ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯ ВА САМАРАНОКИИ ДАРС

Ҷаҳони муосир босуръат пеш меравад ва инсон низ бояд баробар бо равандҳои ҷаҳонӣ рушду такомул ёбад. Техникаву технология дар ҳаёти мо нақши муҳим дорад ва замони муосирро бе воситаҳои техникӣ тасаввур кардан ғайриимкон мебошад. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар як нафар бо таҳаввулоту дигаргуниҳои ҷаҳон мувофиқ гардад ва аз техникаву технология ба таври манфиатбахш истифода кунад. Дар ин замина, нақши омӯзгор бузургу мондагор мебошад, зеро маҳз бо таълиму тарбияи дурусти вай метавонад мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳониро омода ва ба камол расонад. Ба ин маънӣ, дар кишвари мо имконоту шароити хуб ҷиҳати ба даст овардани  донишҳои муосир фароҳам оварда  шудаанд. Мусаллам аст, ки имрӯз дар кишвар ба соҳаи маориф диққати махсус зоҳир карда мешавад ва ҳамасола теъдоди зиёди муассисаҳои таълимӣ бо тамоми таҷҳизоти муосир сохта, мавриди истифода қарор мегирад. Мактабҳои мазкур бо тамоми таҷҳизот – мизу курсиҳои замонавӣ ва воситаҳои муосири техникии  таълиму тарбия таъминанд. Асосгузори сулҳу ваҳ­дати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ба муносибати Рӯзи дониш  (01.09.2024) таъкид доштанд:

«Аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъалаҳои мактабу маориф ва омӯзгору хонанда таҳти таваҷҷуҳу ғамхории аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва таҷдиду навсозӣ дар ҳама самтҳои он бомаром идома дорад. То имрӯз бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти соҳа садҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, амалӣ шуда истодаанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи маориф сол ба сол зиёд карда шуда, вазъи соҳа ва кормандони муассисаҳои таълимӣ мунтазам беҳтар гардида истодааст».

Маълум аст, ки дар ин замина ба  омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад ва дар кишвар «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардидааст, ки аҳли маорифро муваззаф месозад, баҳри татбиқи барномаи мазкур бо баргузории машғулиятҳои шавқовару рангоранг шавқу рағбати забономӯзиро дар ниҳоди  наврасон бештар намоянд. Масоили таълиму тарбия аз масъа­лаҳое мебошанд, ки Сарвари давлат дар хусуси он пайваста таъкид медоранд. Ба ин мазмун, Пешвои миллат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат (28.12.2024) қайд карданд: «…авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад».

Ман ҳамчун омӯзгор дар заминаи таъкидҳои Пешвои миллат ҳамвора талош менамоям, ки шавқу рағбати хонандагонро ба омӯзиши забони англисӣ бештар намоям. Зеро муҳассилин зинаи ибтидоии омӯзиши забонҳои хориҷиро  дар муассисаҳои таълимӣ ба даст меоранд. Дар ин миён, танҳо маҳорату малакаи омӯзгор дар меҳвар қарор дорад. Зеро хонандагони имрӯза аз технологияи муосир огоҳии бештар доранд ва истифодаи самараноки востаҳои техникии таълимӣ дар раванди дарс онҳоро водор менамояд, ки  саволу супоришҳои хаттӣ ва шифоҳиро бевосита тавассути тахтаи электронӣ иҷро намоянд.

Шоистаи таъкид аст, ки дар замони муосир нафароне муваффақ мегарданд, ки ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат ҷавобгӯ мебошанд; аз як сӯ, аз техникаву технология ба таври фарогир бархурдор гарданд, аз сӯйи дигар, донандаи хуби забонҳои хориҷӣ бошанд.

Заррина ШАМСИЕВА,
омӯзгори забони англисии литсейи №1-и шаҳри Бӯстон