Ӯ пайроҳаҳои мушкилгузари пешаи омӯзгориро сарбаландона тай намуда буду дар рушди маориф ва тарбияи дурусти шогирдон саҳми мондагор дошт. Ҷонфидои касби худ буд ва то вопасин лаҳзаҳои умр ба мактабу маорифу шогирдон вафодор монд.
Шодравон Муҳаббат Азимов, омӯзгори синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и ноҳияи Фархор, ошиқи касби омӯзгорӣ буд. Хидматҳои устод ҳанӯз дар замони шуравӣ бо унвони «Муаллими хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ифтихорномаю туҳфаҳои гуногун қадр шуда буданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ ҳар сол дар арафаи ҷашни Наврӯз туҳфаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи эҳтироми бузург ба дасти муаллим мерасид. Раиси ноҳия Қурбон Ҳакимзода (ҳоло вазири кишоварзӣ) ва мудири маориф Ғазалшоҳ Сафарзода дар Рӯзи омӯзгор ва идҳои дигар табрики устодро фаромӯш намекарданд. Бо туҳфа ва чанд ҳарфи рӯҳнавоз ӯро ҳамеша шод менамуданд.
Ёд дорам, дар яке аз маҷлисҳои ҳукумати ноҳия, ки дар он вазири маорифи онвақта Н. Саид ҳузур дошт, раиси ноҳия сухане гуфт, ки аҳли толор аз шуниданаш ба риққат омаданд.
-Яке аз омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 дар арафаи ҷашни Наврӯз аз ман хоҳише кард, -гуфт Қурбон Ҳакимзода ва баъди чанд лаҳзаи хомӯшӣ илова намуд:
— Хоҳиш кард, ки баъди вафоташ ӯро дар саҳни мактаб бигӯронем, то ҳар субҳ садои зангӯлаи мактаб ва бачаҳоро шунавад.
Толорро лаҳзае хомӯшӣ фаро гирифт. Баъзеҳо ашк рехтанд. Ман, ки он замон директори муассисаи таълимии мазкур будам, медонистам гап атрофи кадом муаллим меравад. Бале, сухан аз устод Муҳаббат Азимов буд. Медонистам, ки чанд вақт боз муаллим ранҷуру бемор асту ба кор меояд. Гумонам, меандешид, ки вопасин рӯзҳои умраш боқӣ мондааст ва мехост ҳамин лаҳзаҳои бебозгашту ғаниматро дар мактаб бо кӯдакон сипарӣ намояд. Рӯзе духтараш наздам даромада гуфт:
— Вазъияти падарам рӯз аз рӯз бадтар мешавад. Имрӯз раҳораҳ то ба мактаб расидан чанд ҷо нишастанд. «Пеши бачаҳаком меравам», -мегӯянд.
Зуд наздашон ба синфхона рафта гуфтам: -Муаллимҷон, чаро ба ин ҳол кор омадед. Рафта табобат гиред, шуморо кумак мекунем.
-Муаллимаҷон, ба фикрам дигар назди бачаҳоям омада наметавонам, — посухам дод устод.
Муаллим дар ҳоле ин суханро гуфт, ки чашмонаш аз ашк пур буданд. Вақти аз синф берун шудан бори дигар бачаҳо ва тамоми синфхонаро аз назар гузаронд. Мисле, ки мехост бидонад: оё дар синфхона ҳама чӣ ҷо ба ҷо аст? Ё бо ин нигоҳ бо синфхонаю бачаҳо падруд мегуфт? Ва ё шояд аз бачаҳояш узр мехост, ки онҳоро дигар раҳнамо буда наметавонад?
Маро, ки паҳлуи муаллим будаму ин ҳамаро мушоҳида мекардам, гиря гулӯгир кард. Бо ӯ якҷо аз синфхона берун шудем. Вақте аз мактаб гуселаш кардем, «барака ёбӣ, духтарам, аз шумо миннатдорам», -гуфт…
Дар ҳамон маҷлиси ҳукумати ноҳияи Фархор вазири маориф ба рӯзноманигорони соҳа супориш дод, то назди муаллим рафта, дар борааш маводе омода созанд. Рӯзи дигар рӯзноманигорон ба мактаб омаданд. Ман аз кору зиндагии устод бо онҳо ҳикоя кардам ва баъд якҷо бо рӯзноманигорон хонаи устод рафтем. Дар ҳавлӣ моро додарашон Муҳаммадалӣ бо ҳамсараш пешвоз гирифта, назди муаллим раҳнамоӣ карданд. Вақте вориди хона шудем, муаллим болои бистари беморӣ сархам нишаста буд ва бо ишораи сар «хуш омадед» гуфт.
Муҳаммадалӣ гуфт, ки имшаб бародарам дар ҳамин вазъият чизе менавишт. Мо кунҷкобӣ кардем: шояд васиятномае навиштаанд.
-Дарс тайёр мекарданд,- гуфт ҳамсари Муҳаммадалӣ.
Ба дафтар нигариста, дидем, ки дар ҳақиқат, муаллим нақшаи дарси яксоатаро навишта будааст. Ин амали муаллим, дар он ҳоле, ки дошт, моро ҳайратзада намуд.
Баъд аз ду-се рӯзи воқеа дар рӯзномаи «Омӯзгор» бо номи «Нони ҳалоли муаллим» мақолае рӯйи чоп омад. Мақоларо гирифта наздаш рафтам. Бо садои баланд хондам. Дар чеҳраи аз ранг зардаш осори миннатдорӣ дидам.Чашмони аз дард хастаю фурӯрафтааш пур аз об шуданд.
Қиссаи зиндагии муаллим дардовар аст. Ду маротиба хонадор шудану аз дунё гузаштани писари калонашон, ятимакони ҳайрону нодори солҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ риштаи умри ӯро кӯтоҳ намуда буд. Шикоят намекард пеши касе. Таҳаммулпазир буд. Рӯзи маргаш раиси ноҳия, аҳли маориф ва шогирдони зиёдаш барои хайрбод омаданд. Муаллимро дар саҳни мактаб нагӯрониданд. Дар қабристони деҳа ба хок супурданд. Охир, таомул ҳамин аст.
Аммо ман ҳамеша фикр мекунам, ки сухани муаллим ҳикмат дошт. Сухани ӯ рамзи муаҳаббат ба мактабу омӯзгору шогирдон буд. Ёди муаллим ба хайр, ҷояш ҷаннат бод, ки умре ба соҳа содиқ буд ва бо нони ҳалоли омӯзгорӣ зиндагӣ кард.
Адолат Бӯриева,
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон