Нашрияи «Омӯзгор» барои омӯзгорону кормандони мактабҳои Тоҷикистон на танҳо манбаи иттилоот, балки василаи дастгирии касбӣ ва тарғибу муаррифии дастоварду комёбиҳои омӯзгорону устодони муассисаҳои таълимӣ ба шумор меравад. Ҳафтанома бо мақола, хабару гузоришҳои соҳаи маориф омӯзгоронро бо навгониҳои таълимӣ ва пешрафти илми педагогика ошно месозад. Инчунин, санаду дастур ва қонуну қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, тавсияву фармоишоти Вазорати маориф ва илми кишварро ба табъ мерасонад. Мутаассифона, аз баъзе шаҳру ноҳияҳо шикоят карданд, ки ҳафтаномаро сари вақт дастрас намекунанд. Таҳқиқоти мо доир ба сари вақт дастрас гардондани нашрия ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иртиботманд мебошад, то сабабҳои мушкилотро ошкор ва роҳҳои ҳалли онро пешниҳод намоем.
Вазъи дастрас гардидани нашрия дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Ҳисор
1-уми ноябри соли равон шиносоии мо доир ба сари вақт дастрас гардидани нашрияи «Омӯзгор» аз шаҳри Ваҳдат оғоз шуд. Масъулини почта изҳор доштанд, ки нашрия сари вақт тақсим ва ба мактабҳо интиқол дода мешавад. Сардори Маркази алоқаи почтаи шаҳри Ваҳдат Саидвалӣ Мирзоев шарҳ дод, ки теъдоде аз нашрияро ба раёсати маориф месупоранд ва мактабҳое, ки дар почта қуттиҳои худро доранд, аз худи почта дастрас мекунанд. Аммо мушоҳидаҳо бозгӯйи онанд, ки воқеият дигар аст. На танҳо нашрияи «Омӯзгор», балки теъдоди зиёди нашрияҳои дигари ҷумҳуриявӣ дар идораи почта хобанду интизори хонанда.
Омӯзгорони чанде аз мактабҳои шаҳри Ваҳдат изҳор доштанд, ки аслан, шикоят надоранд ва нашрияҳо сари вақт ба дасти онҳо мерасад, аммо чун хостем, ки шумораи охирини нашрияи «Омӯзгор»-ро, ки ба дасташон расидааст, ба мо нишон диҳанд, баҳона пеш оварда, нишон дода натавонистанд. Ҳамин ҳолат шаҳодат медиҳад, ки нашрия сари вақт ба дасти омӯзгорону устодон нарасидааст.
Сабаби ин вазъро аз сардори раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат Миралӣ Мусофириён пурсон шудем. Вай дар посух гуфт, ки дар ин масъала директорони мактаб гунаҳкоранд, зеро онҳо сари вақт нашрияҳоро аз идораи почта гирифта, ба омӯзгорон ва муассисаҳои таълимӣ дастрас намекунанд. — Дар оянда дар ҳамкорӣ бо директорони мактабҳо нафареро масъул менамоем, то ки ҳар ҳафта нашрияҳоро аз почта гирифта, ба таълимгоҳҳо расонад, — зикр кард мавсуф.
***
2-юми ноябр аз шаҳри Ҳисор боздид намудем. Дар почтаи шаҳр низ нахуст иброз доштанд, ки ҳеҷ мушкилие дар тақсими нашрияҳо ва ба обуначиён-устодону омӯзгорон дастрас гардонидани онҳо вуҷуд надорад. Ҳарчанд масъулини обунаи почта ба мо гуфтанд, ки танҳо шумораи охирини нашрияи «Омӯзгор» ба дасти хонанда нарасидааст, аммо худ шоҳид гардидем, ки шумораҳои гузашта ҳам то ҳол дар почта интизори хонанда кунҷе «мехобиданд».
Наргиса Каримова, сардори Маркази алоқаи почтаи шаҳри Ҳисор гуфт, ки ба мактабҳои наздик хаткашонҳо нашрияро бурда мерасонанд, аммо масъулини мактабҳое, ки дар фосилаи дуртар ҷойгиранд, бояд худашон омада, нашрияҳоро аз маркази номбурда дастрас намоянд.
Вақте пурсидем, ки чаро ба ҳамаи мактабҳо хаткашонҳо нашрияро сари вақт дастрас намесозанд, Н. Каримова изҳор дошт, азбаски маоши хаткашонҳо нокифоя аст, онҳо барои расонидани нашрия ба мактабҳои дурдаст баҳона мекобанд. Ба мақсади ба тамоми мактабҳо бурда расондани нашрияҳо, аз ҷумла, «Омӯзгор» бояд маблағи иловагӣ ситонида шавад.
Ҷалби омӯзгорон ба корҳои берун аз таълим дар шаҳри Ҳисор
Хостем ба масъалаи мазкур дар шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор бо мутасаддиён вохӯрда, равшанӣ андозем. Аммо дар шуъбаи маориф касеро наёфтем. Муҳофиз гуфт, имрӯз рӯзи корӣ нест, аммо маълум аст, ки рӯзи шанбе истироҳатӣ нест. Воқеан, то ҷое иттилоъ гирифтем, ҳама ба ҳашари «пахтачинӣ» рафтаанд. Бо вуҷуди ин, аз якчанд мактаби шаҳри Ҳисор (муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №15 ва №136) дидан кардем. Мутаассифона, дари таълимгоҳҳои мазкур баста буд ва муҳофизон гуфтанд, ки ҳама ба ҳашари «пахтачинӣ» рафтаанд.
Ин вазъ бозгӯйи он аст, ки омӯзгорон ва кормандони маориф ба корҳои ғайритаълимӣ, аз ҷумла, пахтачинӣ ҷалб шудаанд, ки ин ба сатҳу сифати таълиму тарбия бетаъсир нахоҳад монд.
Омилҳои асосии мушкилот
- Норасоии захираҳо ва имконоти молиявӣ дар почтаҳо. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки яке аз сабабҳои аслии мушкилоти сари вақт дастрас нагардидани нашрияҳо, аз ҷумла, дар камбуди маош ва шароити кории хаткашонҳо нуҳуфтааст. Хаткашонҳо барои дастрас намудани нашрияҳо, аз ҷумла, ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба мактабҳои дурдаст маоши кофӣ намегиранд, ки ин боиси маҳдуд гардидани фаъолияти онҳо мегардад.
- Ҳамоҳангӣ надоштани раёсатҳои маориф ва почтаҳо. Ба андешаи мо, раёсатҳои маориф ва почтаҳои шаҳрҳо дар фаъолияти худ бояд ҳамоҳангии қавӣ дошта бошанд. Зеро дар аксар маврид шуъбаву раёсатҳои маориф маблағи обунаро аз муассисаҳои таълимӣ ҷамъоварӣ намуда, яклухт обуна мешаванд, ки дар ин сурат почтаҳо вазифадоранд, ҳар ҳафта нашрияро ба шуъбаву раёсатҳои маориф дастрас намоянд. Ҳамчунин, шуъбаву раёсат, дар навбати худ, бояд сари вақт нашрияҳоро ба муассисаҳои таълимӣ расонанд. Дар сурати дар алоҳидагӣ обуна шудани муассисаҳои таълимӣ (ҳатто омӯзгорони алоҳида), масъулини почтаро зарур аст, ки нашрияро бидуни таъхир ба дасти муштарӣ расонад, зеро барои хизматрасонӣ сари ҳар шумора маблағ меситонанд.
Чанд пешниҳод барои ҳалли мушкилот
- Боло бурдани масъулияти почтаҳо ва хаткашонҳо. Зарур аст, ки маоши хаткашонҳо ва шароити кори онҳо беҳтар гардонда шавад.
- Таъйин кардани масъул дар ҳар мактаб. Раёсату шуъбаҳои маориф ва роҳбарияти мактабҳоро зарур аст, ки дар сурати барои хизматрасонии почта пардохт нашудани маблағ, бояд як нафар масъулро таъйин намоянд, ки сари вақт нашрияҳоро аз почта ба омӯзгорон дастрас намояд.
- Таъмини нашрияҳо ва нақши шуъбаи маориф. Ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии байни раёсат ва почта метавонад тақсимоти нашрияҳоро самараноктар гардонад. Барои ҳар мактаб нақшаи мушаххаси расонидани нашрияҳо бояд таҳия шавад.
Ҳамин тариқ, роҳи ҳалли мушкилоти зикршуда дар беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти судманди почтаҳои шаҳру ноҳияҳо мебошад. Дар ҳамкорию иртиботи пайваста бо раёсату шуъбаҳои маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бояд нашрияҳо, аз ҷумла, ҳафтаномаи «Омӯзгор» сари вақт дастраси омӯзгорону устодон гардонида шавад.
Исматулло АБДУЛЛОЕВ, «Омӯзгор»
P.S. Ҳафтаномаи «Омӯзгор» таҳқиқоти журналистиро минбаъд низ дар шаҳру навоҳии кишвар вобаста ба сари вақт дастрас гардидани нашрия ба муассисаҳои таълимӣ идома медиҳад ва натиҷаҳои онро дар саҳифаҳои ҳафтанома инъикос мекунад.