Андешаҳо оид ба муноқишаҳои хонандагон ва роҳҳои пешгирӣ аз амалҳои номатлуб
Тайи моҳҳои охир воқеаҳои хушунатбору ногувор дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, бахусус, мактабиёни пойтахт ба амал омада, боиси сар задани муноқиша ва гиребонгирию ба ҳам дарафтодани иддае аз муҳассилин мегарданд, ки оқибатҳои нангину фоҷиаборро дар пай доранд. Бо вуҷуди қабул гардидани қонуну қарорҳои зиёд, асноди меъёрию ҳуқуқӣ аз ҷониби Давлат ва Ҳукумат, талошҳои зиёди раҳбарияти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва дигар вазорату муассисаву мақомоти давлатӣ ҳанӯз аз бепарвоию беназоратӣ, саҳлангорӣ ва ба масъалаи тарбияи наврасон таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир нанамудани раҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорону устодон, падару модарон, аҳли ҷомеа ва дар умум, мақомоти интизомӣ ва дигар муассисаву идораҳо, ки масъулияту рисолати онҳо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ба таври равшану возеҳ инъикос гардидааст, дар бархе аз муассисаҳои таълимӣ бигӯмагӯву ҷанҷолҳои лафзӣ ба созмон ёфтани гурӯҳҳои ба ҳам муқобили хонандагон ва афту дарафт, ҳатто захмин гардидану ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштани шуморе аз онҳо анҷом мепазирад.
Дар хусуси воқеаҳои бадфарҷом, ки чанде қабл дар ину он таълимгоҳи пойтахт рух доданд, тавассути сомонаҳои интернетӣ ва васоити ахбори омма ҳамагон иттилои муфассал доранд. Ҳамакнун суоле дар мағзи кас чарх мезанад, ки чаро бо вуҷуди талошу пайгириҳои бешумор, дар пеши назари аҳли ҷомеа чунин ҳодисоти нангину таассуфбор ба амал меоянд? Маълум, ки имрӯз вазифаи аввалиндараҷаи муассисаҳои таълимӣ ва волидон тарбияву назорати насли наврас ва роҳ надодан ба амалу кирдорҳои номатлуб аз ҷониби хонандагон маҳсуб меёбад.
Ба ақидаи корманди Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, омӯзгори собиқадор Имомназар Холназаров, ба устодону омӯзгорон, раҳбарони таълимгоҳҳо ва дар маҷмуъ, аҳли ҷомеа одат шудааст, ки баъд аз сар задани воқеоти нохуш, ҷангу ҷанҷол ва ба амалҳои дигар, аз ҷумла, вақти худро бештар дар марказҳои дилхушӣ гузаронидани иддае аз наврасон, ба тамокую носкашӣ машғул шудани онҳо, беэҳтиромӣ намудан ба омӯзгорону калонсолон, истифодаи суханҳои фаҳшу ҳақоратомез дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз пайи ҷустани гунаҳкору ба ҷазо пешниҳод кардани муҷримони ҳодисаҳои ногувор мешаванд. Пурсида мешавад, ки чаро дар таълимгоҳҳо роҳбарони онҳо, муовинони директор оид ба корҳои тарбиявӣ, роҳбарони синфҳо ба масъалаю мушкилоти хонандагони саркашу ба истилоҳ, «зӯр», ки ҳукмашонро ба хонандагони мактаб гузаронида, ҳатто омӯзгоронро писанд накарда, худро «ҳокими мутлақ» меҳисобанд, ба гунаи амиқу ҳаматарафа таваҷҷуҳ зоҳир накарда, корҳои фаҳмондадиҳию таъсиргузорро ба роҳ намемонанд? Илова бар ин, — мегӯяд мавсуф, — дар муассисаҳои таълимӣ воҳиди кории психолог таъсис дода шудааст, ки вазифаи он дарёфти хонандагони беинтизом, дар муносибат бо ҳамсинфон дағалу хашингуфтор ва барангезандаи ҳама гуна кирдорҳои иғвогаронаю кинситезона дар байни мактабиён мебошад. Воқеан, роҳбарони синфҳо бо психологи мактаб бояд робитаи зич дошта, дар хусуси хӯву хислати ҳар як хонандаи синф (чи писару чи духтар) ба ӯ иттилои зурурӣ ва муфассал пешниҳод кунанд. Ҳамкории мактаб ва омӯзгорон бо волидони хонандагон ба назар камранг гардида, ба хонаи шогирдон рафтану аз вазъи зиндагию маишати оилавии онҳо хабардор шудан, бо падару модарон перомуни рафтору кирдорҳои номақбулу ношоистаашон рӯёрӯ суҳбат кардан ба таври муассиру судманд сурат намегирад. Муаллифи ин сатрҳо аз мушоҳидаву суҳбатҳо, ки бо намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа анҷом додааст, метавонад садҳо мисол орад.
Омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и ноҳияи Рӯдакӣ Насриддин Давлатов бар он андеша аст, ки аз сухан ба амал гузаштан фосилаҳои тӯлониро дарбар мегирад.
— Борҳо гуфтаанд ва боз ҳам мегӯянду таъкид мекунанд, ки насли наврасро бояд китобхон кард, — мегӯяд номбурда ва меафзояд, ки дар ҷаласаҳои синфӣ ва ҷамъомадҳои падару модарон аз волидон илтимос мекунем, ки баҳри такомули сатҳи маънавии фарзандонашон аз мағозаю фурӯшгоҳҳо китобҳои бадеӣ бихаранд, дар хонаашон китобхона ё гӯшаи китоб ташкил кунанд. Аммо афсӯс, ки ин таъкиду дархостҳои мо иҷро намешаванд ва тамоми ҷаҳду талошҳоямон аз қавле, «ба ҳован об кӯбидану ба бод гиреҳ бастан»-ро мемонаду халос. Бадбахтӣ дар он аст, ки ба истиснои якчанд нафари ангуштшумор, бахши аъзами волидон умуман, ба даст рӯзномаю маҷалла ва китоб намегиранд. Дар ин ҳол худ андеша кунед, ки фарзандони эшон ба кадом амал майлу таваҷҷуҳ менамоянд: телефонбозӣ, иштирок дар марказҳои дилхушӣ, гурӯҳ ташкил карда, ба ҳамсоямактаб раҳсипор шудану бо ҳар баҳона ташкил кардани афту дарафту ҷангу ҷидол, ки оқибаташ ба ҳама маълум аст. Воқеан, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» маҳфумҳои асосӣ, доираи амали қонуни мазкур, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, салоҳият ва ваколати онҳо дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, мақомоти дигар, ки дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак иштирок мекунанд, комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар ва шахсони онҳоро ивазкунанда дар таълими кӯдак, уҳдадориҳои падару модар дар таълими кӯдак, ҳуқуқу уҳдадориҳои муассисаи таълимӣ ва омӯзгор, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти таълиму тарбияи кӯдак ба таври мукаммал ва фарогир ифода ёфтааст ва бояд тавсияю нишондоди ҳар як бобу моддаи он аз ҷониби масъулон, хусусан, падару модарон сармашқи кори ҷонии онҳо қарор гирад.
Ба ақидаи мактабшинос Намоз Бобоев, як сабаби камтаъсир ва ба таври зарурӣ сурат нагирифтани чораандешиҳои тарбиявӣ сатҳию умумӣ будани мундариҷаю мақсади онҳост.
– Дар машғулиятҳои тарбиявӣ, ҷаласаву ҷамъомадҳои мактабӣ, ҳамоиши волидон ва монанди ин, — мегӯяд номбурда, — омӯзгорону устодон, роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ва волидон ҳамеша бо баёни суханони борҳо гуфташуда, якрангу қолабӣ ва ҳукми қатъии аз қабили «бояд чунин кард», «бояд чунон рафтор кард», «бояд гунаҳгор ҷазо дода шавад» ва ғайра побанд гардида, мағзу ҷавҳар ва моҳияти рисолати тарбияи ахлоқии хонандагонро бо андешаҳои муассир ва мисолҳои мушаххас шарҳ дода наметавонанд.
Бояд тавзеҳ бахшид, ки дар баробари падарону модарон, устодону омӯзгорон, намояндаи мақомоту вазоратҳои ҳукуматӣ, чунонки дар боби 3-и Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» – «Комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» омадааст, амал мекунанд. Дарвоқеъ, дар боби зикршуда, дар моддаи 11-и он омадааст:
«Комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак мақоми ҳамоҳангсози ҷамъиятӣ буда, дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва муассисаҳои таълимӣ таъсис дода мешавад.
Шумораи умумии аъзои комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак набояд аз 7 нафар кам бошад. Ба ҳайати комиссияҳои ҷамъиятӣ дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бояд кормандони милитсия, ходимони иттиҳодияҳои динӣ ва аъзои шурои занон дохил карда шаванд. Мутаассифона, то ҷое, ки аз суҳбат бо шахсони касбу кори мухталиф маълум гардид, фаъолияти комиссияи мазкур умуман, дар маҳалҳо равшану дақиқ нест. Бар замми ин, вазифаю рисолати виҷдонии роҳбарони мақомоти ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо бояд аз он иборат бошад, ки тибқи нақша ба муассисаҳои таълимӣ ташриф оварда, бо омӯзгорону хонандагон мулоқот анҷом бидиҳанд ва дар хусуси пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти таълиму тарбияи хонандагон суҳбатҳои ҷолиб намоянд.
Тавре медонем, бо иқдоми Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид, ки дар шинохти ҳуқуқҳои шаҳрвандон, хусусан, мактабиён нақши ҳалкунанда мебозад ва дар ҷодаи андӯхтани донишҳои ҳуқуқию ба амалҳои номатлуб ва ҷинояткорона даст назадани насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад.
Аз ин лиҳоз, ба ин самт, яъне, шинохти ҳуқуқу уҳдадориҳои худ бо хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ корҳои муассиру тавзеҳиро бояд ба роҳ монд ва саъй бар он намуд, ки онҳо ба оворагардӣ, беҳуда гузаронидани вақти хеш рӯ наоранд, дар акси ҳол аз бекорию беназоратӣ, чӣ тавр гузаронидани вақти дар ихтиёрдоштаашонро надониста, ба кирдорҳои ҷиноию хатарзо даст мезананд. Боиси нигаронист, ки аксари волидон ҳуқуқу уҳдадориҳои худро, ки дар қонуни мавриди назар таҷассум ёфтааст, намедонанд. Ҳол он ки дар боби 5-и қонуни фавқ, дар моддаҳои 18, 19, 20 ин ҳуқуқу уҳдадориҳо ба таври содаю мушаххас нишон дода шудаанд.
Шумораи зиёди кирдору амалҳои номатлубу хусусияти ҷиноятидоштае, ки аз ҷониби наврасону ҷавонон сар мезананд, ба истифодаи телефонҳои мобилӣ ва тамошои филмҳои моҳияти зӯроваридоштаю шаҳвонӣ, қатлу куштор ва дигар равияҳои ғайрибашарӣ иртиботи амиқ доранд. Коршиносони масоили равоншиносӣ кайҳо исбот кардаанд, ки тамошои филмҳое, ки фаҳшу зӯровариро тарғибу талқин мекунанд, ба мағзи сари инсон, бахусус, наврасону ҷавонон таъсири муҳлик мерасонанд. Наврасони беиродаю худхоҳро чунин филмҳо ба анҷом додани амалиёту ҳаракатҳои мушобеҳ ба рафтору кирдорҳои ғайриинсонии қаҳрамонони филмҳои мазкур талқин месозанд ва ноандешидаю насанҷида ин иддаи «қаҳрамон» — рӯ меоранд ба ташкили гурӯҳҳо ва ҷангу занозанӣ. Ҳол он ки дар моддаи 15-и қонун – «Уҳдадориҳои падару модар дар таълими кӯдак», дар банди 16,17,18,19 аз ҷумла, оварда шудааст:
«Кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона ба атрофиён, халалдор намудани оромии ҷомеа, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯча, хиёбон, майдон, ҷойҳои фароғатӣ, дохили нақлиёт, хобгоҳ, манзили истиқоматӣ, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муносибати харобкоронаи кӯдакро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд:
Ба кӯдак ба муассисаи таълимӣ овардани маҳсулоти тамоку, машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, сахттаъсир ва мадҳушкунандаи дигар, асбобу ашёи манъшуда ва халандаву бурандаро, ба истиснои ашёи таълимӣ манъ намоянд, инчунин, ба гирифта гаштани онҳо роҳ надиҳанд;
Фарҳанги истифодаи телефони мобилиро омӯзонанд ва ҷиҳати дар вақти дарс истифода набурдани он чораандешӣ намоянд.
Ба кӯдак тамошои филмҳои дорои хусусияти террористӣ, экстремистӣ, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, порнографӣ, ваҳшатангезӣ, зӯроварӣ ва аксу наворҳои дигари манъшударо иҷозат надиҳанд;»
Талаби қонун чунин аст, вале пурсида мешавад, ки чӣ тавр, бо кадом роҳ як гурӯҳ (ё нафаре) бо асбобу ашёи халандаву буранда (корд, табар…) «мусаллаҳ» шуда, ба ҳамсинфи худ ҳамла карда, ба ӯ зарбаҳои ҳалокатовар мерасонад? Вай корд ё табарро аз куҷо гирифт, кай гирифт ва чӣ тавр ин амали ӯ аз назари падар ё модар дур монд? Дар кадом ҳолат (баъди анҷоми дарсҳо) аз хона баромада, дар рӯзи равшан ба ҷангу занозанӣ рӯ овард? Боз ҳам суол кушода мемонад, ки чаро волидон аз ин ҳол воқиф нагаштанд? Ва чаро, чунонки дар боло ишора рафт, баъд аз вуқуи ҳодисаи даҳшатангез омилу сабабҳои онро меҷӯему гунаҳкорро ба ҷазо ҳукм мекунем? Тамошои филмҳои хусусияти зӯроваридоштаро низ волидон назорат намекунанд. Ҳамла бо корд, табар ва ё ҳар гуна асбоби буранда маҳз аз тамошои чунин филмҳо маншаъ мегирад. Мушоҳидаҳо бозгӯйи онанд, ки вақтҳои охир сафи истифодабарони носу тамоку (қалён) дар байни мактабиён зиёд шудааст, ки ин ҳол боиси нигаронии ҷиддист. Хонанда носу сигорро харида ба мактаб меорад, дар танаффусҳо пинҳонӣ истеъмол мекунад. Чунин наврасонро дарёфтаву ба онҳо корҳои инфиродӣ бояд бурд. Чаро мактабиёне, ки ба истеъмоли носу сигор машғуланд, аз чашми падару модарон ва омӯзгорону устодони муассисаи таълимӣ дур мондаанд?
Ва ниҳоят, омили дигаре, ки ба тарбияи ахлоқии хонандагон таъсири файзбахш мерасонад (ва дар ин хусус борҳо сухан ронда будем), зуд-зуд ташкил ва баргузор намудани вохӯрию мулоқот бо адибон, рӯзноманигорон, олимону донишмандон, ҳунармандони маъруфи театру синамо ба шумор меравад. Дар ин маҳфилу ҳамоишҳо, дар баробари адабиёту санъат, атрофи масоили ахлоқӣ, хатарҳои маргбори ҳаракатҳои террористӣ–экстремистӣ, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии иртиҷоии мазҳабӣ ва нуфузу таҳдиди фарҳанги бегона ба ҷомеаи кунунӣ бо мисолҳои мушаххас афкори нобу ҷолибро баён бояд кард. Умуман, замон тақозо мекунад, ки баҳри рух надодани воқеаҳои нохушу номатлуб, ки тайи моҳҳои охир атрофи ин воқеаҳо сару садоҳои зиёде паҳн гардид, аҳли ҷомеа мебояд тамоми роҳу тадбирҳои манфиатбахшро истифода кунанд, то ба чунин амалкарду кирдорҳои хушунатомез нуқта гузошта шавад.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»