29-уми октябри соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои таълимии факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои мазкур бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ таъмин мебошад. Шоистаи таъкид аст, ки имконоту шароит дар ДДОТ ба номи С. Айнӣ рӯзафзун беҳтар гардида, синфхонаҳо бо техникаву технологияи муосири таълим муҷаҳҳаз гардонида шуда, дорои мизу курсиҳои замонавианд. 1-уми ноябри соли равон ҳангоми ба саҳни донишгоҳ ворид гардидан соат 7:40 буд ва донишҷӯён гурӯҳ-гурӯҳ дар тан либоси тавсиявӣ бо руҳи болида ба донишгоҳ дар даст ҷузвдон ворид мегардиданд ва масъулин ин лаҳзаҳоро назорат мекарданд. Аз чеҳраи донишҷӯён ҳувайдо буд, ки ҳар яки онҳо ташнаи илму донишанд ва бо шавқу ҳавас ба ин даргоҳи илму маърифат меоянд. Мусаллам аст, ки дар ин макони илму дониш омӯзгорони оянда ба камол мерасанд. Саҳни донишгоҳ низ тозаю озода буд ва дарахтони ҳамешасабз гирду атрофи онро зебу оро медоданд, дар нишастгоҳҳои тоза баъзе аз донишҷӯён то оғози дарс, дар ҳавои форам атрофи мавзуъҳои дарсӣ баҳс мекарданд. Мо шоҳиди лаҳзаҳои ҷолибу ибратбахш шудем. Соати 8:00 буд, ки донишҷӯён ба синфхонаҳо ворид гардиданд. Нахустин рисолати ҳар як донишҷӯю омӯзгор ва низоми муваффақи таълим сари вақт ҳозир шудани онҳо ба дарс мебошад. Ин ҳолат ва низоми дурусти таълими донишгоҳ моро хурсанд кард…
***
Ҳангоми ба дафтари муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Айнулозода Наҳтулло Айнуло ворид гардидем, машғули кор буд. Яке аз донишгоҳҳои пойгоҳии тайёр намудани омӯзгорон маҳз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, талабот ва масъулияти роҳбарон низ бештар буда, онҳо бояд пайваста раванди тадрисро назорат намоянд, то омӯзгорони оянда аз донишҳои муосири таълимӣ бархурдор гарданд. Суҳбати мо низ бо муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ атрофи сафарбар намудани хатмкунандагон ба таҷрибаомӯзӣ ва баъди хатм ҳозир гардидани онҳо ба ҷойи кор сурат гирифт. Зеро нарасидани омӯзгорон яке аз мушкилот дар соҳаи маориф маҳсуб меёбад. Мавсуф қайд кард, ки соли дуюм аст, тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартараф намудани норасоии кадрии омӯзгорӣ хатмкунандагон ба таҷрибаомӯзии дарозмуддати яксола сафарбар карда мешаванд. Барои азхуд намудани барномаҳои таълимӣ дар давраи таътили мактаббачагон ба тадрис фаро гирифта мешаванд. Айни ҳол дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 808 нафар хатмкунандаи равияи омӯзгорӣ ба фаъолияти педагогӣ машғуланд. Ба онҳо дафтарчаи меҳнатӣ дода шудааст, маош мегиранд ва собиқаи кориашон аз ҳамин давра оғоз ёфтааст.
Мавсуф вобаста ба ҳозиршавии хатмкардагони донишгоҳ зикр намуд, аз 808 нафаре, ки равияи омӯзгориро хатм мекунанд, ҳам дар шакли шартномавӣ ва ҳам дар шакли буҷавӣ таҳсил менамоянд. Дар давраи таҷрибаомӯзӣ ҳамаи онҳо ба таълимгоҳҳо фиристода мешаванд, лекин баъди хатми донишгоҳ фақат ҳуқуқи донишҷӯёне, ки дар шакли буҷавӣ ва тариқи квотаи Президентӣ таҳсил кардаанд ва дар асоси шартномаи сеҷониба, ки дар соли аввали донишҷӯйӣ баста шудааст, бояд се сол фаъолияти омӯзгорӣ анҷом дода, ҳуҷҷатҳои дахлдорро ҷамъоварӣ намоянд. Танҳо баъд аз ин соҳиби дипломи намунаи давлатӣ мегарданд. Ба гунаи мисол, соли гузашта шумораи хатмкунандагоне, ки аз ҳисоби буҷаи давлатӣ ва квотаи Президентӣ таҳсил карданд, 447 нафарро ташкил медод, ки онҳо ба шаҳру ноҳияҳо сафарбар карда шуданд. Аз ин шумора, 9 нафар бо дипломи аъло донишгоҳро хатм карданд, ки бо тавсия ба шуъбаи магистратура дохил шуданд, 8 нафар ба хидмати ҳарбӣ рафтанд. Дар ин миён, 13 нафари дигар, бо сабаби ҳозир нашудан ба ҷойи кор бо дахолати мақомоти масъул маблағи буҷаи давлатро бозпас гардониданд ва дипломҳои хешро гирифтанд.
Мусаллам аст, ки дар кишвар ба масъалаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад, ки пешрафти босуботи кишвар ба рушди ин фанҳо иртиботи ногусастанӣ дорад. Дар ин маврид, муовини ректор қайд кард, ки вобаста ба барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар донишгоҳ факултетҳои физика, математика ва информатика, химия, биология ва география фаъолият мекунанд, ки дар ҳар кадоми онҳо аз 4 то 5 ихтисоси гуногун мавҷуд мебошад. Қабул дар факултетҳои зикршуда дар сатҳи баланд қарор дорад ва таваҷҷуҳи ҷавонон сол то сол ба ихтисосҳои мазкур зиёд мегардад. Роҳбарияти донишгоҳ низ мунтазам талош менамояд, ки донишҷӯён дорои донишҳои техникиву табиӣ гарданд. Ин факултетҳо бо озмоишгоҳҳо ва дигар воситаҳои муосири таълим таъминанд.
***
Бояд зикр намуд, ки дар донишгоҳи мазкур ҳам ба масъалаи таълиму тарбия ва ҳам рушди илму фановарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст. Роҳбарияти донишгоҳ кӯшиш менамояд, ки муҳассилин дар беҳтарин шароит таҳсил намоянд, бо таҳқиқоти илмӣ машғул гарданд ва дар пешрафту рушди кишвар саҳми муносиб гузоранд. Ҳангоми ба дафтари муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Сангинзод Дониёр Шомаҳмад ворид шудан, мавсуф машғули омода шудан ба конфронсе буд. Бо вуҷуди серташвиш будан, бо самимияти баланд бо мо суҳбат намуд. Суҳбати мо асосан атрофи рушди илми донишгоҳӣ сурат гирифт.
– Устоди муҳтарам, барои рушди илми донишгоҳ, ба ибораи дигар, «аз кори хатм то рисолаи номзадӣ» чӣ корҳоро ба анҷом бояд расонд?
– Барои рушди илми донишгоҳӣ ба сомон расондани як қатор корҳо муҳимму саривақтӣ мебошад:
Якум, ҷалб намудани донишҷӯён ба маҳфилҳои илмӣ. Имрӯз дар ДДОТ ба номи С. Айн беш аз 76 маҳфили илмӣ, 73 семинари илмӣ, 14 ҷамъияти илмии донишҷӯён фаъолият мекунанд. Фаъолияти бавусъати онҳо дар ҷалби донишҷӯён ба машғул шудан ба корҳои илмӣ нақши бориз мегузоранд. Чунки дар ҳар як маҳфил, семинар ва ҷамъияти илмӣ донишҷӯён мақолаҳои илмӣ омода ва дар шакли маърӯза пешниҳоди иштирокчиён менамоянд.
Дуюм, вусъати ҳаракати олимпӣ. Дар донишгоҳ ба ҳаракати олимпӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад ва он нафароне, ки фаъолу навовар ҳастанд, ба он ҷалб мегарданд. Дар баробари ин, муовинони деканҳои факултетҳо оид ба илм ба рӯйхати гурӯҳҳои дастаҳои олимпӣ ворид гардидаанд ва мунтазам бо онҳо ҳамкорӣ менамоянд.
Сеюм, навиштани корҳои курсӣ, хатм, дипломӣ ва магистрӣ. Ҳамасола рӯйхати корҳои курсӣ, хатм ва магистрӣ пешниҳод мегарданд ва аз ташхис гузаронида мешаванд. Агар ташхис нишон диҳад, ки он рисолаҳо ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошанд ва барои рушди кишвар ёрӣ мерасонанд, тасдиқ мегарданд. Муайян кардани аслияти рисолаҳо аз муҳимтарин вазифаҳо ба ҳисоб меравад. Ҳамасола донишгоҳ барномаи зиддисирқат (антиплагиат)-ро харидорӣ мекунад ва рисолаҳои хатм аз он гузаронида мешаванд. Вақте ки ташхиси аслияти рисолаҳо роҳандозӣ гардид, такрори мавзуъҳо бартараф шуданд. Мавзуъҳо, ки нав гардиданд, хатмкунандагон аз адабиёти нав истифода мекунанд ва аслияти рисолаҳои хатму магистрӣ боло рафта истодааст.
Дар самти таҳқиқоти илмии унвонҷӯёну аспирантон ва доктор PhD талаботи махсус роҳандозӣ гардидааст. Ҳар сол магистрантон ва доктор PhD уҳдадор шудаанд, ки ду мақола вобаста ба арзишҳои давлатдорӣ, ватандӯстӣ дар сомонаи фейсбукии донишгоҳ нависанд. Дар баробари ин, дар ду сол бояд 3 мақолаи тақризшаванда таълиф намоянд. Дар охири ҳар сол агар ҳам магистрантон, ҳам доктор PhD ва ҳам унвонҷӯён талаботи мазкурро иҷро накунанд, ба соли дигар гузаронида намешаванд. Аз ин рӯ, омилҳо мазкур ба рушди илми донишгоҳӣ таъсири мусбат расондааст ва пажуҳишгарон талош менамоянд, ки ба таҳқиқоти илмӣ ҷиддӣ машғул гарданд ва рисолаҳои илмиро сари вақт пешниҳод кунанд.
– Мусаллам аст, ки самаранокии илм дар истеҳсолот маълум мегардад. Дар донишгоҳ ҷиҳати татбиқи илм дар истеҳсолот чӣ тадбирҳо андешида мешавад?
– Ду гурӯҳи таҳқиқоти илмиро бояд ба назар гирем:
Якум, таҳқиқоти илмии илмҳои ҷомеашиносӣ, ки натиҷаи он тавассути воситаҳои таълимӣ ва китоби дарсӣ ба хонандагон пешниҳод мегардад.
Дуюм, таҳқиқоти илмии илмҳои риёзӣ, табиӣ ва дақиқ, ки ду роҳи ноил шудан ба он мавҷуд аст; аз як тараф, гирифтани нахустпатент ва патент ва аз ҷониби дигар, дар истеҳсолот татбиқшавандаи он. Масалан, яке аз олимони донишгоҳ Соҳибназар Идиев натиҷаи рисолаи номзадии худро, ки вобаста ба муайян кардани ташхиси хун бо дарназардошти баъзе аз унсурҳои техникӣ пешниҳод кард, ки он дар яке аз марказҳои тиббии шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор дорад.
– Яке аз нуктаҳои муҳимме, ки дар суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илму маориф (30.05.2024) таъкид гардид, рушди додани мактаби илмии устоду шогирд мебошад. Дар ин самт дар донишгоҳ чӣ корҳо анҷом дода шудааст?
– Ҷиҳати рушди илмии мактаби устоду шогирд ва роҳи аз ҳама беҳтари нигоҳдории ҳамин ворисият муайян кардани теъдоди шахсон, яъне, шогирдоне, ки зери роҳбарии устодон фаъолияти илмӣ мебаранд.
Масалан, ҳолате дида мешуд, ки як омӯзгор 20 нафар унвонҷӯро зери роҳбарии худ гирифтааст, як омӯзгори дигар, умуман, ягон нафар шогирд надорад. Барои бартараф намудани ин мушкилот дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки бевосита аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, теъдоди муайян 5 нафар аст. Яъне, як доктор дар донишгоҳ 5 унвонҷӯро метавонад ба шогирдӣ бигирад ва тавозуни риояи гирифтани шогирд ё роҳбар муайян шудааст. Барои рушди мактаби устоду шогирд дар донишгоҳ ҳавасмандкунӣ роҳандозӣ гардидааст. Ҳар устоде, ки шогирдаш пеш аз муҳлати муқарраршуда рисолаи илмияшро ҳимоя мекунад, ҳавасманд гардонида мешавад. Дар зимн, устоде, ки шогирдаш дар муҳлати чор сол рисолаашро барои дифоъ пешниҳод намекунад, аз рӯйи он ба мақомоти судӣ даъво карда мешавад.
Дар баробари ин, дар донишгоҳ барои ҳавасмандгардони олимони донишгоҳ се гурӯҳи озмунҳо гузаронида мешавад; озмунҳои «Олими сол», «Факултети сол» ва «Кафедраи сол». Озмуни «Олими сол» ба ду қисмат ҷудо гардидааст; илмҳои дақиқ ва илмҳои ҷомеашиносӣ. Соли гузашта аз илмҳои дақиқ устод С. Бандаев ва аз илмҳои ҷомеашиносӣ муаллима Б. Маҷидова ғолиби озмуни «Олими сол» шуданд.
***
Шоистаи таъкид аст, ки парки технологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ яке аз фаъолтарин паркҳои технологӣ мебошад, ки ба истеҳсоли мизу курсиҳои замонавӣ машғул аст ва донишгоҳро пурра бо истеҳсоли худӣ таъмин мекунад. Дар баробари ин, имконоти мусоид барои дар амал татбиқ намудани пажуҳишҳои илмии олимони донишгоҳ фароҳам оварда шудааст.
Баъди суҳбат бо муовини ректор оид ба корҳои илмӣ яке аз озмоишгоҳҳои факулети биологияро дидан кардем. Дар синфхона бо истифода аз аёниятҳо омӯзгори калони кафедраи МТБ ва биологияи умумии факултети биология Носирҷон Одинаев дарс мегузашт. Мавсуф аз тахтаи электронӣ истифода мекард ва доир ба мавзуи «Ҳалли масъалаҳои биологӣ» ба донишҷӯён маълумот медод. Маълум аст, ки ҷараёни дарсҳо дар донишгоҳ бо истифода аз тахтаҳои электронӣ сурат мегирад ва донишҷӯён кӯшиш мекунанд, ки фаъол бошанд ва ба саволҳои хеш ҷавобҳои қаноатбахш гиранд.
Низоми дурусти таълим ва масъулияти баланди устодон дар истифодаи технологияи муосири таълим мушаххас менамояд, ки омӯзгорони оянда навовару эҷодкоранд. Ин ҳолат ба оянда умеди зиёд мебахшад ва метавон гуфт, насле ба камол мерасад, ки аз зинаи мактабӣ сар карда, ба навоварию ихтироъкорӣ машғул мебошад. ҳангоме ки мо аз донишгоҳ берун мешудем, навбатдорони факултетҳо раванди таълимро назорат ва шӯру шавқи омӯзиш дар ҳар синфхона бармало эҳсос мегардид. Чунин тарзи муносибат ба таълиму тарбия аз ояндаи дурахшони касби омӯзгорӣ дар кишвар шаҳодат медиҳад. Зеро марому мақсади роҳбарияти донишгоҳ омода намудани омӯзгори ҷавони лаёқатманд ва олимони варзидаву тавоно мебошад, ки ин омил, аз як тараф, аз ба камол расидани насли омӯзгорони ҷавони донишманду навовару боистеъдод шаҳодат диҳад, аз ҷониби дигар, дар ба камол расидани олимони ихтироъкору эҷодкор, ки Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд, нақши босазо мегузорад.
Насриддин ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»