6 ноябр шаҳрвандони Тоҷикистон ҷашни фархундаю хуҷаста – Рӯзи Конститутсияро бо фараҳу шодӣ таҷлил мекунанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёми табрикиашон ба муносибати Рӯзи Конститутсия, қабули ин ҳуҷҷати муҳимму сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ карда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳои баланд додаанд: «Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад».
Пеш аз ҳама, аҳамият ва бузургии ин санади муҳимми таърихӣ аз он иборат аст, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ, бо роҳи озодона ва майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул шудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки таҳияи Конститутсия бо ҷалби неруҳои ақлонӣ, бо назардошти манфиатҳои олии миллату анъанаҳои пурғановати таърихиву фарҳангии миллати тоҷик дар самти бунёди ҷомеаи демократӣ сурат гирифта буд.
Мардуми тоҷик тибқи Конститутсияи кишвар худро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон шинохта, садоқатмандии хешро ба арзишҳои ҳуқуқи башар эълон доштаанд.
Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душворию мушкилот, аз ҷумла, ҷанги даҳшатбори ба сари давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳмилшуда наметавонад сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, бунёди давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд.
Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар охири асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳилаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвар ба оламиён мебошад.
Маҳз аз ҳамин хотир, қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо, ки соли 1994 лоиҳаи он ба муҳокимаи халқ пешниҳод гардид, рӯйдоди дорои аҳаммияти бузурги таърихиву сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби дигар, бо иродаи озодонаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардидани Конститутсия баёнгари фарҳанг ва ҷаҳонбинии пешрафтаи ҳуқуқии халқи тоҷик мебошад.
Аз ин рӯ, ин санади олии ҳуқуқӣ, воқеан, боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти мамлакат ва дастоварди даврони истиқлол шуморида мешавад.
Майлу иродаи қавии мардум ҳангоми қабули Конститутсия Роҳбарияти Давлат ва ҳукуматро ба шоҳроҳи азими дигаргунсозиҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ раҳнамун сохт, ки натиҷаҳои ин раванди нек ба ҳама маълуманд.
Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ин санади сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро инъикос намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ кард ва ба омили муҳимтарини кафолати устувори ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гардид.
Дар асоси Конститутсия системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ мегардад. Аз ҷумла, гузаштан ба низоми бисёрзинагии таҳсилот дар соҳаи маориф, ба системаи пешқадами тандурустӣ маҳз ба шарофати муқаррароти Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон даст дод.
Тамоми корҳое, ки дар партави Конститутсия ба субот расидаанд, танҳо ба хотири таҳкими пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва фаъолият барои шаҳрвандон ва мустаҳкам намудани Ваҳдати миллии тамоми сокинони Тоҷикистон анҷом дода шудаанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Давлату ҳукумат ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон ва таълиму тарбияи эшон диққати махсус равона гардидааст, ки ин масъала дар Конститутсия низ амиқ дарҷ шудааст. Масалан, мувофиқи модаи 41-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас ҳуқуқ ба таҳсил дорад ва таҳсили умумии асосӣ ҳатмист. Ҷавонон ҳуқуқ доранд, ки ба тариқи ройгон аз таҳсили умумӣ, миёна, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ истифода кунанд.
Бо боварии комил метавонем гуфт, ки минбаъд низ иродаи шикастнопазири халқамон моро дар роҳи расидан ба ҳадафи созандаи стратегӣ раҳнамун сохта, меҳру муҳаббати ҳар як сокини мамлакатро ба ин санаи тақдирсоз ва тавассути он ба Ватану ватандорӣ, худшиносии миллӣ боз ҳам тақвият мебахшад.
Шарифхон ТИЛЛОЕВ,
рӯзноманигор