ПЕШРАФТИ ИЛМ – ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР

Сухан аз фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғоз

Таърих гувоҳ аст, ки дар тӯли асрҳо фарзандони фарзонаи миллати тоҷик барои соҳибистиқлолии хеш бо аҷнабиён муборизаи беамон бурда, дар ҳифзи арзишҳои маънавӣ ҷонбозиҳои зиёде кардаанд. Боиси хушнудист, ки 9 сентяб­ри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлоли давлатӣ ба даст овард ва ба бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд асос гузошт. Мутаассифона, бо ба даст овардани истиқлол Тоҷикистон бо дасисаи душманони дохиливу хориҷӣ гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гардид, ки он ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ зарари зиёди моддию маънавӣ ба бор овард; тамоми сохторҳои давлатӣ фалаҷ гашта, аксари корхонаҳо аз фаъолият бозмонданд. Дар ин миён, як идда донишмандон ва шахсиятҳои маъруфи илму фарҳанги ватанӣ низ мамлакатро тарк карданд. Дар чунин шароити мушкилу хатарзо эҳёи низоми давлат­дорӣ ва сохторҳои давлатӣ, ҳамзамон, фаъол гардонидани корхонаҳои саноатӣ кори басо душвор буд.

Хушбахтона, бо баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба вазифаи раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдири давлату миллат равшан шуд. Сиёсати хирдамандонаву сулҳофарии  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, ки дар як муддати начандон тулонӣ сулҳу субот дар кишвар таъмин гардад ва тамоми сохторҳои Давлату Ҳукумат барқарор шуда, иқтисодиёти мамлакат тадриҷан рушду инкишоф ёфт. Дар ин миён, маориф ва илм ба ҳайси соҳаҳои афзалиятнок пазируфта шуданд ва теъдоди коллеҷу донишкада ва донишгоҳу академия ва институтҳои тадқиқотию илмӣ бамаротиб зиёд гардиданд.

Дар оғози соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи воқеӣ ва мушкилоти низоми аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ хуб огаҳ гардиданд. Аз ин рӯ, бо мақсади рушди илми ватанӣ ва бартараф намудани  мушкилоти ин соҳаи ҳаётан муҳим Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (12 августи соли 2014, №255) ба тасвиб расид, ки он дар ҳаёти илмӣ ва фарҳангии кишвар як рӯйдоди фа­раҳбахшу таърихӣ ба ҳисоб меравад. Айни ҳол дар Комиссияи олии аттес­татсионии назди Президенти Тоҷикис­тон 3 шуъбаи аттестатсионӣ, 15 шурои экспертӣ ва дар ҷумҳурӣ 79 шурои дис­сертатсионӣ фаъолият мекунанд. Ҳам­замон, зиёда аз 50 маҷаллаи илмии му­ас­сисаҳои дохил ва 4 маҷаллаи илмии муассисаҳо аз хориҷи кишвар ҳам­чун тақризшавандаи КОА ба қайд гирифта шудаанд.

Такмили санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ

Маълум аст, ки омили асосии фаъолияти бомароми дилхоҳ соҳа ба низом даровардани низоми ҳуҷҷатгузорӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад, дар муҳлати шаш моҳ санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ тартиб дода шуда, Низомномаи Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои тасдиқ пешниҳод гардид. Ҳамин тариқ, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъалаҳои Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 17 июни соли 2015, №504) бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ ба кадрҳои илмӣ низомнома ва сохтори муассиса тасдиқ ва ҳуқуқу вазифаҳои комиссия муқаррар карда шуд. Дар асоси низомнома сохтори комиссия аз раис, муовини раис, котиби илмӣ, шуъбаи аттестатсионии илмҳои табиӣ-риёзӣ ва техникӣ, шуъбаи аттес­татсионии илмҳои тиббӣ, байторӣ, фарматсевтӣ ва аграрӣ, шуъбаи аттес­татсионии илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва шуъбаи ташкилӣ-молиявӣ ва ҳуқуқ иборат буд.

Дар ибтидо, бинобар набудани таҷрибаи амалӣ дар самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ, роҳбарияти комиссия ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ гардиданд. Пеш аз ҳама, ташкили дастгоҳи корӣ ва ҷалби мутахассисони соҳибтаҷрибаву кордон зарур буд. Дар ин ҷода, корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда, барои кор дар сохтори муассиса мутахассисони самтҳои мухталиф, ки дар низоми илму маориф таҷрибаву малакаи ғанӣ доштанд, ҷалб гардиданд.

Барои ба роҳ мондани низоми аттес­татсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ, пеш аз ҳама, зарур буд, ки пояҳои меъёрии ин низом коркард шавад. Дар зимн, бо қарори Ҳуку­мати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи намунавӣ оид ба шурои диссертатсионӣ ва Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ (дотсент, профессор) (аз 26 ноябри соли 2016, №505) тасдиқ гардиданд. Зимнан, бояд ёдовар шуд, ки тасдиқи ин санадҳо барои боз шудани равзанае дар илми муосири тоҷик, аз ҷумла, таъсиси шуроҳои диссер­татсионӣ аз рӯйи ихтисосҳои мухталиф, дарёфти дараҷа ва унвонҳои илмӣ, эътироф ва баробарарзишии дипломҳои дараҷаи илмӣ имкониятҳои мусоид фароҳам оварданд.

Метавон гуфт, ки марҳала ба мар­ҳала низоми ҳуҷҷатгузорӣ дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил ёфт ва имкони мусоид ҷиҳати ҳимояи рисолаҳои илмӣ фароҳам оварда шуд.

Таъсиси ихтисосҳо ва фаъолияти шуроҳо

Мусаллам аст, ки фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти шуроҳои диссертатсионии назди мактабҳои олии касбии кишвар ва институтҳои илмию таҳқиқотӣ иртиботманд мебошад. 26 октябри соли 2017 аввалин шуроҳои диссертатсионӣ дар назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар таъсис дода шуданд. Аз ҷумла, дар назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ (6D050200–Сиёсатшиносӣ, 6D05­0100–Сотсиология), Институти иқтисо­диёт ва демография АИ ҶТ (6D051000–Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ, 6D051800–Идоракунии лоиҳаҳо), До­нишгоҳи миллии Тоҷикистон (6D06­0700–Биология), Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (6D012100–Забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои таҳсилоти ғайритоҷикӣ, 6D012200–забон ва адабиёти рус дар мактабҳои таҳсилоти ғайрирусӣ), До­нишгоҳи миллии Тоҷи­кистон (6D020500–Филология, 6D021000–Филологияи хориҷӣ, 6D050400–Рӯзноманигорӣ), Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров (6D050600–Иқтисодиёт), До­нишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷи­кистон (6D050600–Иқ­тисодиёт), Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (6D050600–Иқтисо­диёт) ва Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (6D110100–Тиб (14.01.14 – дандонпизишкӣ). Ва давоми соли 2017 бо қарорҳои дахлдори раёсати комиссия 32 шурои диссертатсионӣ аз рӯйи самту равия ва ихтисосҳои илмии гуногун, аз ҷумла, дар самти илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ 17 шуро, дар самти илмҳои табиӣ-риёзӣ ва техникӣ 10 шуро ва дар самти илмҳои тиббӣ, байторӣ, фармат­севтӣ ва аграрӣ 5 шуро таъсис дода шуданд.

Ҳамчунин, дар комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳу­рии Тоҷикистон дипломҳои дараҷаи илмии доктори илм ва номзади илми олимони тоҷик, ки дар кишварҳои хо­риҷӣ, аз ҷумла, кишварҳои Лаҳистон, Словакия, Қирғизистон ва ғ. ба даст оварда буданд, эътироф ва баробарарзиш карда мешаванд. Дар маҷмуъ, расмиёти баробарарзишӣ нисбат ба ду дипломи дараҷаи илмии доктори илм, ҳафт дипломи дараҷаи илмии номзади илм ва ду дипломи дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисос анҷом дода шуд. Ин довталабон солҳои қаблӣ дар шуроҳои диссертатсионии давлатҳои хориҷӣ рисолаҳои илмии худро ҳимоя карда, соҳиби дип­ломи дараҷаи илмӣ гардида буданд. Бо таъсиси комиссия имкон фароҳам омад, ки ин дипломҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ эътироф ва баробарарзиш дониста шаванд.

Дар баробари ин, шиносномаи их­тисосҳои самти илмҳои ҳуқуқшиносӣ, таҳсилот, химия, иқтисодиёт, таърих, кишоварзӣ, тиб, фалсафа, дар маҷмуъ, 88 шиноснома тасдиқ карда шуда, муқаррар гардид, ки минбаъд фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ қатъӣ аз рӯйи ин шиносномаҳо ба роҳ монда шаванд.

Шоистаи таъкид аст, ҳоло дар назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар 79 шурои диссертатсионӣ таъсис дода шудаанд, ки дар онҳо аз рӯйи зиёда аз 190 ихтисоси анъанавӣ ва 190 ихтисоси доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисос диссертатсияҳо барои дарёфти дараҷаҳои илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисос, номзади илм ва доктори илм қабул ва баррасӣ мешаванд.

Пешвои миллат ва фаъолияти бавусъати Комиссияи олии аттестатсионӣ

Бояд қайд кард, ки нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти илми тоҷик бориз мебошад.  Зеро маҳз бо талошу иродаи Сарвари давлат Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва фаъолияти он марҳала ба марҳала такмилу инкишоф ёфт. Аз ин ҷост, ки раванди тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар кишвар ба низом дароварда шуд ва ба таҳқиқу пажуҳиш машғул гардидани ҷавонони зиёди лаёқатманд мусоидат кард. Мусаллам аст, ки ба раванди тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18 марти соли 2020 такони ҷиддӣ бахшид. Пешвои миллат дар суханронии хеш дурнамои рушди илм, маориф, беҳтар намудани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ ва риёзиву дақиқ, ташаккули тафаккури техникӣ, сатҳу сифати корҳои илмиро мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор дода, баҳри бартараф намудани камбудиву норасоиҳои мавҷуда пешниҳодҳои мушаххас ироа карда, вазифаҳоро барои пешрафти минбаъдаи илм ва робитаи он ба истеҳсолот таъкид доштанд.

Воқеан, то суханронии Сарвари давлат ва вохӯриашон бо зиёиёни кишвар, ба диссертатсиянависӣ даст задани хидматчиёни давлатии сатҳҳои гуногун як навъ характери оммавӣ пайдо намуда буд. Хушбахтона, бо ба тасвиб расидани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кистон аз 27 августи соли 2021, №АП-98 оид ба «Тартиби додани розигӣ ба шахсони мансабдори давлатии ҳоки­мияти давлатӣ ва хизмати давлатӣ барои таълиф ва ҳимояи диссертатсия» ин раванд танзими худро ёфт.

Роҳбари давлатро он масъала нигарон кардааст, ки «… ҷавонони мо ба таҳқиқи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ кам таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, зеро дар доираи илмҳои зикршуда омода кардани рисолаҳои илмӣ ва гузаронидани корҳои озмоишӣ дониши мукаммалу бунёдиро талаб мекунад. Маҳз бо ҳамин сабаб муҳаққиқони ҷавони мо худро аз таҳқиқи илмҳои бунёдӣ канор мегиранд ва ин аст, ки солҳои охир мо ягон кашфиёти илмии бунёдӣ, ки ҷавобгӯи талаботи ҷоизаҳои сатҳи ҷаҳонӣ бошад, пешниҳод накардем». Воқеан, нигаронии Пешвои миллат ҷой дорад ва он саривақтист. Аз шумораи умумии диссертатсияҳои то имрӯз ҳимояшуда дар шуроҳои диссертатсионии комиссия танҳо 330 диссертатсия дар самти илмҳои табиӣ-математикӣ ва техникӣ мебошад, ки 21%-ро ташкил медиҳад.

Аз ин рӯ, бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ дар самти илмҳои бунёдӣ аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  корҳои зиёде анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, бо мақсади ислоҳи камбудиву беҳсозии сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таъмини шаффофият ва баҳогузории воқеъбинонаи таҳқиқоти дис­сертатсионӣ фаъолияти шуроҳои экспертии самти илмҳои математика, механика ва информатика; химия, технологияи химиявӣ ва металлургия; заминшиносӣ; техника ва технология; физика ва астрономия; биология ва экология; кишоварзӣ ва ветеринарӣ; таҳсилот; забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, рӯзноманигорӣ ва тарҷумонӣ; таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносӣ; фалсафа, сотсиология ва сиёсатшиносӣ; ҳуқуқшиносӣ ва иқтисодиёту соҳибкорӣ бознигарӣ гардида, ба ҳайати онҳо олимону коршиносони варзида ва шинохтаи кишвар ворид карда шуданд.

Дар баробари ин, соли 2024 расмиёти азнавбақайдгирии маҷаллаҳои илмӣ бо мақсади истифодаи таҷрибаи муассисаҳои пешсаф ҷиҳати ворид намудани маҷаллаҳои илмӣ ба яке аз махзанҳои байналмилалии реферативӣ ва низомҳои иқтибосоварӣ (Web of Science, Scopus ва ғ.), дақиқ намудани ихтисосҳо ва ғ. амалӣ гардида, то имрӯз 36 маҷаллаи илмӣ аз нав бақайд гирифта шуда, 7 маҷаллаи илмӣ ба феҳрист ворид карда шуд. Илова бар ин, маҷаллаи илмӣ-байналмилалии «Фу­рӯғи илм»-и Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кистон ва маҷаллаи илмии «Edu­cation. Quality Assurance (таҳсилот, сифат кафолат)»-и Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (НААР) (ISSN 2617–0493) ба Феҳристи маҷал­лаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд.

Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалигардонии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳимояи сарвати зеҳнии олимону пажуҳишгарони мамлакат, шаклгирии пурраю мустақими илми тоҷик, бартараф намудани мушкилоти ҳимояи корҳои илмӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ, яъне, пешбурди низоми аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмию техникии тахассуси олӣ мунтазам тадбирҳои муассирро роҳандозӣ менамояд.

Маълум аст, ки Пешвои миллат мунтазам бо аҳли илму маориф мулоқот ва суханронӣ анҷом медиҳанд, ки дар онҳо вазъи илми тоҷик баррасӣ мегардад ва вазифаҳои мушаххас ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти мавҷуда ироа мегардад. Ба ин мазмун, Пешвои миллат дар вохӯрӣ бо аҳли илм ва маорифи кишвар (30 майи соли 2024) ба таври мушаххас вазъи имрӯза ва дурнамои  илми кишварро бо далелҳои мушаххас баррасӣ карданд. Масъалаҳои аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба паст будани сатҳу сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, норасоии кадрҳои илмӣ дар самти илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ, фаъолияти нигаронкунандаи муқарризони расмӣ, муассисаҳои пешбар, мувофиқ набудани мавзуъҳои таҳқиқоти диссертатсионӣ ба талаботи барномаҳои давлатӣ ва ҳадафҳои Стратегияи миллӣ ва дигар муаммоҳои ҷойдошта дар фазои илмии кишвар қайд гардида, дар ҷаласаи васеи ҳайати кормандони Комиссияи олии аттестатсионӣ ҳамаҷо­ниба мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, дар асоси он нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат қабул карда шуд.

Ҳамчунин, бо мақсади гузаронидани ҳимояи диссертатсияҳое, ки аз рӯйи ихтисосҳои онҳо дар ҷумҳурӣ шуроҳои диссертатсионӣ вуҷуд надоранд, то имрӯз 217 ҳимояи якдафъаина ташкил карда шудааст. Шоистаи таъкид аст, ки Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода кардани кадрҳои илмиро аз рӯйи ихтисосҳои нодир ба манфиати рушди илми мамлакат муҳим  мешуморад. Бинобар ин, бо истифодаи неруи илмии муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар аз рӯйи ихтисосҳои нодир шуроҳои диссертатсионӣ таъсис дода шудаанд, ки имрӯз бомуваффақият фаъолият мебаранд.

Рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ

Комиссия тасмим гирифтааст, ки бо мақоми атттестатсионии давлатҳои ИДМ ҳамкориҳои илмӣ ва иртиботи ҳасанаро ба роҳ монад. Ин имкон медиҳад, аз рӯйи ихтисосҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассис омода карда намешаванд, шуроҳои диссертатсионии муштараки байнидавлатӣ ташкил карда шавад. Аз таъсиси комиссия то имрӯз мутахассисони хориҷӣ дар низоми аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ фаъолона иштирок доранд ва минбаъд низ ин анъана идома дода мешавад.

Яке аз самтҳои фаоълияти комиссияро роҳандозии ҳамкории гуногунсамт бо ҳамтоёни хориҷӣ ташкил медиҳад. Созишнома байни Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тайёркунӣ ва аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ аз 1 феврали соли 2018 далели гуфтаҳои болост.

Бояд иброз намуд, ки дар ин замина, ҳамкориҳои комиссия бо ниҳодҳои марбутаи давлатии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳо дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ ва гуфту­шунидҳои корӣ ба роҳ монда шуда, ташкили шуроҳои муштараки диссертатсионӣ аз рӯйи ихтисосҳои нодир, экспертизаи диссертатсияҳо бо ҷалби олимон-экспертҳо аз кишварҳои ҳамдигар, истифода гардидани пойгоҳҳои санҷиши асолати матни диссертатсияҳо бо якчанд забон тавассути барномаи компютерии «Антиплагиат», ташкили мизҳои мудаввар барои кормандони илмию техникии шуроҳои диссертатсионӣ роҳандозӣ мегардад.

Созишномаи ҳамкорие, ки байни Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расид, имкониятҳои аспирантону унвонҷӯён ва олимони кишварро боз ҳам фарохтар намуда, имкони эътирофи дараҷаҳои илмии олимони ҳарду кишварро фароҳам овард. Аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бас­тани созишномаи ҳамкорӣ лоиҳаи созишномаҳо ба мақоми аттестатсионии ҷумҳурии Қазоқистон пешниҳод гардида, гуфтушунидҳо дар ин самт ҷараён доранд. Илова бар ин, бо мақсади бар­қарор намудани робитаҳои неки ҳамкорӣ бо комиссияҳои олии аттестатсионии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Беларус низ корбарӣ идома дорад.

Фаъолияти пурсамар – рушдбахши илм

Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти додани дараҷаҳои илмӣ низ корҳои зиёдеро ба анҷом расонида, то имрӯз дар шуроҳои диссертатсионии назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар 2735 диссертатсия ҳимоя ва ба комиссия ворид шудааст. Аз ин теъдод 228 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм, 2270 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва 237 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисос мебошад. Аз шумораи умумии парвандаҳои аттестатсионӣ ва диссертатсияҳои воридшуда 2233 диссертатсия тасдиқ шудааст, ки аз он 189 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм, 1856 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва 188 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисос мебошад.

Дар шуроҳои диссертатсионӣ барои ҳимояи шаҳрвандони хориҷӣ низ шароити мусоид фароҳам оварда шуда, то имрӯз 67 нафар шаҳрванди хориҷӣ рисолаҳои илмии худро ҳимоя кардаанд, аз ҷумла, шаҳрвандони Ӯзбекистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ғайра. Ҳимояи шаҳрвандони хориҷӣ дар шуроҳои диссертатсионии миллӣ шинохт ва эътирофи илми тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

Бояд иттилоъ дод, ки айни замон дар ҷумҳурӣ ҳудуди 6046 нафар дорои дараҷаи илмӣ буда, 917 нафар доктори илм, 4939 нафар номзади илм ва 190 нафари дигар доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд. Ҳамин тавр, дар ҷумҳурӣ синну соли миёнаи докторони илм ба 64, номзадҳои илм ба 50 ва доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисос ба 31 рост меояд.

Барои дарёфти унвонҳои илмӣ низ дархостҳо кам нестанд. Зеро аз ибтидо то имрӯз ба комиссия аз тарафи муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 1127 дархост (аз ҷумла, 121 дархост барои дарёфти унвони илмии профессор) ворид шудааст, ки аз онҳо 855 дархост қонеъ (92 дархост барои унвони илмии профессор) карда шудааст.

Бояд қайд кард, ки комиссия тибқи дастури Пешвои миллат ва супоришҳои дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат баёндошта, аз нахустин рӯзҳои фаъолият бо такя ба таҷрибаи ҳамсоякишварҳо ва таҳлилу омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳа ва танзими воқеии он чораҳои зарурӣ андешида, дар ин раванд, дар шароити муосир таъмини истиқлоли комили низоми аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ, муаррифии илм ва неруи илмии тоҷик дар арсаи байналмилалӣ вазифаи аввалиндараҷаи комиссия маҳсуб меёбад.

Дар шароити кунунӣ барои таъсиси шуроҳои диссертатсионӣ аз рӯйи ихтисосҳои нодир, ҷалби олимони хориҷӣ ба ҳайси муқарризони расмӣ ва эксперти холис ҷиҳати баҳодиҳӣ ба диссертатсия ва нашри мутақобилаи мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда, роҳандозии ҳамкориҳои гуногунсамт бо мақомоти аттестатсионии кишварҳои ИДМ, аз ҷумла, дар самти аттес­татсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти комиссия мебошад.

Мулоҳиза ва пешниҳод

Шоистаи таъкид аст, ки Истиқлоли давлатӣ ва таъсиси Комиссияи олии аттестатсионӣ имкону шароит фароҳам овард, ки илми тоҷик ҳамаҷониба рушду такомул ёбад. Зеро имрӯз дар муассисаҳои илмии кишвар барои ба пажуҳиш машғул гардидани ҷавонони соҳибистеъдод тамоми имкону шароит фароҳам оварда шудааст. Маълум аст, ки илм дар сиёсати давлатӣ низ мавқеи меҳварӣ дорад ва Пешвои миллат пайваста рушди илми тоҷикро таъкид мекунанд. Аз ин рӯ, зарурате пеш омадааст, ки ба баланд бардоштани нақши илми ватанӣ, ҳамчунин, ба мавзуъҳое таваҷҷуҳ зоҳир гардад, ки ба иқтисодиёти мамлакат манфиатовар бошанд.  Ба ин маънӣ, зарур аст, ки дар заминаи омӯзиши мавқеи ҷуғрофӣ ва сарватҳои миллӣ мавзуъҳои илмӣ мушаххас карда шаванд ва онҳо тавонанд ба зиёд шудани маҷмуи маҳсулоти  дохилии кишвар мусоидат бикунанд.

Дар ин замина, зарур аст, ки мактабҳои олӣ, пажуҳишгоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ санадҳоро доир ба муайян намудани мавзуъҳои илмӣ ва дурнамои омӯзиши онҳо таҳия намоянд ва дар асоси омӯзиши ҳамаҷониба ва меъёрҳои муқарраргарида ба пажуҳиш машғул гардидан ба манфиат хоҳад буд.

Имрӯз ҷаҳон бо суръати  баланд рушду такомул меёбад ва ихтисосҳои нав ва пажуҳишҳои тоза ба миён омадааст, ки таваҷҷуҳи он низ самарабахш хоҳад буд. Зеро таваҷҷуҳ ба пажуҳишҳои ҷаҳонӣ ва дар заминаи он, мушаххасу муайян намудани самтҳои нави илмӣ, ки бевосита барои кишвари мо муҳим  мебошад, дар мадди назари олимону донишмандони соҳа бояд қарор гирад. Дар зимн, зарур аст, ки илми тоҷикро низ дар арсаи ҷаҳонӣ ба пажуҳишҳои бунёдӣ муаррифӣ намоем.

Нуктаи дигари қобили таваҷҷуҳ, ба таъкиди Пешвои миллат, равнақ додани мактаби устоду шогирд мебошад. Ин таъкиди ҳикматбори Сарвари давлатро бояд ҳар як муҳаққиқи соҳа ба эътибор гирифта, мактаби илмии хешро созмон бидиҳад, ки идомадиҳандаи шохиси муайяни илми кишвар бошад. Зеро аз байн рафтани ин таҷрибаи санҷидашудаи гузаштагон моро аз пеш­рафтҳои илмӣ бозмедорад. Бинобар ин, олимонро зарур аст, ки бо шогирдон ҳамкории амиқ дошта бошанд ва дар тарбияву ба камол расонидани  муҳаққиқони воқеан арзанда саҳми муносиб гузоранд.

Масъалаи дигаре, ки дар замони ҷаҳонишавӣ дар авлавият қарор дорад, дӯст доштани Ватан ва дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намудани пажуҳишгарон мебошад, зеро олим ва муҳаққиқ симо ва муаррифгари арзишҳои миллии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

Дуруст интихоб намудани мавзуъҳои илмӣ аз масъалаҳои дигаре мебошад, ки ба он бояд диққати ҷиддӣ зоҳир карда шавад ва омӯзишу пажуҳиши мавзуъҳо ба низоми муайян равона гардад ва масъалаҳоеро дар бар бигирад, ки воқеан, омӯзиши онҳо барои илми тоҷик манфиатбор бошад.

Илм он гоҳ самаровар мегардад, ки он дар истеҳсолот татбиқ карда шавад. Бинобар ин, бояд ҳангоми таҳияи мавзуъ вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ  ва татбиқи он дар истеҳсолот низ ба назар гирифта шавад. Маълум аст, ки баъзан рисолаҳое пешниҳод мегарданд, ки ҳам сифатан ва ҳам мазмунан  ҷавобгӯ ба талабот  нестанд  Аз ин рӯ,  зарур аст, ки сатҳу сифати корҳои илмӣ баланд бардошта шавад, фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ тақвият башида шавад, муассисаҳои пешбари тақриздиҳанда, муқарризони расмӣ ва арзёбии дурусти диссертатсияҳои ҳимояшаванда фаъолияти хешро содиқонаву мунсифона ба роҳ монанд. Дар ин самт, зарур аст, ки номгӯи самтҳои афазалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва шохиси иқтибосоварии илмии миллӣ ташкил карда шавад. Дар баробари ин, пажуҳишҳои илмӣ такмилбахши забони тоҷикӣ низ мебошанд ва ба забони илм табдил додани он мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, мебояд ҳангоми таълифи рисолаҳои илмӣ забони тоҷикӣ ҳамаҷониба риоя карда шавад ва дар муаррифии он ҳамчун  забони илм мусоидат намояд.

Анҷом

Хулоса, таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гоми устувор дар роҳи таъмини истиқлоли илмии кишвар маҳсуб ёфта, фаъолияти босамари он дар тӯли даҳ сол ба дастовардҳои назаррас дар самти омодасозии кадрҳои илмӣ мусоидат намудааст. Дар баробари ин, моро зарур  аст, ки фаъолияти хешро боз ҳам вусъат бахшем ва бо таҳқиқу пажуҳиши мавзуъҳои бунёдӣ ва дар истеҳсолот татбиқшаванда дар муаррифии илми кишвар дар арсаи ҷаҳон ва пешрафти иқтисодиёти мамлакат саҳми муносиб гузорем.

 

Сайфиддин ДАВЛАТЗОДА,
раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
доктори илмҳои биологӣ,
узви вобастаи АМИТ