эътибор гирифтан;
— назоратро нисбат ба фаъолияти шахсоне, ки бо харҷу дахл машғуланд, пурзӯр намудан;
— ба такмили пайвастаи сатҳи донишу маърифати тамоми кормандони коллеҷ, инкишофи ҷаҳонбинӣ тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба қонун, ба муқаддасоти миллӣ ва дигар арзишҳои олии инсонӣ мусоидат намудан;
— раванди амалигардонии қонунҳоро таҳти назорат гирифтан ва вусъат бахшидан;
— ташкил намудани намоишҳои бадеӣ – тарбиявӣ оид ба оқибатҳои пурзиёни коррупсия.
Бо мақсади амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва пурзӯр гардонидани мубориза бар зидди коррупсия ва назорат дар ин самт Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории пурсамар ва ҳамешагӣ дорад.
Муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад ва сатҳи коррупсияро коҳиш диҳад. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд, ки «Мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд бояд ширкат варзад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем». Ин гуфтаҳо бояд дастури раҳнамои ҳар як узви ҷомеа дар мубориза бо коррупсия бошанд. Дар ин сурат мо дар масъалаи мазкур комёб шуда метавонем.
Толибҷон ШЕХИМОВ,
декани факултети риёзӣ-педагогии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент