ДАСТГИРУ РОҲНАМО

Ман бори аввал бо ӯ дар рӯзи баргузории даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» вохӯрдам. Падару модарони зиёде мехостанд, ки фарзандашон дар озмун ҷой гирад. Аз ин рӯ, бо ҳар баҳона ба кори озмун халал мерасонданд, вале ин ҷавон хеле ором буд.

Баъдтар бо ӯ шинос шудам: Ворисҷон Бобоҷонов ному насаб доштаасту зодаи деҳаи Моғиён будааст. Чанд бор бо ӯ ҳамсафар шудам ва дарёфтам, ки роҳбари боистеъдод, шахси фурӯтан ва инсони заминист. Бо вуҷуди ҷавонӣ, тамоми ҳастии худро барои рушди соҳаи маорифи шаҳри Панҷакент бахшидааст. 

Ӯ ҳоло собиқаи бистсолаи кор дар соҳаи маориф дорад, вале афсӯс, то имрӯз дар шаҳ­ри Панҷакент иҷоранишин аст. Ду фарзанди хурдсол дорад, ҳардуяшон бо табобати зиёд ва заҳмат ба дунё омадаанд. Дар шаҳри Панҷакент кӯчае ё гузаре намонад, ки ӯ иҷоранишин нашуда бошад. Бо вуҷуди чунин мушкилҳо, ӯ соҳаи маорифро тарк нагуфт. Барои супоридани пули иҷора ва дарёфти сармояи зиндагӣ басо шабҳои бехобиро паси сар мекунад; навиштаи касеро дар компютер чоп мекунад ва ё ягон кори дигарро ба ҷо меорад.

Ба мушоҳида грифтаам, ки ҳамеша серҳаракат аст. Ҳатто аз кор берун ҳам орому осуда нест. Корафтодагон хонаҳои иҷораи тез-тез ивазшавандаи ӯро зуд меёбанд. Дар ҳар вазифае, ки ба ӯ бовар мекунанд, содиқона ба кор мепардозад. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки чунин маорифпарвари асил имрӯз на дар ҳама ҷо вомехӯрад.

Соли 2019 ба дӯши ӯ вазифаи директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакентро вогузор карданд. То ба кор омадани ӯ аз чунин марказ на ҳама огоҳӣ доштанд. Дар давраи панҷ соли фаъолияти кории Ворисҷон Бобоҷонов мактаббачагони шаҳри Панҷакент аз олимпиадаҳо зиёда аз дусад медал ва ифтихорномаҳои зиёди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро  ба шаҳри Панҷакент оварданд.

Дар ёд дорам, ки даври шаҳрии олимпиадаҳо ҳеҷ гоҳ дар Панҷакент шаффоф намегузашт, боиси баҳсу мунозираҳои зиёд мешуд ва довталабон ба холҳои додаи доварон розӣ намешуданд. Олимпиадаҳо соатҳо идома меёфтанд ва ҳатто то нимишабӣ тӯл мекашиданд.

Аксаран ба даври вилоятии олимпиада хонандагони тасодуфиро мефиристоданд. Дар натиҷа, ба даври ҷумҳуриявӣ касе роҳ намеёфт.

Аз рӯзе, ки Ворисҷон Бобоҷонов директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент таъйин гардид, кор ранги дигар гирифт. Дар соли якум ин марказ аллакай худро муаррифӣ карда тавонист. Ҷараёни баргузории олимпиадаҳо ба танзим даромад.

Пеш аз фаъолияти В.Бо­боҷонов олимпиадаҳо дар шаҳри Панҷакент аввал дар панҷ минтақа ва баъд дар шаҳр баргузор мегардиданд. Яке аз марказҳо муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 25, ки ман ин ҷо чун омӯзгор фаъолият дорам, буд. Дар ин минтақа олимпиада барои хонандагони муассисаҳои таълимии ҷамоатҳои деҳоти Косатарош, Шинг, Моғиён ва Фароб баргузор мешуд. Ҳангоми баргузории олимпиадаҳо роҳравҳо ва саҳни муассиса аз падару модарон ва «мухлисон» пур мегардид. Ин ба ҷараёни баргузории олимпиада бисёр сахт халал мерасонид.  Барои нодуруст баҳо додан ба фаъолияти шогирдонам борҳо бо доварон баҳс кардаам. Боре ба як шогирдам, ки имрӯз рӯз­номанигори тавоност, доварон баҳои манфӣ гузоштанд. Вақте ки ба онҳо ду-се савол додаму калимае посух нагирифтам, ба шогирдам ишора намудам, ки аз онҳо хафа нашавад. Баъди ба сари вазифа омадани Ворисҷон масъала ранги дигар гирифт. Дар вақти баргузории олимпиадаҳо ғайр аз як нафар навбатдор дар толору роҳрави муассиса ягон нафари бегонаро кас му­шоҳида намекунад. Ӯ дар рӯзи баргузории озмун ва олимпиадаҳо  телефонашро ҳамроҳ намегирад, то аз «боло» супориш надиҳанд.

Пеш аз ба кор омадани Ворисҷон Бобоҷонов маблағи рафту омади доварон, хӯроки нисфирӯзӣ ва хӯроки шом аз ҳисоби директорони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон ҷамъоварӣ карда мешуд. Ин фарди оқил теша ба решаи ин амал зад. Дар соли дуюми кораш даври минтақавиро барҳам дод.

Акнун ҳамасола олимпиадаҳо дар вақти муайян танҳо дар маркази шаҳр бо сатҳу сифати баланд дар рӯзҳои истироҳатӣ  баргузор мешаванд ва аз соати нуҳ то понздаҳи рӯз идома меёбанд. Аз ин рӯ, шаҳри Панҷакент бе дастовард нест.

Дар баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ӯ ҳамкории зич дорам. Маҳз кӯшишҳои ӯст, ки соли равон шаҳри Панҷакент дар вилояти Суғд  дар байни ҳаждаҳ шаҳру ноҳия ҷои дуюмро ишғол намуд.

Медонам, ки ин марди наҷиб ҳамроҳ бо иштирокдорони озмунҳо борҳо хатари фаромадани тарма, сангрезиҳо ва селҳои даҳшатборро дар роҳҳои Хуҷанд ва Душанбе паси сар кардааст ва кӯдаконро сиҳату саломат ба дасти волидайнашон супоридааст. Баъзан толибилмони роҳдурро дар хонаи тангу тори иҷоравиаш хобондааст.

Завҷааш нақл мекунад, ки баъзе шабҳо соати чор ё панҷи субҳ аз сафар бармегардад, сарашро ба болин нагузошта, тараддуди корравӣ мекунад.  Аз ӯ хоҳиш менамояд, ки каме дам гирад, вале ӯро аз раъяш баргардонда наметавонад.

Ворисҷон Бобоҷонов даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм — фурӯғи маърифат»-ро дар сатҳи баланд баргузор менамояд.  Заҳматҳояшро борҳо мушоҳида намудаам. Аз шаҳри Панҷакент то шаҳри Хуҷанд бурдану овардани 100 нафар ё зиёда аз он довталаб ва бо ҷойи хоб таъмин намудани онҳо, хӯрокашонро таъмин кардан кори осон нест…

Дар даврҳои вилоятиву ҷумҳуриявии ҳама озмуну олимпиадаҳо хонандагони болаёқатро пуштибонӣ мекунад.

Баъди роҳ ёфтани хонандагон ба даври ниҳоӣ пайвас­та бо ҳар як довталаб  худаш кор мебарад ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои довталабонро худаш омода мекунад, чунки забони компютерро  хеле хуб медонад. Маводи заруриро аз ҳама шаҳру ноҳияҳо пештар ба вилоят дастрас мекунад.

Дар давоми фаъолияти кориаш як идда шогирдонаш  мактабро бо медали тилло хатм намудаанд.

Дар шаҳру деҳоти Панҷакент ва берун аз он ҳама ӯро чун инсони ҳақҷӯву ҳақпараст мешиносанд ва эҳтиром менамоянд.  Ғайр аз кори озмуну олимпиадаҳо ӯ мактабшиноси хуб ҳам ҳаст. Тамоми сарварони муассиса­ҳои таълимӣ ба ин мутахассиси варзида эътиқоди баланд доранд ва ҳар мушкилоте, ки пеш ояд, ҳатман ба ӯ муроҷиат мекунанд.

Ахиран шунидам, ки Ворисҷон Бобоҷоновро директори муассисаи таҳ­силоти миёнаи умумии рақами 3 ба номи Набӣ Каримов таъйин намудаанд.

Албатта, муассисаи мазкур  аз чунин сарвар бурд мекунад. Ба ӯ комёбиҳо таманно дорем.

Исмоил Зарифӣ,
рӯзноманигор ва шоир