Кӯдакон ба ҳимоя ниёз доранд

Кӯдакон аз ҳама зиёд дар ҷомеа ба ҳимоя ниёз доранд, ҳам аз ҷиҳати равонӣ, ҳам аз ҷиҳати ҷисмӣ. Ба ин хотир, даҳҳо санади байналмилалӣ қабул шуда, дар ин замина ҳар ҷумҳурӣ санадҳои дахлдори дигар ба табъ мерасонанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ин масъала таҳти назорати Ҳукумати ҶТ, бахусус, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Далели ин таҷдиди назар шудан ва табдили ном кардни Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аст. Айни ҳол ин қонун «Дар бораи таълиму тарбияи кӯдак» ном дошта, се моддаи он маҳз ба ин маънӣ нигаронида шуда, моддаҳои дигар дар ин замина ҳуқуқу вазифаҳоро мушаххас мекунанд.

Аз талаботи қонун бармеояд, ки дар баробари падару модар муассисаи таълимӣ ва омӯзгор низ дар таълиму тарбияи кӯдак масъуланд.Чун таълиму тарбия хоси Вазорати маориф ва илм аст, дар ин дастгоҳ раёсати махсус фаъолият мекунад: раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак. Роҳбарии ин раёсатро айни ҳол Маъруф Давлатзода ба зимма дорад. Зимни суҳбат бо Маъруф Давлатзода маълум гашт, ки раёсати мазкур фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда, тибқи Нақшаи кори Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак, Нақшаи кори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи кори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак қадам ба қадам беҳтар мекунад. Тавре ӯ мегӯяд, раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ба якчанд лоиҳаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ ба вазорату идораҳо хулоса пешниҳод намуд. Аз ҷумла, ба лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи тағйироту иловаҳо ба лоиҳаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатӣ дар бораи тадбирҳои пешгирии худкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷони худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама», лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024-2028» дар робита ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак назару пешниҳодҳои муҳим ирсол намудааст.

– Дар нимсолаи аввали соли 2024 ҷиҳати мониторинги фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ дар соли 2024 тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.04.2024, №439 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, дар раёсат ва шуъбаҳои маорифи як қатор шаҳру навоҳӣ мониторинг гузаронда шуд, -гуфт ӯ. — Дар мониторинг масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд: таъсиси комиссияҳои ҷамъиятӣ, шумораи узвияти комиссияҳои ҷамъиятӣ аз ҳисоби омӯзгорони собиқадор ва ё шахсони обрӯманди маҳаллӣ (тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, танзими анъана ва ҷашну маросим, ходимони динӣ ва шаҳрвандон), таблиғу ташвиқ намудани Қонун дар воситаҳои ахбори омма аз ҳисоби роҳбарон, омӯзгорон, кормандон, аъзои комиссияҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсони масъул, шумораи муроҷиатҳои ба қайд гирифташуда ва масъ­алаҳои баррасишуда, мушкилиҳо, ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ, истифодаи роҳу усулҳои нав ҷиҳати ҳавасмандгардонии риояи қонун.

Дар назди ҳамаи муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шуда, бо фармоиши директорони муассисаҳои таълимӣ ба ҳайати онҳо шахсони варзида, масъулиятшинос ва обрӯманди ҳар минтақаи шаҳр ё ноҳия ворид карда шудаанд.

Ба Ҳукумати Ҷумҳурии То­ҷикис­тон санаи 16 апрели соли 2024, №25/2-06.289 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» пас аз мувофиқаи вазорату идораҳо ирсол карда шуд. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар асоси супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5.07.2024, №24684(32-5) бо мақсади пешниҳод намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор оид ба таҳияи механизми самарабахши баргардонидани кӯдакон аз давлатҳои дигар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис диҳад. Тавре аз суҳбат бо сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак М.Давлатзода бармеояд, бо мақсади иҷрои Нақшаи кори Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак бо ибтикори вазорат дар якҷоягӣ бо намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 31 майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Хилтон» ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон конференсияи бошукӯҳи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон: дастовард ва масъалаҳои ҷойдошта» баргузор гардид. Зимни кори конференсия дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи эътироф, эҳтиром, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи кӯдак дар даврони Истиқлоли давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Вазорати маориф ва илм пайваста мониторинги вазъи кӯдакони ятим ва бепарасторро дар мактаб-интернатҳои мақоми ҷумҳуриявидошта баргузор карда, аз вазъи ҳуқуқии кӯдаконе, ки аз минтақаҳои ҷангзада ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонда шуда, дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил мекунанд, шиносоӣ пайдо менамояд. Ҷи­ҳати ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакони маъюб мутобиқ ба талаботи санадҳои байналмилалӣ дар ҷумҳурӣ чораҳои амалӣ пайваста дида мешаванд. Айни ҳол барои таълиму тарбияи кӯдакони ятиму бепарастор ва имконияташон маҳдуд дар ҷумҳурӣ мактабинтернатҳои махсус фаъолият мекунанд.

Дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.04.2024, №439 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, тибқи рӯйхат ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ сафарбар карда шуда, вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак чорабиниҳои иттилоотию омӯзишӣ, тарғиботию ташвиқотӣ ва варзиширо гузаронданд. Бо мақсади тарбияи хонандагон дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, ҳисси зебоипарастӣ ва ватандӯстӣ дар давраи ҳисоботӣ озмунҳо, аз ҷумла, озмуни вилоятии ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар», спартакиадаҳои гуногун, озмунҳои фарҳангӣ ташкил ва баргузор карда шуданд. Гузашта аз ин, якчанд  нишасти илмӣ, семинари соҳавӣ ва  мизҳои мудаввар низ дар ин давра ташкил ва баргузор гардид.

– Дар ин давра дар робита ба иҷрои Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби гурӯҳҳои муштараки сохторҳои самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар заминаи муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯйи усули «Мактаб ба мактаб» дар давраи аз 1 март то 30 апрели соли 2024 дар зиёда аз 85% муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вохӯриҳо баргузор шуда, аз натиҷаи он ба Ҳуку­мати Ҷумҳурии То­ҷикистон маълумотномаи муфассал ирсол гардидааст, – изҳор намуд М.Давлатзода. — Инчунин, бо ин мақ­сад дар даҳаи аввали моҳи феврали соли 2024 вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли маорифи шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода, Шаҳринав ва Рӯдакӣ баргузор карда шуда, оид ба таълиму тарбияи хонандагон, нагаравидани наврасону ҷавонон бо ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, интихоби касбу ҳунар, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва дӯст доштани Ватан суҳбатҳо анҷом дода шуд.

Бо мақсади иҷрои банди 12 нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2024, №7 ва Протоколи ҷаласаи назди муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» аз 5 июли соли 2024, №4/26-21 гурӯҳи корӣ таъсис дода, рӯзҳои 19-29 августи соли 2024 ба мақсади тарғибу ташвиқи қонунҳои мазкур ба шаҳру ноҳия­ҳои вилояти Хатлон сафарбар карда шуданд.

– Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ҳамеша аз пайи ҳимояи кӯдакон ва назорати таълиму тарбияи онҳо дар муас­сисаҳои таълимӣ мебошад, – таъкид кард дар анҷоми суҳбат Маъруф Давлатзода. – Зеро кӯдакон ояндаи ҷомеаанд ва наметавон лағв шудани ҳуқуқи онҳоро нодида гирифт.

Саидаи ФАЗЛ,
«Омӯзгор»