Шоҳмот ва рушди қобилияти зеҳнии наврасон

Ақлу хирад меҳвари асосии ташаккул ва пешрафти давлату ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар такя ба ин масъала, дар шароити бовусъати пешравии тамоми давлатҳои ҷаҳон моро месазад ба таълиму тарбияи  кӯдакон ва наврасону ҷавонони кишвар аҳамияти хоса диҳем. Аз ин рӯ, бояд насли навраси дорои маърифати  баланд, тафаккури эҷодӣ, ҳамаҷониба рушдёфта ва соҳиби дониши амиқ, маҳорату малакаи касбиву ҳамқадами замонро ба камол расонем. Мутахассисон бар он ақидаанд, ки дар баробари дигар омилҳо, бозии шоҳмот дар ташаккули қобилияти зеҳнии одамон, новобаста аз синну сол, нақши бориз дорад. Зеро шоҳмот варзиши фикрӣ буда, он донишҳои математикӣ, фалсафӣ, сиёсӣ, мантиқӣ ва психологии инсонҳоро такмил мебахшад.

Наимҷон Абдурашитов, мудири шуъбаи инноватсия ва психологияи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, номзади илмҳои психология изҳор намуд, ки мавзуи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва тафаккури зеҳнии хонандагон, яке аз масъалаҳои умдаи илми психология маҳсуб меёбад. Барои инкишофи зеҳнии кӯдак омилҳои зиёде таъсир расонида метавонад. Пеш аз ҳама, кӯдаке, ки дар муҳити хубу озод ба воя мерасад, имкони рушди ҳамаҷонибаро дорад. Инчунин, истеъмоли дурусти ғизо, интихоби махсуси бозиву машқ, омӯзиш, сифати таҳсилот, мутолиаи китоб, садои мусиқӣ низ таъсиргузор буда метавонанд. Мавриди тазаккур аст, ки дар натиҷаи омӯзиши пайваста тафаккури зеҳнӣ қавӣ ва найчаҳои мағзи сар барқарор мешаванд.

Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки асосан кӯдакон тавассути бозӣ ҳаётро меомӯзанд. Ҳар як бозӣ дар ташаккули инсон моҳият ва вазифаи худро дорад. Масалан, бозии шоҳмот дар инкишофи мағзи сар нақши бағоят муҳимро иҷро мекунад. Ҳангоми хондани дарс ё гирифтани маълумоте, агар яке аз қисматҳои майнаи сар фаъол гардад, ҳангоми бозии шоҳмот ҳар ду нимкура (чап ва рост) ба кор медарояд. Солимии руҳи инсон, пеш аз ҳама, ба системаи асаб вобаста аст. Системаи асаб ду вазифаро иҷро мекунад: Якум, инъикоси олами иҳотакарда, дарки равандҳои маърифатӣ (эҳсос, идрок, тафаккур, хаёл, диққат ва ғайра). Дуюм, танзими фаъолияти одамон, ё худтанзимкунӣ, ки дар инкишофи ин ду вазифа шоҳмот нақш гузошта метавонад.

Ҳангоме ки диққат рушд меёбад, неруи ҳофиза, ба хотир овардан беҳтар шуда, фаъолият мутамарказ мегардад. Рушди тафаккури интиқодӣ, абстраксия, таркиб, хулосабарорӣ, ки амалҳои мантиқӣ ҳастанд, барои ҳар як наврас хеле зарур аст. Ин ё он фаъолият, пеш аз ҳама, тавассути масъалагузорӣ ба роҳ монда мешавад. Масалан, ҳангоми иҷрои вазифаи хонагӣ хонанда танҳо супориши додаи омӯзгорро ба сомон мерасонанд. Яъне, хонанда аз доира ё чаҳорчӯби муайян берун намебарояд. Бо омӯхтани бозии шоҳмот бошад, озодона масъалагузорӣ карда, онро баррасӣ ва натиҷаашро хулоса менамояд. Ҳамин тавр, кӯдакро бояд тавре тарбия кард, ки маҳдуду мутеъ нашуда, вобаста ба масъалаи пешомада роҳҳои ҳалли онро ёд гирад, то дар оянда ҳамчун шахси мустақил ба камол расад.

Илҳом Юнусов – котиби генералии Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон гуфт, ки бозии шоҳмот бо таърихи қадима ва фалсафаи хосса аз дигар намуди бозиҳои варзишӣ фарқ мекунад. Ба воситаи шоҳмот дар наврасон қобилияти идоракунӣ рушд меёбад. Вазифаҳои худро ҷиддӣ қабул мекунанд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки ба омӯзиши бозии шоҳмот аз 6-солагӣ оғоз кардан беҳтар аст, чунки дар ин синну сол қобилияти фикрронии кӯдакон хуб инкишоф ёфтааст. Барои ҷалби кӯдакону наврасон ва ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, ташаккули қобилияти зеҳнии онҳо, ба воситаи шоҳмот аз ҷониби Ҳукумати кишвар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» баргузор мегардад, ки ин намунаи олии таваҷҷуҳ нисбат ба насли ояндасоз мебошад.

Боиси тазаккур аст, ки дар шаҳри Душанбе муассисаҳои гуногуни варзишӣ фаъолият дошта, он ҷо дар баробари дигар намудҳои варзиш ба насли наврасу ҷавон бозии шоҳмот низ омӯзонида мешавад. Яке аз ин гуна муассисаҳо, Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №7 оид ба шоҳмот ва шашка мебошад, ки дар он ба беш аз 200 нафар кӯдаку наврас ва ҷавонон, 15 нафар мураббӣ ба таври амаливу назариявӣ бозии шоҳмотро меомӯзанд. Сафи наврасону ҷавононе, ки аз рӯйи ин намуди варзиш дар дохил ва хориҷи кишвар дастовардҳои назаррасро соҳиб гаштаанд, низ кам нестанд.

Ёсамин Хоҷаева, ки дар 10-солагӣ чемпиони ҷаҳон оид ба бозии шоҳмот дар байни мактабхонон гардидааст, зимни суҳбат изҳор намуд, ки ҳанӯз, ҳангоми тарбиятгирандаи кӯда­кистон будан, ӯ бозии шоҳмотро омӯхтаасту бо гузашти солҳо малакаву маҳорати шоҳмотбозиаш такмил ёфтааст. Ёсамин Хоҷаева хонандаи синфи 5-уми литсейи хусусии «Раҳнамо» буда, дар дарсҳо ва чорабиниҳои мактабӣ фаъолона иштирок мекунад. Ба андешаи ӯ, шоҳмот на танҳо донишомӯзиашро тақвият бахшидааст, балки ҷаҳонбиниашро тағйир дода, дар натиҷаи меҳнат, машқу тамрин кардан, сабуру пуртаҳам­мул буданро омӯхтааст.

Зиёда аз 40 сол аст, ки Олим Розиқов ба ҳайси омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дорад. Ӯ мегӯяд, ки имрӯз шоҳмот чун навъи варзиш мавқеи калон дошта, шуғли писандидаи одамон маҳсуб меёбад. Ҷолибияту ҷаззобияти бозии шоҳмот дар нотакрориаш аст. Яъне, ҳангоми бозӣ, новобаста ба малакаву маҳорати довталаб, гаштҳо такрор намешаванд, ки ин, албатта, ӯро ба фикр кардан водор месозад. Шоҳмотро машқи беозори майнаи сар гӯем, хато нахоҳем кард.

Шаҳноз БОБОМУРОДОВА
«Омӯзгор»