Ақаллиятҳои миллӣ бо китобҳои дарсӣ таъмин мегарданд

Яке аз масъалаҳои муҳим ва меҳварии соҳаи маориф тайи солҳои соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба ақаллиятҳои миллӣ ва бо барномаи таълимию китобҳои дарсӣ таъмин намудани онҳо ба шумор меравад. Тавре маълум аст, дар ҷумҳурӣ намояндагони миллатҳои рус, ӯзбек, туркман ва қирғиз зиндагӣ ва фаъолият намуда, дар рушду пешрафти кишвар саҳми босазо мегузоранд. Дар ин замина, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба мушкилоти муассисаҳои таълимии ғайритоҷикӣ ва ба роҳ мондани омӯзиши таъриху фарҳанги тоҷикӣ дар ин муассисаҳо диққати махсус зоҳир намуда, баҳри ҳал кардани масоили дар атрофи фаъолияти онҳо мавҷудбуда кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.01. 2021) Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи миллии илмҳоро вазифадор карданд, ки «ҷиҳати омӯхтани таърих ва мероси маънавии халқи тоҷик тадбирҳои зарурӣ андешида, омӯзиши ҳатмии таърихи халқи тоҷик, забони давлатӣ ва ҷуғрофияи Тоҷикистонро дар муассисаҳои таълимашон ба забони ақаллиятҳои миллӣ дуруст ба роҳ монанд ва китобҳои дарсиро барои ин муассисаҳо сари вақт таҳия, тарҷума ва дастрас намоянд. Чунонки директори Муассисаи нашриявии «Маориф»-и Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Комилшоҳ Исозода дар суҳбат изҳор дошт, соли равон барои муасси­саҳои таълимии ақаллиятҳои миллӣ, аз ҷумла, таълимашон ба забони русӣ 23 номгӯй китоби дарсӣ ба нашриёт ворид гардидааст, ки аз он 9 номгӯй ба тендер пешниҳод шудаву 2 номгӯй ба чоп фиристода шудааст. Ҳамчунин, чор китоб дар ҳоли банду баст ва тарроҳӣ, шаш китоб барои бознигарӣ ба тарҷумонҳо баргардонда шуд. Китобҳои дарсии «Природоведение» (синфи 1), «Исскуство и труд» (синфҳои 1-4), «Ботаника» (синфи 5-6), «Английский язык» (синфи 5-7) ба тендер пешниҳод гардида, «Математика» (синфи 2), «История таджикского народа» (синфи ҳашт) барои чоп ирсол шудаанд. Китобҳои «Природоведение» (синфи 2-3), «Математика» (синфи 2), «Общая история» (синфи ҳашт) дар рафти таҳрир ва тарроҳӣ қарор доранд. Шаш номгӯй китоб – «История таджикского народа» (синфи 7), «Химия» (синфҳои 9-10), «География» (синфи 9), «Физика» (синфи 10) ва «Биология» (синфи 11) барои коркард ва бознигарӣ ба тарҷумонҳо баргардонида шуд. Барои муассисаҳои таълимашон ба забони ӯзбекӣ 22 номгӯй китоб ворид гардидааст, ки аз он 8 номгӯй ба тендер пешниҳод, 3 номгӯй ба чоп фиристода шуда, 4 номгӯй китоб дар рафти таҳрир ва бознигарӣ қарор дорад. Инчунин, 5 номгӯй китоб барои коркард ва боз­нигарӣ ба тарҷумонҳо баргардонида шуд. Ба забони туркманӣ 21 номгӯй китоби дарсӣ ворид гардидааст, ки аз он 20 номгӯй ба чоп расида, 1 китоб дар рафти тарроҳӣ қарор дорад. Ба забони қирғизӣ бошад, 12 номгӯй китоб ворид шудааст, ки ҳамагӣ ба Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ барои мувофиқа фирис­тода шудаанд.

Ба андешаи К. Исозода, бо кӯшишу талошҳои кормандони нашриёт то ин дам китобҳои дарсии «Таърихи халқи тоҷик» барои синфҳои 5-11, «Географияи Тоҷикистон» барои синфи 8 баҳри хонандагони таълимгоҳҳои ақаллиятҳои миллӣ (гурӯҳи таълимашон ба забони русӣ) тарҷума ва чоп гардиданд. Барои муассисаҳои таълимашон ба забони ӯзбекӣ, туркманӣ ва қирғизӣ чопи китобҳои дарсӣ идома дорад. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ 84 номгӯй китоби дарсӣ ба миқдори 2млн 895 ҳазору 73 нусха барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба нашр расида, чопи 51 номгӯйи адабиёти таълимӣ бо теъдоди умумии 2 млн 7 ҳазор нусха идома дорад. Дар ин давра бо ҳамкории кишварҳои хориҷӣ ва шарикони рушд 12 номгӯй китоби дарсӣ аз фанни забони русӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон ба забони русӣ, 8 номгӯй барои муассисаҳои таълимашон бо забони туркманӣ бо теъдоди умумии 373 ҳазор нусха таҳия ва нашр карда шудааст.
— Соли 2019 барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ ва туркмании Ҷумҳурии Тоҷикистон китоб­ҳои дарсии «Забони давлатӣ» (синфҳои 2-11) ба миқдори умумии 312000 нусха нашр ва дастраси хонандагони таълимгоҳҳои мазкур гардонда шуд,- иброз дошт муовини директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китоб­ҳои дарсӣ, илмию методии назди ВМИ ҶТ Фаридун Раҳмонзода ва афзуд, ки барои ба забони русӣ тарҷума кардани китобҳои дарсӣ аз забони тоҷикӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷум­ҳурӣ гурӯҳҳои корӣ фаъолият карда истодаанд. То ин дам аз ҷониби гурӯҳи корӣ 16 номгӯй китоби дарсӣ ба забони русӣ тарҷума, нашр ва ба муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон ба забони русӣ дастрас шудааст. Ҳам­замон, дар доираи ҳамкориҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия соли 2009 121 номгӯй китоби дарсии забони русӣ, адабиёт, математика, алгебра, геометрия, химия ва физика бо теъдоди 10193 ва соли 2017 китобҳои дарсӣ аз фанҳои хониши адабӣ, адабиёт ва забони русӣ бо теъдоди 18500 нусха нашр ва ба муассисаҳои таълимашон ба забони русӣ интиқол дода шуд. Соли 2016 бо ёрман­дӣ ва маблағгузории Федератсияи Россия китобҳои дарсии «Русскый язык» («Забони русӣ» барои синфи 5), «Русскый язык» («Забони русӣ» барои синф­ҳои 10, 11), «Литература» барои синфҳои 6-11 бо теъдоди умумии 65310 нусха нашр ва ба муас­сисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон ба забонҳои русӣ дастрас шуд. Ба омӯзгорони фанни забони русӣ низ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии То­ҷикистон дастури методии «Роҳнамои омӯзгор» (аз синфи 2 то 11) таҳия ва ба теъдоди умумии 84200 нусха нашр ва дастрас гардонда шуд. Соли 2024 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ нашри 21 номгӯй китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон ба забони русӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин, шуруъ аз соли 2024, тибқи фармоиши вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ ҷиҳати таҳия ва мутобиқсозии китобҳои дарсии фанни забони русӣ барои синфҳои 1-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон бо забони русӣ ва китобҳои дарсии фанни забони русӣ барои синфҳои 2-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби роҳ­барони муассисаҳои зерсохтори Вазорати маориф ва илм, омӯзгорони фанни забони русии муас­сисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муаллифони ки­тобҳои дарсӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, корҳои тарҷума ва мутобиқсозии китобҳои дарсии фанни забони русӣ идома доранд. Дар доираи тавофуқоти байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҳосилшуда ва бо мусоидати Вазорати маорифи Федератсияи Россия китобҳои дарсӣ аз фанни забони русӣ барои синфҳои 1-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони русии ҷумҳурӣ ва ҳа­мин номгӯй китобҳои дарсӣ аз синфҳои 2 то 11 барои муасси­саҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиф гардида, мутобиқсозии ин китобҳо аз ҷониби гурӯҳи муаллифони ҳарду кишвар анҷом дода шуд. Тавре Фаридун Раҳмонзода таъкид кард, бо мақсади мукаммалтар шудани мазмуну мунда­риҷаи китобҳои дарсии номбурда, ин китобҳо аз ҷониби муассисаҳои ташхисии соҳаи маорифи ҷумҳурӣ мавриди ташхис қарор дода шуданд.
Китобҳои дарсии фанни забони русӣ барои синфҳои 1 то 11-ум барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони русии ҷумҳурӣ бо теъдоди 201 ҳазору 73 нусха аз ҷониби Федератсияи Россия нашр гардид. Китобҳои дарсии мутобиқгардонидашу­даи фанни забони русӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз синфи 2 то 11 бо ҳамкории Ҷамъияти саҳомии нашриёти «Просвещение», бо ҳаммуаллифии донишмандони ҳарду ҷониб таҳия гардида, соли ҷорӣ нашри як номгӯйи он барои синфи 2 бо теъдоди 170 ҳазор нусха ба роҳ монда шуда, нашри китобҳои боқимонда (аз синфи 3 то 11) ояндаи наздик дар назар дошта шудааст. Бояд зикр кард, ки китобҳои дарсии фанни забони русӣ дар асоси стандартҳои байналмилалии таҳсилот ва бо нигоҳи нав таҳия шудаанд, ки ҷиҳати амалигардонии «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва ҳамзамон, бедор кардани шавқу рағбати хонандагон ба забондониву забономӯзӣ ва дар умум, боло рафтани сатҳу сифати таълим мусоидат хоҳад кард. Соли ҷорӣ дар доираи ҳамкорӣ бо Сафорати Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва чопи 21 номгӯй китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони турк­манӣ ба нақша гирифта шуда буд. Аз ин шумора, айни замон китобҳои дарсии «Хорплык» («Алифбо»), «Математика», «Эне дили» («Забони модарӣ») барои хонандагони синфи 1-ум, «Эне дили» («Забони модарӣ») барои хонандагони синфи 3-юм, «Математика» барои хонандагони синфи 4-ум ва «Таърихи халқи тоҷик» барои хонандагони синфи 11-ум таҳия ва чоп шуда, ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Дӯстӣ, ки маросими ифти­тоҳи он 1-уми сентябри соли равон ба таври маҷозӣ бо иштироки Президенти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷум­ҳурии Туркманистон Сардор Бердимухамедов сурат гирифт, дастрас карда шуданд.
Айни замон раванди таҳия ва нашри 13 номгӯйи дигари китобҳои дарсӣ ба забони туркманӣ идома дошта, барои ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони туркманӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятдошта дастрас гардонида мешаванд. Дар маҷмуъ, соли ҷорӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони русӣ чопи 16 номгӯй китоби дарсӣ, бо забони ӯзбекӣ 7 номгӯй китоби дарсӣ, бо забони туркманӣ 21 номгӯй китоби дарсӣ дар назар дошта шудааст. Инчунин, барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони қирғизии ҷумҳурӣ 9 номгӯи китоби дарсӣ барои пешниҳод ба озмуни чоп омода гардидааст.

Шодӣ РАҶАБЗОД, «Омӯзгор»