Рисолати омӯзгор

Дар даврони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи Давлату ҳукумат ба омӯзгор ва ҷойгоҳи ӯ дар ҷомеа афзун гардид, зеро пешрафти тамоми соҳаҳо аз фаъолияти пурсамари ин фарди маърифатпарвар вобаста аст.

Илму маориф ва фарҳангро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо маҳз нақши мактаб ва омӯзгорро омили калидӣ меҳисобад.

Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад.

Искандари Мақдунӣ бесабаб намегӯяд, ки «ман дар назди устодам камтар аз падарам вазифадор нестам, зеро агар падар ба ман ҳаёт бахшида бошад, Арасту зиндагии хуби маро фароҳам сохт».

Аз таҷрибаи мактабу маориф бисёр хуб медонем, ки хонандагони муассиса чӣ гуна омӯзгорро дӯст медоранд. Албатта, ҳамон омӯзгоре миёни хонандагон иззату обрӯ дорад, ки соҳиби дониши хуб, илми расо ва инсони комил бошад, ба халқу миллати худ содиқона хидмат кунад.

Чунон ки Пешвои миллат дар Паёми худ (23.12.2022) зикр намуданд: «…агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад».

Яке аз саромадони педагогика Ян Амос Каменский (1592 – 1670) ба касби ифтихорманди омӯзгорӣ баҳои арзанда дода, чунин гуфтааст: «…ба муаллимон вазифаи беҳтарине супорида шудааст, ки болотар аз он дар зери хуршед чизе буда наметавонад».

Аҳамияти нақши омӯзгорро дар рушди ҷомеа педагоги машҳур К.Д. Ушинский чунин шарҳ додааст: «Омӯзгоре, ки дар сатҳи тарбияи муосир қарор дорад, худро узви зинда ва фаъоли як организми бузург бар зидди ҷаҳолат ва бадиҳои башарият, миёнарав байни ҳама чизҳои олӣ, эҳёгари таърихи гузаштаи одамон ва насли нав, посбони аҳдҳои муқаддаси одамон, ки барои ҳақиқат ва некӣ мубориза мебаранд, медонад».

Психологи машҳури Амрико А. Маслоу дар ин маврид чунин қайд намудааст: «Тамоми ҳаёти инсон омӯзиш аст, ҳар як шахс дар ҳаёти худ омӯзгор ва хонанда аст». Пас, омӯзгори асил онест, ки шогирдон мехоҳанд ба ӯ монанд бошанд. Дар ин бобат файласуфи Юнони Қадим Арасту мегӯяд: «Омӯзгорон ва волидон афзалтаранд, волидон ба мо ҳаёт мебахшанд, омӯзгорон ҳаёти хушбахтона гузарониданро меомӯзонанд».

Донишманди маъруфи А. Дистерверг оид ба мақоми омӯзгор ва хусусияти пешаи самарбори ӯ ба гунаи зайл андешаронӣ кардааст: «Муҳимтарин падида дар ҳар мактаб, муҳимтарин дороии таълимгоҳ, муҳимтарин дастури ибрат барои хонанда, пеш аз ҳама, омӯзгор аст. Ҷараёни таълим аз ҷониби омӯзгор дар як вақт тарбия низ мебошад».

Рассом ва мутафаккири ҷаҳоншумул Леонардо да Винчи тамаддуну пешрафтаро дар он мебинад, ки агар шогирд дар асоси омӯзиши амиқ аз устод чанд қадам пеш гузарад, дар акси ҳол, аз рушду такомули ҷомеа наметавон сухан ба миён овард: «Дареғи шогирде, ки дар раванди омӯзиш аз устоди хеш қадаме ба пеш намегузорад». Ҳамаи ситоишномаҳо талқин менамоянд, ки омӯзгоронро самимона дӯст бояд дошту эҳтиром бояд кард.

Дар воқеъ, омӯзгорӣ ба маънои томаш касби басо пуршараф, масъулиятнок ва зарурии ҷомеа аст, зеро агар инсоният бо ақлу заковат ва заҳмати худ табиатро тағйир диҳад, омӯзгор бо донишу маҳорати волои хеш табиати худи инсонро ташаккул медиҳад. Зеро пойдорӣ, устувории ҳар ҷомеа аз сиришту солимии наслҳои барӯмандаш вобаста мебошад.

Дар китоби «Ҷомеъ-ус-саҳеҳ»-и Ал-Бухорӣ оварда шудааст: «Муаллимон беҳтарин одамонеанд, ки ба рӯйи замин мераванд. Ба онҳо маош бидиҳед, зеро онҳо фарзандони шуморо таълим медиҳанд ва бо ин восита шуморо, падару модари шуморо ва хешу ақрабоятонро аз оташи дӯзах раҳоӣ мебахшанд».

Аз ҷумла, Абуалӣ ибни Сино (980 – 1037) оид ба тамоми намудҳои тарбия фикрҳои муфид баён кардааст, ки дар ин бора аҳли таҳқиқ бисёр гуфтаву навиштаанд.

Ҳамин тавр, омӯзгори асил онест, ки шогирдон суҳбати ӯро аз дигар амалҳо болотар мегузоранд ва ҳар як шогирд монанд шудан ба ӯро орзу мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш (01.09.2024) пешниҳод карданд, ки дар мамлакат қонун «Дар бораи мақоми омӯзгор» қабул карда шавад. Қабули қонуни мазкур эътибор ва мавқеи омӯзгорро дар кишвар боз ҳам баланд мебардорад.

Акобир РИОЕВ,
корманди ДҶТИБКСМ