Аз қабули Конститутсияи кишвар имсол 30 сол мегузарад. Ин санади олӣ ва сарнавиштсоз дар роҳи бунёди давлати навини тоҷикон, мавқеъ ёфтан дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони мамлакат, таъмини осудагиву амонӣ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ нақши асосӣ дорад.
Қабули Конститутсия дар баробари Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди миллат, асоситарин рӯйдоди асри гузашта ҳисоб меёбад ва он худ ҷамъбасти натиҷаи тамоми саъю талошҳои миллати тоҷик, дар ростои расидан ба давраи нави инкишофу таҳаввул, арзёбӣ мегардад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсули интихоби халқи тамаддунпарвари тоҷик дар мавриди бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва рамзи хиради волои тоҷикон дар ҷодаи расидан ба армонҳои чандинасраи худ мебошад. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни як суханронии худ бахшида ба Рӯзи Конститутсия иброз доштанд: «Дар таърихи начандон тӯлонии истиқлолият роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва ягонаву дунявиро дар сатҳи қонуни олии мамлакат интихоб намудани халқи тамаддунсози тоҷик нишонаи барҷастаи хирад ва суннатҳои таҳаммулгарои он мебошад.
Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад, зеро ин санади сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳуввияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд.»
Роҳбари давлат зарурати қабули қонуни асосии кишварро, пеш аз ҳама, ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон рабт медиҳад. Дар робита бо ин, моҳи июни соли 1993 Сарвари мамлакат дар изҳороти худ дар Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба ҳуқуқи инсон роҷеъ ба талошу кӯшишҳои Ҷумҳуриии Тоҷикистон дар мавриди риояи принсипу меъёрҳои асноди асосии Муоҳидаи Хелсинки, аз ҷумла, Баёнияи Парижро барои Аврупои нав ёдрас шуда, таъкид намуда буданд: «Ҳукумати мамлакат бо Созмони Милали Муттаҳид, мақомоти Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ҳамаҷониба ҳамкорӣ карда, барои ба талаботи байналхалқии ҳуқуқу озодиҳои шахс мувофиқат гардонидани қонунгузории миллӣ ба кор шуруъ намуд. Қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ ва дар асоси он таъсис додани системаи самарабахши ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ дар ин самт марҳилаи муҳимтарин мегардад».
Зарурати қабули Конститутсияи навро на танҳо соҳибихтиёриву гуногунандешӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, дигаргун кардани сохти давлатдорӣ, балки тамоюлоти комилан нави инкишофи ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии мамлакат тақозо менамуд. Аз ҷониби дигар, танҳо қабули қонуни нави асосии мамлакат заминаи ҳуқуқиву маънавӣ муҳайё месохт, то Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дар арсаи байналмилалӣ расман шинохта шавад, муносибати тарафайн ва ҳамкориҳои мутақобилаи муфид бо кишварҳои мутамаддини дунё роҳандозӣ гардад. Эҷоди давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ, комилан тағйир додани сохтори иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷамъиятро талаб мекард ва ҳар як унсури ин соҳаҳо, ки табиатан асосу бунёди давлату давлатдориро устувор мегардонад, бояд дар матни Конститутсияи давлат сабт мегардид. Бе қабули Конститутсия дар заминаи он муайян намудани сиёсати ҳуқуқии кишвар, барқарор намудани сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ пешравии ҷамъиятро таъмин ва душвориҳои иқтисодиву иҷтимоиро бартараф намудан номумкин буд.
Авзои басе мураккабу ҳассос ва тағйирёбандаи онвақтаи дунё дар радифи печидагиҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии дохили кишвар, ҳатто, мавҷудияти давлати навинтихоби тоҷиконро зери суол қарор дода буд ва аз ин сабаб, дар назди давлату ҷомеа вазифаи ниҳоят масъулиятталабу сарнавиштсозро гузошт. Таҳия ва қабули Конститутсия ба як даврае рост омад, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон ниҳоят вазнину ноором буд.
Гурӯҳи кории таҳияи Конститутсия талош меварзид, ки ин вазифаи пуршараф, аммо душворро дар муддати кӯтоҳ анҷом диҳад, чунки вазъи мураккаб ва ҳар лаҳза тағйирёбанда ҳар чӣ зудтар қабул намудани ин ҳуҷҷатро талаб менамуд. Дар ҷараёни таҳия ва муҳокимаи Конститутсияи мамлакат мардуми Тоҷикистон ба гурӯҳи корӣ фикру пешниҳодҳои зиёдеро манзур сохт. Тамоми таклифу пешниҳод ва конститутсияи давлатҳои мутамаддини ҷаҳон аз ҷониби гурӯҳи корӣ мавриди омӯзиш қарор ёфт ва таҷрибаи мусбати онҳо дар самти қонунгузорӣ истифода гардид. Қобили тазаккур аст, ки аслан, бо дарназардошти мулоҳизаву таклифҳои муфиди мардуми тоҷик таҳияи Конститутсияи мамлакат муяссар гардид, ба ибораи дигар, муаллифи асосии Конститутсия маҳз халқ буд, аз ин ҷиҳат, қабули Конститутсия дастоварди бузурги миллӣ ҳисобида мешавад.
Бо мақсади пешгирии ҳар гуна худсариҳо оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба ин санад Роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ки минбаъд Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардад.
6 ноябри соли 1994 лоиҳаи Конститутсия барои қабул ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод гардид ва пас аз такмилу таҳрир чун санади олии мамлакат мавриди амал қарор гирифт.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли давлатдории ҷумҳурии президентиро асос ниҳода, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сифати Сарвари давлат ва Раиси Ҳукумат эълон намуд ва ӯро ҳамчун ҳомии Конститутсия, қонунҳои кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ, тамомияти арзӣ ва пойдории давлат эътироф мекунад. Тамоми хусусиятҳои ҷумҳурии президентӣ, аз ҷумла, таъмини ҳамкории босубот миёни рукни иҷроия ва қонунгузории кишвар, таъсири мутаносиб миёни аркони давлат, тағйирнопазирии ҳокимият, ки қаблан аз ҷониби Сарвари давлат аз нигоҳи назариявӣ ҳаллу фасл шуда буданд, дар матни Конститутсияи кишвар нақш ва мавқеи сазовор ёфтанд.
Ҷангибеки УЛФАТШОҲ,
«Омӯзгор»